logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДАРСИ СУЛҲ

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-ро барои 2400 нафар хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ оростанд.
Мавриди зикр аст, ки санги асоси он ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Иншооти мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва иқдомҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд ёфт.
Муассиса дар масоҳати 0,68 гектар доман густурда, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад. Муассисаи таълимӣ 4-ошёна буда, дорои 51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, ду синфхонаи лабораторӣ, синфхонаи компютерӣ бо 70 компютер ва 10 принтер, 5 синфхонаи фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифои ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, лингафонӣ, мусиқӣ, расмкашӣ, озмоишгоҳ, толори варзиш, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона, толори хониши китоб бо 70  ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ бо 10 компютери ба интернет пайваст ва 10 ҳазор китоби бадеию таълимӣ мебошад.
Муассисаи таълимии наву замонавӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидромонтаж” Ҳурматулло Зайдов тариқи эҳсонкорӣ эъмор гардид.
Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам гашта, синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил шудааст. Ҳамчунин, дар муассиса ҳуҷраҳои алоҳидаи озмоишгоҳ бунёд ёфта, барои дар амал гузарондани таҷрибаҳои гуногун бо асбобу аёниятҳои дарсӣ таъмин шудааст.
Ҳамчунин, дар он ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ барои созмони хонандагон ва падару модарон мавҷуданд. Волидон дар ҳуҷраи махсус, ки  дорои монитор мебошад, метавонанд ба дарс халал нарасонда, фаъолияти фарзандонро дар машғулиятҳо назорат намоянд. Бояд гуфт, ки ҳамкории муассиса бо оила дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” хуб ба роҳ монда шудааст.
Зимни шиносоӣ, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки масъулони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 ба ҳунаромӯзии толибилмон таваҷҷуҳи хоса медиҳанд ва дар он утоқҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад, ифтитоҳ ёфт. Дар ин ҷо толибилмон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд. Ҳамчунин, барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонда мешаванд, ташкил гардид.
Барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ таъмин мебошад.
Бо мақсади ҳифзи солимии омӯзгорону толибилмон, дар иншооти мазкур ҳуҷраи равоншинос ва нуқтаи алоҳидаи тиббӣ, бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ, бунёд гашт.
Гирду атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ оро ёфта, дар роҳравҳо нишастгоҳҳо гузошта шудаанд.
Ба хотири оммавӣ гардондани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар муассисаи таълимӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ва тарбияи бадан толори барҳавову муосири варзиш вуҷуд дорад.
Баъди бунёди муассиса дар он 40 омӯзгор бо кор таъмин шуд.
Мавриди зикр аст, ки фарзандони сокинони 7 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансур аз сабаби набудани муассисаи таълимӣ таҳсилро дар дигар муассисаҳои таълимӣ идома медоданд. Акнун, баъди аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истифода додани ин даргоҳи маърифат мушкилоти сокинон ҳал гардид.
Аснои шиносоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.
Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии шаҳри Душанбе дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд.
Пас аз кушодашавии муассисаи нави таълимӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори барҳавои мактаб бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба муносибати оғози соли нави хониш ва ифтитоҳи иншооти муосири илмомӯзӣ табрику таҳният гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, омӯзгорон, хонандагон ва донишҷӯён баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати кишвар барои тамоми ташаббусҳову иқдомоти созанда ҷиҳати рушди соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои наву замонавии таълимӣ, ҷудо кардани квотаҳо барои духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва таъмини шароити созгори илму ҳунаромӯзӣ изҳори сипос карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед