logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

Ифтитоҳи корхонаи микрокалсит дар ноҳияи Дарвоз
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳаи Вишхарв  корхонаи “Карон - калсит”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо хатҳои истеҳсолӣ ва имкониятҳои корӣ дар коргоҳи нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки “Карон-калсит” имкон дорад, ки дар як сол 100 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз ин навъи санг омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Коргоҳ дорои чор хати истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалситро истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосири корӣ дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсит аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ  истифода гашта, барои истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳҳо, масолеҳи сохтмониву ашёҳои рӯзғор, техникаву технологияи гуногун ва маҳсулоти кимёвӣ илова карда мешавад. Аз ҷумла, дару тирезаҳои пластикӣ, лӯлаҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ ва рангубори хона бо истифодаи микрокалсит истеҳсол мегарданд.  Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар саросари ҷаҳон серхаридор буда, ин корхона имкон дорад, ки ба пуррагӣ талаботи соҳаи саноати Тоҷикистонро бо микрокалсити гуногунҳаҷм қонеъ карда, ҳамчун маҳсулоти ивазкунандаи воридот низ дар бозорҳо рақобат намояд. Корхона дар ду баст фаъолият намуда, дар оянда содироти микрокалсити “Карон-калсит” ба дигар кишварҳо низ роҳандозӣ карда мешавад.
Минтақае, ки корхона дар он ҷойгир аст, аз лиҳози захираи санги мармари сафед бой буда, тибқи озмоишҳои гузарондашуда ашёи хоми маҳаллӣ сифату маҳсулнокии баланд дорад ва барои истеҳсоли микрокалсити ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Дар заминаи захираи минтақа ва ашёи истеҳсолнамудаи корхонаи нав масъулон дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ хоҳанд монд.
Бо насби хатҳои нави истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин фурсат маҳсулоти сохтмонии рангу эмулсия тайёр карда мешавад, ки ин иқдом барои коркарди пурраву истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи умумии кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба 120 нафар хоҳад расид ва ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронда мешаванд.
Маҳсулоти ниҳоии корхона бо истифода аз озмоишгоҳи муосир аз санҷиш гузашта, дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод мешавад. Корхона дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои бойи табиии  Тоҷикистон  бунёд  ёфта,  дар  доираи  нақшаи  чорабиниҳо  бахшида  ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати мамлакат бо микрокалсит дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат баъди шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи "Карон - калсит" ба масъулон дастур доданд, ки дар давоми як сол боз ду коргоҳи истеҳсолӣ - саноатӣ бо фарогирии 200 ҷойи кор сохта ба истифода диҳанд.

Канали обрасонӣ дар мавзеи Дашти Луч
Дар мавзеи Дашти Лучи ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони канали обрасон санги асос гузоштанд.
Масоҳати Дашти Луч бештар аз 500 гектарро дар бар гирифта, қариб 330 гектари он қобили обёрӣ мебошад. Ин мавзеъ дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, канали мазкур ба шакли худҷорӣ фаъолият хоҳад кард.
Зимни муаррифӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки минтақа аз дарёчаи Хостроғ обёрӣ гардида, дарозии канали сохташаванда 17,5 километрро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳа канали худҷорӣ, асосан, аз минтақаҳои душворгузар, талу теппаҳо мегузарад ва бунёди он имкон медиҳад, ки 315 гектар замини дигар дар ноҳияи Дарвоз обёрӣ шавад. Тибқи маълумоти мутахассисон дар ин замина 247 гектар замини корам, 68 гектар замини боғот бо оби полизӣ таъмин гашта, ҳамчунин, 17 гектар замини наздиҳавлигӣ обёрӣ мешавад. Бо амалӣ гаштани тарҳи мазкур 105 гектар замини бекорхобида низ ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад.
Дар асоси лоиҳаи мазкур оби полизӣ то ба деҳаи Дашти Луч низ расонда мешавад, ки ин иқдом, бешубҳа, ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ мусоидат хоҳад кард.
Иншооти  обрасонӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат ва технологияи муосир бунёд гардида, аз сарбанди обгирӣ, иншооти селгузар, лӯлаҳои зерироҳӣ, дарвозаҳои танзимкунанда ва минтақаи сусткунии фишори об иборат хоҳад буд.
Хок ва обу ҳавои минтақаи мазкур барои рушди соҳаи кишоварзиву парвариши ғалладона, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ мусоид буда, пас аз амалишавии ин тарҳ дар ноҳияи Дарвоз имкони барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли мева бештар хоҳад шуд. Бояд зикр кард, ки бо истифода аз имконоти табиии минтақа, аллакай, дар ҳудуди Дашти Луч чанд боғи нав бо усули обёрии қатрагӣ бунёд гардидааст, ки қисми он дар ҳоли нашъунамо қарор дошта, дарахтони боқимондаи  боғот  ба ҳосил даромадаанд.
Сохтмони канал дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида  оғоз ёфта,  ҳамчунин, барои амалишавии ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ин иқдоми муҳим барои аҳли башар  аст, мусоидат хоҳад кард.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда, ин лоиҳаро сари вақт ва бо риояи меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонанд.

Боздид аз қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қисми низомии Қӯшунҳои хушкигард ташриф оварда, бо шароити хизмат шинос шуданд.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозони қисми низомии мазкур суҳбати самимӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳвол, имкониятҳои хизматии аскарӣ пурсон шуданд.
Таъкид гардид, ки адои хизмати Модар - Ватан қарзи имониву виҷдонии ҳар ҷавонмард буда, бо истифода аз имконоти мусоиди фароҳамовардашуда ин масъулиятро бояд иҷро кард.
Сарбозон дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ғамхории доимиашон нисбат ба шароиту имконот дар қисмҳои низомӣ, навсозиву муҷаҳҳаз намудани воҳидҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Вазифаи ин қисми низомӣ таъмини амният дар сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Дарвоз мебошад.
Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки тайи се соли охир, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар дохили қисми низомии мазкур як қатор бинову иншооти аҳамияти ҳарбидошта сохта ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, бинои ситоди қисми низомӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои 2 - ошёна дар масоҳати 800 метри мураббаъ, нуқтаи назорати гузаргоҳӣ, ошхона ва шаҳраки посбонӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, бинои таълимии муҷаҳҳаз бо синфхонаҳои дарсӣ, маҷмааи варзиш иборат аз майдончаҳои футбол, волейбол ва обутоби бадан, синфхонаҳои тобистона, ҳаммом, анбори нигоҳдории маводи хӯрокворӣ, амволи шайъӣ, нуқтаи тиббӣ, хобгоҳи афсарон, ҳуҷраҳои махсус барои шустану хушк намудани либосу пойафзол ва дигар нуқтаҳои маишиву фароғатӣ барои фаъолияти рӯзмарраи афсарону аскарон муҳайё карда шудаанд. 
Тамоми ҳуҷраҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, хобгоҳ ва дигар мавзеъҳои маишиву фароғатии дохили бинои мазкур, пурра бо мизу курсӣ ва дигар ашёву лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, ҳудуд ва гирду атрофи қисми низомӣ бошад, бо деворҳои рангуборшуда мустаҳкам гардонда шудааст. Дар дохили қисми низомӣ як мавзеи фароғатӣ бо ороиши ҳунарҳои мардумӣ, фаввора, гӯшаи поси хотираи фарзандони диловари тоҷик дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ва бо дигар мусаввараҳои таърихӣ бунёд шудааст.   
Бинои ошхона аз нав бунёд гардида, бо назардошти тамоми талабот муҷаҳҳаз гаштааст. Аз ҷумла, дастгоҳҳову таҷҳизоти муосир барои омода кардани хӯроки сарбозон дар ошхонаи навбунёд насб гардида, он бо мизу курсӣ таъмин мебошад. Дар ин ҷо хӯроки гарму серғизо омода шуда, се вақт ба сарбозон пешниҳод мегардад.
Зимни боздид Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати ғизои сарбозон ва маҳсулнокии таоми омодагардида диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Таъмини саривақтии хӯроки серғизо яке аз талаботи асосӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон мебошад.
Маводи озуқа дар ин қисми низомӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати мудофиа таъмин карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки имконоти ин мавзеъ барои дар оянда парвариш кардани чорво, гузарондани кишти зироатҳо ва таъмини дигар қисмҳои низомӣ бо маводи хӯрокворӣ самаранок истифода бурда шавад.
Афсарону аскарони қисми низомии Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳ омодагии хуби ҷангӣ дошта, ҳайати шахсии он бо техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву нақлиётӣ, автомашинаҳои махсуси замонавӣ ва бо дигар силоҳу муҳимоти муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст. 
Бояд  тазаккур дод, ки дар  доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми ин солҳо дар ҳудуди тамоми гарнизонҳои мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ шуда, як қатор иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта низ таъмиру тармим гардиданд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароитҳои хизмативу маишӣ ва ҳам таълимиву фароғатии ҳайати шахсии қисми низомӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  назди  ҳайати  шахсӣ  баромад  карда, нахуст  онҳоро  ба  муносибати 29 -умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният намуданд. Таъкид гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зодаи даврони истиқлолияти мамлакат буда, ҳамасола бо андешидани чораҳои саривақтӣ шарту шароит дар қисмҳои низомӣ ба талаботи давру замон мутобиқ карда мешавад. Дар ин баробар мустаҳкамсозии базаи моддӣ-техникии ҷузъу томҳои Артиши миллӣ зери таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дастовардҳои то ба имрӯз амалигашта натиҷаи чунин ғамхориҳо мебошанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат гузашти низомии сарбозон баргузор гардид.

Ба истифода додани бинои нави суди ноҳияи Дарвоз
19 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ, дар вазъияти тантанавӣ бинои нави суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо шароити кории иншооти нав ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо мақсади истиқболи сазовор аз Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав, ки аз ду ошёна иборат аст, моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба истифода дода шуд. Сохтмончиён иншоотро дар муддати кӯтоҳ, бо тарҳи муосир ва бо сифати баланд бунёд карданд.
Дар бинои суд барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Бино дорои ду толори барҳаво мебошад ва кормандон барои гузарондани маҷлису дигар мулоқотҳо аз шароиту имкониятҳои нав самаранок истифода хоҳанд бурд.
Дар бинои тозабунёд китобхона бо теъдоди 300 нусха адабиёти ҳуқуқию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ бо шумораи 10 ҳазор нусха китоб ташкил карда шудааст. Ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис додани китобхона дар назди муассисаву корхонаҳо амалӣ гардидааст.
Кормандони суди ноҳияи Дарвоз имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти соҳавию бадеӣ истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро сайқал диҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави суди ноҳияи Дарвозро дар арафаи 29-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳа туҳфаи арзанда номида, онҳоро ба фаъолияти хубу босамар ва содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини адолати судӣ ҳидоят намуданд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимону бепарасторон дар тарабхонаи “Ориёно”
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 55 нафар ятими кулл ва маъюб, ки тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошанд, мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдакону наврасони бо амри тақдир аз меҳри гарми волидайн маҳруммондаро ба муносибати оғози Соли нави таҳсил табрику таҳният гуфта, ба онҳо хониши хубу аъло орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан туҳфаҳоро, ки аз ёрипулӣ ва сарулибос иборат буд, ба ҳар яки онҳо тақдим намуданд. Ҳамчунин, дар ин рӯз ба хотири шодию нишоти ятимону маъюбон, дастархони идона ороста шуд.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятим суҳбати самимӣ доир намуда, зикр карданд, ки табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ зери таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Ҳукумати мамлакат барои таҳсил ва фаъолияти онҳо ба таври ҳамешагӣ тадбирандешӣ намуда, ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки ин қишри ҷомеа худро бекасу танҳо ҳис кунад.
Лозим ба таъкид аст, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ятимону маъюбон имтиёзҳои махсус муайян гардида, онҳо тибқи Квотаи президентӣ беимтиҳон ба муассисаҳои олии мамлакат барои идомаи таҳсил қабул карда мешаванд.
Хонандагон дар навбати худ ба Сарвари раиятпарвар барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда ҳамчун шахси соҳибмаълумоту донишманд ба воя мерасанд ва дар ободониву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми хешро мегузоранд.

Гузоштани санги асоси сохтмони мактаби президентӣ дар деҳаи Умарак
19 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба сохтмони мактаби президентӣ оғоз бахшиданд.
Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мактаби президентӣ, ки дар ноҳияи Дарвоз калонтарин ва зеботарин хоҳад буд, дар масоҳати 2 ҳазору 160 метри мураббаъ бунёд мегардад. Иншоот аз се ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Дар мактаби президентии ноҳияи Дарвоз тамоми шароиту имконоти муосири таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
Лоиҳаи мактаби президентӣ дар ноҳияи Дарвоз бинои хобгоҳ барои 240 кат ва ошхонаи замонавӣ бо 290 ҷойи нишастро дар бар мегирад. Ҳамчунин, барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзиш сохта мешавад. Муассисаи таълимӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, дар самти беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Дарвоз низ муассисаҳои зиёди таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, мушкилоти соҳаи маориф ҳалли худро пайдо мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз гузоштани санги асос ва шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони мактаби президентӣ масъулонро ба иҷрои босифати корҳо вазифадор намуда, таъкид доштанд, ки ин бино бояд ба таври замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шавад ва солҳои зиёд ба омӯзгорону хонандагони ноҳияи Дарвоз хизмат намояд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.08.2020    №: 157    Мутолиа карданд: 2630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед