қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ҲУҚУҚИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро муайян намуда, ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии суғурташавандагон ҳангоми расондани зарар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт равона шудааст.
БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт – намуди суғуртаи ҳатмие, ки ба андозаи қисман ё пурра пардохт намудани ҷуброни суғуртавиро (пардохти суғуртавиро) барои зараре, ки ба манфиатҳои молумулкии шахс вобаста ба уҳдадориҳои ӯ оид ба ҷуброни зарари ба шахсони сеюм, бинобар аз ҷониби ӯ истифода бурдани воситаи нақлиёт, аз ҷумла ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии интиқолдиҳанда расонда шудааст, пешбинӣ менамояд;
- воситаи нақлиёт – воситаи нақлиёти механикӣ, аз ҷумла автомобилҳои сабукрав, микроавтобусҳо, автобусҳо, троллейбусҳо, автомобилҳои боркаш, тракторҳо, мототсиклҳо, мошину олоти худгарди дигар;
- махзани маълумот – маҷмӯи маълумот дар бораи суғурташаванда ва суғуртакунанда;
- соҳиби воситаи нақлиёт – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки соҳиби воситаи нақлиёт бо ҳуқуқи моликият мебошад, инчунин шахсе, ки ба ӯ воситаи нақлиёт муваққатан барои соҳибӣ ва истифода дода шудааст;
- ронанда – шахсе, ки воситаи нақлиётро идора менамояд ё аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт барои идора кардани он дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст. Ҳангоми омӯхтани идоракунии воситаи нақлиёт шахси таълимдиҳанда ронанда маҳсуб меёбад;
- суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) – шахси ҳуқуқие, ки фаъолияти суғуртавиро дар асоси иҷозатномаи мақоми назорати суғуртавӣ амалӣ менамояд;
- суғурташаванда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки бо суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) шартномаи суғурта бастааст;
- фоидагиранда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз ҷониби суғурташаванда барои гирифтани пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) дар шартномаи суғуртавӣ таъйин шудааст ва дар полиси суғуртавӣ дарҷ гардидааст;
- ҷабрдида – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ӯ аз ҷониби шахси дигар дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт ҳангоми истифодабарии воситаи нақлиёт зарар расонида шудааст;
- шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт – шартномае, ки тибқи он суғурташаванда уҳдадор аст мукофоти суғуртавиро (ҳаққи суғуртавиро) мутобиқи шартнома пардохт намояд ва суғуртакунанда (ташкилоти суғуртавӣ) уҳдадор аст ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавии бо шартнома пешбинишуда ба суғурташаванда ё шахси сеюм (фоидагиранда), ки ба фоидаи ӯ шартнома баста шудааст, пардохти суғуртавиро анҷом диҳад;
- ҳодисаи суғуртавӣ – воқеае, ки ҳангоми рух додани он ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) тибқи қонунгузорӣ ва шартномаи суғурта уҳдадор аст пардохти суғуртавиро (ҷуброни суғуртавиро) анҷом диҳад;
- ҳодисаи роҳу нақлиёт – ҳодисае, ки дар раванди истифодабарии воситаи нақлиёт ва бо иштироки он, инчунин ҳаракати қисмҳои аз воситаи нақлиёт ҷудошуда ва бори дар он буда рух додааст, ки дар натиҷаи он ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ҷабрдида зарар расонида шудааст;
- мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) – маблағи пулии дар шартнома дарҷшуда, ки онро суғурташаванда уҳдадор аст ба ташкилоти суғуртавӣ бо тартиб ва дар муҳлатҳои дар шартномаи суғурта муқарраргардида пардохт намояд;
- маблағи суғуртавӣ – маблағи пулие, ки ба он объекти суғуртавӣ суғурта карда шудааст ва он ҳаҷми ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ дар бар мегирад;
- пардохти суғуртавӣ (ҷуброни суғуртавӣ) – маблағи пулие, ки ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ба суғурташаванда (фоидагиранда) дар доираи маблағи суғуртавӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба шахси суғурташуда мепардозад;
- полиси суғуртавӣ – ҳуҷҷате, ки воқеияти баста шудани шартномаи суғурта ва тибқи талаботи шартномаи мазкур мавриди амал қарор гирифтани уҳдадориҳои ташкилоти суғуртавиро оид ба пардохти суғуртавӣ тасдиқ менамояд;
- мақоми (ташкилоти) дахлдор – мақом ё ташкилоте, ки ҳуқуқи гузарондани арзёбии андозаи зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки ҷабрдида расондашударо дошта, дар ин асос хулоса медиҳад;
- портфели суғуртавӣ – маҷмӯи ҳама шартномаҳои суғуртавии басташуда.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- кафолати ҷуброни зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ҷабрдидагон расондашуда;
- оммавӣ будани суғуртакунии ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- бефосилагии амали суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар тамоми муҳлати истифодабарии воситаи нақлиёт;
- ҳавасмандии моддии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ.
Моддаи 4. Объектҳои суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
Объектҳои суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт манфиатҳои соҳибони воситаҳои нақлиёт вобаста ба уҳдадории онҳо оид ба ҷуброни зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ҷабрдида расондашуда мебошанд, ки дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт ҳангоми истифодабарии воситаҳои нақлиёт ба вуқӯъ омадаанд.
Моддаи 5. Суғуртакунии ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
1. Ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, новобаста ба навъ ва намуди воситаи нақлиёт, ки дар бозрасии давлатии автомобилӣ ва ё мақомоти дигар ба қайд гирифта шудаанд ва аз ҷониби соҳибони онҳо мавриди истифода қарор доранд, инчунин воситаҳои нақлиёти муваққатан ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда ва ё воридкардашуда ба суғуртакунии ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.
2. Бастани шартномаи суғуртаи ихтиёрии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт соҳиби воситаи нақлиётро аз уҳдадорӣ оид ба бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт озод намекунад.
3. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарии воситаҳои нақлиёт, ки ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони онҳо тибқи талаботи Қонуни мазкур ба суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта нашудааст, иҷозат дода намешавад.
БОБИ 2. ШАРТНОМАИ СУҒУРТАИ ҲАТМИИ ҶАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ҲУҚУҚИИ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 6. Тартиб ва шартҳои бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
1. Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар асоси шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки байни суғуртакунанда ва суғурташаванда мутобиқи талаботи Қонуни мазкур баста шудааст, амалӣ карда мешавад.
2. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт амалисозии пардохти суғуртавиро аз рӯи уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи расондани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ҷабрдида бармеоянд, пешбинӣ менамояд.
3. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт танҳо бо он суғуртакунандае, ки дорои иҷозатномаи ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият аз рӯи ҳамин намуди суғуртаи ҳатмӣ мебошад, баста мешавад. Суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт аз тарафи ташкилотҳои суғуртавӣ, новобаста аз шакли моликияташон, амалӣ карда мешавад.
4. Суғурташаванда дар интихоби суғуртакунанда озод аст.
5. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт шартномаи оммавӣ буда, суғуртакунанда ҳуқуқ надорад хоҳиши суғурташавандаро оид ба бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт рад намояд.
6. Дар шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт маълумоти зерин дарҷ карда мешаванд:
- тарафҳо (суғуртакунанда ва суғурташаванда);
- воситаи нақлиёте, ки соҳиби он ҷавобгарии худро суғурта мекунад;
- объекти суғурта;
- ҳолатҳое, ки ҳамчун ҳодисаҳои суғуртавӣ эътироф мешаванд;
- андозаи маблағи суғуртавӣ;
- андозаи мукофоти суғуртавӣ;
- муҳлатҳо;
- ҳолатҳои рафънопазир;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои суғуртакунанда ва суғурташаванда.
7. Ҳангоми баста шудани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт суғуртакунанда баъди аз тарафи суғурташаванда пардохт гардидани мукофоти суғуртавии муқарраргардида ба суғурташаванда полиси суғуртавӣ медиҳад, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи амалишавии суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт мебошад.
