ҳуқуқ
ҶИНОЯТ ва ҶАЗО
ҚАЛЛОБӢ
4100 сомонӣ барои шаҳодатномаи ронандагӣ
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгир шудани Нуъмонҷон Шукуров, корманди пойгоҳи автоматикунонидаи автомобили ҶСП “Рушди роҳнавард” дар шаҳри Хуҷанд, хабар дод.
Бино ба иттилои маркази матбуоти агентӣ, номбурда бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Муродҷон Дадобоев барои омода намудани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “Б” дар ду маврид 4100 сомонӣ гирифта, ба ӯ зарарӣ моддӣ расондааст.
Нисбат ба Н. Шукуров бо моддаи 247 қисми 2 банди “в, г”- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
ҚОТИЛ
ҳамсари худро буғӣ карда кушт
Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35 - солаи сокини Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир шуд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ дод. Тавре манбаъ меафзояд, номбурда 4 августи соли 2020, тахминан соати 22:30 дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26 - сола, аз ҳисиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расондааст.
Сипас, ба мақсади рӯйпӯш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш худро ба дор кашидааст.
Нисбат ба гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 -и Кодекси ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
ДАҒАЛГУФТОРӢ
Ҷаримабандӣ ва аз кор озод намудани корманди аквапарки "Делфин"
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавонписаре хабар дод, ки барои суханҳои таҳқиромез нисбат ба як ҷавонзан айбдор мешавад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, ин ҷавонзан дар он хусус муроҷиат кардааст, ки ҳангоми дар аквапарки «Делфин» қарор доштанаш, ин ҷавонписар ӯро дар назди модараш дашномҳои қабеҳ намудааст. Ин дар ҳолест, ки санаи мазкур хизматрасонӣ танҳо барои занон пешбинӣ гардида, воридшавии мардон қатъиян манъ буд.
Санҷиш муайян кард, ки ҷавонписар Фарҳод Юсуфзода, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Сино, мебошад. Номбурда ҳамчун мутахассис оид ба шиноварӣ дар муассисаи фароғатии аквапарки «Делфин» фаъолият карда, дар вақти мамнӯъ вориди майдони асосии аквапарк гардида, нисбат ба ҷавонзани муроҷиаткунанда дағалгуфторӣ намудааст.
Нисбат ба Фарҳод Юсуфзода бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Бо қарори суд нисбат ба ӯ ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 406 сомонӣ таъйин гардид. Инчунин, бо пешниҳоди мақомоти милитсия номбурда аз вазифаи мутахассис оид ба шиноварии аквапарки «Делфин» озод карда шуд.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.08.2020 №: 148 Мутолиа карданд: 1024