logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

КРОССВОРД
Аз чап ба рост:
1. Мағозаи техникаи маишӣ дар Душанбе. 4. Осоишгоҳ дар Тоҷикистон. 7. Осмони боронӣ. 8. Эътиқод. 11. Сарватманд. 13.  Нобино. 14.  Гиёҳи бӯйноки давоӣ. 15.  Номи занона. 16.  Ченаки дарозӣ баробар ба 0,71 м. 18. Зидмаънои вожаи «биё». 21. Гиёҳе, ки барои тағйири ранги мӯй ва дастон истифода мешавад. 23. Муқобили хароб. 24. Номи деҳа. 27. Шаҳри тоҷикнишин дар Эрон. 28. Гиёҳи шифобахш.

Аз боло ба поён:
1. Мева. 2. Гипермаркет дар Душанбе. 3. Қабр. 4. Яке аз қаҳрамонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. 5. … ҷазр. 6. Ҳамдигарро дидан. 8. Асал меофарад. 10. Фалак. 12. Макони орд. 13. Ношунаво. 17. Ҷамъи ҳукм. 19. Сифати ҷонвари сиёҳу сафед. 20. Мансуб ба ид. 22. Бохабар. 23. Ҷамъи калимаи «адаб». 25. Ях бо забони русӣ. 26. Мувофиқ ва ҷузъи таркиб дар адабиёт.
Таҳияи Ҷумъагул НАЗАРОВА, сокини шаҳри Ваҳдат


ҶАВОБ БА КРОССЧАЙНВОРДИ «СЕКУНҶАИ ПЕЧОН» АЗ 7 АВГУСТИ СОЛИ 2020
1. Садоқат. 2. Тилло. 3. Ороста. 4. Аллома. 5. Абдулло.
6. Орзудор. 7. Раста. 8. Аморат. 9. Таслим. 10. Мот. 11. ТГНУ.
12. Уқоб. 13. Бароқ. 14. Қиррос.

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


МЕХОҲАМ БОРИ ДИГАР ДАР ТОҶИКИСТОН БОШАМ
7 августи соли равон дар рӯзномаи  «Financial Times» матлабе аз хотироти ҷолиби сайёҳи хориҷӣ Софи Робертс бо сархати «Мехоҳам бори дигар он ҷо бошам: фаротар аз роҳҳои ҳамвори Тоҷикистон» нашр шуд, ки  айни ҳол дар садри феҳристи матолиби серхонандатарини рӯзнома қарор гирифтааст.
Ҷаҳонгарди аврупоӣ хонум Софи Робертс дар ин матлаб хотироти ҷолиби хешро доир ба ҷаззобияти сайёҳии Тоҷикистон, сафари худ ба Бадахшону Хатлон ва  мавзеъҳои нотакрори табииву фарҳангии Тоҷикистон, хусусан Аҷина-теппа, шаҳри қадимаи Карон,  мадрасаи Хоҷа Машҳад,  Осорхонаи миллӣ, нақл кардааст.
Софи Робертс аз шоҳроҳи Помир, ки қад - қади дарёи Панҷ зери қуллаҳои осмонбӯси қаторкӯҳҳои Бадахшон ва саргаҳи дарёи Ому қад кашида, Тоҷикистонро аз Афғонистон ҷудо месозад, саёҳат намуда,  ҳикоят  мекунад, ки чӣ тавр қалъаи қадимаи Карон дар мавзеи Қалъаи Хумб ва  манзараҳои дилфиреби ин диёр касро ба дунёи афсонавӣ мебаранд.
Ӯ оид ба сафари тоҷири машҳури аврупоӣ Марко Поло ба Бадахшон руҷӯъ намуда, навиштааст, ки минтақаи Бадахшон бо қуллаҳои сарбафалаккашида яке аз ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,  аз ҷиҳати покизагии муҳити зист макони беҳтарини экологии дунё мебошад ва ин минтақа метавонад дар ояндаи наздик маркази ҷаҳонгардии экологӣ гардад.
Софи Робертс ният дорад, ки бо назардошти вазъи эпидемиологии ҷаҳон моҳи июли соли оянда таҳти унвони «Тоҷикистони классик» ба кишвари мо сафари 14-рӯза намояд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ФАВВОРАРО СОЛЕ БЕШ АЗ 5 МИЛЛИОН САЙЁҲ ТАМОШО МЕКУНАД
Дар Италия фавворае бо номи Треви машҳур аст, ки соле қариб 5 миллиону 400 ҳазор сайёҳ ба тамошои он меояд. Он тайи солҳои 1732 – 762 сохта шуда, баландиаш 25,9 ва паҳноиаш 49,8 метр аст.
Фаввораро макони муқаддас меҳисобанд. Сайёҳон орзуҳои худро аз дил гузаронда, ба ҳавзи назди фаввора танга мепартоянд.
Танҳо соли 2016 аз ҳисоби тангаҳои пар-тофташудаи дохили он 1,5 миллион евро берун оварданд. Ҳар рӯз ба ҳавз то 3000 евро мепартоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Ҳамаи ин сарулибоси одамиёна ва ҳатто бечораҳолона пӯшидаи ӯ ба худаш мезебиданд. Вай духтаре буд гандумгун, бо чашму абрӯи сиёҳ ва лабу даҳони мисли ғунча зебо, бо рухҳои мисли себи сурх тар ва тоза, бо сари баланд ва дасту пои чаққон ва серҳаракат, ҳар кас, ки чеҳраи зебои ӯро медид, беихтиёр чашмашро аз вай канда натавониста мемонд.

* * *
Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад,
Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад.
В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён,
Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад.

Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед!

Телефон: 238-53-40

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА


ВИКТОР ЛЮСТИГ
ҚАЛЛОБЕ, КИ МАНОРАИ ЭЙФЕЛРО ФУРӮХТААСТ
Виктор Люстиг аввалин амали қаллобиашро дар 20 - солагӣ (соли 1910) анҷом додааст. Аммо қаллобии аз ҳама машҳури ӯ баъди 15 сол рӯй дод, замоне, ки дар Париж нақшаи таъмири навбатии манораи Эйфел таҳия мешуд. Аз ин фурсати мусоид истифода бурда, Люстиг ба номи мансабдорони воломақоми Вазорати почта ва телеграф, ки манора дар ихтиёри онҳо буд, ҳуҷҷати қалбакӣ сохта, ба панҷ калонтарин савдогари оҳанпорафурӯш даъватнома фиристод. Дар вохӯрии рӯ ба рӯ Люстиг ба ин соҳибкорон нақл намуд, ки манораи Эйфел фарсуда ва барои сокинону меҳмонони Париж хатарнок гаштааст. Аз ин рӯ, ҳукуматдорони шаҳр тасмим гирифтанд, аз баҳри он гузаранд. Чун иқдоми мазкур метавонад боиси хашму ғазаби аҳли ҷомеа гардад, ӯ ваколатдор шудааст, ки барои корҳои афтондани он музоядаи пӯшида гузаронад. Вақте яке аз онҳо хоҳиши анҷом додани ин корро намуда, ба Люстиг чек ба маблағи 250 000 франк навишт, қаллоб баъди нақд кардани он ғайб зад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


ПУЛ ФЕЪЛИ ИНСОНРО БЕҲТАР МЕКУНАД?
Профессори Донишгоҳи Уорвики Британияи Кабир Эндрю Освалд ҳисоб кард, ки барои рафъи бадбахтии надоштани дӯстон 100 ҳазор доллар пули  нақд лозим аст.
Исбот гардид, ки пулҳои коғазӣ, дар ҳар сурат, ба одамон таъсири аҷиб мерасонанд. Натиҷаи таҷрибаҳо, ки дар онҳо 500 нафар ихтиёриён ширкат варзиданд, нишон дод, ки дидани доимии пули нақд ба баланд шудани ҳосилнокии меҳнат ва барқарор гардидани муносибатҳои хуб дар гурӯҳ ёрӣ мерасонад. Одамоне, ки мунтазам пулро медиданд, кори душвортарро бо камоли майл иҷро мекарданд, аз уҳдаи он зудтар мебаромаданд, шикоят намекарданд, кумак намепурсиданд, бо ҳамкасбон баҳс намекарданд ва худашон омода буданд, ки ба дигарон ёрӣ расонанд. Дар гурӯҳи назоратие, ки ба аъзои он пулро нишон намедоданд, чунин «муъҷизаҳо» ба мушоҳида нарасиданд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ГЕЛМГОЛС
Вақте олими саршиноси немис Герман Гелмголсро бо унвони ноиби канслер сазовор донистанд, аз граф Менсел пурсид, ки акнун вазифаҳои ӯ аз чи иборат хоҳанд буд, то аз худи ҳозир ба кор шурӯъ кунад.
- Вақте ман ноиби канслер таъйин шудам ва  айнан бо ҳамин савол муроҷиат кардам, ба ман гуфтанд, ки: «Ҳамагӣ як вазифа дорӣ, интизор мешавӣ, ки кай канслер мемираду ту ҷойи ӯро мегирӣ»,- нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯяд Менсел.
Таҳияи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


