фарҳанг
РАШТ. ВАҚТЕ КИ ЗАН ҲУНАРМАНД АСТ...
Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар ноҳияи Рашт низ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба масъалаи дастгирии ҳунармандон ва таъсиси марказу нуқтаҳои ҳунарҳои миллию муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад.
Дар доираи нақшаи тадбирҳо оид ба амалисозии ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019 – 2021» дар 14 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 19 маркази ҳунарҳои миллӣ таъсис ёфта, 56 бону соҳиби кори доимӣ гардид.
Тавре Нисо Азизова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, дар нуқтаҳои ҳунарҳои мардумӣ бонувони ҳунарманд ба гулдӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, попурӣ, кокулсозию рафидасозӣ ва касбҳои дигар машғуланд.
Ба гуфтаи ӯ, 158 бону дар корхонаҳои дӯзандагии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба кор фаро гирифта шуда, беш аз 70 бонуи дигар дар хона фаъолият дорад.
Дар ноҳия ба масъалаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани занон авлавият дода мешавад. Дар бозори марказии шаҳраки Ғарм растаи ҳунарҳои мардумӣ таъсис ёфтааст, ки дар он маҳсули дасти бонувони ҳунарманд ба фурӯш бароварда мешавад.
Масъалаи соҳибкасб намудани бонувон низ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. 32 нафар духтарон дар литсейи касбию техникии ноҳия касби дӯзандагӣ, 65 нафари дигар дар курсҳои кӯтоҳмуддат шерозадӯзӣ, гулбофӣ ва ҷӯроббофиро меомӯзанд. Дар филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт 20 бону курси дӯзандагӣ, 8 нафар курси омӯзиши компютер, 11 нафар омӯзиши ҳунарҳои ошпазӣ ва муҳосибиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи тахассусӣ гардиданд.
Иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази дастгирии занон» дар ҷамоатҳои деҳоти Навдӣ ва Қалъаи Сурх курсҳои омӯзиши дӯзандагӣ ташкил карда, 22 бонуро соҳибкасб кард.
Дар Ҷамоати деҳоти Ҳоит корхонаи коркарди шир ташкил гардида, 15 нафар занону бонувон дар он аз масолеҳи ширӣ шириниҳо ва хӯрокҳои мардумӣ омода месозанд. Дар ҶДММ «Файзи дастархон» 12 бону истеҳсоли 30 навъи маҳсулоти пазандагию қаннодиро ба роҳ монданд.
- Дар ноҳия бо ҷои кори доимӣ таъмин кардани бонувон дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қарор дошта, бовар ҳаст, ки ин масъала марҳила ба марҳила ҳалли пурраи худро меёбад, - гуфт дар хотимаи суҳбат Нисо Азизова.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2020 №: 151 Мутолиа карданд: 837