logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ»

Моддаи 1. Ба  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 5, мод. 331; с. 2010, № 7, мод. 555; с. 2011, № 12, мод. 846; с. 2013, № 11, мод. 786; с. 2014, № 11, мод. 663; с. 2018, № 7-8, мод. 532; с. 2019, № 6, мод. 328) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матн калимаҳои «ҳолдингии ташкилоти қарзӣ» ба  калимаҳои «ҳолдингии бонкӣ» иваз карда шаванд. 
2. Дар моддаи 1:
- ба сархати дуюм пас аз калимаи «қарзии» калимаи «молиявии» илова карда шавад;
- сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташкилотҳои қарзии молиявӣ – ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд;»;
-  сархати ҳафтум дар таҳрири зерин ифода карда шавад;
«- бонки фаръӣ – бонке, ки аз ҷониби дигар ташкилоти қарзӣ ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ назорат карда мешавад;»;
- сархати ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҷамъияти фаръӣ – шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла бонки фаръие, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ назорат карда мешавад;»;
- сархатҳои нуҳум ва даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ - шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ намебошад ва он дар ташкилоти қарзӣ дорои ваколати назоратӣ мебошад;
- ҷамъияти вобаста – шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ мустақилона ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон  бевосита ё бавосита дорои ҳиссаи иштироки зиёда аз 20 фоизи саҳмияҳои овоздиҳанда (ҳиссаҳо) мебошад;»;
-  сархати ёздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ҷамъияти алоқаманд – шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ мебошад, инчунин, ҳар гуна шахси ҳуқуқии дигаре, ки дар онҳо ин шахси ҳуқуқӣ дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ мебошад;»;
- сархати ёздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ваколати назоратӣ – яке аз ваколатҳои зерин, ки шахс мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон:
а) бевосита ё бавосита доранда ё идоракунандаи  бештар аз 50 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) шахси ҳуқуқӣ мебошад;
б) имконияти интихоби аксарияти аъзои Шӯрои нозирони шахси ҳуқуқӣ ё мақоми ба он баробарро дорад;
в) новобаста аз иштирок дар сармояи шахси ҳуқуқӣ, дорои имконияти бевосита ё бавосита таъсири ҳалкунанда расонидан дар қабули қарорҳои шахси ҳуқуқиро дорад;
г) дорои ваколати назоратии дигаре мебошад, ки Бонки миллии Тоҷикистон муайян кардааст;»;
- сархатҳои бистум ва бистуякум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод – шахсе ҳисобида мешавад, ки агар:
а) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона (аз ҷумла ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта) аз озодӣ маҳрум нашуда бошад;
б) нисбат ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ - резидент ё ғайрирезидент барҳамдиҳии маҷбурӣ, муфлисшавӣ татбиқ нашуда бошанд ё  аз тарафи суд амалҳо ё беамалии ин шахс ҳамчун дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок  ё узви мақоми идора ё мақоми иҷроияи шахси ҳуқуқӣ боиси барҳамдиҳии маҷбурӣ, аз ҷумла муфлисшавӣ эътироф нашуда бошанд;
в) иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ дар давраи ба ҳайси раис (муовинони ӯ), узви раёсат ё сармуҳосиби ташкилоти қарзии молиявӣ  фаъолият кардани шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ нисбат ба он бозхонд нашуда бошад;
г) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент аз тарафи суд аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти муайян ё аз ишғоли мансабҳои муайян маҳрум нашуда бошад;
д) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент ҳамчун узви мақоми идора  ё корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ бинобар татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ё мақоми назорати бонкии хориҷӣ аз вазифа озод нашуда бошад;
е) шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент бо қарори суд ӯҳдадориҳои молиявии иҷронашуда надошта бошанд;
ё) шахси воқеӣ - резидент ё ғайрирезидент барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи хусусияти коррупсионӣ дошта ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад;
- ҳиссаи иштироки афзалиятнок – ҳиссаи иштироки шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон бевосита ё бавосита дорои даҳ фоиз ё зиёда аз он саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) ташкилоти қарзӣ мебошад ё ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян гардидааст;»;
- сархати бистудуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- аъзои оила – зан (шавҳар), фарзандон (фарзандхондагон), падару модар, бародарон, хоҳарон, набера, фарзандони зан (шавҳар);»;
- сархати бистудуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- шахси вобаста – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:
а) аъзои Шӯрои нозирон ва кумитаи аудити ташкилоти қарзӣ;
б) кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ;
в) роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии ташкилоти қарзӣ;
г) шахси воқеии дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок  дар ташкилоти қарзӣ;
ғ) аъзои оилаи шахсони дар зербандҳои а), б), в) ва г) сархати мазкур зикршуда;
д) шахси ҳуқуқие, ки дар ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок  дорад, инчунин, аъзои Шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
е) шахси ҳуқуқие, ки дар он шахсони дар зербандҳои а), б), в), г) ва д) сархати мазкур зикршуда ҳиссаи иштироки афзалиятнок  доранд;
ё) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок  дорад, инчунин, аъзои Шӯрои нозирон, мақоми иҷроия, роҳбарони (муовинони онҳо) воҳидҳои сохтории иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва назорати дохилии чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
ж) ҳар шахси дигар, ки бевосита ё бавосита метавонад ба қабули қарорҳои ташкилоти қарзӣ таъсир расонад;»;
- сархати бистучорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- пазириши хавф – дараҷа ва намудҳои қаблан муайяншудаи хавфҳое, ки ташкилоти қарзӣ омодааст дар доираи сатҳи ҷоизи хавф барои ноил шудан ба мақсадҳои дар стратегия ва нақшаи тиҷоратии худ пешбинишуда вобаста ба миқёс ва хусусияти фаъолияти худ қабул намояд;».
3. Дар қисми 1 моддаи 9:
- дар ҷумлаи якум калимаҳои «Ташкилотҳои қарзӣ» ба калимаҳои «Муассиси (муассисони) ташкилотҳои қарзӣ» иваз карда шаванд;
- дар сархати якум калимаҳои «нусхаи тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи» ба калимаи «лоиҳаи» иваз карда шавад;
- ба сархати дуюм пас аз калимаҳои «ҳар як» калимаҳои «узви Шӯрои нозирон ва» илова карда шаванд;
- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин, дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва аъзои Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;»;
- сархатҳои нуҳум ва даҳум дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«- эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, узви Шӯрои нозирон ва корманди роҳбарикунанда оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будан;
- нақшаи фаъолияти пешбиникунандаи мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ, идоракунии хавфҳо ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои муқовимат ба қонунигардонии  (расмикунонии)  даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ дар давоми се соли оянда;».
4. Cархати сеюми қисми 7 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- ба талаботи шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ будани моликони ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин, дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;».
5. Ба  қисми 1 моддаи 11 сархати якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- нусхаи қарори мақоми дахлдор оид ба таъсиси филиал;».
6. Дар моддаи 12:
- дар сархати ҳаштуми қисми 2 калимаҳои «мубориза бар зидди қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм,» ба калимаҳои «муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом,» иваз карда шаванд;
- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«4. Бонки миллии Тоҷикистон  бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби додани розигиро барои аз ҷониби бонки хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодани филиал муқаррар менамояд.».
7. Дар ном ва матни моддаи 13 калимаҳои «ташкилоти қарзӣ» ва  «Ташкилоти қарзӣ» мувофиқан ба калимаҳои «ташкилоти қарзии хориҷӣ» ва  «Ташкилоти қарзии хориҷӣ» иваз карда шаванд.
8. Моддаи 21 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 21. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзӣ
1. Тартиби таъсис ва фаъолияти мақомоти  идоракунии ташкилоти қарзӣ бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд» ва қонунҳои дигар бо дарназардошти муқаррароти Қонуни мазкур муайян карда мешаванд.
2. Идоракунии ташкилоти қарзӣ аз ҷониби мақомоти зерин амалӣ мегардад:
- мақоми олӣ - маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён);
- мақоми идора - Шӯрои нозирон, ки аз ҷониби маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) таъсис дода мешавад;
- мақоми иҷроия, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон таъсис дода мешавад.
3. Мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии давлатӣ ва ваколатҳои онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти Қонуни мазкур муайян менамояд.
4. Шӯрои нозирон барои муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти ташкилоти қарзӣ ва назорати онҳо масъул мебошад. Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- муқаррар намудани стандартҳои идоракунии хавфҳо, муайян кардани пазириши хавф ва ҳадди ақалли меъёрҳои мақбули дохилӣ;
- назорати тадбирҳое, ки мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ барои ошкор, андозагирӣ, мониторинг ва назорати хавфҳо меандешад;
- нигаҳдории низоми мувофиқу босамари назорати дохилӣ, инчунин мониторинги самарабахшии низоми назорати дохилии аз тарафи мақоми иҷроияи ташкилоти қарзӣ амалишаванда;
- муқаррар намудани сиёсати дохилӣ ва сармоягузорӣ, низоми назорати дохилӣ,  комплаенс (мувофиқа) ва меъёрҳои ахлоқӣ;
- маъқул донистани ба вазифа таъин (интихоб) ва аз вазифа озод намудани аъзои мақоми иҷроия ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бо пешниҳоди раис ё раиси раёсати ташкилоти қарзӣ, ба истиснои роҳбар ва сармуҳосиби филиали ташкилоти қарзӣ;
- тасдиқи сохтори ташкилӣ;
- таъини роҳбари сохтори аудити дохилӣ (сараудитор) ва роҳбари сохтори идоракунии хавфҳои (сардори воҳиди сохтории идоракунии хавфҳои) ташкилоти қарзӣ;
- муайян кардани шартҳо ва андозаи музди меҳнати раис, муовинони ӯ, аъзои  раёсат, сараудитор ва сардори воҳиди сохтории идоракунии хавфҳои ташкилоти қарзӣ;
- таъсис ва барҳамдиҳии филиалҳо ва намояндагиҳои ташкилоти қарзӣ;
- баррасии натиҷаҳои аудит ва санҷишҳои дохилию берунӣ.
5. Ҳайати Шӯрои нозирон наметавонад камтар аз панҷ нафар бошад. Аъзои Шӯрои нозирон ба мӯҳлати на зиёда аз 4 сол дар маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) интихоб мегарданд. Аъзои Шӯрои нозирон метавонанд аз нав интихоб шаванд.
6. Шӯрои нозирон метавонад аз ҳисоби шахсоне, ки дорои таҳсилоти олӣ буда, шахси аз нигоҳи касбӣ  босалоҳият ва боэътимод мебошанд, интихоб гардад. Шӯрои нозирон аз байни аъзои худ раиси Шӯроро интихоб мекунад.
7. Аъзои Шӯрои нозирон наметавонанд:
- кормандони ягон ташкилоти қарзии молиявии дигар  бошанд;
- аъзои Шӯрои нозирон ё дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок  дар дигар ташкилоти қарзии молиявӣ бошанд;
- корманд, аз ҷумла корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ҷамъияти вобаста ва фаръии он бошанд, ба истиснои корманди ҷамъияти алоқаманди ташкилоти қарзӣ;
- хизматчии давлатӣ бошанд, ба истиснои узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзие, ки давлат дар он саҳмдор аст;
- синнашон аз сӣ кам бошад.
8. На камтар аз чор як ҳиссаи аъзои Шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд.
9. Аъзои Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои ташкилоти қарзии давлатӣ, пас аз мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси умумии саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ интихоб карда мешаванд. Тартиби мувофиқа намудани аъзои Шӯрои нозирони  ташкилоти қарзӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.». 
9. Дар моддаи 23:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «таъин» калимаи «(интихоб)» илова карда шавад;
- дар қисми 5:
-  ба сархатҳои якум ва дуюм пас аз калимаҳои «низоми бонкӣ»  калимаҳои «(ватанӣ ва ё хориҷӣ)» илова карда шаванд;
- дар сархати панҷум калимаи «қарзӣ» ба калимаҳои «қарзии молиявӣ» иваз карда шавад;  
- қисмҳои 7 ва 8 хориҷ карда шаванд.
10. Қисми 4 моддаи 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«4. Кумитаи аудит дар назди Шӯрои нозирони ташкилоти қарзӣ амал карда, дорои ваколату ӯҳдадориҳои зерин мебошад:
- баррасии сиёсати ташкилоти қарзӣ дар самти аудити дохилӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
- назорати таъмини пурра, дақиқ ва саҳеҳи ҳисобдорӣ, ҳисоботи молиявӣ ва ҳисоботи молиявии маҷмӯии ташкилоти қарзӣ;
 - баррасӣ ва тавсияи қабули нақшаи солонаи аудит, қоидаҳои ҳисобдорию назорати онҳо ва идоракунии хавфҳо дар ташкилоти қарзӣ;
- додани тавсияҳо дар барои таъини аудитори берунии ташкилоти қарзӣ мутобиқи моддаи 45 Қонуни мазкур, подошпулӣ  ва қатъи шартнома бо он;  
- баррасии ҳисоботи аудитори берунӣ оид ба ҳисоботи молиявии ташкилоти қарзӣ ва ба Шӯрои нозирон хабар додани ҳар гуна камбудиҳои ошкоршуда то аз ҷониби он маъқул донистани ҳисоботи молиявӣ;
- додани тавсия ба Шӯрои нозирон оид ба сохтори аудити дохилӣ, номзадии сараудитори дохилӣ ва  подошпулии ӯ;  
- талаб кардани ҳисобот аз сараудитори дохилии ташкилоти қарзӣ;
- баррасии ҳисоботи аудити дохилӣ ва назорати аз тарафи мақоми иҷроия сари вақт бартараф гардидани камбудиҳои низоми назорати дохилӣ, инчунин дигар камбудиҳое, ки аз ҷониби аудиторон ва воҳидҳои назораткунанда ошкор шудаанд;
- назорати мутобиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳоди маълумот ба Шӯрои нозирон;
- баррасии ҳисоботи ташкилоти қарзӣ, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мешавад;
- гузориш оид ба ҳар гуна масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит гузошта шудаанд;
- ҳар семоҳа пешниҳод намудани ҳисобот ба Шӯрои нозирон оид ба фаъолияти Кумитаи аудит, инчунин пешниҳоди тавсияҳо оид ба масъалаҳое, ки аз ҷониби Шӯрои нозирон дар назди Кумитаи аудит дар доираи ваколати он гузошта шудааст;
- баррасии амалиёт ва аҳдҳои ташкилоти қарзӣ дар заминаи нақшаҳое, ки Кумитаи аудит мутобиқи дархости Шӯрои нозирон, дархости саҳмиядорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзӣ, ки беш аз 10 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаро (ҳиссаҳоро) соҳибанд, қабул кардааст, ё тавре ки инро оинномаи ташкилоти қарзӣ муқаррар кардааст;
- ҳар сол на камтар аз як маротиба пешниҳод намудани ҳисобот дар маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокчиён) оид ба фаъолияти худ.».
11. Моддаи 241 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 241. Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик
1. Дар вазифаи узви Шӯрои нозирон, раис (муовинони он), узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ муносибати хешутаборӣ (зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, бародарзодагон, хоҳарзодагон, набера, писархондкунанда, фарзандхондагон)  дошта бошанд, манъ аст.
2. Дар як ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ тибқи талаботи қисми 1 моддаи мазкур муносибати хешутаборӣ дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ аст.».
12. Ба моддаи 25 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:                                                                   
«3. Кормандони ташкилоти қарзии давлатӣ (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон)  эъломияҳо дар бораи андоз аз даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.».
13. Моддаи 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 26. Тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок
1. Ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок  дар ташкилоти қарзӣ бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Ҳар як шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас, ё якҷоя бо як ё бештар шахсон мехоҳад бевосита ё бавосита ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дар ташкилоти қарзӣ ба даст оварад, ё дар натиҷаи ба даст овардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) иловагӣ дорои  ҳиссаи афзалиятноки  иштирок мегардад, ба Бонки миллии Тоҷикистон дархости хаттӣ манзур менамояд.
3. Дархост дар бораи ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок  инҳоро дар бар мегирад:
- насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, маҳалли доимии истиқомат, фаъолияти корӣ ё касби ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- маълумотнома барои ҳар як талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок  бо зикри насаб, ном, номи падар, шаҳрвандӣ, маҳалли доимии истиқомат, фаъолият ё касби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ менамояд;
- дар ҳолате, ки агар шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок  шахси ҳуқуқӣ бошад, нусхаи ҳисоботи тавозунӣ ва ҳисоботи фоида ва зиёни солонаи соли охир, ки аз аудит гузаштааст;
- маълумот оид ба шахсони ҳуқуқие, ки дар он ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок  дорои ваколати назоратӣ мебошад;
- шартҳои ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок;
- манбаи қонунии маблағҳои пулие, ки барои ба даст овардани  ҳиссаи иштироки афзалиятнок  истифода мешаванд;
- ҳуҷҷат оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии он, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин талабгорон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви Шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;
- ҳар як нақша ё пешниҳод оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ;
- хулосаи пешакии хаттии ташкилоти қарзӣ;
- маълумоти дигаре, ки Бонки миллии Тоҷикистон метавонад талаб намояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон оқибатҳои таъсири ивазшавии молик ба устувории ташкилоти қарзӣ ва ба талаботи муқарраршуда мувофиқ будани талабгорони моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнокро муайян намуда, дар давоми 60 рӯз аз рӯзи гирифтани дархост ба дархосткунанда ё дархосткунандагон ба таври хаттӣ дар бораи розигӣ ё радкунии дархост ҷавоб медиҳад. Дар ҳолати аз ҷониби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок  пешниҳод намудани маълумоти нопурра ё мутобиқнабуда ба талаботи моддаи мазкур, мӯҳлати баррасии дархост аз рӯзе оғоз меёбад, ки маълумот тибқи талаботи муқарраршуда пурра пешниҳод шуда бошад. Дар ҳолати радкунӣ асоси он бояд нишон дода шавад.
5. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи қарори худ дар мӯҳлати зикршуда хабар надиҳад, пас ин маънои додани розигӣ барои ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнокро дорад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ҳангоми баъдан ошкор кардани ғайриқаноатбахш будани вазъи молиявии моликон ва  шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод набудани моликон, инчунин ҳолатҳои аз ҷониби талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок вайрон намудани талаботи моддаи мазкур бекор кардани ин аҳдро талаб намояд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолате дархостро маъқул намешуморад, агар:
- вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои ҳар як шахси талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ин гуна ҳиссаи иштироки афзалиятнок аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ғайриқаноатбахш дониста шаванд;
- талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок  шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод набошад;
- мушаххаскунии талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии он ғайриимкон бошад;
- нақша ё пешниҳоди талабгори моликии ҳиссаи иштироки афзалиятнок  оид ба тағйироти куллӣ дар фаъолият, сохтори корпоративӣ ё идоракунии ташкилоти қарзӣ устувории молиявӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳони онро зери хатар гузорад;
- ин бадастоварӣ рақобатро то андозае маҳдуд карда, устувории молиявии ташкилоти қарзӣ ё манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва қарздеҳонро зери хатар гузорад.
7. Ҳар як шахсе, ки мустақилона (инфиродӣ) ё тавассути ягон кас ё якҷоя бо як ё бештар шахсон мехоҳад бевосита ё бавосита ҳиссаи иштироки афзалиятноки худро дар ташкилоти қарзӣ то ба 20, 33, 50 ё 75 фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи (ҳиссаҳои) ташкилоти қарзӣ расонад ё мутаносибан аз он бештар зиёд намояд, бояд на кам аз 30 (сӣ) рӯз пеш Бонки миллии Тоҷикистонро ба таври хаттӣ огоҳ намояд.
8. Ташкилоти қарзие, ки аз пешниҳоди ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнок  ё пешниҳоди зиёд кардани ҳиссаи мавҷудаи он хабардор мешавад, дар ин хусус фавран ба Бонки миллии Тоҷикистон огоҳиномаи хаттӣ мефиристад.
9. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолати хабардор шуданаш аз он, ки моликони вай, аз ҷумла моликони ҳиссаи иштироки афзалиятнок  минбаъд шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод нестанд, дар ин хусус фавран Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.
10. Аҳд дар мавриди ба даст овардани  ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон анҷом ёфтааст,  беэътибор мебошад.
11. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби ба даст овардани ҳиссаи иштироки афзалиятнокро  муқаррар менамояд.».
14. Дар моддаи 28:
- дар қисми 3 пас аз калимаҳои «Ташкилотҳои қарзӣ» калимаҳои «ва ҷамъиятҳои алоқаманди онҳо» илова карда шуда, калимаҳои «ҷамъияти вобастаи» ва «ҷамъиятҳои вобастаи» мувофиқан ба калимаҳои «ҷамъияти вобаста ва фаръии» ва «ҷамъиятҳои вобаста ва фаръии» иваз карда шаванд;
-  ба қисми 5 пас аз калимаҳои «фавран ба» калимаҳои «Шӯрои нозирон ва» илова карда шаванд.
15. Дар моддаи 29:
- дар сархати ҳаштуми қисми 1 калимаҳои «саҳмиядорони (иштирокчиёни)» ба калимаҳои «шахсони вобастаи» иваз карда шаванд;
- қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Бонки миллии Тоҷикистон талаботи меъёрҳои муайяншудаи боби мазкурро нисбат ба ташкилотҳои қарзӣ ва ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии онҳо дар заминаи назорати маҷмӯӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар менамояд.».
16. Дар сархати сеюми  қисми 1 моддаи 31 калимаи «бонки» ба калимаҳои «ҷамъияти вобаста ва» иваз карда шавад.
17. Моддаи 33 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 33. Маҳдудияти сармоягузорӣ
1. Ташкилоти қарзӣ наметавонад ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи шахсони ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзӣ нестанд, ба андозаи зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандааш сармоягузорӣ намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шуда бошад. Дар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ ҳаҷми чунин сармоягузорӣ зиёда аз даҳ фоизи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзиро ташкил медиҳад, ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ба шарти зарар надидан, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди соҳиб шудани чунин коғазҳои қиматнок (ҳиссаҳо) онҳоро ба шахсони ба ташкилоти қарзӣ вобастанабуда фурӯшад.
2. Ба ташкилоти қарзӣ молик шудан ба саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи дигар шахси ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа он ҷамъияти вобаста ё фаръии ташкилоти қарзӣ мегардад, бе гирифтани розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ташкилоти қарзӣ онҳоро дар натиҷаи анҷом додани амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст. Ташкилоти қарзӣ наметавонад молики ҷамъияти вобаста ва фаръие гардад, ки онҳо ба фаъолияти ғайримолиявӣ ва ё ғайрибонкӣ машғул мебошанд. Ҷамъияти вобаста ва фаръии ташкилоти қарзӣ бояд танҳо ба фаъолияти молиявӣ ва ё бонкӣ, инчунин ба ҳар гуна фаъолияти дигаре, ки аз фаъолияти молиявӣ ва ё бонкӣ бармеоянд, машғул бошад.
3. Дар ҳолате, ки агар Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ барои нигоҳдории саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ва вомбаргҳои ба саҳмия (ҳисса) табдилёбандаи ҷамъияти вобаста ё фаръӣ, ки дар натиҷаи амалиёти бонкӣ соҳиб шудааст, розигӣ надиҳад ё ташкилоти қарзӣ барои гирифтани розигӣ дар мӯҳлати як моҳ дархост пешниҳод накарда бошад, ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, коғазҳои қиматноки (ҳиссаҳои) мазкурро, ба шарти зарар надидан, дар мӯҳлати на дертар аз як моҳ ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз як соли баъди ба даст оварданашон ба шахсони ба ташкилоти қарзӣ вобастанабуда фурӯшад.
4. Ташкилоти қарзӣ ҳуқуқ надорад соҳиби молу мулки ғайриманқул гардад, ба истиснои молу мулки ғайриманқуле, ки барои таъмини фаъолияти худ ва эҳтиёҷоти иҷтимоии кормандон, аз ҷумла таъмини онҳо бо манзил зарур аст.
5. Ташкилоти қарзӣ ӯҳдадор аст, ҳама гуна молу мулки ғайриманқулеро, ки дар рафти гузаронидани амалиёти бонкӣ ба моликияташ гузаштааст, ба шарти зарар надидан, дар муддати кӯтоҳ (на дертар аз се моҳ) ва дар ҳар сурат дар мӯҳлати на дертар аз ду соли баъди ба даст оварданаш фурӯшад.
6. Ташкилоти қарзӣ ҳар гуна қисми зиёдатии молу мулки ғайриманқулро ба иҷора дода метавонад, ба шарте ки он ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ халал нарасонад.
7. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ сармоягузорӣ намудан ба коғазҳои қиматнок ё ҳиссаҳо, аз ҷумла харид ва фурӯши (соҳиб шудан ва бегона намудани) онҳо, инчунин меъёрҳои мақбулро нисбат ба чунин амалиёт муқаррар менамояд.».
18. Дар қисми 1 моддаи 35, сархати панҷуми қисми 1 моддаи 46 ва сархати сеюми қисми 1 моддаи 50 калимаҳои «ва маблағгузории терроризм» ба калимаҳои «, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» иваз карда шаванд.
19. Дар қисми 1 моддаи 38 пас аз калимаҳои «аз панҷ сол» калимаҳои «пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ» илова карда шаванд.
20. Дар қисми 3 моддаи 41 калимаҳои «бонки фаръӣ ё ҷамъияти вобастаи» ба калимаҳои «ҷамъияти алоқаманд, вобаста ё фаръии» иваз карда шаванд.
21. Дар моддаи 43:
- дар қисми 1 калимаи «бонки» ба калимаи «ҷамъияти» иваз карда шавад;
- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«2. Бонки миллии Тоҷикистон дигар ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии ташкилоти қарзиро, ки онҳо дорои дигар ҷамъиятҳои фаръӣ мебошанд, муайян карда метавонад ва ин ташкилоти қарзӣ бояд дар бораи онҳо ҳисоботи молиявии маҷмӯии солона пешниҳод намояд.».
22. Дар қисми 1 моддаи 45 калимаи «қарзӣ» ба калимаҳои «қарзии молиявӣ» иваз карда шавад.
23. Дар моддаи 52:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ташкилотҳои қарзӣ бо тартиби зерин назорат, аз ҷумла назорати маҷмӯӣ мебарад:
- ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ менамояд;
- аз ташкилотҳои қарзӣ ва ҳар гуна ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ё фаръии онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб менамояд;
- дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмиядорони (иштирокчиёни) бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ ва оид ба шахсе, ки барои соҳиб шудани ҳиссаи иштироки афзалиятнок ё ваколати назоратӣ дар ташкилоти қарзӣ муроҷиат мекунад, маълумот талаб менамояд;
- санҷиши ташкилоти қарзӣ, ҷамъиятҳои алоқаманд, фаръӣ ва вобастаи онро тавассути корманд ё кормандони худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.»;
- дар қисми 4  калимаҳои «бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи» ба калимаҳои «ҷамъиятҳои алоқаманд, вобаста ва фаръии» иваз карда шаванд.».
24. Ба қисми 2 моддаи 56 пас аз калимаи «саҳмиядорон» калимаи «(иштирокчиён)» илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори  расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон        Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 7 августи соли 2020, № 1722


Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 24 июни соли 2020, № 135


Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 5 августи соли 2020, № 67

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.08.2020    №: 151    Мутолиа карданд: 2093
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед