logo

туризм

ХОВАЛИНГ ҚАДАМҶОИ БУЗУРГОН

Сайри диёри Ховалинг, махсусан мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Султон Увайси Қаранӣ, оромгоҳи Хоҷа Аюби Ансорӣ ва дараи Мухтори овозадор касро ба ёди меодҳо, милодҳо, асрҳои мозӣ, разму базмҳо ва аҷоиботи шоҳроҳи оламшумули Абрешим мебарад. Ин мавзеъҳо муҳташаму устуворанд, забондоранд ва аз таърих қисса мекунанд. Аз ин қиссаҳо садои зиндагӣ ба гӯш мерасаду симоҳои нотакроре пеши назар ҷилвагар мешаванд. Қадамҷои орифону огоҳон аст ин ҷо ва бозгӯи шуҷоату пурдиливу ғаюрии мардуми Хатлонзамин, ки сар додаву мулк надодаанд.

Бо ҳайати эҷодии «Ҷумҳурият» аз маркази ноҳия, ки мавзеи ободу зебоест ва «Гулгашти ҷавонон»-аш гулшани муаттареро мемонаду қаламкаши табиат онро бо ҳазору як ранг оро дода, ҷониби оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ равон гаштем. Оромгоҳ дар ҳудуди деҳаи Мазори Ҳазрати Султон, 18 километр шимолтар аз маркази ноҳия, воқеъ асту роҳи чун кафи даст ҳамвораш нишонаи ободгариҳои ин диёр.
Бо нигаристан ба кӯҳҳои сарбаосмон қиссаи «Ҳадия ба модарон»-и Халилуллоҳи Халилӣ маро ёд меояд, ки баргирифта аз рӯзгори Султон Увайси Қаранист: Шаби қаҳратуну ҳама ҷо ях баста. Модари афсурда об мехоҳад. Ҷигарбанд дартоз бо косаи об назди модар ҳозир мешавад, ки аллакай ӯро хоб бурда. Пардаи субҳ рӯи олами торик фуруд меояду модар чашм во мекунад, ки писари чун барги бед ларзон рост истодааст. Асли матлаб мепурсад, ки чунин ҷавоб мешунавад: «Мабодо, ки бедор шуда, об хоҳеду маҳтал кунам ва ин ноҳурматӣ дар маҳзари шумо шавад, бедор истодам». Модар оҳе аз синаи пурдард берун овардаву  гавҳаре аз дида афшонд, ки ашки сари мижгонаш мартабаи фарзандро аз фарш ба арш бурд.  Дар ҳақиқат, зиндагиномаи ӯ дарси одоб асту ахлоқ. Бо он ки ба Пайғамбар (с) муҳаббати беандоза дошт, хидмати модар баргузиду ба дидори эшон шарафёб нагашт. Аз дуои модар мақому мартаба ёфт, ки имрӯз қадамҷояш зиёратгоҳи меҳмонони дохиливу хориҷист.
Ин ёдгории меъморӣ, ахиран соли 2006, бо усули шарқӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гашта, ҳоло аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳии кишвар аст, ки ҳамарӯза садҳо нафар аз он дидан мекунанд. Таваҷҷуҳи ҳар бинандаро нахуст дарвозаи бошукӯҳи он ба худ мекашад, ки гурӯҳ – гурӯҳ зоирон даробаро доранд. Пайроҳае бо гулҳои сурху гулобиву нилобӣ моро ба сӯи мақбараи Ҳазрати Султон мебарад. Ин макони зебоманзар бо гулу буттаву гиёҳ, боғҳои пурҳосилу чаҳ – чаҳи парандаҳо  ва насими рӯҳбахшаш чаманистонест басо диданӣ. Махсусан, накҳати гулу гиёҳ, ки бо серуни тобистон ба машом мерасад, маҳсули коргоҳи аттории табиат аст. Оби чашмаҳои «Ҳикмат», «Раҳмат», «Мағфират», «Мурод» ва «Шифо», ки, ҳамчунон, сокиту ором равонанд, ҳаловатбахшанд. Барои сайёҳоне, ки аз дигар манотиқи кишвар меоянд,  шароити хуби будубош низ фароҳам оварда шудааст.
