сиёсат
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУҲАММАД АШРАФ ҒАНӢ
21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбати телефонӣ, сарони ду давлат масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо доир ба самтҳои муҳими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, роҳу нақлиёт, илму маориф, иттилоот ва фарҳанг табодули афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар авлавияти сиёсати хориҷии ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон қарор дошта, барои густариши бештари он ҳар ду ҷониб тадбирҳои амалӣ меандешанд.
Табодули афкори судманд, доир ба иштироки фаъоли ҳар ду давлат дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавию байналмилалӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика ва татбиқи лоиҳаи CASA – 1000, доир гардид.
Ҳангоми суҳбати телефонӣ, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амнияту бехатарӣ, таҳкими иқтидору имконоти ҳимояи марзи давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Сарони ду давлат барои сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳу усулҳои рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи байнидавлатӣ ба мувофиқа расиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя сулҳу шукуфоӣ, пешрафту тараққиёт ва салому паёми самимӣ изҳор доштанд.
Дар навбати худ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба мардуми сарбаланди тоҷик барору комёбиҳои нав ба нав орзу намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2020 №: 160 Мутолиа карданд: 808