8. Полиси суғуртавӣ ба ғайр аз шартҳои муайянкардаи суғурташаванда бояд дорои маълумот оид ба андозаи маблағи суғуртавӣ вобаста ба ҳодисаи суғуртавӣ ва ишора ба намуди шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бошад. Шакли намунавии полиси суғуртавӣ аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ тасдиқ карда мешавад.
9. Талабот нисбати барасмиятдарории полиси суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ муқаррар карда мешаванд.
10. Дар ҳолати гум кардани полиси суғуртавӣ суғуртакунанда уҳдадор аст дар асоси аризаи хаттии суғурташаванда ба ӯ нусхаи полиси суғуртавиро диҳад. Пас аз додани нусхаи полиси суғуртавӣ полиси суғуртавии гумшуда беэътибор дониста шуда, аз рӯи он пардохти суғуртавӣ амалӣ карда намешавад.
11. Хароҷоти суғуртакунанда барои пешбурди корҳо ҳангоми такроран пур кардани нусхаи полиси суғуртавӣ аз тарафи суғурташаванда ба андозаи панҷ фоизи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт карда мешавад.
12. Агар суғуртакунанда шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро бо шартҳои вазнинкунандаи вазъияти суғурташаванда баста бошад, ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ӯ дар назди суғурташаванда мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
13. Пардохти мукофоти суғуртавӣ аз рӯи шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт аз тарафи суғурташаванда дар шакли пардохти яквақтаина амалӣ карда мешавад, агар дар шартномаи мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
14. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ташкилотҳои суғуртавӣ бо пешниҳоди шиносномаи техникии воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузаштани воситаи нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ баста мешавад.
15. Ташкили махзани маълумот ва воридсозии иттилоот ба он аз ҷониби мақоми назорати суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 7. Амали шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
1. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт аз рӯзи ба имзо расонидани он эътибор пайдо мекунад.
2. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, агар дар шартномаи байналмилалие, ки Тоҷикистон онро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.
3. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба муҳлатҳои зерин баста мешавад:
- ҳангоми истифодабарии доимии воситаи нақлиёт – дувоздаҳ моҳ;
- ҳангоми истифодабарии мавсимии воситаи нақлиёт – на камтар аз шаш моҳ;
- дар ҳолати воридшавии транзитӣ ё муваққатии воситаи нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тамоми давраи муваққатан қарор доштани воситаи нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми понздаҳ рӯз ё камтар аз он – понздаҳ рӯзи тақвимӣ.
4. Андозаи мукофоти суғуртавӣ, ки дар қисми 1 моддаи 12 Қонуни мазкур вобаста ба намудҳои воситаҳои нақлиёт пешбинӣ шудааст, аз рӯи таносуби ба андозаи ҳар як моҳ ростмеомада пардохт карда мешавад.
5. Шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани воситаҳои нақлиёте, ки дар давлати дигар ба қайд гирифта шудаанд, аз тарафи соҳибони онҳо шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт баста шудааст ва онро Тоҷикистон мутобиқи шарту талаботи шартномаи байналмилалии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлат басташуда эътироф намудааст, баста намешавад.
6. Бо соҳибони воситаҳои нақлиёте, ки дар давлатҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд ва воситаҳои нақлиёт муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешаванд, шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт барои тамоми муҳлати истифодабарии муваққатии воситаҳои нақлиёти мазкур баста мешавад. Ҳангоми понздаҳ рӯз ва камтар аз он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани чунин воситаҳои нақлиёт шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба муҳлати понздаҳ рӯзи тақвимӣ баста мешавад.
