сиёсат
ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ИЗҲОРИ СИПОС НАМУДАНД
18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбад бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии пурмуҳтаво оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ, анҷоми тадбирҳои мушаххаси Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди бахш, тарбияи кадрҳои баландихтисос, бунёди иншооти муосири тиббӣ дар кишвар, таъмини биноҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ андешаронӣ карда, соҳаи тандурустиро яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони соҳаи тандурустӣ Гавҳар Саидмуродова, Муҳаммад Ҳусейнов, Манучеҳр Давронзода, донишҷӯён Рудоба Мамнурова, Руъёи Талбакзода ва Маҳбуба Раҳмонова баромад карда, барои дастгириҳои рӯзафзун нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва таъмини шароити созгори донишомӯзӣ ба Президенти мамлакат изҳори сипос намуданд.
Дар Рӯзи иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ барои хизматҳои шоиста бар нафъи давлату миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафаронеро, ки дар рӯзҳои душвори паҳншавии пандемияи коронавирус ба касби худ садоқат нишон доданд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонданд.
Ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардондани кормандони соҳаи тандурустӣ барои комёбиҳои меҳнатӣ, фаъолияти фидокорона, эҳсону шафқат, муваффақият дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва расондани ёрии тиббӣ» ба 53 нафар кормандони соҳа аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат мукофотҳои давлатӣ – унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени «Шараф» дараҷаи I, се ордени «Шараф» дараҷаи II, бисту ҳафт медали «Хизмати шоиста», ҳабдаҳ медали «Шафқат» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ супурда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоёни табибон ва ҳамшираҳои шафқатро ёдовар шуда, аз номи роҳбарияти давлату Ҳукумат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мукофотҳоро шахсан ба кормандон тақдим карда, ба онҳо саломатию сарбаландӣ ва дар оянда низ адои хизмати софдилона ба халқу Ватанро орзу намуданд.
Дар охири чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хешро ҳимоя менамоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2020 №: 157 Мутолиа карданд: 769