иқтисод
ИСТЕҲСОЛИ МЕВА. "ЧАРО" - ҲОИ МАСЪАЛАИ МУҲИМ
Айни замон содироти меваи хушмазаи Тоҷикистон ба берун аз кишвар ҷараён дорад. Россия, Чин ва Қазоқистон аз ҷумлаи шарикони боэътимоди тиҷоратӣ дар ин самт ба ҳисоб мераванд. Содироти меваи тару тоза ба Аврупо низ ба роҳ монда шудааст. Коршиносон бовар доранд, ки тақрибан баъди 5 сол меваи Тоҷикистон Аврупоро низ фаро мегирад. Барои ин парвариш ва истеҳсоли боз ҳам зиёди мева, коркард ва нигоҳдории он, ҳамчунин, бандубаст ва беҳсозии логистика зарур аст.
ТАЛАБОТИ АҲОЛӢ ҲАНӮЗ НОПУРРА ҚОНЕЪ МЕГАРДАД
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш карда истодааст, ки соҳаи кишоварзиро боз ҳам пешрафта созад. Дар самти истеҳсоли мева кишоварзони мамлакат ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. То 15 июни соли ҷорӣ танҳо кишоварзони ноҳияи Ашт ба Федератсияи Россия 2 ҳазору 891 тонна мева, аз ҷумла зардолу, гелос, олу ва хуч, содирот карданд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 277 тонна зиёд мебошад. Илова бар ин, ҳар рӯз то 20 тонна мева барои фурӯш ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳо бароварда мешавад. Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 123 ҳазору 515 тонна мева истеҳсол шудааст. Ин нишондиҳанда то охири сол тамоюли зиёдшавӣ дошта, беш аз 200 ҳазор тонна мева бояд истеҳсол гардад. Мутаассифона, миқдори муайяни меваи истеҳсолшаванда ҳанӯз талаботи аҳолиро қонеъ гардонда наметавонад. Дар ҳоле ки дар шаш моҳи тирамоҳу зимистон талаботи аҳолӣ ба мева 558 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар бисёр маврид мева камчин буда, бо нархи баланд ба фурӯш бароварда мешавад.
ДАРАХТОНИ КУҲНА ИВАЗ КАРДА ШАВАНД
Алҳол дар мавсими парвариш ва истеҳсоли мева нархи себи нисбатан хубу босифат дар бозор 15 сомонӣ мебошад. Мутахассисони соҳа сабаби асосии паст гардидани ҳосилро аз таъсири вазъи боду ҳаво медонанд. Масалан, новақт боридани барф имсол дар айни гулкунии дарахтон ба ҳосил таъсири бад гузошт. Ба ҷуз ин, омилҳои дигари таъсиррасон гузаштани муҳлати истифодабарии дарахтони боғҳо ва саривақт нагузарондани чорабиниҳои агротехникӣ мебошанд. Ба гуфтаи Ҳикматулло Назиров, доктори илмҳои кишоварзӣ, бунёди боғи дарахтони наву серҳосил масъалаи муҳим ба ҳисоб меравад. Махсусан, дар минтақаи ҷануби кишвар шинондани дарахтони нави себ ба ҷойи дарахтоне, ки муҳлати истифодабариашон гузашта, қобилияти ҷабандагии решаҳо паст гардидааст, хеле муҳим мебошад. Баробари ин, дар шароити имрӯза қисми маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзон бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла чиниши нодуруст ва нарасидани таҷҳизоти муосири технологӣ барои сардхонаҳо, талаф меёбад.
САРДХОНАҲО БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ НЕСТАНД
Таъмини шароити нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ воситаи муҳими беталаф ба фурӯш баровардани мева мебошад. Дар доираи «Барномаи ташкил ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2019» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 394 яхдон, сардхона ва анборхона бо ғунҷоиши 148163 тонна маҳсулот бунёд ёфта, фаъолият доранд. Аммо тавре маълум гардид, дар бисёр шаҳру ноҳияҳо миқдори муайяни ҷо барои нигоҳдории маҳсулот кифоя нест. Масалан, дар ноҳияи Муъминобод сардхонаи дорои ғунҷоиши 1000 тонна маҳсулот талаботи нигоҳдории маҳсулоти дар ноҳия истеҳсолгардидаро қонеъ гардонда наметавонад.
- Дар ноҳия соҳаи чорводорӣ тараққӣ ёфтааст. Аз ин рӯ, дар сардхона беш аз 200 ҳазор тонна гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ ва меваҷот нигоҳдорӣ шуда, дар ду анборхона ғалла, картошка ва намудҳои дигари маҳсулоти кишоварзӣ захира мегардад. Бо вуҷуди ин, дар шароити сол ба сол афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсол, вақте уҳдадории хоҷагиҳои деҳқонӣ барои парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар шудааст, фаъолияти танҳо як сардхона дар ноҳия басанда намебошад. Агар ҳар як хоҷагӣ лоақал барои нигоҳдории 20 тонна маҳсулот сардхона бунёд намояд, мушкили норасоии сардхонаҳо то андозае ҳалли худро меёбад, - гуфт Ҷумъахон Сафарзода, сардори бахши кишоварзии ноҳияи Муъминобод.
Дар ноҳияи Рашт бошад, сардхона вуҷуд надорад. Аз 13 анборхона 7 адад каму беш коршоям ва боқимонда таъмирталабанд. Тавре Абдураззоқ Саломов, сардори бахши кишоварзии ноҳия, гуфт, барои бунёди сардхона дар ноҳия дар доираи татбиқи барнома бояд 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо мешуд, мутаассифона, ин иқдом амалӣ нагардид. Ин ҳол дар ноҳияест, ки баробари парвариши картошка беш аз 4 ҳазор тонна мева, аз ҷумла себу нок, истеҳсол мекунад ва сифати маҳсулот ҷавобгӯ ба талаботи содирот мебошад.
Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки бештари сардхонаҳо ба сектори хусусӣ тааллуқ дошта, пардохти ҳаққи хизматрасонии нигоҳдорӣ (барои як тонна дар як моҳ то 300 сомонӣ) хоҳу нохоҳ ба арзиши аслии маҳсулот таъсир мерасонад. Ғайр аз ин, набудани корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот дар ноҳияҳое, ки онҳоро истеҳсол мекунанд, саривақт интиқол наёфтани маҳсулоти тайёри кишоварзӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани бастубанди молҳо низ масъалаҳои муҳими ҳалталаб буда, аз масъулони соҳа андешидани чораҳои заруриро тақозо менамоянд.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2020 №: 148 Мутолиа карданд: 1063