logo

туризм

РУШДИ САЙЁҲӢ - РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ДЕҲОТ

Тоҷикистон барои амалисозии лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» аз Ассотсиатси байналмилалии рушд (Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) маблағи грантӣ ба даст овард. Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ медиҳад, лоиҳаи мазкур дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла инфрасохтори соҳа дар деҳоти мамлакат роҳандозӣ мегардад.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои амалисозии лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ба Тоҷикистон 30 миллион доллари ИМА грант ҷудо менамояд. 
Лоиҳа давоми солҳои 2020-2023 амалӣ шуда, ба афзоиши даромади аҳолии деҳоти вилояти Хатлон ва ВМКБ тавассути рушди сайёҳӣ ва тиҷорати кишоварзӣ мусоидат мекунад. Қисми дуюми лоиҳаро рушди инфрасохтори деҳот ташкил медиҳад, ки ба пешрафти сайёҳӣ дар ин минтақаҳои кишвар равона шудааст.
Лоиҳа, ба рушди се самти сайёҳӣ аҳамият медиҳад. Аввалан, ҳифз, барқарорсозӣ ва тиҷоратикунонии якчанд объектҳои асосии фарҳангӣ ва таърихӣ. Сониян, навсозии инфрасохтори маҳаллӣ, аз қабили марказҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо, ташкили ҷашнвораҳо ва дигар чорабиниҳо. Ахиран, дастгирии Ҳукумат ҷиҳати пешбурди Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ. 
- Ҳудуди 15 миллион доллари лоиҳаи «Рушди инфрасохтори деҳот»  ба соҳаи сайёҳӣ равона мегардад, - гуфт Абдукарим Қурбонов, сармутахассиси Кумитаи рушди сайёҳӣ. Ба гуфтаи ӯ, бо сарфи ин маблағҳо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, назири қалъаҳои Ямчуну Ҳулбук, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва маҷмааи Чилучорчашма таҷдиду барқарор шуда, дар гирду атрофи онҳо инфрасохтори ёрирасони сайёҳӣ бунёд мегардад. Дар натиҷа, ин мавзеъҳои сайёҳӣ ба объектҳои сайёҳӣ табдил ёфта, минбаъд ба сифати объекти сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.  
Бино ба гуфтаи Шамсулло Салимзода, мудири шуъбаи сайёҳии вилояти Хатлон, сабаби интихоб шудани маҳз ҳамин объектҳо барои барқароршавӣ, диққати бештари сайёҳон ба онҳо мебошад. Яъне, ҳангоми сафар ба вилояти Хатлон, сайёҳон ҳатман аз ин мавзеъҳои сайёҳӣ дидан мекунанд. Бино ба гуфтаи ӯ, ин мавзеъҳои сайёҳӣ таъмиру барқарор шуда, дар гирду атрофи онҳо фаввораҳо, суҳбаткадаҳо, марказҳои дилхушӣ, хӯроки умум ва дигар иншооти ёрирасони соҳа сохта мешаванд.
Тавре Ш. Салимзода иброз дошт, барои амалисозии лоиҳа, аллакай, координаторҳо интихоб шудаанд. Онҳо масъалаи амалишавии лоиҳа, ҳисоби маблағҳои сарфшаванда ва дигар корҳои вобаста ба амалишавии лоиҳаро дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар уҳда доранд. 
Лоиҳа, инчунин, ҷудо кардани грантҳои эквивалентӣ (мувофиқаткунанда)-ро барои беҳтар кардани инфрасохтори сайёҳӣ ва бозорҳои кишоварзӣ дар маҳалҳо пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, ба хонаҳои оилавӣ, тарабхонаҳо, туроператорҳо ҷиҳати беҳтар намудани сифати хонаҳои онҳо, хизматрасонӣ ва маҳсулот, ҳамчунин, нисбатан диққатҷалбкунанда гардондани онҳо барои сайёҳон маблағҳо пешбинӣ гардидаанд. Масалан, соҳиби хонаи оилавӣ барои беҳтар кардани шароити беҳдоштӣ метавонад аз грант истифода барад.
Бо назардошти он ки 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон ҷавонони то 30-сола мебошанд, соҳаи сайёҳӣ манбаи хуби таъсиси ҷойҳои корӣ барои аҳолии афзоянда мебошад.
Лоиҳаи «Рушди сайёҳии деҳот» тавассути маблағгузории соҳаи сайёҳӣ ва тиҷорати кишоварзӣ дар вилояти Хатлону ВМКБ маҳз ба афзоиши даромадҳои аҳолии маҳаллӣ равона шудааст.
Мавриди татбиқ қарор гирифтани лоиҳаи грантӣ оид ба «Рушди иқтисодиёти деҳот» бо фарогирии рушди соҳаи сайёҳӣ ва инфрасохтори он барои фароҳам овардани шароити мусоиди қабули сайёҳон шаҳодати ҳамкориҳои самаранок бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад.
Лоиҳа ба таъсиси ҷойҳои корӣ, ба даст овардани фоида ва коҳиши бекорӣ, махсусан барои занҳо, ҷавонон ва муҳоҷирони баргаштаистода, ки ба гурӯҳи нисбатан ниёзманд дар вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дохил мешаванд, равона шудааст. 
Чи қадаре ки дар ин ҷойҳо сайёҳон бештар бошанд, ҳамон андоза даромад ва шуғлнокии аҳолӣ  зиёд мешавад. Маҳз ҳамин аст мақсади ниҳоии лоиҳа.

Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162    Мутолиа карданд: 3405
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед