фарҳанг
“КОРВОНИ КИТОБ – 2020” ДАР ВМКБ
Чанде пеш ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб - 2020” ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон раҳсипор гардид. Тавре аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ, кулвори “Корвони китоб - 2020” ба вилоят аз 254 номгӯ китоб бо теъдоди 5945 нусха мураттаб шудааст.
Ҳаракати фарҳангӣ 4 август аз ноҳияи Дарвоз оғоз шуд. Корвонро Заррина Мирзозода, муовини раиси ноҳия, истиқбол намуда, китобҳои ҳадиягардидаро, ки бо назардошти тамоми қишрҳои китобхони ҷомеа интихоб шуданд, беҳтарин туҳфа ба дӯстдорони фарҳангу маърифати ноҳия дар арафаи Ҷашни 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
5 август корвони китоб ба ноҳияҳои Ванҷу Рӯшон расид. Роҳбаладони ҳаракат бо китобдорони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуда, ба онҳо 399 нусха китобҳои гуногун – адабиёти бадеӣ, донишномаҳо, асарҳо барои кӯдаконро супурданд. Инчунин, барои китобдорон 246 нусха дастуру феҳрастҳои библиографӣ тақдим гардид.
Корвони китобро дар ноҳияи Рӯшон Саодат Бозидова, мудири бахши фарҳанги ноҳия, истиқбол намуд. Пас аз суҳбати самимии иштирокдорони чорабинӣ бо аҳли фарҳангу маорифи ноҳия оид ба ниёзмандии китобхонон ба анвои китоб, аз китобхонаи марказии ноҳия дидан намуда, дар доираи ҳаракати фарҳангӣ ба ин махзани маърифат 773 нусха китоби тозанашр тақдим карданд.
6 август ҳаракат вориди ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ гардид. Меҳмононро кормандони китобхонаи вилоятӣ, аҳли адабу фарҳанг ва хонандагон бо роҳандозии маҳфили зебо истиқбол намуданд. Гулдаста Орумбекзода, мудири китобхонаи вилоятӣ, ба корвониён изҳори сипос намуда, оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сулҳу суботу оромиши кишвар, рушди соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобдорӣ, ибрози андеша намуд.
- Мо, китобдорони вилоят, имрӯз соҳиби беҳтарин китобҳо гардидем ва, воқеан ҳам, ин дар арафаи таҷлили Ҷашни 29 – солагии Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беҳтарин ҳадия аст, - бо хушҳолӣ иброз дошт Г. Орумбекзода.
Шоир Лаълҷӯба аз нақши боризи китоб дар тарбияи инсон, арҷгузорӣ ба ин ганҷинаи бебаҳо, анъанаи қадими китобдории тоҷикон ва дигар масоили муҳими рӯз изҳори назар намуд. Китобхонони фаъоли китобхона бо қироати шеърҳо аз осори адибон ба маҳфил ҳусни дигар зам намуданд.
Ёдовар мешавем, ки “Корвони китоб” 13 сол боз ба тамоми гӯшаву канори кишвар сафар намуда, ба мардуми фарҳангсолору маърифатдӯсти ҷумҳурӣ сарчашмаи илму дониш – китоб тақдим менамояд. Соли ҷорӣ кулвори корвонро ғайр аз осори адибони дирӯзу имрӯз ва адабиёти илмӣ силсилаи тозаэҷоди “Ахтарони адаб”, Энсиклопедияи миллии тоҷик, Донишномаи кӯдакону наврасон ғанӣ гардондааст.
Бахтовар КАРИМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.2020 №: 152 - 153 Мутолиа карданд: 703