фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КРОССЧАЙНВОРДИ «СЕКУНҶАИ ПЕЧОН»
1. Асари И. Файзуллоев.
2. Муродифи вожаи «зар».
3. ... Ниёзӣ, шоираи маҳкумшуда.
4. Сарвари аҳли илм.
5. Номи маъмулии мардона.
6. Шахсе, ки орзу дорад.
7. Саф, қатор дар бозор.
8. Маркази савдо дар ш. Душанбе.
9. Тан додан ба фармони касе.
10. Вожа дар шоҳмотбозӣ.
11. ДДМТ ба забони русӣ.
12. Парандаи баландошён.
13. Сифати абрувон.
14. Садои ғайринутқӣ.
Мураттиб Ҷумъагул НАЗАРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат
Ҷавоб ба чайнворди “Шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон” аз 24 июли соли 2020
1. Барвоз – н. Роштқалъа,
2. Зонг – н. Ишкошим,
3. Гули Сурх – ш. Истаравшан,
4. Ховалинг – н. Ховалинг,
5. Гулхона – н. Ҷ. Расулов,
6. Анзоб – н. Айнӣ,
7. Бӯстон – н. Мастчоҳ,
8. Навобод – н. Шуғнон,
9. Даҳана – ш. Кӯлоб,
10. Абдувосиев – ш. Ваҳдат,
11. Вашгирд – н. Файзобод.
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
САЛИМАИ 117 - СОЛА
Солҳои охир дар Тоҷикистон синни миёнаи аҳолӣ афзуда, аз 68,2 то 72,5 сол расидааст. Ба маълумоти расмӣ алҳол дар кишвар 108 нафари аз синни 100 - сола боло сукунат дорад.
Салима Сафарова аз зумраи дарозумронест, ки имсол 117 - сола шуд. Вай 1 июли соли 1903 дар деҳаи Кафшдӯзони шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Соли 1918 бо Сироҷиддин Имомов оила барпо намуд.
Бобои Сироҷиддин соли 1968 фавтида, Салима дигарбора ба шавҳар набаромад ва фарзандонашро бо нони ҳалоли деҳқонӣ ба камол расонду имрӯз қуввати дили набераву абераҳост.
Таҳияи Умар АЛӢ
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Одатан дар қишлоқҳои кӯҳистон баъд аз ҷамъ омадани ғаллаву дон ва захира кардани коҳу ҳезум барои зимистон ҷои ҷамъомади аҳли деҳ – аловхонаи назди хонақоҳ буд. Дар хонақоҳ намоз мехонданду дар аловхона менишастанд. Ду - се қадам дуртар аз даромади аловхона ду - се мураббаъ метр ҷойро ҷуқур кофта, нағзакак андова мекарданд. Баъд дар гирду атроф обкаҳупихол партофта, аз болояш палос меандохтанд.
* * *
Гардиши чашми сиёҳи ту хушам меояд,
Мавҷи дарёи нигоҳи ту хушам меояд.
Ҳамчу маҳтоб, ки бар абри ҳарире тобад,
Тану танпӯши сиёҳи ту хушам меояд.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 24 июли соли 2020
Саттор Турсун
Мирзо Турсунзода
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
САРБОЗИ «ҲАЛОКШУДА» БАЪДИ 20 СОЛ БА ХОНА БАРГАШТ
Соли 1975 ҳангоми ҷанг дар Камбоҷа як сарбози ветнамӣ чунон захми вазнин бардошт, ки ӯро мурда пиндоштанд. Вай дар лазарет мехобид, кӣ буданашро дар ёд надошт. Падараш нома гирифт, ки фарзанди ӯ дар ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудааст. Вале сарбози "кушташуда" ҳеҷ ба мурдан тан намедод. Баъди ба по хестан, саросари Ветнамро қадам зад. Орзуи ягонааш ҳамин буд, ки рӯзе хотирааш барқарор мегардад. Боре қаландарвор ба зодгоҳаш ворид гашт, вале деҳаро нашинохт. Аммо ӯро рафиқони бачагиаш шинохта, ба назди модараш оварданд. Вақте ки модари 72 – сола ба гардани писараш дастонашро ҳалқа баст, хотираи сарбоз ҳамон лаҳза – баъди гузашти 20 сол барқарор шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
УСУЛИ ХАРОБШАВӢ
Дар яке аз нишастҳои дӯстона, хонуме, ки гули сари сабади маҳфил буд, аз Сергей Петрович Боткин пурсид:
- Доктор, ба фикри шумо, барои харобшавӣ кадоме аз машқҳои ҷисмонӣ муфидтаранд?
Боткин посух дод:
- Тоб додани сар аз рост ба чап ва баръакс.
Хонум тааҷҷуб кард, ки боз пурсид:
- Лутфан, бигӯед, ки ин машқро кай ва чӣ миқдор бояд иҷро кард?
- Ҳар вақте ки шуморо муфт зиёфат карданӣ мешаванд, - нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд Боткин.
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ЛОМБАРД - СТРИТ КӮЧАИ АЗ ҲАМА КАҶ
Кӯчаи аз ҳама каҷ бо номи Ломбард-стрит дар шаҳри Сан – Франсискои ИМА воқеъ мебошад. Ломбард яке аз кӯчаҳои машҳуртарини ин шаҳр аст. Дарозии кӯча 400 метр ва нишебаш 27 дарсадро ташкил медиҳад. Дар Ломбард - стрит суръати ҳаракат то 8 километр дар як соат муайян шудааст. Он ҳаракати яктарафа, аз боло ба поён дорад, ки дорои 8 гардиш мебошад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ПЕРИСТЕР АВВАЛИН ОСОРХОНАИ ЗЕРИОБӢ
Дар Юнон дар мавзеи қадимаи киштии ғарқшуда, назди ҷазираи хурди беодам Перистер, на чандон дуртар аз ҷазираи Алонисос, аввалин осорхонаи зериобӣ ифтитоҳ гардид.
Археологҳо чунин меҳисобанд, ки киштии калони тиҷоратии Афина, ки аз 3000 то 4000 кӯзаи виноро аз Халкидики қисми шимолии Юнон интиқол медод, ҳангоми тӯфон дар назди Перистер тахминан соли 425 то эраи мо ғарқ шудааст. Анқариб ҳамаи кӯзаҳоро, ки дастнозада монда буданд, соли 1985 моҳигире аз Алонисос пайдо намуд.
Осорхонаи Перистер аз 3 август то 2 октябри соли равон барои дайверҳое, ки сертификат доранд, ифтитоҳ гардид. Барои дигарон саёҳат дар маҳали қадимаи киштии ғарқшуда дар маркази иттилоотии ҷазираи Алонисос, иҷозат дода мешавад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ПАНДИ СТИВ ҶОБС ДАР БОРАИ ВАҚТ
Вақти шумо ниҳоят маҳдуд аст, онро ба мудохилаи ҳаёти дигарон сарф накунед.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ПИРОҲАНИ ШОҲДУХТАР ДИАНА 510 000 ЕВРО
Дар музоядае, ки сару либоси шоҳдухтар Диана ба намоиш гузошта шуданд, пироҳани кабуди балхие, ки мӯдсоз Виктор Эделштейн омода карда буд, гаронарзиштарин эътироф гардид. Шоҳдухтар бо ин курта дар ҷамъомаде, ки дар Қасри сафед баргузор гардида буд, бо ҳунарманд Ҷон Траволта рақсидааст. Маҳз ҳамин пироҳани иқболовар дар музояда ба маблағи 510 000 евро ба фурӯш рафт.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
ГАНДӢ
Ман метавонам бад, хуб, хоин, вафодор фариштахӯ ё шайтонсифат бошам. Ман метавонам туро дӯст дорам ё ба ту нафрат дошта бошам. Ман метавонам сукут кунам, нодон ё доно бошам, чунки як инсонам ва ин сифот низ инсонист ва ту ҳам ба ёд дошта бош, ман набояд он чунон бошам, ки ту мехоҳӣ.