Моддаи 8. Ҳолатҳои қатъ гардидани амали шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
1. Амали шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- ба итмом расидани муҳлати амали шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- аз ҷониби суғуртакунанда амалисозии пардохти маблағи суғуртавӣ ба андозаи пурраи маблағи суғуртавӣ пас аз рух додани ҳодисаи суғуртавӣ;
- ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
2. Ҳангоми дар ҳаҷми пурра пардохт гардидани маблағи суғуртавӣ полиси суғуртавӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин ҳолат соҳиби воситаи нақлиёт (агар воситаи нақлиёт талаф наёфта бошад) уҳдадор аст шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро ба муҳлати нав бо дилхоҳ суғуртакунандае бандад, ки ҳуқуқи амалисозии ин намуди суғуртаи ҳатмиро дорад.
Моддаи 9. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои суғурташаванда
1. Суғурташаванда ҳуқуқ дорад:
- ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ташкилоти суғуртавиро интихоб намояд;
- аз суғуртакунанда маълумот оид ба мавҷудияти иттилоот дар махзани маълумот доир ба шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёти худро талаб намояд;
- аз суғуртакунанда пурра фаҳмондани ҳуқуқу уҳдадориҳои худро талаб намояд;
- ҳангоми гум шудани полиси суғуртавӣ нусхаи онро аз суғуртакунанда гирад;
- аз хизматрасонии мақоми (ташкилоти) дахлдор оид ба арзёбии андозаи зарари ба молу мулки ҷабрдида расондашуда истифода барад;
- бо натиҷаҳои арзёбии андозаи зарари расондашуда, ки аз тарафи мақоми (ташкилоти) дахлдор гузаронда шудааст ва ҳисоби андозаи пардохти суғуртавӣ, ки аз тарафи суғуртакунанда амалӣ карда шудааст, шинос шавад;
- шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур пеш аз муҳлат бекор намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати розӣ набудан бо қарори суғуртакунанда оид ба рад намудани амалисозии пардохти суғуртавӣ ва ё кам кардани андозаи он ба мақоми назорати суғуртавӣ ё суд муроҷиат намояд;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ аз суғуртакунанда пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд.
2. Суғурташаванда уҳдадор аст:
- мукофоти суғуртавиро мувофиқи Қонуни мазкур ва шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт пардохт намояд;
- дар бораи рух додани ҳодисаи роҳу нақлиёт ба суғуртакунандае, ки бо ӯ шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро бастааст, хабар расонад. Агар суғурташаванда бо сабабҳои узрнок имконияти иҷро намудани чунин амалро надошта бошад, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бозрасии давлатии автомобилиро пешниҳод намояд;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи роҳу нақлиёт ба ҷабрдидагон ва кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар бораи суғуртакунандае, ки бо ӯ шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиётро бастааст, хабар диҳад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи роҳу нақлиёт оид ба пешгирӣ ё кам кардани зарари имконпазир, аз ҷумла наҷот додани молу мулк ва расондани ёрӣ ба шахсони ҷабрдида тадбирҳо андешад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи роҳу нақлиёт тибқи Қонуни мазкур ва шартномаи басташуда ба шахсони дахлдор оид ба ҳодисаи роҳу нақлиёти рухдода хабар диҳад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи роҳу нақлиёт мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ ҷиҳати муайян кардани ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машрубот, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда гузарад.
3. Дар шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт, инчунин, метавонад ҳуқуқу уҳдадориҳои дигари суғурташаванда, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, пешбинӣ гарданд.
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои суғуртакунанда
1. Суғуртакунанда ҳуқуқ дорад:
- ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт аз суғурташаванда пешниҳоди маълумотро тибқи талаботи Қонуни мазкур дархост намояд;
- аз мақомот ва ташкилоти дахлдор ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ва андозаи зарари ба ҷабрдидагон расондашударо дархост намояд;
- аз хизматрасониҳои мақоми (ташкилоти) дахлдор оид ба арзёбии андозаи зарари ба молу мулки ҷабрдидагон расондашуда истифода барад.
2. Суғуртакунанда уҳдадор аст:
- ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт суғурташавандаро бо шарту талаботи шартномаи зикргардида шинос намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои ӯро, ки аз ин шартнома бармеоянд, фаҳмонад;
- баъд аз бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва пардохти мукофоти суғуртавӣ полиси суғуртавиро диҳад;
- ҳангоми аз тарафи суғурташаванда пешниҳод шудани ариза онро сари вақт баррасӣ карда, дар давоми панҷ рӯзи корӣ ҷавоби хаттӣ диҳад;
- ҳангоми аз тарафи суғурташаванда барои пардохти суғуртавӣ пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар давоми на зиёда аз як рӯзи корӣ аз рӯзи воридшавии ҳуҷҷатҳои мазкур ба шахси муроҷиаткунанда бо нишон додани рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳо хабар диҳад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ пардохти суғуртавиро бо тартиб ва муҳлатҳое, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, амалӣ намояд;
- хароҷоти суғурташавандаро, ки бо мақсади пешгирӣ ва ё кам кардани ҳаҷми зарар ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ ба вуқӯъ омадааст, ҷуброн намояд;
- аз суғурташаванда барои гирифтани маблағи пардохти суғуртавӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳои дар Қонуни мазкур муқарраргардида, ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб накунад;
- ҳисоботи молиявии мутамарказонидаи худ ва ҳисоботи аудитории мустақилро ҳар сол дар на кам аз ду нашрияи даврӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мешаванд ва ё дар сомонаи худ бо забони давлатӣ нашр намояд;
- расмиёти санҷиши дахлдори суғурташаванда ё молик- бенефитсиарро аз рӯи шартномаи суғурта тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» анҷом диҳад;
- ҳуҷҷатҳо ва маълумоти заруриро на кам аз панҷ сол пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ ва баста шудани суратҳисоб нигоҳ дорад.
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои ҷабрдида
1. Ҷабрдида ҳуқуқ дорад:
- ба суғурташаванда ва суғуртакунанда дар бораи зарари ба ҳаёт, саломатӣ ва ё молу мулки ӯ дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт расондашуда хабар диҳад;
- ба суғуртакунанда ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани пардохти суғуртавӣ пешниҳод намояд;
- дар ҳолатҳои зарурӣ аз хизматрасонии мақоми (ташкилоти) дахлдор барои арзёбии андозаи зарари ба молу мулк расондашуда истифода барад;
- бо натиҷаҳои арзёбии андозаи зарари расондашуда ва ҳисоби андозаи пардохти суғуртавӣ, ки аз тарафи суғуртакунанда амалӣ карда шудааст, шинос шавад;
- ҳангоми рух додани ҳодисаи суғуртавӣ аз суғуртакунанда пардохти суғуртавиро дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур талаб намояд;
- аз хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ истифода барад;
- ба соҳиби воситаи нақлиёт оид ба ҷуброни зарари расондашуда нисбати он қисми маблағи зарари расондашуда, ки аз андозаи пардохти суғуртавии амалигардида зиёд аст, талабот пешниҳод намояд ва дар сурати иҷро нагардидани талаботи пешниҳодшуда аз ҷониби соҳиби воситаи нақлиёт бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд муроҷиат кунад.
2. Ҳуқуқҳои ҷабрдида, ки дар қисми 1 моддаи мазкур муқаррар карда шудаанд, дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ба шахсони дигаре, ки ба сифати фоидагиранда баромад мекунанд, мегузаранд.
БОБИ 3. МУКОФОТИ СУҒУРТАВӢ
Моддаи 12. Андозаи мукофоти суғуртавӣ
1. Андозаи мукофоти суғуртавӣ аз рӯи меъёри нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт муайян карда шуда, барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт бо тартиби зерин муқаррар карда мешавад:
- автомобилҳои сабукрав ва микроавтобусҳо ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- автобусҳо ва троллейбусҳо ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- автомобилҳои боркаш ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- тракторҳо, мошину олоти худгарди дигар ба андозаи ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- мототсиклҳо ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
2. Ба кам ё зиёд кардани андозаи мукофоти суғуртавӣ, ба истиснои муқаррароте, ки дар қисми 1 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, роҳ дода намешавад.
Моддаи 13. Кам кардани андозаи мукофоти суғуртавӣ
1. Ҳангоми бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, инчунин маъюбони гурӯҳҳои I ва II мукофоти суғуртавиро ба андозаи панҷоҳ фоизи маблағи мукофоти суғуртавии муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт менамоянд.
2. Имтиёз барои кам кардани андозаи мукофоти суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт танҳо барои як адад воситаи нақлиёте, ки ба худи суғурташаванда тибқи қисми 1 моддаи мазкур тааллуқ дорад, пешниҳод гардида, дар ин хусус дар полиси суғуртавӣ қайди дахлдор гузошта мешавад.
3. Соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар давоми идоракунии бефосилаи воситаҳои нақлиёт қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон накардаанд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда аз мақоми ваколатдор дорои имтиёзҳои зерин мебошанд:
- ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 5 то 10 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 5% кам карда мешавад;
- ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 10 то 15 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 10% кам карда мешавад;
- ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт аз 15 то 20 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 15% кам карда мешавад;
- ҳангоми бе ҳодисаи роҳу нақлиёт идора кардани воситаи нақлиёт зиёда аз 20 сол пардохти мукофоти суғуртавӣ ба андозаи 20% кам карда мешавад.
БОБИ 4. МАБЛАҒ ВА ПАРДОХТИ СУҒУРТАВӢ
Моддаи 14. Андозаи маблағ ва пардохти суғуртавӣ
1. Барои ҳисоб намудани андозаи пардохти суғуртавӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзи бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт муқаррар шудаанд, истифода карда мешаванд.
2. Ҳаҷми ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавӣ ба андозаи ҳашсаду ҳаждаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад.
3. Суғуртакунанда уҳдадор аст ҳангоми рух додани ҳар як ҳодисаи суғуртавӣ (новобаста ба шумораи он дар давоми амали шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт) пардохти суғуртавиро ба ҷабрдида тибқи талаботи Қонуни мазкур амалӣ намояд.
4. Ҳангоми расондани зарар ба саломатии ҷабрдида дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки боиси марг гардидааст, андозаи пардохти суғуртавӣ панҷсаду чилу панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
5. Ҳангоми гирифтани маъюбӣ дар натиҷаи ҳодисаи роҳу нақлиёт тибқи маълумотномаи мақоми ваколатдори давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ пардохти суғуртавии якдафъаина маблағи зеринро ташкил медиҳад:
- маъюби гурӯҳи I – сесаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- маъюби гурӯҳи II – сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- маъюби гурӯҳи III – дусаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
6. Ҳангоми расондани зарар ба молу мулки ҷабрдида, маблағи суғуртавӣ то дусаду ҳафтоду се нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад.
7. Пардохти суғуртавии якдафъаина ҳангоми расондани зарар ба саломатии ҷабрдида суғуртакунандаро аз ҷуброни пардохти суғуртавӣ барои расондани зарар ба молу мулки ҷабрдида озод намекунад. Пардохти суғуртавии якдафъаина ва пардохти суғуртавӣ барои расондани зарар ба молу мулк дар доираи ҳаҷми ниҳоии масъулияти ташкилоти суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.
8. Маблағҳои аз ҳисоби мукофоти суғуртавӣ воридгардида танҳо дар ҳолати ба охир расидани муҳлати амали шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт даромади суғуртакунанда ба ҳисоб рафта, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба фондҳои захиравии суғуртавӣ тақсим карда мешаванд.
Моддаи 15. Шартҳои амалисозии пардохти суғуртавӣ
Суғуртакунанда пардохти суғуртавиро ба ҷабрдида (фоидагиранда) дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ менамояд:
- полиси суғуртавӣ (нусхаи он);
- нусхаи маълумотномаи тасдиқкунандаи ҳодисаи роҳу нақлиёт, ки аз тарафи бозрасии давлатии автомобилӣ дода шудааст;
- нусхаи шиносномаи суғурташаванда;
- ваколатномаи аз тарафи соҳиби воситаи нақлиёт додашуда;
- нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи техникии воситаи нақлиёт;
- маълумотномаи муассисаи тиббӣ оид ба корношоямии муваққатӣ ё худ маълумотнома дар бораи муқаррар кардани гурӯҳи маъюбӣ дар ҳолати расондани зарар ба саломатии ҷабрдида;
- нусхаи шаҳодатномаи вафоти мусофир, пиёдагард ё шахси (шахсони) дигари ҷабрдида;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи андозаи зараре, ки ба молу мулки ҷабрдида расонда шудааст.
Моддаи 16. Тартиби амалишавии пардохти суғуртавӣ
1. Пардохти суғуртавӣ тибқи талаботи Қонуни мазкур аз тарафи суғуртакунанда дар муддати панҷ рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
2. Дар ҳолати фавти ҷабрдида ва дар асоси аризаи аз ҷониби фоидагиранда воридгардида дар бораи пардохти суғуртавӣ ва маълумотномаи муассисаи тиббӣ доир ба ҳодисаи мазкур, суғуртакунанда уҳдадор аст панҷоҳ фоизи маблағи пардохти суғуртавиро дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт намояд. Маблағи боқимондаи пардохти суғуртавӣ пас аз пешниҳод намудани шаҳодатномаи вафот дар муҳлати як рӯзи корӣ пардохт карда мешавад.
3. Ҳангоми дар муҳлати муқарраргардида амалӣ накардани пардохти суғуртавӣ суғуртакунанда уҳдадор аст ба ҷабрдида (фоидагиранда) барои ҳар рӯзи батаъхиргузошташуда ба андозаи 0,5 фоизи маблағи пардохтшаванда ноустуворона супорад.
4. Ҳангоми муфлисшавӣ, барҳамхӯрӣ ва ё бо сабабҳои дигар қатъ гардидани фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ портфели суғуртавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти дигари суғуртавӣ интиқол дода шуда, уҳдадориҳо оид ба пардохти суғуртавӣ низ мувофиқан ба ташкилоти мазкур мегузарад.
Моддаи 17. Ҳуқуқи талаби мутақобила (регресс) нисбат ба шахсе, ки зарар расондааст
Суғуртакунандае, ки пардохти суғуртавиро ба ҷабрдида амалӣ намудааст, дар ҳолатҳои зерин ба андозаи маблағи пардохтгардида нисбат ба шахсе, ки зарар расондааст, ҳуқуқи талаби мутақобиларо (регрессро) дорад:
- ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии суғурташаванда дар натиҷаи амалҳои барқасдонаи ӯ, ки ба рух додани ҳодисаи суғуртавӣ равона гардидаанд, фаро расида бошад;
- ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии суғурташаванда ҳангоми идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда рух дода бошад;
- ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии суғурташаванда дар натиҷаи идоракунии воситаи нақлиёт бе доштани ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт фаро расида бошад;
- ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии суғурташаванда дар натиҷаи ғайб задани ронанда аз маҳалли рух додани ҳодиса фаро расида бошад;
- ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии суғурташаванда дар натиҷаи истифодабарии воситаи нақлиёт берун аз меъёри ғунҷоиши мусофиркашиву боркашонии он фаро расида бошад;
- ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии суғурташаванда дар натиҷаи истифодабарии воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаи нақлиёт фаро расида бошад;
- ҳолатҳои дигаре, ки тарафҳо дар шартнома пешбинӣ кардаанд.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 18. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 19. Назорати амалӣ намудани суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт
Назорати иҷрои уҳдадориҳои соҳибони воситаҳои нақлиёт оид ба бастани шартномаи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт бо тартиби муқарраршуда аз тарафи бозрасии давлатии автомобилӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020, № 1719
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2020, № 131
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 августи соли 2020, № 64
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2020 №: 149 - 150 Мутолиа карданд: 2003