сиёсат
ТОҶИКИСТОН. ЗАМИНАҲОИ ҲУҚУҚИИ БАРГУЗОРИИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ
Дар замони муосир барои эълон кардан ва ё эътироф намудани соҳаи ҳуқуқ ё илм ҳамчун соҳаи мустақил якчанд талабот зарур аст, ки яке аз онҳо принсип мебошад. Ҳеҷ соҳаи ҳуқуқро бидуни принсип - таҳкурсӣ ё пойдевори ҳуқуқӣ, замина ва асос тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Ҳуқуқи интихобот низ аз ҷумлаи падидаҳоест, ки дар он нақши принсипҳо ҳамчун таҳкурсӣ ё зербинои ҳуқуқӣ хеле бузург аст. Принсипҳои интихобот гуфта ғояҳои бунёдӣ, ормонҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои роҳбарикунандае фаҳмида мешаванд, ки онҳо заминаи низоми интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои иштироки шаҳрвандон дар интихоботро муқаррар намудааст, ки онҳо аз мазмуни моддаҳои 1, 2, 3 ва 4 бармеоянд. Дар моддаи 1 қонуни конститутсионии мазкур номгӯи муҳимтарин принсипҳо ё ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон оварда шуда, дар моддаҳои минбаъдаи қонун мазмун ва муҳтавои онҳо то андозае равшан нишон дода шудааст. Дар асоси моддаи 1-и қонуни болозикр «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва мустақим бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад». Ин меъёр идомаи мантиқии моддаи 65-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки принсипҳои интихоботи Президентро муайян намудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия ва қонунгузории амалкунанда интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқ умумист. Яъне, принсипи умумӣ будани интихобот танҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ба интихоботи вакилони ҷамоат паҳн мегардад. Ин ҳуқуқ дар маъракаи интихобот бо чораҳои ташкилӣ кафолат дода мешавад. Дар асоси қонун шаҳрванди синнаш дар рӯзи интихобот ба 18 расида, ки дар қаламрави маҳали интихобот доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунад ва ҳуқуқи дар овоздиҳӣ иштирок кардан дорад, ба рӯйхати интихобкунандагон ворид мешавад. Шаҳрвандон ба рӯйхати интихобкунандагони фақат як участкаи интихобот дохил карда мешаванд.
Яке аз принсипҳои асосии интихобот, ки таъминкунандаи раванди муътадили интихобот мебошад, дар асосҳои баробар иштирок намудани шаҳрвандон дар интихобот ба ҳисоб меравад. Моддаи 3 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқи баробари интихоботро мухтасар чунин муқаррар намудааст: «Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрӣ ва дар асосҳои баробар иштирок мекунанд...». Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки ҳуқуқи интихоботи баробар маънои онро дорад, ки шаҳрванд дар интихобот дар асоси баробар иштирок намуда, ҳар як шахс як овоз дорад. Яъне овози додаи шаҳрвандон ба натиҷаи ниҳоии интихобот таъсири якхела дорад. Новобаста ба вазъияти иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк шаҳрванд як овоз дошта, мардон ва занон низ овозҳояшон баробар аст. Муқаррар намудани принсипи баробари интихобот ин давоми мантиқии меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд, аз ҷумла мардон ва занонро кафолат дода, ҳуқуқи интихоботии баробарро низ эълом доштааст. Аз мазмуни қонунгузории кишвар бармеояд, ки ҳуқуқи баробари интихоботӣ на танҳо ба интихоботи фаъол – интихобкунандагон, балки ба интихоботи ғайрифаъол, яъне интихобшавандагон низ дахл дорад. Чунончи, мувофиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба қайд гирифта шуданашон дар маъракаи пешазинтихоботӣ дар асосҳои баробар иштирок карда, барои истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла радио ва телевизион, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи баробар доранд. Барои ҳамаи номзадҳои бaқaйдгирифташудaи мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити баробари таъминоти моддию техникӣ ва молиявии маъракаи интихоботӣ таъмин карда мешавад». Моддаи 12 қонуни конститутсионии мазкур ваколатҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро мустаҳкам намудааст, яке аз онҳо муҳайё намудани шароити баробар барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ мебошад. Ё ин ки дар моддаи 14 қонун ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, дар баробари дигар ваколатҳо, ҳамзамон, таъмини шароити баробар барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ ҳамчун яке аз ваколатҳои муҳим танзими худро ёфтааст. Принсипи иштироки баробари шаҳрвандон дар интихоботро қонуни конститутсионӣ дар тамоми марҳилаҳои интихобот кафолат додааст.
Принсипи дигари таъминкунандаи интихоботи шаффоф ин ҳуқуқи бевоситаи интихобот мебошад. Аз моддаи 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеояд, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон... мустақим... интихоб мешавад». Дар асоси моддаи 3 қонуни мазкур шаҳрвандон ҳуқуқи интихоботии худ, аз ҷумла овоздиҳиро бевосита амалӣ менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Конститутсия ва қонунгузорӣ интихоботи Президент, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба таври мустақим, яъне бевосита сурат мегирад. Президент ва вакилони халқро интихобкунандагон бевосита интихоб менамоянд. Зеро бевосита интихоб шудани Президент ва вакилони халқ аз ҷониби шаҳрвандон шакли демократии интихобот буда, ба интихобкунандагон имкон медиҳад, ки шахси ҳақиқатан ба бовариашон сазоворро интихоб намоянд.
Таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки роҳи асосии санҷидашудаи интихоби вакилони халқ интихоботи бевосита мебошад. Дар тамоми давлатҳои ҷаҳон принсипи интихоботи бевосита истифода мешавад. Санадҳои муҳими байналмилалӣ низ интихоботи бевоситаро мақбул дониста, онро яке аз воситаҳои санҷидашудаи интихоби роҳбари давлат ва вакилон мешуморанд ва ба ҳамаи давлатҳо тавсия менамоянд, ки роҳбари давлат ва мақомоти намояндагиро бо ҳамин роҳ ташкил ва интихоб намоянд.
Принсипи дигаре, ки аз санадҳои муҳими байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Конститутсияи кишвар ва қонунгузории амалкунанда маншаъ мегирад, ин овоздиҳии пинҳонӣ мебошад. Принсипи мазкур дар чандин моддаҳои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзими худро ёфтааст. Аз ҷумла, принисипи мазкур дар моддаҳои 1, 3, 30, 31 пешбинӣ ва маънидод гардидааст. Мувофиқи моддаи 1 «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ... овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мешавад». Мувофиқи моддаи 3 бошад, «овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пинҳонӣ мебошад... Назорат ба изҳори иродаи шаҳрвандон мумкин нест».
Овоздиҳии пинҳонӣ яке аз принсипҳои муҳими интихобот буда, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи Президент ва мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба тарзи овоздиҳии пинҳонӣ иштирок менамоянд. Овоздиҳии пинҳонӣ маънои онро дорад, ки ба ҳама гуна назорат аз болои изҳори иродаи овоздиҳандагон роҳ дода намешавад. Принсипи овоздиҳии пинҳонӣ дар интихобот бо андешидани як қатор чораҳо кафолат дода мешавад. Аз ҷумла, мувофиқи моддаи 30-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Овоздиҳӣ дар биноҳои махсус ҷудокардашуда, ки дар онҳо бояд барои овоздиҳии пинҳонӣ ба миқдори кофӣ ҳуҷраҳо ё хонаҳо таҷҳизонда, ҷойҳои додани бюллетенҳои интихоботӣ муайян карда, қуттиҳои интихоботӣ гузошта шуда бошанд, гузаронда мешавад. Қуттиҳои интихоботӣ тавре гузошта мешаванд, ки овоздиҳандагон дар вақти рафтан ба назди онҳо ҳатман аз ҳуҷра ё хона барои овоздиҳии пинҳонӣ гузаранд. Барои ташкили овоздиҳӣ, таъмини изҳори пинҳонии иродаи интихобкунандагон, муҷаҳҳаз намудани хонаҳо ва нигоҳ доштани тартиботи зарурӣ дар онҳо комиссияи участкавии интихобот масъул мебошад. Дар рӯзи интихобот пеш аз оғози овоздиҳӣ қуттиҳои интихоботӣ санҷида шуда, аз тарафи раиси комиссияи участкавии интихобот дар ҳузури ҳамаи аъзоёни комиссияи интихоботӣ муҳр карда мешаванд...».
Ба хотири таъмини принсипи овоздиҳии пинҳонӣ дар моддаи 31 қонуни мазкур чунин муқаррар шудааст: «Бюллетенҳои интихоботро овоздиҳандагон дар ҳуҷра ё хонаи овоздиҳии пинҳонӣ пур мекунанд. Ҳангоми пуркунии бюллетенҳо ғайри овоздиҳанда ҳозир будани шахси дигар мумкин нест. Интихобкунандае, ки наметавонад мустақилона бюллетенро пур кунад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ шахси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихоботӣ, шахсони боэътимод, мушоҳидони миллию байналмилалӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма, мувофиқи салоҳдиди худ даъват намояд. Овоздиҳанда дар квадрати холии бюллетени интихобот дар муқобили насаб, ном ва номи падари номзаде, ки ба тарафдориаш овоз медиҳад, аломати ҷамъ «+» мегузорад. Дар сурати зидди ҳамаи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз додан, овоздиҳанда дар бюллетени интихобот дар квадрати холии сатри «муқобили ҳамаи номзадҳо» аломати ҷамъ «+» мегузорад. Бюллетени пуркардашударо овоздиҳанда ба қуттии интихобот мепартояд».
Яке аз кафолатҳои муҳими таъминкунандаи принсипи овоздиҳии пинҳонӣ ин дар бюллетенҳои овоздиҳӣ набудани номи интихобкунанда аст. Яъне давлат принсипи овоздиҳии пинҳониро на танҳо бо ташкили ҳуҷраҳои махсус таъмин мекунад, балки баъди дар қуттии овоздиҳӣ андохтани бюллетен ин ҳуқуқи шаҳрвандон таъмин карда мешавад. Зеро дар бюллетен ягон маълумот оид ба интихобкунанда – овоздиҳанда ҷой надорад, ки ин бо мақсади таъмини принсипи овоздиҳии пинҳонӣ аст. Мавҷуд будани принсипи овоздиҳии пинҳонӣ дар интихобот ва аз ҷониби давлат қатъиян кафолат додани он ба хотири он аст, ки шаҳрванд ҳангоми дар ҳуҷраи овоздиҳӣ қарор доштан воқеан, ба номзади арзанда овоз диҳад ва аз касе биму ҳарос надошта бошад. Зеро махфӣ нигоҳ доштани овози додаи шаҳрвандро давлат таъмин намуда, ба ғайр аз худи шаҳрванд дигар касе оид ба изҳори иродаи вай огоҳ шуда наметавонад.
Баррасӣ ва таҳлили принсипҳо ё армонҳои асосии ҳуқуқи интихобот нишон медиҳад, ки дар сурати дуруст амалӣ гардидан ва қатъиян риоя шудани онҳо интихоботи демократӣ, ки талаботи ҷомеаи муосир ва давлати ҳуқуқбунёд аст, таъмин гардида, шароити мусоид барои амалӣ шудани яке аз ҳуқуқҳои асосии сиёсии шаҳрвандон – ҳуқуқ ба интихоботи озод муҳайё мегардад. Инро ба инобат гирифта, қонунгузор Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро тавре омода ва қабул намудааст, ки дар тамоми матни он мавҷудияти принсипҳо ё ба назар гирифтани онҳо эҳсос мегардад.
Ҷаҳонгир САЪДИЗОДА,
мудири кафедраи ҳуқуқи инсон
ва ҳуқуқшиносии муқоисавии
факултети ҳуқуқшиносии ДМТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.08.2020 №: 162 Мутолиа карданд: 1011