Ман худро аз худам сохтаам. Туро дигаре бояд бароят бисозад.
Ва ту ҳам дар ёд дошта бош. Мане, ки ман аз худ сохтаам, омоли ман аст. Туе, ки ту аз ман месозӣ орзуҳо ё камбудиҳоят ҳастанд.
Лаёқати инсонҳо кайфияти зиндагиро таъйин мекунад на орзуҳояшон.
Ман уҳдадор нестам, ки чизе бошам, ки ту мехоҳӣ ва ту ҳам метавонӣ интихоб кунӣ, ки маро мехоҳӣ ё не.
Вале наметавонӣ интихоб кунӣ, ки аз ман чӣ мехоҳӣ.
Метавонӣ дӯстам дошта бошӣ, ҳамин гуна, ки ҳастам ва ҳам
метавонӣ ба ман нафрат дошта бошӣ, бе ҳеҷ далеле ва ман ҳам.
Чаро, ки мо ҳар ду инсонем.
Ин ҷаҳон мамлу аз инсонҳост.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
БОТКИН
Дар Академияи ҳарбӣ - тиббии Петербург яке аз шунавандаҳо бори сеюм ҳам аз духтури терапевт Сергей Петрович Боткин баҳои «2» гирифта баромад. Баъди чанд дақиқа як гурӯҳ донишҷӯён шитобзада назди профессор даромаданд ва арз карданд, ки ҳамдарсашон ин бори нангинро бардошта натавониста, бо корд қасди худкушӣ дорад.
Боткин, ки табиатан ором буд, сар аз болои дафтари қайдҳо бардошт ва ба шогирдон чунин гуфт:
- Ташвиш набошед, ҳамкурси шумо то ҳадде танбал аст, ки, ҳатто, дар куҷои бадан қарор доштани дилро намедонад, то кордро рост ба он халонаду ҷонаш аз ман халос шавад.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
38. Лашкаркаши карфагенӣ Ганнибал Барка дар ҷанги дуюми Пунич наздик буд, ки Рими бузургро пурра забт созад, агар иштибоҳи таърихие намекард. Вақте ҷанговарони ӯ қуллаҳои барфпӯши Алпро убур мекарданд, замин зери пояшон меларзид ва аз ин аксаран дар таҳлука буданд. Ганнибал инро ҳис карда, хост рӯҳияи ҷангии сарбозонашро баланд бардорад ва, бо ҳамин мақсад, рӯ ҷониби сипоҳ аспашро қамчин зада, бо тамоми қувва медавонад ва чунин нидо мекунад:
- Бубинед, барфи ин кӯҳи бузург аз замин ҳам сахттар аст.
Вале Ганнибал то ба сафи пеши лашкар нарасида, аз зарби суми асп яхпораи бузурге аз синаи кӯҳ якбора канда мегардад ва қисми зиёди ҷангиёнро сарозер ва нобуд месозад.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА
САРВАТМАНДТАРИН АДВОКАТҲОИ ҶАҲОН
Баъзе адвокатҳо ба воситаи хизматрасониҳои ҳуқуқӣ ба шахсони сарватманди дунё табдил ёфтаанд. Яке аз меъёрҳои муваффақияти ҷаҳонии адвокат дороӣ ва маъруф будан миёни аҳолӣ мебошад. Мо тасмим гирифтем, ки барои хонандаи азиз чанд адвокати муваффақ ва сарватмандро муаррифӣ намоем:
1. ҶО ҶАМЕЛИ ДОРОИАШ 1,5 МИЛЛИАРД ДОЛЛАР:
Ҳуқуқшиноси ливанитабори Техас (ИМА) Ҷо Ҷамели қисми зиёди дороии худро аз парвандаи Penzoil vs ба даст овардааст. Ин баҳси шаҳрвандӣ дар таърихи ИМА бузургтарин мебошад, ки суд ҷубронпулиро дар ҳаҷми 10 миллиард доллар муайян намудааст. Аз ин қазия Ҷо 335 миллион доллар гонорар гирифт.