Мазори Хоҷа Аюби Ансорӣ бошад, дар теппае воқеъ гардида, бо дарахтони азимҷуссаи сояафканаш чорбоғи барҳавоеро мемонад. Пайроҳае аз миёни боғ моро ба назди гунбазе мебарад, ки оромгоҳи ин шахсияти барҷастаи олами ислом аст. Пири нуроние, ки дар ҳаққи  меҳмонон даст ба дуо мебардорад, нақл оғоз мекунад:
- Тибқи ривоятҳо, Хоҷа Аюби Ансорӣ писари ҳазрати Ҷобир ва аз саҳобаҳои Ҳазрати Муҳаммад (с) буда, барои паҳн кардани дини ислом ба Бухоро омадаанд. Аз он ҷо суроғи Султон Увайси Қараниро гирифта, ба ин мавзеъ меоянд. Вале бар асари беморӣ дар синни 27 – солагӣ реҳлат намуда, ин ҷо хок шуданд.
Пас аз зиёрати бузургон ба дараи номдори Мухтор мерасем. Сабз асту хуррам. Нишон аз безаволӣ дорад. Безаволии қаҳрамони худ – Восеъ. Восее, ки рамзи қаҳрамонии мардуми тоҷик, алалхусус хатлониён аст. Восеи ватандор, ки амалҳояш барои насли дирӯзу имрӯз омӯзанда аст. Восеи қаҳрамон, ки дар баробари ноадолатиҳо истодагарӣ карда, баҳри озодии деҳқони азияткашида сар супурд. Бо гулхан афрӯхтан мардум, аз ҷумла занону духтаронро низ гирди хеш хонд, ки алангаи он то ҳол дар қалбҳои бедор фурӯзон аст. Ҳамин тавр, дараи Мухтор оғозгоҳи шӯриши Восеъ аст, ки соли 1888 сар зад ва садҳо деҳқони Ховалингу ҷабрдидагони Балҷувону Кӯлоб ба он пайвастанд.
Ба саҳни осорхона медароему нахуст нигоҳамон ба пайкараи қаҳрамон бармехӯрад. Ҳамчунон боғуруру сарбаланд аст ӯ. Як даст мушт кардаву дар дасти дигар шамшер ба ҳифзи диёр омодагӣ мебинад. Онсӯтар ду чанори азимҷуссаи бошукӯҳ маро ба ёди рӯзгори гузашта мебарад, ки Восеъ замоне зери он болои кат менишасту фарзандон гирдаш парвона буданд. Аноргул дастархон паҳн карда, нону обу меваи боғ рӯи он мегузошт. Фарзандон гирди хон ҷамъ омада, дар баробари тановули ғизо аз қиссаҳои падар дарси одамгарӣ ва шуҷоату мардонагӣ меомӯхтанд. Онтарафтар ҷувозхона воқеъ аст. Коргоҳе, ки Восеъ арақи ҷабин рехта, ризқу рӯзӣ меёфт ва мушкили ҳамдеҳагонашро осон менамуд.
Осорхонаи Восеъ кохи муҳташамест, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав бунёд ва 7 августи соли 2019 ба истифода дода шуд. Он дар баробари қисса кардан аз рӯзгори ин марди шуҷоъ, аз таърихи куҳани ноҳия, ки маркази тиҷоратии Бухорои Шарқӣ маҳсуб меёфт, маълумоти фаровон медиҳад. Дар баробари дигар бозёфтҳои нодир, ки саҳифаҳои таърихро рӯшан мекунанд, пайкараи завлонабастаи ӯ ба чашм мерасад. Ӯ бо сари баланд зери дор меистад. Зеро рисолати худро дар назди халқи азизаш ба ҷо овардаву аз марг биме надорад. Чун итминон дорад, ки ёду хотираш дар қалби мардум, дар барг – барги чанорони қоматкашида, дар кӯҳу дараи Мухтор то абад зинда хоҳад монд.
Бо дидани ин манзара байти устод Лоиқ маро ёд меояд:
Ман ошиқам ба гардани марде, ки бо ғурур,
То зери дор рафтанаш сад дор бишканад.
Ва бо ҳамин таассурот озими Душанбешаҳр мегардем…

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.08.2020    №: 162    Мутолиа карданд: 3590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед