қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2011, № 6, мод.435; с.2014, № 7, қ.2, мод.409, мод.410; с.2018, № 7-8, мод.531; с.2019, № 7, мод.474) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 3 моддаи 6 калимаҳои «бадастоварда ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
2. Ба қисми 2 моддаи 22 пас аз калимаи «агар» калимаҳои «яке аз асосҳои зерин мавҷуд бошад» илова карда шаванд.
3. Сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 77 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ, инчунин дар бораи бозхонд, боздошт, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатномаи додашуда қарор қабул мекунад;».
4. Ба моддаи 79 қисмҳои 9 ва 10 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«9. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадоранд ҳар сол дар бораи манбаъҳои даромади иловагии худ ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
10. Эъломиякунонии андоз аз даромад ва вазъи молумулкии кормандони Бонки миллии Тоҷикистон (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.».
5. Дар моддаи 80:
- дар қисми 3:
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «ташкилотҳои қарзии молиявӣ» калимаҳои «ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ» илова карда шаванд;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- иштирокчӣ, молик ё идоракунандаи бовариноки саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ё ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ бошанд.»;
- қисми 6 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«6. Дар Бонки миллии Тоҷикистон якҷоя кор кардани хешовандони наздик - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, наберагон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, бародарзодагон ва хоҳарзодагон, ҳамчунин дигар шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, манъ аст.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020, № 1721
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2020, № 133
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 августи соли 2020, № 66
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.08.2020 №: 149 - 150 Мутолиа карданд: 1967