2. УИЛИАМ ЛЕРАК 900 МИЛЛИОН ДОЛЛАР:
Ин адвокат карераи худро аз даъвоҳои коллективӣ ба корпоратсияҳои бузург оғоз намудааст. Машҳуртарин мурофиаи судии ӯ даъвои сармоягузорон нисбат ба ширкати энергетикии «Enron» буд, ки бо истифода аз нақшаҳои ғайриқонунӣ зарарро рӯйпӯш мекарданд. Лерак дар ин мурофиа ғолиб баромада, 7,12 миллиард доллар ҷуброни зарар гирифт.
Таҳияи М. ҶӮРАЕВ
ЧИН. Чанд факти ҷолиб
Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар муддати як дақиқа қатораи тезгарди «Эҳё» бо суръати 5,8 километр ҳаракат карда, фурудгоҳи байналмилалии Пекин 1,5 тайёраро қабул ва гусел мекунад. Почта бошад, қабулу тақсими 96 ҳазор бастаи молҳои интиқолшавандаро ба анҷом мерасонад.
* * *
Дар 24 соат тақрибан 20 миллион нафар ба таксиҳои тариқи интернет фармоишдодаашон савор мешаванд, тақрибан 10 миллион нафар аз дучархаҳои ҷамъиятӣ истифода мебаранд.
Таҳияи Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
30 ҲАЗОР ГӮСФАНД АРЗИШИ ЯК КИТОБ
Китоби «Апокалипсис», ки матнаш рӯи коғази тунук - пергамент (пӯсти ҳайвонот, ки ба таври махсус коркардшуда, то пайдоиши коғаз барои хатнависӣ истифода мешуд) навишта шудааст, яке аз нодиртарин ва арзишмандтарин китоб дар олам эътироф гардидааст. Барои истеҳсоли пергаменти олидараҷа бо ибтикори ношири сарватманд Ҷозеф Форе зиёда аз 30 ҳазор гӯсфанд забҳ шуда, ҷиҳати мураттаб ва саҳифабандии китоб бошад, 14 рассоми барҷастаи фаронсавӣ заҳмат кашидаанд. Матни китоб аз 500 ҳарфи муқаддимавии тиллоӣ ва 93 ҳазор каллиграфӣ (хушнавис) омода гардида, аз соли 1960 то ин дам дар осорхонаи санъати муосири Франсия ҳамчун дастоварди беназир маҳфуз аст. Ин китоб намунаи барҷастаи санъати бадеӣ буда, арзишаш ба чандин миллион франк баробар аст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
СИНГАПУР
ҚОНУНҲОИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Сингапур хоидани сақич комилан манъ аст. Он дар фурӯш ҳам нест. Аммо мабодо ҳангоми истифодааш ба дасти полис афтед, шуморо 500 доллар ҷарима ва ё зиндон интизор аст. Ифлос кардани кӯчаю паскӯчаҳо ва хӯрондани паранда низ ҷавобгарӣ дорад. Дар кӯча баъд аз соати 22:00 як ҷо ҷамъ омадани беш аз 2 нафар мамнӯъ аст. Агар ин қоидаро вайрон кунед, худро дар идораи полис пайдо менамоед. Маҳз бо чунин қонунҳои қатъӣ ва ҷазоҳои сахт барои ҳуқуқвайронкуниҳои ба назар ночиз Сингапур тавонист дар кӯтоҳтарин вақт дар ҷаҳон машҳур гардад.
Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК
ТОМАС КУК
БА АҲДИ 28 СОЛ ПЕШ КАРДААШ СОДИҚ МОНД
Томас Кук, сокини шаҳри Меномони иёлати Висконсини ИМА, ба аҳде, ки 28 сол қабл бо рафиқаш баста буд, содиқ монд. Онҳо ваъда дода буданд, ки агар якеашон дар лотерея бурд намояд, онро ду тақсим менамоянд. Бо амри тақдир Томас дар лотерея ҷекпотро бо маблағи 22 миллион доллар бурд мекунад ва аҳде, ки бо дӯсташ Ҷозеф Фини соли 1992 баста буд ба хотир оварда, зуд ба рафиқаш занг зада, ӯро аз бурди калонаш хабардор месозад. Дӯсташ ба ёд меорад: «Вақте Томас ба ман занг зада хушхабарро расонд, ба ӯ гуфтам, оё маро масхара мекунӣ? Ӯ гуфт, ки ин ҳақиқат аст ва метавонӣ омада ҳаққатро бигирӣ». Алҳол дӯстон нафақахӯранд. Онҳо мегӯянд, ки ин бурд ба онҳо имкон медиҳад, то вақти зиёдашонро дар ҳалқаи оила гузаронанд ва зиндагии шоистаи онҳоро таъмин намоянд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
СИРРИ «АБАДАН ҶАВОН» МОНДАНИ МАРДИ 53 - СОЛА
Эдсон Брандао аз Нидерланд ба нашрияи Unilad гуфтааст, ки чӣ тавр ӯ тавонистааст дар 53 – солагӣ чанд даҳсола ҷавонтар намояд.
«Одамон замоне мефаҳманд, ки ман 53 сол дорам, ҳайратзада мегарданд. Ҳамаи онҳо гумон мекунанд, ки ман 25 - солаам» - иқрор мешавад Эдсон.
Брандао тасдиқ менамояд, ки ҳеҷ гоҳ барои ҷарроҳии пластикӣ ба касе рӯ наовардааст. Симои зоҳирии ӯ натиҷаи тарзи ҳаёти солим мебошад.
Вай парҳези махсусро риоя мекунад: хӯрокҳои бирёну консервшуда, ҳамчунин, қандро истеъмол наменамояд.
Мард ҳамаи инро якҷо бо тамринҳои тавонбахш ҳамсон медонад. Аз нӯшокиҳо ӯ нӯшидани оби минералиро афзал медонад ва ҳар рӯз то 2 литр об менӯшад. Брандао, инчунин, ёдовар мешавад, ки ҳеҷ гоҳ дар ҳаёташ на сигор кашидаасту на машрубот истеъмол намудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ФАРИШТАИ ШИМОЛ
ЁДГОРИИ ҒАЙРИОДИИ ОЛАМ
Дар ҷаҳон на танҳо ёдгориҳои бешумори машҳуру қадимӣ, классикӣ ва замони муосир мавҷуданд, балки ёдгориҳои ғайриодие низ ҳастанд, ки фаромӯш карданашон номумкин аст. Мӯд барои ҳайкалҳои аслӣ, аҷибу шӯхиомез дар охири асри ХХ пайдо шудааст.
Фариштаи Шимол
Соли 1998 дар шаҳри Гейтсхеди Англия бо номи «Фариштаи шимол» як ҳайкали ғайриодӣ пайдо шуд. Ин амали рассом Энтони Гормли мебошад, ки бо муносибати ғайримуқаррарӣ ба кори худ, ҳатто берун аз Бритониё маълум аст. Ҳайкали бистметраи пӯлодӣ фариштаест, ки болҳои худро барои парвоз боз кардааст. Вазни он тақрибан 208 тонна мебошад, аммо қисми асосӣ – таҳкурсии бетонӣ зери замин пинҳон аст. Бо назардошти шамолҳои сахт дар ин минтақа, таҳкурсиаш барои сад сол мавҷудият доштани муҷассама пешбинӣ шудааст. Болҳои кушодаи муҷассама ба 54 метр баробар аст. Аммо вай назар ба фаришта каме ба киборг монандтар аст.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.08.2020 №: 147 Мутолиа карданд: 1008