logo

фарҳанг

БЕҲТАР АСТ ИБРАТ НИШОН ДИҲЕМ

Вақтҳои охир шикояти калонсолонро дар бораи сатҳи пасти ахлоқи насли наврас хеле бисёр мешунавем. Маълумоти оморӣ ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки шумораи наврасони бадахлоқу ҷинояткор дар ҷомеа кам нест. Вале бояд иқрор шавем, ки ин мавзӯъ кайҳо боз ҷомеаро ба ташвиш оварда, нав нест. Як далелаш ҳамин адабиёти хаттӣ ва фарҳанги бостонии мост, осоре, ки бо насиҳатномаҳояш дар ҷаҳон назир надорад.

Ин миллат насиҳатзада шудааст. Агар насиҳатномаҳои гузаштагонамон барои ислоҳи вазъи ахлоқии мо мадад мерасонд, халқи мо фаришта мешуд. Вале ҳамин адабиёт ҳам натавонист ба таври бояду шояд аксарияти мардумро дар роҳи дуруст тарбият намояд. Чун ҳамин қадар насиҳатамон карданд, ки аз он сер шудем, насиҳат бароямон дилбазан гашт.
Нуктаи дуюм. Инсон дар соҳаи худ ҳатто агар қаҳрамон ҳам бошад, набояд ба фарзандону насли нав таҳмил кунад, ки онҳо низ бо роҳи ӯ бираванд. Қабл аз ҳама, худи таҳмилкунӣ ба фарзанд он қадар писанд нест, тафаккури насли нав дигар аст, баробари тағйир ёфтани замон таҳаввул ёфт. Ба фарзанд агар роҳи шумо бе маҷбурӣ писанд аст, бигзор, бо хоҳиши худаш онро интихоб намояд. Маҷбуран бор кардани фикри худ на ҳама вақт самари хуб медиҳад. Ба муваффақ шудани фарзанд монеа шуданаш эҳтимолияти зиёд дошта метавонад. Агар хоҳем, ки фарзандамон мисли худамон қаҳрамон шавад, бояд имкон диҳем, ки ӯ дар зиндагӣ роҳи худро пеш гирад.
Нуктаи сеюм. Волидон на рафтори фарзанд, балки кирдори худро бояд дар назди ӯ муҳокима кунанд. Ин барои наврас бисёр муҳим аст ва се манфиат барои ӯ дорад. Нахуст, фарзанд мавқеи худро дар оила эҳсос мекунад, дувум, худмуҳокимакуниро меомӯзад ва дар фаъолияташ онро истифода мебарад, сеюм, аз таҷрибаи онҳо ибрат мегирад.
Ибрат нишон додан инкор кардани тарбия не, балки воситаи табиии парвариши фарзанд аст. Фарзандро маҷбур насозед, ки мисли шумо бошад, бигузоред, то ҷаҳонро бо чашми худ бинад, бо ақли худ шиносад ва дар муносибат бо атрофиён мустақилона фикр ронад, гуфтору рафтораш дар ихтиёраш бошад, амалҳои худро озодона муҳокимаву баррасӣ карда, тасмими дуруст гирад ва дар ҷодаи интихобкардааш қаҳрамон гардад. Тавре Герман Гессе гуфтааст: “Ҳар касе, ки дар зиндагӣ роҳи махсуси худро пеш мегирад, қаҳрамон аст”.
Фарзанд ниҳол ё дарахт нест, ки мо шоху навдаҳои нолозимашро бурида партоем ва ба хости диламон шаклу сураташ бахшем. Инсон соҳиби эҳсосу идроку ақлу шуур аст, муҳиташро дарк мекунад ва роҳи дурустро интихоб намуда метавонад. Одам бо ҳамин хусусиятҳо аз набототу ҳайвонот фарқ мекунад. Вагарна, барои офариниши инсон чӣ зарурат буд? Вале, мутаассифона, калонсолон моро дар сатҳи махлуқот мегуморанд. Агар рустаниҳову махлуқот мисли инсон дорои ақлу фаҳм мебуданд, ҳоҷат ба нигоҳубини онҳо намемонд. Балки намегузоштанд инсоният нисбаташон ин қадар ҷабру зулму таҳқирро раво бинад.
Гузашта аз ин, падар, модар, омӯзгор, мулло ва ё ҳар нафари дигаре, ки пиндору гуфтору рафтораш як нест, дағалгуфтору дурӯғгӯ, маишатпарасту тамокукашу бадмаст, нафспарасту зинокору мунофиқу хиёнаткор аст, оё ҳуқуқи маънавии насиҳатгар буданро дорад?
Аз ин рӯ, хубтар мебуд, агар ба ҷойи насиҳат кардан аз худ ибрат нишон медодем.

Бахтовар КАРИМЗОДА, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2020    №: 163    Мутолиа карданд: 830
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед