қонунҳои ҶТ
БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
7 август аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ қонун ба имзо расонда шуд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои номбурда барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои пардохтӣ ва дар маҷмӯъ, барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва беҳбудии зиндагии мардум равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2020 №: 148 Мутолиа карданд: 1521