ҳуқуқ
ШАҲРИНАВ. ТАҚСИМОТИ ЗАМИН СОКИНОНРО САРСОНУ МАСЪУЛОНРО «НОЧОР» НАМУДААСТ
Бар асоси қонунгузории кишвар, шаҳрвандон барои истифода ва дастрасӣ ба замин, аз ҷумла ҷиҳати бунёди манзили зист, баробарҳуқуқанд ва муроҷиати ҳар нафар дар ин хусус ба мақомоти давлатӣ бояд бидуни таъхир мавриди баррасӣ қарор гирад. Мутаассифона, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми тақсимоти замин ба назар мерасад. Масалан, аз шикояти Олимҷон Атоев, сокини ноҳияи Шаҳринав, бармеояд, ки дар ин ноҳия муроҷиати як қисми эҳтиёҷмандон вобаста ба замин аз ҷониби масъулон солҳо боз мавриди баррасӣ қарор нагирифта, нафарони дигар бо ҳар роҳу восита дар муддати кӯтоҳ соҳиби қитъаи замин шудаанд.
Номбурда, ки сокини деҳоти Шаҳринави ноҳия аст, 10 сол боз аз саргардониҳо пушти дари идораҳои замину ҷамоати деҳот, муроҷиатҳои паёпай ба ҳар раиси навтаъйини ноҳия дилмонда шуда, ниҳоят, бо бастаи ҳуҷҷатҳо дари рӯзномаи «Ҷумҳурият» - ро кӯфт. Ба гуфтаи ӯ, тӯли ин солҳо даҳҳо нафар, ки чанд сол баъди ӯ барои гирифтани қитъаи замин ба раиси ноҳия муроҷиат карданд, барвақттар соҳиби замин гардидаанд. Вале аризаҳои ба унвони раисони ноҳия навиштаи ӯ аз соли 2010 то ҳол ягон натиҷа надодааст.
Мо асли масъаларо хостем аз назари масъулони ноҳия бифаҳмем. Аз маълумотномаи Д. Назаров, собиқ раиси деҳоти Шаҳринав, аз 8 сентябри соли 2014 бармеояд, ки Олимҷон Атоев ҳангоми маротибаи дуюм ариза додан дар рӯйхати эҳтиёҷмандон аз аввалинҳо будааст.
Ба гуфтаи Нусратулло Аюбов, раиси ноҳия, аз соли 2013 то ҳол аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ягон қарор дар бораи додани қитъаҳои замини ҳавлӣ ба эҳтиёҷмандони ноҳия ба имзо нарасидааст. Бо ин сабаб, шумораи шаҳрвандоне, ки барои гирифтани қитъаи замин муроҷиат намуданд, тайи 7 соли охир ба ҳазорҳо нафар расидааст. То ҳанӯз касе аз онҳо бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин нагардидааст, яъне дар фонди замини ноҳия ҳоло барои додани қитъаи замин имконият нест. Дар ҳолати ба имзо расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар ноҳия мушкилии пешомада бартараф мегардад.
Вале шикояти Олимҷон Атоев аз он аст, ки аз соли 2013 то ин дам чанд маротиба ба оилаҳои зиёд қитъаи замин дода шудаасту муроҷиати ӯ ҳанӯз бепосух боқӣ мондааст. Ба вуҷуд омадани маҳаллаҳои нави аҳолинишин дар ноҳия, махсусан дар деҳаи Навобод бозгӯи ин ҳолатанд.
Роҳбарони идораҳои замин ва Ҷамоати деҳоти Шаҳринав низ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” тасдиқ намуданд, ки дар ҳақиқат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Навобод ба баъзе шаҳрвандон аз ҳисоби заминҳои ҳавлии падариашон ва майдонҳои ғайрикишоварзӣ дар доираи корҳои омодагӣ ба Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ қитъаҳои замин додааст.
Аммо ин амали мақомоти маҳаллӣ хилофи муқаррароти моддаи 2 - и Кодекси замин мебошад, ки он ҳанӯз соли 1996 қабул гардидааст: «Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад». Инчунин, дар сархати дуюми моддаи 22 - и ҳамин кодекс омадааст: «Тартиби додани қитъаҳои заминро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд».
Ҳарчанд вазъи зиндагии Олимҷон Атоев нишон медиҳад, ки ӯ ба дастгирӣ ниёз дорад, вале масъулон ба ҳоли ӯ парвое надоранд ва муроҷиати ӯро бо ҳар баҳона нодида мегиранд. Ӯ 20 сол аст, ки аз бемории сутунмуҳра ранҷ мекашад ва бо иллати маъюбӣ аз уҳдаи корҳои хоҷагидорӣ намебарояд.
Вақте мо ҷиҳати фаҳмидани ҳолати воқеӣ ва дақиқтар намудани шикояти ӯ вориди Ҷамоати деҳоти Шаҳринав гардидем, дар ҳақиқат хонаҳои навбунёди зиёдро дар ин ҷо дидем. Ҳол он ки ба гуфтаи раиси ноҳия, 7 сол боз дар ин ҷо бобати тақсимоти замин ягон қарори Ҳукумат ба тасвиб нарасидааст.
Ҳангоми гуфтугузор бо сокинони деҳа маълум шуд, ки на танҳо Олимҷон Атоев, балки садҳо нафари дигар ҳам солҳо боз аз пайи гирифтани қитъаи замини ҳавлӣ дар ноҳия сарсонанд. Кам набуданд одамоне, ки мегуфтанд: “Дар пеши аризаи ман даҳ каси дигар соҳиби замин шуду ман не”.
Ҳамин аст, ки корафтодагон ба шаффофияти кори масъулони бахши заминдории ноҳия бовар надошта, ҳалли масъаларо на аз тариқи қонунӣ, балки аз роҳҳои дигар меҷӯянд. Агар чунин нест, пас дар кадом асос ба як нафар соли аввали муроҷиат замин медиҳанду ба дигаре дар 10 сол ҳам не?
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.08.2020 №: 147 Мутолиа карданд: 1304