сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
10 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Александр Лукашенкоро ба муносибати аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии давлатии Ҷумҳурии Беларус самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин бар нафъи пешравию шукуфоии минбаъдаи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.
Дар рафти суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзишманди муҳтарам Александр Лукашенкоро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид карданд.
Дар зимн, зикр гардид, ки ба шарофати талошҳои муштараки ҷонибҳо ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат имрӯз ба таври муваффақона дар сиғаи шарикии стратегӣ густариш ёфта истодааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2020 №: 149 - 150 Мутолиа карданд: 1089