CINEMA SIT L’ EAU КИНОТЕАТРИ ШИНОВАР ДАР ПАРИЖ
Бинобар вазъияти вобаста ба COVID – 19 ва таъмини фосилаи иҷтимоӣ ширкатҳои мухталиф  ба хотири бехатар  доир намудани чорабиниҳо маҷбур шуданд, ки усулҳои эҷодиро барои иштирокдорон  роҳандозӣ намоянд. Масалан, моҳи июли соли ҷорӣ дар Париж аввалин маротиба дар дунё кинотеатри шиновар, ки одамон филмҳоро дар масофаи аз ҳам дур,  дохили заврақҳо тамошо мекунанд, боз шуд. Ифтитоҳи «Cinema sit L’ Eau»   (кинотеатр дар фазои озод) 18 июли соли ҷорӣ  дар рӯдхонаи Сена сурат гирифт. Намоиш ройгон бо истифода аз 38 заврақе, ки    дар ҳар кадоми он аз 2 то 6 нафар ҷой мегирифт, баргузор гардид. Барои дарёфти ҷой дар заврақ бозии лотерея гузаронда шуд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


ЛАССАР
Яке аз духтурони номии немис Оскар Лассар ба корафтодае барои нарехтани мӯйи сар дармон навишт ва таъкид кард, ки зуд-зуд омада истад, то натиҷаи муолиҷа ҳамеша зери назорат бошад.
- Ҷаноб, ман дар Берлин зиндагӣ дорам ва наметавонам ҳар рӯз назди шумо биёям,- арз намуд бемор.
- Ҳеҷ гап не,- мегӯяд Лассар,- набошад ҳар вақте имкон ёфтед, чанд дона мӯйи саратонро ба конверт андохта, ба ман фиристед, то зери микроскоп таъсири доруҳоро муайян кунам.
Бемор аз рӯи маслиҳати табиб ҳар ҳафта чанд тори мӯяшро канда мефиристод. Ҳамин тариқ, аз байн чанд муддат гузашт. Ҳафтаи охир вақте Лассар аз бемор дар баробари конверт нома гирифт, ҳайрон шуд. Номаи таърихӣ тахминан чунин мазмун дошт:
- Дӯсти азиз Лассар, аз ин баъд барои таҳқиқоти шумо мӯйи сар равон карда наметавонам. Шуморо эҳтиром мекунам, барои ҳамин ду тори охири мӯйи сарамро на барои ташхис, балки ҳамчун хотира ба шумо мефиристам.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


АСТЕРОИДИ ТИЛЛОИРО БА ЗАМИН МЕФАРОРАНД?
Байни сайёраи Миррих ва Муштарӣ астероиде парвоз мекунад, ки комилан аз металлҳои қиматбаҳо ва оҳан иборат аст. Арзиши он 150 ҳазор маротиба аз андозаи молии иқтисоди ҷаҳонӣ бештар мебошад.
Олимон чунин меҳисобанд, ки астероид пурра аз оҳан, тилло, платина, мис, кобалт, иридий ва рения таркиб ёфтааст.
НАСА (Маркази миллии ИМА оид ба тадқиқи фазои кайҳон) мехоҳад ба астероид дастгоҳи тадқиқотӣ бифиристад. Арзиши тахминии астероидро 10 ҳазор квадриллион доллар (1 квадриллион = ҳазор триллион ё миллион миллиард) мегӯянд. Тасаввур бикунед, ки тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ алҳол 74 триллион баҳогузорӣ шудааст.
НАСА имкони ба Замин овардани астероидро меомӯзад. Агар ин кор анҷом пазирад, бознигарии нархҳо ба вуҷуд меояд ва арзиши тиллову платина дар Замин ба пластмасса баробар хоҳад шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
39. Обхезии мудҳиш бо айби инсон
Уилям Малҳолланд, муҳандиси бе дипломи худомӯз, бо роҳҳои барои ҳама номаълум чунон шуҳратманд буд, ки бузургтарин лоиҳаҳои гидротехникии иёлати Калифорнияро ҳукуматдорон ба ӯ бовар мекарданд. Аз ҷумла, соли 1924 Малҳолланд фармоиш гирифт, ки маҷрои дарёи Сент-Фрэнсисро баста, бузургтарин обанбори асрро барои таъмини оби нӯшоӣ ба сокинони Лос-Анҷелес бунёд созад.
Тибқи лоиҳа, сарбанд бояд бо ғунҷоиши 39 миллион метри мукааб об сохта мешуд, вале дар охирин лаҳза Малҳолланд қарор дод, ки баландии сарбандро боз 3 метр бардошта, ҳаҷми обанборро то 42 миллион метри мукааб расонад. Дар ҳоле ки ғафсии сарбандро бетағйир монд. Ҳамин тариқ, тирамоҳи соли 1927 бунёди сарбанди Сент-Фрэнсис анҷом ёфт ва обанбор пур шудан гирифт. 7 марти соли 1928 бошад, баландии об ба сатҳи ниҳоияш расид ва иншоот ба истифода дода шуд. Ҳамагӣ баъд аз чанд рӯз посбон ба муҳандис занг зада, хоҳиш намуд, ки омада ҷойҳои кафидаи пойдевори сарбандро бинад.
Малҳолланд, баъд аз боздид, посбонро дилпур кард, ки ҷо-ҷо кафидани пойдевор барои иншоотҳои калонҳаҷм як чизи маъмулӣ ва безарар аст. Аммо шаби 12 ба 13-уми март сарбанд ба фишори бузурги об тоб наоварда, аз бехаш канда мешавад ва мавҷи осмонпечи обанбор бо баландии 38 метр ва 8  километр дар як соат ҳаракат карда, ба уқёнус мерезад. Дар натиҷаи ин обхезии мудҳиш, ки бар асари хатои 1 нафар рух дод, шумораи беҳисоби автомобилҳо, неругоҳи барқи обӣ ва 8 шаҳри хурду бузург аз рӯи Замин ба коми нестӣ рафтанд. Теъдоди қурбониён бошад,  тахмин то 450 нафар расид. Баъди ин ҳодиса Малҳолланд ба гуноҳи худ иқрор шуд ва миёни издиҳоми мардум ба овози баланд изҳор кард: «Ман ба ҳамаи онҳое, ки бар асари обхезӣ ҳалок шуданд, ҳасад мебарам. Гунаҳгор наҷӯед, ҳамааш айби худи ман аст!».
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА


ЗАБОНИ МАҶОРӢ?
Талаффузи англисии Лео Силард (1898 – 1964), физики маҷоритабори ИМА, он қадар хуб набуд. Пас аз гузориши нахустини илмии ӯ ба забони англисӣ физик Ҷексон ба наздаш омада пурсид:
- Нафаҳмидам, ин гузориш ба кадом забон буд?
Силард аввал ҳайрон монд, вале зуд худро ба даст гирифта ҷавоб ёфт:
- Албатта, ба забони маҷорӣ. Шумо нафаҳмидед?
- Фаҳмидам, аммо чаро ба он ин қадар вожаҳои зиёди англисиро омехтед?
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА


ХУДО, КИ ДИҲАД…
24 июни соли равон конкани танзаниягӣ, падари 30 фарзанд Саниниу Лайзер  ду санги қиматбаҳои нодир ёфта, онро ба Ҳукумати Танзания 2,4 миллион фунт стерлинг фурӯхту миллиондор шуд. Сангҳоро ба шарафи Ҳукумати Танзания танзанит ном гузоштанд.
Президенти мамлакат Ҷон Магуфили конкан Лайзерро барои бозёфти нодираш табрик карда гуфт: «Ин тасдиқ  мекунад, ки Танзания давлати бой аст». 3 август Лайзер боз танзанити 6,3 - килограммаро, ки чанде қабл ёфта буд, ба маблағи 1,5 миллион фунт стерлинг фурӯхт. Конкани хуштолеъ ҷавонмардӣ нишон дода, ваъда кард, ки як қисми пулашро барои сохтани мактаб харҷ менамояд. «Сарфи назар аз миллиондор шуданам, шуғли дӯстдоштаам – нигоҳубини ҳайвонотро тарк намекунам», - гуфтааст Лайзер.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ТУФЛИИ СУРХИ 660000 - ДОЛЛАРА
Аз оғози сабти филми «Афсунгари кишвари Оз» 4 ҷуфт пойафзоли сурхро, ки Ҷуди Гарленд пӯшида, дар филми мазкур ҳунарнамоӣ кардааст, маҳфуз доштанд. Як ҷуфт туфлии сурхро соҳиби дукони армуғонфурӯшии Ҳолливуд дар музояда бо маблағи 660000 доллари ИМА харид ва онро ба намоиш гузошт.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


ЧАШМПӮШӢ
СОБИҚ ВАЗИР ВА СОБИҚ МУОВИНИ САРВАЗИРРО ПАСИ ПАНҶАРА БУРД
Дар Монголия яке аз судҳои ҳангомавӣ 17 июли соли ҷорӣ ба нуқтаи ниҳоӣ расид. Дар он собиқ вазири молия ва узви парлумон (замоне ҷавонтарин вакили парлумон) С. Баярсогт 10 сол ва собиқ муовини сарвазир, ки 7 маротиба аз ҷониби Ҳизби демократӣ ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуда ва яке аз пешвоёни демократҳо Да Ганболд 4 сол зиндонӣ гардиданд. Инчунин, иқтисодчии машҳур Б. Бямбасайхон низ пушти панҷара рафт.
Сиёсатмадорон барои тақаллубкорӣ нисбат ба манфиатҳои ширкатҳои хориҷӣ ва суиистифода аз мақом ҷазо дода шуданд. Адвокатҳои айбдоршаванда ҳукмро беадолатона меҳисобанд, зеро шахси асосие, ки дар ин парванда иштирок дошт, сарвазири пешин Ч. Сайханбилаг аз хориҷа барнагаштааст, ки гӯё дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад.
Таҳияи М. МИРЗОЁН


ТЕЛЕФОН ВА ФИКРИ БИКР
Олими маъруф Александ Белл (1847 – 1922), ки телефонро ихтироъ карда, соҳиби патент шудааст, кашфиёти худ ва истифодаи онро тамоман дӯст намедошт. Ширкатҳои телефонӣ, албатта, ин амали ихтироъкори бузургро, ки бар зиёни эътибор ва рекламаи телефон буд, қатъиян пинҳон медоштанд. Аммо дар охири ҳаёташ худи Белл ин сирро дар як ҳамоиши серодам фош кард.
- Тасаввур кунед, ки дар майна ғояи бузурге неш давонда, сабзидан дорад. Дар ҳамин ҳолат майна ба монанди рӯи об ҳамвор аст. Ғоя ё андешаи бузург дар ҳамин ҳамворӣ ҷон гирифта, суфта мешавад. Аммо занги ногаҳонию ноҷои телефон ғайричашмдошт баланд шуда, ба ин ғояи олӣ хати батлон мекашад ва раванди нозуки андеша мисли хишти лойии нимхом пош мехӯрад. Гунаҳгори барбод рафтани андешаи бузург чист? Албатта, телефон, - гуфт ӯ.
Таҳияи Дилбар МУРОДОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.08.2020    №: 152 - 153    Мутолиа карданд: 851
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед