фарҳанг
АЗ ФАЛАК ТО БА ФАЛАК
Андешаҳо перомуни китоби нави Абдулқодири Раҳим ”Шод зӣ, шод!”
Нигоштаҳои адиби хушсалиқаи тоҷик Абдулқодири Раҳим ҳамеша ҷаззоб ва самимӣ мебошанд. Ӯ хоҳ шеър нависад хоҳ ҳикоя, пайванди адабиёту зиндагиро нигоҳ медорад. Мавзӯъро хуб медонад, чакидаҳои хомааш мисли шабпаракҳои зарринбол дар гулбоғи адаб сайр мекунанд ва аз шохаву гулҳои муаттар шаҳд мегиранд. Ва сухани Абдулқодир ширинтару ба қалб наздиктар мегардаду ба дилҳо роҳ меёбад. Абдулқодири Раҳим қаламкаши заҳматкашу қаноатпеша мебошаду умре бори сухан мекашад.
Ӯ зодаи деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ аст. Зодгоҳи шоир барҳақ макони афсонавӣ, диёри парандагони нодиру хушхон аст. Шояд ҳамин овози дилфиреби мурғон аст, ки насри ӯ осори андешаю дарунмоя ва роздор аст. Он хонандаро ба хилваткадаи розҳои инсонӣ ва фалсафаи ҳастӣ мебарад. То ин дам як силсила китобҳои насрию назмӣ ва публитсистии Абдулқодири Раҳим нашр шуда, аз ҷониби муҳаққиқону ҳаводорони адабиёт баҳои баланд гирифтаанд.
Китоби нави адиб - ”Шод зӣ, шод!” асари тозае дар бахши публитсистикаи тоҷик буда, дар он беҳтарин очерку лавҳаҳои муаллиф, ки тайи солҳои охир дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаанд, гирдоварӣ шудаанд.
Бешубҳа, Абдулқодири Раҳим яке аз пуркортарин публитсистиони давр буда, пайваста дар сафи пеши ҳаводиси рӯзгор ва созандагӣ қарор дорад. Зеро ӯ нағз медонад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ сухани тозаю созанда ва публитсистикаи бадеӣ мавқеи муҳим дошта, барои ҷомеа зарур аст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: “Имрӯз зарур аст, ки аҳли адаб ва рӯзноманигорон бештар ба мавзӯъҳои муҳими давр ва корҳои созандагӣ рӯ биёранд”. Ин нишондодро Абдулқодири Раҳим яке аз нахустинҳо шуда пазируфта, тайи солҳои охир бештар дар мавзӯи созандагию бунёдкорӣ асар эҷод менамояд. Дар китоби наваш низ бештар масоили фарҳангӣ ва арзишҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барин мавзӯъҳои рӯз баррасӣ шудаанд.
Дар масоили шинохти ислом ва мубориза бо ифротгароӣ сухани Абдулқодири Раҳим хеле нишонрас ба назар мерасад. Муаллиф бо такя ба адабиёти классикӣ ва маъхазҳои муътамад нигоштаҳои худро тақвият бахшидааст. Ба андешаи публитсист имрӯзҳо бар асари афзудани хатари ифротгароӣ ва зери фишори унсурҳои бегона мондани миллатҳо парваридани ҳисси худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ хеле зарур мебошад. Дар ин мавзӯъ як силсила мақолаҳои саривақтии Абдулқодири Раҳим ба монанди “Як зернавишт ба як сурат”, ”Пас дер мекунем”, “Исломи асилро агар бишносем”, “Рӯбарӯи хатарҳои ҷиддӣ”, “Ҷаҳонро ба бад наспарем”, ”Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем” дар китоб мураттаб шудаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар асари наваш низ Абдулқодири Раҳим ба мавзӯи дӯстдоштааш - модар содиқ мондааст. Публитсист мавзӯи ситоиши модар ва қадршиносии ӯро бисёр дӯст медорад. Дар ин мавзӯъ як силсила мавод эҷод намудааст, ки метавон онҳоро як дастоварди бузурги публитсистикаи тоҷик номид. Дар китоби нави”Шод зӣ, шод!” низ очеркҳои бадеии “Як иншо”, “Модар дар шеъри оламгири мо” ва “Дархости модар” барин нигоштаҳои зебою дилнишини муаллиф ҷой дода шудаанд, ки хеле дилсӯзона иншо шудаанд.
Дар мақолаи дигараш “Аз фалак то ба фалак” ки хеле шоирона эҷод шудааст, муаллиф ба гузаштаю имрӯзаи таърихи Фалак ва фалаксароӣ даст зада, ба фалак сайри таърихӣ намудаву торҳои онро ба замзама овардааст. Зеро Фалак аз нигоҳи Абдулқодири Раҳим оҳанги одӣ нест, балки он малакутӣ ҳасту аз қаъри асрҳо зуҳур карда, дар мағз андар мағзи ҷону пайванди мардуми кӯҳистон маскан гирифтааст. Ва вожаи фалак пайванди наслҳо мебошад, ки имрӯз бо садову шевани воло аксандозӣ дорад.
Мутолиаи китоби нави Абдулқодири Раҳим ба дилҳо суруру шодмонӣ бахшида, инсонҳоро барҳақ ба шод зистану умрро ғанимат шумурдан ҳидоят месозад, ки дар ин рӯзҳо хеле муҳим мебошад.
Маҷид САЛИМ, адиб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 12.08.2020 №: 151 Мутолиа карданд: 666