logo

фарҳанг

АЗ МИЛОДИ ОРЗУ ТО ҚУЛЛАИ МУРОД

Тифливу наврасӣ як баҳорест бо сабзидану шукуфтанҳояш. Ҷавониро давраи тиллоии умр  гуфтаанд, ки барҳақ, чунин аст. Дар ин давраи бе ғаму олоиш ҳар он чиро дидему гузаштем, боз ҳам орзу мекардем, ки навгониҳои зиёд ва беҳтарин лаҳзаҳои қисмат насибамон гардад. Вале тақдир он пайроҳаеро, ки ба рӯямон боз намудааст, имкони интихоби роҳи дигарро намедиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ба дунё омадаму бо амри тақдир оилаамон ба шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) кӯч баст. Рӯзҳои моро волидайн  бо хушгӯиву хурсандӣ, тақдими зочаҳои афсонавӣ ва беҳтарин ашёҳои таълимӣ пур мекарданд. Дар хонаводаи мо фарзандон барои гирифтани баҳои аъло бо сипосгӯиҳо ва инъомҳои ҷолиб қадр мешуданд. Овони мактабхонӣ орзу мекардам, ки баҳри санҷиши малакаи дониши мо - хонандагон озмунҳои гуногун доир гарданду бо донишу саводи андӯхтаамон хотири волидонамонро шод гардонем. Вале чунин нашуд. Моҳи сентябр буд, ҳамон рӯзе, ки бо умеду орзуҳои зиёд бояд ба мактаб мерафтем, хабар расид, ки силоҳбадастон омодаи ҷанганду дар майдон ҷамъ омадаанд. Мардуми батаҳлукаафтода барои ҷони худро аз хатар эмин доштан ба берун намебаромад. Чанде пас садои даҳшатбори тиру туфанг то ба фалак печид. Ин оғози ҳодисаҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аз шаҳри Қӯрғонтеппа буд. Мо – кӯдакону наврасони аз донишу мактаб дарканормонда акнун танҳо зинда монданро орзу мекардем, аз тарси садоҳои даҳшатовар ба гӯшҳо пахта гузошта, дар кунҷи ҷевони либосҳо паноҳ мебурдем.
Ин бозиҳои талхи қисмат мо - кӯдаконро аз  дунёи  зебои наврасиамон маҳрум сохт. Манзараҳои даҳшатбор чанд соле аз даврони бачагии моро рабуд. Дуди ғализи хонаҳои дар коми оташмонда, нолаи ҷонкоҳи модарони фарзандгумкарда ҳеҷ аз пеши назарам дур намешаванд. Мардуми ба тарсу ҳаросафтода роҳи наҷот меҷустанду кӯдакони гирён дар домони модар пинҳон мешуданд.
Бисёр мехостем лаҳзае ором бихобем, вале садои тиру таркиш оромию осудагиро барбод медод. Мардуми азиятдидаю роҳгумзада хонаю дари хешро партофта, ба ҳар тараф фирор мекарданд. Аммо волидонам сабру таҳаммулро пеша намуданд, ба осоиштагии рӯзгор ва дидори наздикону пайвандон умед доштанд. Ва орзуи деринаамон рӯзе амалӣ шуд, ки ба сари қудрат фарзанди фарзонаи миллат ва шахси дурандешу ҷасур муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд. Аз рӯзҳои нахустин эҳсос кардем, ки акнун наҷотбахши қисмати мо омаданд, оромӣ пойдор мешавад ва мо озоду осуда аз пайи таҳсил мешавем...
Имрӯз аз дидани гӯшаю канори ободу осоиштаи Ватани азизам меболам.  Ифтихормандам, ки дар ин сарзамини муқаддас чашм ба олами ҳастӣ кушодаву ба воя расидаам, дар диёри нозанину пурганҷ, порае аз биҳишт. Сарбаландам бо Пешвои муаззами миллат, ки барои  кулли мардуми тоҷик, аз ҷумла ҷавонону наврасон, иқдомҳои наҷибро рӯи кор оварда, боз ҳам баҳри дастгирӣ ва пуштибонӣ диққати бештарро ба қишри эҳтиёҷманди ҷомеа  равона месозанд ва аз ин амали саховатмандона маъюбону ятимон, солмандону ниёзмандон рӯҳу илҳоми тоза мегиранд.
Таъсиси муассисаҳои тарҳи нав бо шароитҳои муосир, бунёди марказҳои саломатии муҷаҳҳаз бо техникаву асбоби навтарин, кушодани роҳу пулу нақбҳо, боғу гулгаштҳои навбунёд, эъмори корхонаҳои саноатӣ моро ба ояндаи дурахшони ин миллат ва сарзамини азиз умедвору рӯҳбаланд месозад.
Имрӯз насли наврас озод аст, метавонад дар дилхоҳ муассиса таълим гираду илм омӯзад, пешаеро озодона интихоб намояд. Барои дониш гирифтану маърифат андӯхтан ҳама шароиту имконият муҳайёст, дари марказҳои таълимӣ ҳамеша ба рӯйи онҳо боз аст. Варзишгоҳҳо ва толорҳои нав баҳри сиҳатии омма ба ҳама дастрасанд.
Имрӯз хушбахттарин модарам, ки фарзандонам аз шаҳди меваҳои даврони истиқлолу озодии Меҳан баҳраваранд, дар фазои ваҳдати зарринбол ва сулҳу осоиштагӣ ба камол мерасанд.
Ҳамаи ин пешравиҳо, муваффақиятҳо мо - модаронро хушнуд мегардонад. Фарзандони мо, чун меваҳои боғи истиқлол, дар фазои орому осуда ба мактаб мераванд. Ин насли ояндасоз сазовор ба камол расида, баҳри рушду нумӯи Меҳанамон саҳм хоҳад гузошт. 

Махфират ШОИМОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 668
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед