logo

сиёсат

ӮРО ГИРОМӢ ДОРЕД! БОЗ ЯК ҶАСОРАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА НАМУНАИ ОЛИИ ОИНИ ҲАМСОЯДОРӢ

Дар доираи сафари кории худ ба ВМКБ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми ҳаракат ба сӯи истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду давлати дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон андеша ронда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.
Воқеан ҳам, дар ин росто ба шарофати таҳкими равобити иқтисодӣ байни ду давлат якчанд барномаҳо амалӣ шуданд ва дар оянда низ  садҳо лоиҳаҳо роҳандозӣ хоҳанд шуд.
Агар аз дурбини воқеият нигоҳ кунем, бисёр риққатовар аст, ки дар он сӯи марз мардуми ҳамзабони мо «аз сарулибос то хонаю палос» дар кадом сатҳ зиндагӣ доранд. Роҳҳои мумфарш, барқи доимӣ, бунёди садҳо иншооти таъйиноти гуногун дар Тоҷикистон барои ҳамсоякишвари мо мисли афсона аст, ки фосилаи ҳамагӣ сад ё дусадметра дорад.
Саволе пайдо мешавад, ки чаро сокинони кишвари ҳамсоя бо умед ва бовари том ба Сарвари давлати Тоҷикистон муроҷиат карданд?
Сокинони он сӯи дарёи Панҷ дар вуҷуди Сарвари давлат сифатҳои зиёди инсони олию одӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсӯзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб ва эҳтироми оини ҳамсоядорӣ, ҳамзабонӣ, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан баркашидани ҳамаи инро ҳис карданд ва умедворона муроҷиат намуданд. Ва муҳимтар аз ҳама, медонанд, ки ин муроҷиати онҳо беҷавоб нахоҳад монд.
Пас, мо бояд бо ин қиёс шукрона намоем, ки замоне мисли ҳамсояамон чунин шароит ва зиндагӣ доштему имрӯз сатҳи он хеле боло рафтааст. Мутаассифона, душманони миллат дар хориҷи мамлакат истода, танҳо дар қиёс бо ин ҳаводис пешрафти моро дида наметавонанд. Кӯр-кӯрона баҳо медиҳанд ва нишондоди соҳибони хориҷиашонро иҷро менамоянд.
Тавре таърихнигорон менависанд, моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷанг мерафт, бо вуҷуди ин, Сарвари давлати Тоҷикистон  барои гуфтушунид рафтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кафи дасташон пиёлаи чой рӯи кӯрпача мисли як марди одӣ нишаста, ҷон ба гарав гузошта, дар роҳи ташнагӣ ба сулҳу субот, ботамкинона, меҳрубонона, дурбинона сарварони мухолифро ба ваҳдат, сулҳу субот даъват мекарданд, ин хислатҳо аз шахсияти муқаррарӣ набуданашон гувоҳӣ медоданд.
Шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд ин ҳолатро дида, ба роҳбарони мухолифин  чунин муроҷиат менамояд: «Ман имрӯз Сарвари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ биорад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар солҳои ҷанг он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбар надоштаем».
Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ин дидори таърихӣ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.
Роҳе, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то расидан ба ин мақом тай кардаанд, ин роҳи осону саҳл набуда, роҳи ҷон ба гарав, роҳи камоли ҷавонмардӣ, хирадмандӣ, сарбаландӣ, роҳи пур аз шебу фароз, хатарнок, сангин, роҳи шикасти садди тилисмоти азим буд, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз он фахр менамояд.
Ин роҳ намунаи олии идеалсозию ибратбахши пайравӣ ба насли ҷавони имрӯзу фардост.

Маъмури ЮСУФЗОД, Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.08.2020    №: 161    Мутолиа карданд: 953
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед