logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ НИЗОМИ ЭЛЕКТРОНӢ

13 август дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат - Раиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ доир шуд. Дар ҷаласа муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчук иштирок ва суханронӣ намуда, ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории тиҷоративу  иқтисодӣ ва дурнамои онро дар шароити паҳншавии бемории сироятии коронавирус  баррасӣ карданд.
Таъкид шуд, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон ба Федератсияи Россия дар соли 2019 ба рушди минбаъдаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун замина гузошт.
Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетикӣ, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки дар баробари пешравиҳо дар гардиши молу маҳсулот байни ду давлат тамоюли коҳишёбӣ низ ба назар мерасад. Аз ҷумла, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни кишварҳо дар нимсолаи аввали соли равон  ба 492,7 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 фоиз кам аст.
Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар давраи паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва коҳиш додани таъсири он ба иқтисодиёти давлатҳо фикру мулоҳизаҳо ва таклифу пешниҳодҳои судманд баён гардиданд. Инчунин, дар ҷаласа доир ба чор самти муҳим - ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои молия ва бонкдорӣ, тандурустӣ ва фарҳанг табодули афкор карда шуд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, молия ва бонкдорӣ таъмини рушди ҳамкории байни минтақаҳо, иқтисодиёти рақамӣ, беҳтар гардондани нишондиҳандаҳои савдои хориҷӣ, ҷалби сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тақвияти  амалиёти муштараки байнибонкӣ аз самтҳои афзалиятнок дониста шуданд.
Зикр гашт, ки рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар пешгирӣ аз хуруҷи  мавҷи дуюми он мусоидат карда, барои мубодилаи таҷрибаи байниҳамдигарии кормандони соҳа шароит фароҳам меорад.
Зимни натиҷагирӣ аз кори ҷаласа доир ба баргузории ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Федератсияи Россия Алексей Оверчук дар мавзӯи «Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар соҳаҳои андоз, гумрук, энергетика ва рушди соҳибкорӣ» мизи гирд доир шуд. Дар ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон ва Россия ширкат ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинӣ рӯнамоиҳо дар бораи таҷрибаи кишварҳо дар татбиқи низоми электронӣ дар соҳаҳои энергетика, андозбандӣ, гумрук, рушди тиҷорат ва сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамаҷониба ва истифодаи самараноки ҳамкориҳо дар масъалаҳои баррасишуда изҳор доштанд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 769
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед