фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
1. Дар бозии шоҳмот ҳуҷуми якбораи «асп» ба «шоҳ» ва «рух».
2. Китобе, ки мунаққидони ҷаҳон онро беҳтарин асари тамоми давру замонҳо шинохтаанд.
3. Мувофиқи мақоли ҳиндуҳо, ӯро ҳаргиз аз хоб бедор натавон кард.
4. Ба гуфтаи файласуфи машҳури олам Иммануил Кант дониши инсон аз он оғоз мегирад.
5. Яке аз ибодатгоҳҳои зебои олам, ки таҳти роҳбарии меъмори чирадаст Фарибурз Саҳбо бунёд меёбад.
Таҳияи Ш. ШОКИРОВ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ҲЕҶ ГАНҶЕ БЕҲТАР АЗ ФАРЗАНД НЕСТ…
Зане дар даст тифли навзод аз назди қасре мегузашт. Ба он ҷо даромада аз камбағалӣ шиква карду аз соҳибхона чизе хост. Соҳиби қаср гуфт:
- Агар кӯдакро ба ман диҳӣ ними дороиамро ба ту медиҳам. Зан дарҳол рад кард.
Сарватманд суханашро идома дод:
- Аз се як ҳиссаи моламро медиҳам, ба шарте ки як дасти тифлатро ба ман диҳӣ. Зан розӣ нашуд. Доро боз гуфт:
- Аз чор як ҳиссаи сарватамро бар ивази як ангушти тифлат медиҳам.
Модар тифлро ба қафаси синааш маҳкам кашид ва шитобон онҷоро тарк намуд. Мард садо баланд кард:
- Акнун дидӣ, ту аз ман дида сарватмандтар ҳастӣ. Бар ту Парвардигор фарзанд ато кардааст, ба ман бошад, сарват. Дороии ман дар муқоиса ба фарзанди ту ҳеҷ аст. Бойигарӣ – ин фарзандони мост!
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Ситораҳо ба чашми Ривйер аз ҳад равшан менамуданд, ҳаво бошад – ниҳоят намнок. Шаби аҷоиб! Вай якбора ба пӯсидан сар кард, ба қабат – қабат пӯсидан, мисли мағзи меваи ба дидан бисёр назаррабо. Осмони Буэнос-Айресро ҳанӯз ситораҳо дар ҳайати пурраи хад фаро гирифта буданд, аммо ин на танҳо як воҳа буд, воҳаи камумр.
* * *
Шафақ дар осмон гул кард,
Шафақ дар синаам гул кард.
Ғуруби по ба пои офтобу ман фаро омад.
Ало, эй меҳрубон чашме, ки шамъи интизориҳо барафрӯзӣ ба роҳи ман.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» АЗ 14 АВГУСТИ СОЛИ 2020
Ҷалол Икромӣ А. Рӯдакӣ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
ШЕРДИЛ
Оилаи Ҷиоти Кумори 15-сола, дар яке аз деҳаҳои дурдасти шарқи Ҳиндустон ба сар мебарад. Падари Ҷиоти Моҳван Тасвон бошад, барои дарёфти ризқу рӯзӣ дар атрофи шаҳри Деҳлии Нав одамонро бо аробаи дучарха мекашид. Рӯзе ӯ дучори тасодуф гардид ва пояш сахт лат хӯрду аз кор монд. Ба ин хотир, Ҷиоти ҳамроҳи модару бародараш барои нигоҳубини падар ба наздаш омаданд. Пас аз чанде, модару бародар ба мушкилиҳои бавуҷудомада тоб наоварда, ба хона бармегарданд, вале Ҷиоти падарро тарк накард.
Вале, соҳиби хонае, ки Моҳан ва Ҷиоти дар он иҷоранишин буданд, бинобар надоштани пул аз хона берунашон кард. Акнун, ба ҷуз ба хона баргаштан, чораи дигаре набуд. Ҷиоти ба қарор омад, ки падарро дар боғоҷи велосипед ба манзили мақсуд расонад.
Ба бист доллари захиракардааш, Ҷиоти дучарха харида, бо падар ба саёҳати хатарноки бештар аз 1200-километра баромад. Онҳо пуле надоштанд, ки чизе харанд. Баъзан, ашхоси дилсӯз ёриашон мерасонданд.
Ҳамин тавр, бо машаққатҳои зиёд, баъди як ҳафта Ҷиоти ва Моҳан солим ба деҳаашон расиданд. Ҳамдеҳаҳо аз рафтори мардонавори Ҷиоти ба ваҷд омада, ба ӯ тахаллуси «Шердил»-ро доданду нашрияҳои ҳиндӣ ва ҷаҳонӣ дар борааш матолиб навиштанд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
МАРГИ МИЛЛИОНЕР
Кавендиш, ки аз физикҳои шинохта эътироф шудааст, табиатан мардумгурез буду узлатнишин. Дар зиндагӣ на ёру бародар дошту на ҳамдаму ҳамроз. Аз хонумҳо бештар канор мегирифт, аниқтараш метарсид, то ҳадде аз ҷинси латиф ҳарос дошт, ки ҳатто бо хизматгорони хонааш рӯ ба рӯ суҳбат намекард. Супоришҳояшро бошад, танҳо тавассути хатча ба онҳо мерасонд. Хуллас, зиндагие дошт дар танҳоӣ.
Шояд бовар нокарданӣ бошад, вале баъд аз маргаш аз ҳуҷраи кории физик беш аз як миллион фунт стерлинг ёфтанд, ки бо пули ҳамонвақта маблағи ҳайратангез аст. Кавендиш ғайр аз маблағ, инчунин, 20 бастаи дастнависи худро, ки чопашонро барои он замон нозарур мешумурд, боқӣ гузоштааст.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ЗАМИНЛАРЗАЕ, КИ ШАКЛИ ЗАМИНРО ТАҒЙИР ДОД
26 декабри соли 2004 дар Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ заминларзае сар зад, ки қуввааш 9 баллро ташкил дод. Тибқи маълумоти олимон, заминҷунбӣ боиси он шуд, ки шакли кураи Замин тағйир ёфта, суръати гардишаш 3 микросония суст шуд. Ҳамчунин, дар натиҷаи обхезиҳое, ки бар асари ин офати табиӣ ба амал омад, зиёда аз 200 ҳазор нафар дар 12 кишвари олам ҷон бохт. Тааҷҷубовараш он аст, ки расо баъди як сол дар ҳамон рӯзу соат заминларзае ба вуқӯъ пайваст, ки шаҳри Бами Эронро ба пуррагӣ нест намуд. Ин воқеа то ҳол мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад ва барои онҳо сабаби дар як вақт ба амал омадани чунин ҳодиса муаммои сарбаста мебошад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
АНА-ВАСИЛИКИЯ АСЛАН
Табиб ва биологи арманитабори Руминия Ана-Василикия Аслан (1897 – 1988) асосгузор ва директори аввалин ва ягона Пажӯҳишгоҳи геронтология ва гериатрия дар Аврупо мебошад.
Ӯ тамоми ҳаёти хешро барои ихтирои доруи зидди пиршавӣ бахшидааст. Дар натиҷаи таҳқиқотҳои зиёд, ӯ доруи «Геровитал H3»-ро меофарад, ки пиронсолон баъди истеъмоли он худро хуб ҳис мекарданд ва рӯз ба рӯз неруи тоза мегирифтанд. Дар баробари ин, собит шуд, ки он барои касалиҳои дил, асаб, диабети қанд, дарди узвҳо, фаромӯшхотирӣ ва фалаҷшавӣ муфид буда, метавонад ҳаётро то сад сол дароз кунад.
Ҳамчунин, Ана доруи «Аславитал барои тифл»-ро ихтироъ намуд, ки барои муолиҷаи кӯдакони ноқисулақл истифода мешавад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
КОРОНАВИРУС ХОҲАРОНРО БА ДИДОРИ ҲАМ РАСОНД
Дар иёлати Небраскаи ИМА бемории коронавирус сабаб шуду ду хоҳари ҳамхун баъд аз 53 соли ҷудоӣ якдигарро пайдо намуданд.
Дорис Криппени 73-соларо дасташ мешиканаду ӯро ба шифохона мебаранд. Баъди ташхис маълум мешавад, ки ба бемории коронавирус низ гирифтор аст. Дорисро пас аз сӣ рӯзи муолиҷа, ба маркази мутобиқгардонии шаҳри Фремонт мефиристанд ва маҳз дар он ҷо бо хоҳараш Бев Бор (як падару модарашон дигар) вомехӯрад.
Бев дар марказ кор мекард ва чун дар рӯйхат насаби Криппенро мебинад, дарҳол пай мебарад, ки хоҳараш аст. Азбаски гӯшҳои Дорис дуруст намешуниданд, Бев барои исбот номи падарашонро дар тахта навишт ва Дорис онро хонда тасдиқ намуд. Ҳамин тавр, баъд аз 53 соли ҷудоӣ хоҳарон ба дидори ҳамдигар расиданд.
«Меҳрубонии Парвардигор аст, ки ба ин марказ омада, хоҳарамро ёфтам. Агар бемор намешудаму ин ҷо намеомадам, шояд хоҳарамро ҳеҷ гоҳ намедидам»,- мегӯяд Дорис.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ДАСТПӮШАКИ МАЙКЛ ҶЕКСОН – 350 000 ДОЛЛАРИ ИМА
Овозхони маъруфи амрикоӣ зиндаёд Майкл Ҷексон соли 1983 аввалин бор рақси «Шабгард»-ро бо либоси сиёҳ ва дастпӯшаки сафед иҷро намуда, оламиёнро ба ҳайрат оварда буд.
Чанде пеш ҳамин дастпӯшак дар музояда гузошта шуд. Чуноне иттилоъ дода мешавад, онро яке аз мухлисони ӯ сокини Ҳонконг Ҳоффман Ма ба маблағи 350 000 доллари ИМА мехарад.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ФОНТЕНЕЛ
Боре духтури сахтгире олими саршиноси франсуз Бернар Фонтенели 100-соларо мебинад, ки бо завқ қаҳва менӯшад.
- Шумо медонед, ки дар ин синну сол каҳва заҳр аст?- бо таъкид мепурсад ӯ.
- Бале, духтур медонам, ки заҳр аст, вале ба фикрам ба организми инсон хеле дер таъсир мекунад. Масалан, ман ин ҷонварро 90 сол боз менӯшаму то ҳол аз «зӯр»-и худ тамоман дарак надодааст,- хандида мегӯяд Фонтенел.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
БАХТИ ГЛОРИЯ МАККЕНЗИ ОМАД КАРД
18 майи соли 2013 бахт ба рӯи сокини 84-солаи шаҳри Зеферҳиллси иёлати Флоридаи ИМА Глория Маккензи хандид, зеро лотереяи ӯ 370,8 миллион доллар бурд кард.
Тавре Глория мегӯяд, ин амри тақдир аст, чунки ҳангоми харидани лотерея марди дар пеш истода навбаташро ба ӯ дода буд.
Глория, тақрибан, 2 миллион долларро барои таъмири мактаби духтараш, ки дар он ҷо фаъолият дорад, бахшид. Инчунин, хонаи хурди худро ба як ҳавлии боҳашамат, ки 1,2 миллион доллар арзиш дорад, иваз кард.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
40. ТАЛОТУМИ ҚОТИЛ
24 майи соли 1964 дар Лима – пойтахти Перу бозии финалии интихобӣ доир гашт, ки дар он бояд дастаи ғолиб ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат мегирифт. Ғайричашмдошти мухлисон, бахти соҳибони майдон омад накард, ки ҳангоми қуръапартоӣ ҳарифи мунтахаби Аргентина шуданд. Ҳамин тариқ, аз оғози бозӣ ҳамагӣ чанд дақиқа гузашта буд, ки меҳмонон ба дарвозаи Перу гол заданду мухлисонро якбора дилсард намуданд. Аммо пас аз ҳамин гол гӯё муъҷизае рух доду бозигарони Перуро неру бахшид, онҳо сафи ҳимояи худро чунон мустаҳкам намуданд, ки тамоми ҳуҷумҳои рақиби номвар бе натиҷа анҷом ёфт. Муъҷизаи дигар вақте рух дод, ки дар ду дақиқаи охири қувваозмоӣ бозигари перугӣ Бертолотти Андрес бо зарбаи ногаҳонии худ тӯбро моҳирона ба дарвозаи аргентиниҳо ворид кард. Даҳҳо ҳазор тамошобини ҳаяҷонзада бо садои ҳуштаку кафкӯбиҳои худ гӯё варзишгоҳро меларзонданд. Вале, дар ҳамин лаҳза, садои ҳуштаки довар баланд шуду голро ба ҳисоб нагирифт. Аз ҳукми довар эътирози мухлисон тасаввурнопазир буд. Ҳама аз ҷой хеста, ҷониби майдон талош мекарданд. Мухлисони розиву норозӣ бо дашномҳои қабеҳ ба сари якдигар мушт мебардоштанд. Дар қисми шимолии варзишгоҳ бошад, миёни ҷонибдорон якбора задухӯрд авҷ гирифт. Зӯри полису гази ашковар ҳам фоида накард. Дар ҳоле ки талотуми мардум обхезии пурдаҳшатеро мемонд, бо сабабҳои то имрӯз номаълум тамоми баромадгоҳҳои варзишгоҳро бо қулфу калид баста буданд.
Ҳамин боис шуду варзишгоҳи миллии Перу ба макони мудҳиштарин талотум дар таърихи мусобиқаҳои варзишӣ табдил ёфт. Ба ибораи дигар, хатои як нафар довар сабабгори фоҷиае шуд, ки бар асари он 318 нафар дар зери пойи дигарон ҷони худро аз даст доданд. 318 нафаре, ки аз хона ба умеди тамошои футбол берун шуда буданд.
Таҳияи Самад РАҲМОНЗОДА
ЯК ПАНД
Марди солеҳе қабл аз маргаш номае ба духтараш менависад ва ба ӯ мегӯяд: «Духтари азизам! Дигар аз марг наметарсам, ҳатто агар ҳамин алъон (ҳоло) ба суроғам биёяд. Дарвоқеъ, ман чизҳои зиёде аз зиндагӣ гирифтам. Манзурам ин аст, ки чизҳои зиёде бахшидаам. Бархе авқот (вақтҳо) фарқ миёни гирифтан ва додан душвор мешавад, чаро ки дар вақти марг ин ду як маънӣ доранд: ҳар дафъа, ки чизе бахшидам, ивази онро гирифтам, балки бештар аз он чӣ бахшида будам, дарёфт кардам».
Баргардони Абдулқодири РАҲИМ аз хати арабиасоси форсӣ
НАКУЁНРО НАКУӢ, БАДОНРО БАДӢ
Мард ва писари хурдсолаш ба саёҳати кӯҳ баромаданд. Ҳангоми сайругашт писарак, ногаҳон, пешпо хӯрда, афтод ва чун зонуяш ба санге бархӯрд, аз шиддати дард наъра зад.
Миёни кӯҳҳо акси садои ӯ танин андохт. Писарак бо гумони он ки дар ин ҷо каси дигаре низ ҳаст ва садояшро такрор мекунад, нидо кард:
- Дар ин ҷо кист?
Ин нидои ӯ низ такрор шуд. Ва, баъдан, ҳар чизе ки мегуфт, дар ҷавоб ҳамонро мешунид. Писарак ба ҳаяҷон омада, аз падараш пурсид:
- Ин чӣ бошад, падарҷон?
Падараш лабханд карду ба ҷои посух бо овози баланд садо кард:
- Писарам, ман туро дӯст медорам! Ту беҳтаринӣ!
Ин бор ҳам суханон батакрор садо доданд. Пас, писарак ҳайратзадаву ошуфта сӯи қиблагоҳаш нигарист ва ӯ дар ҷавоб чунин гуфт:
- Инро акси садо гӯянд ва, дар воқеъ, зиндагӣ низ монанди он аст. Ҳар амале, ки кардӣ ба ту ҳамонро боз гардонад. Яъне, накуёнро накуӣ пеш ояду бадонро бадӣ.
Таҳияи Ш. ШОКИР
БАРОДАРУ ХОҲАРЕ, КИ ҲАМДИГАРРО НАМЕШИНОХТАНД
Ҷеймс Остин ва бонуи зебо Иветт Ричардсон дар почтаи шаҳри Филаделфияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кор мекарданд. Онҳо бо ҳам дар хусуси муъҷизаҳои Парвардигор, воқеаҳои аҷоибу ғароиби дунё ҳарф мезаданд, аммо боре ҳам дар хусуси ишқ, муҳаббат, ҳаёти шахсии худ лаб намекушоданд. Яке аз ҳамкорон, дар натиҷаи мушоҳидаҳои зиёд, ба хулоса меояд, ки ҷавонон ба ҳам шабоҳат доранд.
Дарҳол, дар пайи ҷамъ намудани маълумот мешавад. Натиҷаи омӯзиш ҳамаро ба ҳайрат овард. Маълум гардид, ки Ҷеймс ва Иветт бародару хоҳаранд, аммо инро намедонистанд. Зиёда аз 30 сол пеш волидони онҳо аз ҳам ҷудо мешаванду Ҷеймс бо падар ва Иветт бо модар мемонад. Ин низ аҷиб аст, ки онҳо дар мактабҳои ҳамшафат ва як коллеҷ таҳсил кардаанд, аммо боре ба ҳам рӯ ба рӯ нагаштаанд. Хушбахтона, сари вақт шишаи асрор бишикаст, агар онҳо бехабар ба ҳам дил медоданд, чӣ мешуд?
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
ИН ТАВР ҲАМ МЕШАВАД!
САЙЁҲ ПАС АЗ 1 СОЛ ЗИНДА ШУД
Николай Миклухо Маклай, сайёҳи номдор, ки ба туфайли ҷаҳонгардӣ бузургтарин этнограф шинохта шуда буд, саргузашти аҷибе дорад.
Миклухо дар синни 24-солагӣ барои омӯхтани олами набототу ҳайвоноти уқёнуси Ором ба экспедитсияи русҳо мепайвандад. Хатсайрашон аз уқёнуси Атлантика гузашта, ба уқёнуси Ором мерасид. Чун ба ҷазираи Гвинеяи Нав расиданд, ҳангоми гузарондани омӯзиш, Миклухо роҳгум зада, аз ҳамроҳонаш ҷудо мешавад. Ҳарчанд ӯро ҷустуҷӯ мекунанд, аммо даракашро намеёбанд ва ҳайати экспедитсия аз ноилоҷӣ роҳашро давом медиҳад.
Миклухо Маклай дар ҷазира миёни мардуми бумӣ тани танҳо монд. Ҳарчанд унс гирифтан ва забон ёфтан бо аҳолии таҳҷоӣ душвор афтод, оҳиста-оҳиста ба тарзи зисту зиндагонии онҳо одат мекард. Аҷибаш ин, ки пас аз як сол киштии русҳо ба ҷазира бозгашт ва ғайриинтизор рафиқи гумгаштаашон ба истиқбол баромад.
Баъд аз ин, Миклухо боз саёҳаташро давом дода, дувоздаҳ сол Осиёро сайр кард ва ҳамчун кашшофи ҷазираи Гвинеяи Нав ном баровард.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
Ишқ эҳсоси ниҳоят нерумандест, зеро он ҳам ақл, ҳам дил ва ҳам танро ба худ тобеъ месозад.
Волтер
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ОЁ ТУРО АЗ ЁД БУРДЕМ?
Ҷавоне дар ҳамсоягии Имом Абуҳанифа (рҳ) буд, ки шароб мехӯрд ва тамоми шаб ба ҳолати мастӣ ин шеърро мехонд: «Азоъунӣ ва аййи фато азоъу» (маро аз ёд бурданд ва чи ҷавонеро аз ёд бурданд).
Ҳар рӯз ҳамин минвол мегузашт. Вақте Имом Абуҳанифа (рҳ) ба дунболи фурсати муносибе буд, ки қалби ин ҷавон нарм шавад. Як рӯз Имом Абуҳанифа (рҳ) бедор шуд, то намози бомдодро бихонад, садои ин ҷавонро нашунид. Дар борааш пурсуҷӯ кард. Фаҳмид, ки дастгир шудааст. Чун дар ҳоли нӯшидани шароб дастгир шуда буд, Имом назди ӯ рафт ва ба масъулон гуфт: - Намешавад, ки ба хотири ман ӯро озод кунед?
Гуфтанд: - Ӯ шароб нӯшида.
Абуҳанифа (рҳ) гуфт: - Ба хотири ман озодаш кунед.
Онҳо озодаш карданд. Абуҳанифа (рҳ) ӯро гирифт ва пушти сараш бар қотир (хачир) савор кард ва ҳеҷ лаб накушод, то ба хона расиданд. Дар он ҷо Абуҳанифа (рҳ) ба ӯ гуфт: - Оё туро зоеъ ва фаромӯш кардаем, эй ҷавон?
Ӯ гуфт: - На, ба Худо савганд ва дубора ҳаргиз ин корро нахоҳам кард.
Баргардони Абдулқодири РАҲИМ аз хати арабиасоси форсӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.08.2020 №: 158 - 159 Мутолиа карданд: 1031