logo

ҳуқуқ

ОИЛА. САБТИ БЕКОРКУНИИ АҚДИ НИКОҲ КОҲИШ ЁФТ

Масъалаҳои  маърифати оиладорӣ,  баланд бардоштани  масъулияти падару модарон  дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон  ба ҳаёти мустақилона  ва пойдории оила, аз ҷумлаи проблемаҳое   мебошанд, ки диққати  доимии  тамоми  мақомоти давлатӣ,  муассисаҳои  таҳсилотӣ  ва кулли  аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.
Эмомалӣ РАҲМОН


Оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва ташаккули ҳар фарди ҷомеа нақши басо муҳим дорад. Аз ин ҷост, ки дар моддаи 33 Конститутсия омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи  ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ  расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст».
Саодатбибӣ Сироҷзода, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия, иброз дошт, ки дар шаш моҳи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 5486 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 579 ҳолат кам аст. Аз ин 3974 бо қарори судҳо,  1490   бо аризаи якҷоя  ва 22 ҳолат бо аризаи яке аз ҳамсарон сурат гирифтааст. Аз оилаҳое, ки бо қарори судҳо аз ҳам ҷудо шудаанд, 5356 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон вогузор шудааст.
Сардори раёсат гуфт, ки омилҳои асосии пош хӯрдани оилаҳо чуноне ки аз таҷриба бармеояд, асосан якдигарнофаҳмӣ дар байни ҷавонон, дахолати падару модарон, ба маҳкама кашида шудани яке аз ҳамсарон, солҳои тӯлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла рӯҳӣ, венерикӣ, вазъи иқтисодии оила ва бефарзандӣ мебошад. Намояндагони раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии  Вазорати адлия, дар ҳамкорӣ бо дигар мақомот дар маҳалҳо, аз ҷумла кор бо занон, ҷавонон ва ҷамоатҳо тамоми тадбирҳоро оид ба пешгирии ҷудошавии оилаҳо меандешанд. Дар баъзе маврид ҳолатҳое ба назар мерасад, ки оилаҳо чанд сол қабл тариқи суд аз ҳам ҷудо шуда бошанд ҳам, аз қайди бахшҳои САҲШ нагузаштаанд.  Чунин оилаҳо то аз қайд нагузаранду шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳро нагиранд, оилаи ҷудошуда ҳисоб намеёбанд. Онҳо ҳамон вақт ба бахшҳо муроҷиат мекунанд, ки аз баъзе имтиёзҳо чун гирифтани қитъаи замин ва ё бо хобгоҳ таъмин намудани фарзандонашон зимни таҳсил дар макотиби олӣ ва касбӣ - техникӣ бархӯрдор шаванд.
- Барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо мо бояд равиши таблиғотро оид ба таҳким ва муқаддас донистани оила тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҷомеа тақвият бахшем. Бахусус, дар ин кор мақомоти дахлдор, ниҳодҳои ҷамъиятӣ, насли калонсол ва волидонро ҷалб созем. Зеро аз оилаи солим насли солим ба воя мерасад, - мегӯяд Саодатбибӣ Сироҷзода.
Инчунин, сардори раёсат афзуд, ки давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ таваллуди  101141 кӯдак ба қайд гирифта шудааст. Ба 72539 кӯдак  шаҳодатномаи ройгон дода шудааст. Тибқи анъанаҳои миллӣ 76371 кӯдак номгузорӣ шудааст ва ин раванд минбаъд густариш меёбад.
Таъкид бояд кард, ки агар волидон то се моҳ баъди таваллуди кӯдак ба САҲШ - и шаҳру ноҳияҳо барои гирифтани шаҳодатнома муроҷиат намоянд, он ройгон дода мешавад. Дар ҳолати риоя нагардидани муҳлати муқарраргардида гирифтани шаҳодатнома ҳуҷҷатгузориҳои иловагиро талаб менамояд.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.08.2020    №: 149 - 150    Мутолиа карданд: 1142
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед