logo

иқтисод

МЕЪМОРӢ ЗИНДАГИСОЗИСТ

Шукри соҳибистиқлолӣ, имрӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мутахассисони нав ба воя мерасанд ва дар ободию пешрафти Ватани азизамон нақши муассир мегузоранд. Соҳаи сохтмон, меъморию лоиҳакашӣ ва шаҳрсозӣ  низ  барои фаъолияти густурдаи  ҷавонони мусаллаҳ бо донишҳои муосир шароити созгор фароҳам овардааст. 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки ба ҷавонон эътимод дошта бошему ба онҳо бештар такя кунем, то дар идоракунии давлат фаъолу мустақил қадам зананд. Самари камолоти зеҳнии ҷавонон дар бунёди садҳо иншооти муҳими хурду бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию варзишӣ дар ҳамаи манотиқи мамлакат ба хубӣ эҳсос мешавад.  Ширкатҳои сохтмонию меъморӣ низ аз ҳисоби ҷавонони тозаандеша неруи нав дарёфтаанд.
Нодирахон Тошматова, меъмор - лоиҳакаши ҶДММ ”Суғдшаҳрофар” аз ҷумлаи ҷавонони хушбахту хуштолеи даврони соҳибистиқлол аст, ки дар фазои нав парвариш ёфта, имрӯз барои ободию зебоии бештари сарзамини аҷдодӣ  тарҳи садҳо иншоотеро омода месозад, ки зебу зинати шаҳру деҳоти моанд. Ӯ баъди хатми факултети сохтмонии бахши хуҷандии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, аллакай, ҳафт сол мешавад, ки ба касби дӯстдоштааш – меъморӣ машғул аст.
- Аз кӯдакӣ ин касбро ба шарофати падарам бинокори касбӣ - лоиҳакаш  Абдулмуъмин Бобоев дӯст доштам. Ҳамеша аз коргоҳи падар дидан мекардаму меомӯхтам. Шояд аз ҳамин сабаб таҳсил дар донишгоҳ хеле осон ва шавқовар ҷараён гирифт. Имрӯз аз интихоби касби худ ифтихор дорам, - гуфт Нодира.
Нодира ҳанӯз дар курси дуюми  донишҷӯӣ дар озмуни донишгоҳӣ барои  офаридани беҳтарин лоиҳаи дарвозаи даромадгоҳи мактабашон ғолиб омад ва ин кори нахустини мустақилона шавқу илҳоми ӯро бештар кард. Агар ҳини офаридани ин ё он тарҳ мушкилие пеш ояд аз устодонаш Даврон Орифов ва Абдуҷаббор Валиев, ки мутахассисони хеле варзидаи соҳа мебошанд, машварат мепурсад.
Миёни лоиҳаҳои мустақилонаи Нодира Тошматова иншооти Нишони давлатӣ, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯйи кор омад, боиси шодиву ифтихораш мебошад. Моҳи августи соли 2019 дар маросими ба истифода додани иншооти мазкур Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон иштирок ва ба офарандаи ин лоиҳа арзи сипос карданд. Дар тантанаҳои наврӯзии имсола дар қатори чанд иншооти муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ дар шаҳри Гулистон лоиҳаҳои таҳиянамудаи ӯ - иншооти фароғатию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Интизор меравад, ки дар Истаравшан - шаҳри тиҷоратии кишвар бори нахуст дар қаламрави вилояти Суғд   эстакадаи замонавӣ бунёд шавад, ки муаллифи он низ Нодира мебошад. Тарҳҳои зиёди омоданамудаи ӯ шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан ва  навоҳии Бобоҷон Ғафурову Аштро зеби дигар бахшидаанд.
- Аз рӯи мушоҳидаҳои ҳаррӯза метавон гуфт, ки имрӯз дар самти меъмориву лоиҳакашӣ мо ба сатҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон наздик шудаем. Иншооти дар кишвари мо бунёдшаванда аз лиҳози сохту тарҳ аз дигар мамлакатҳои Аврупову Амрико кам нестанд, - иброз медорад Н. Тошматова. 
Оилавӣ меъмору лоиҳакаш будан фаъолияти кории Нодирахонро боз ҳам комилу рангинтар сохтааст. Ҳамсараш меъмор Раҳматҷон Тошматов  дар офаридани даҳҳо иншооти замонавии дорои аҳамияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳру навоҳии вилоят саҳми назаррас дорад. Ва орзуҳои рангини бонуи меъмор Нодирахон Тошматова  ба ҳусни тоза гирифтани шаҳру деҳоти мамлакат мувофиқат мекунанд.

Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.08.2020    №: 147    Мутолиа карданд: 665
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед