logo

фарҳанг

АШКИ СӮЗОН ДАР ДИЛИ САНГИ ХОРО

Рӯзҳои охир академик Зариф Раҷабов сари шӯридае дошт. Басо ошуфтахотир менамуд. Дарди ҷонгудози ҷудоӣ аз Ватан то ба мағзи устухонаш мерасид, аммо онро дар дил ниҳон медошт, хомӯш буд ва ба касе лаб во намекард. Дилаш як гӯшаи ором мехост, то андаке ғаму изтиробро пасанда созад. Бинобар ин, бархост ва ду шогирди ҳамнишину ҳамрозашро бо худ гирифта, рӯ ба ҷониби дараи Варзоб ниҳод. Рафтанд ва дар канори дарёи нуқрафом манзил гирифтанд. Академик бо ду кафи даст аз оби софу сарди дарё нӯшид, дасту рӯй шуст ва гумон кард, ки андуҳу хастагӣ аз вуҷудаш пок гашт ва рӯҳу ҷисму ҷонаш сафои тозае ёфтанд.

Устоду шогирдон дар тарабхонае биншастанд, пас аз тановули таом боз ба лаби дарё баргаштанд. Зариф Раҷабов хомӯш буд ва чашм аз дарё намеканд. Ба амвоҷи пурхурӯши он дида дӯхта, бо сари хам ба андеша фурӯ рафта буд. Гӯё рӯзгори ба сар бурдааш дар мавҷҳои дарё акс меёфтанд ва ҳар саҳифаи ҳаёташро пеши чашмаш ҷилвагар месохтанд. Чунин мепиндошт, ки дарёи хурӯшону пурсадо достони ҳаёташро дар рӯбарӯяш замзама менамояд.
Зариф Раҷабов ба ёд овард, ки аз донишҷӯи омӯзишгоҳи муаллимии шаҳри Самарқанд то ба сатҳи доктори илмҳои таърих, нахустин ректори Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ (1948-1954) ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расидааст. Ба сифати яке аз роҳбарони асосии академия ҳаёташро ба рушди илми таърих дар Тоҷикистон ба харҷ додааст. Ба қаламаш зиёда аз 300 асари илмӣ – оммавӣ, ки соҳаҳои гуногуни таърихро фаро мегиранд, мансубанд. Масъалаи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик дар маркази таҳқиқоти ӯ қарор дошт. Магар метавон фаромӯш кард, ки таҳти роҳбарии академик беш аз 50 нафар муаррих рисолаҳои номзадӣ ва зиёда аз 10 нафар рисолаҳои докторӣ дифоъ кардаанд.
Зариф Раҷабов ғоибона бо шогирдонаш дар гуфтугӯ буд: «Шогирдони азизам, ҳоло дар куҷоед? Медонам, чун парандагон ба ҳар ҷониб парвоз кардаву парешон гаштед. Кош, як дам бо шумо мебудам ва ғубори дилам тоза мешуд. Мехостам дар охирин лаҳзаҳои умр шумо дар гирду атрофам бошед. Аммо зиндагӣ имрӯз аз ман чизи дигар мехоҳад ва маро рӯ ба ғарибӣ мехонад».
Академик аз лаби дарё бархост ва ба назди хорасанги бузурге, ки чанд қадам дуртар воқеъ гашта буд, рафта дар баробари он қарор гирифт. Пас аз чанд лаҳза бо рӯймолчааш як гӯшаи сангро аз чангу ғубор тоза кард ва сарашро хам намуда, онро се бор бӯсид. Баъд сари сафедашро ба дили санг ниҳод ва бори аввал дар умраш бӯи санг ба димоғаш расид. Бӯе, ки ба ҳеҷ як бӯи дигар шабоҳат надошт. Бӯи нотакрор ва махмуркунанда.
Академик мепиндошт, ки сари хешро на ба рӯи санг, балки чун дар айёми тифлӣ ба оғӯши модар ниҳодааст. Беихтиёр аз чашмонаш ашки сӯзон ҷорӣ гашт. Ашк дона – дона ба рӯи санг фурӯ мерехт ва сипас ба замин мечакид. Гӯё ҳам академик ва ҳам санги хоро баробар ашк мерехтанд.
Шогирдон ба назди устод омаданд, то ӯро аз назди санг дуртар баранд, аммо ӯ рад намуда гуфт: «Маро ба ҳоли худам монед. Бигзоред, ки ба дили ин санг гӯш андозам. Ин санг шоҳиди зиндаи давлату миллати мост. Таърихи ҳазорсолаҳо дар дили он акс ёфтааст. Монед, садои дили онро бишнавам». Шогирдон сахт ба шигифт омаданд, зеро ҳеҷ гоҳ устодашонро дар чунин ҳолат надида буданд.
Аз миён ду – се рӯзе гузашт ва шогирдон дарак ёфтанд, ки устодашон Зариф Раҷабов ба Маскав кӯчида, дар он ҷо зиндагӣ ихтиёр кардааст. Онҳо акнун дарк намуданд, ки мулоқоти онрӯза дар дараи Варзоб дидорбинии одӣ ва муқаррарӣ набудааст. Вай хайру хуши устод бо онҳо, бо Тоҷикистон, бо обу хоки он, бо сангу кӯҳи он будааст.
Сабаби ба Маскав кӯч бастани академик он буд, ки духтараш дар он ҷо таҳсил карда, ба шавҳар баромада, зиндагӣ ихтиёр кард. Ҳамсари академик, ки аз миллати рус буд, ба хулосаи қатъӣ меояд, ки бояд ҳатман дар Маскав, дар паҳлуи духтарашон зиндагӣ намоянд. Ҳамин тариқ, Зариф Раҷабов бо иродаи ҳамсараш дар Маскав зиндагии нав оғоз мекунад. Пас аз чанд соли дар он ҷо зистан, ҳанӯз дар даврони шӯравӣ аз олам дармегузарад ва дар яке аз қабристонҳои Маскав ба хок супурда мешавад.
Рӯзе аз рӯзҳо шогирдони академик баҳри зиёрат ба сари хокаш расиданд. Чун муддате он ҷо таваққуф карданд, чеҳраи Зариф Раҷабов пеши чашмашон падид омад, ки сар ба синаи санги хоро ниҳода, ашк мерехт. Ҳам Зариф Раҷабов ва ҳам санги хоро баробар ашк мерехтанд. Ашке сӯзон ва пур аз аламу дарду ҳиҷрон. Ва аз дур, аз қаъри фазои бекарон садое ба гӯш мерасид:

Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
(Ҳофиз)

Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.08.2020    №: 154 - 155    Мутолиа карданд: 635
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед