туризм
ХОВАЛИНГ – САЙРГОҲИ САЙЁҲОН
Ховалинг гӯшаи хушобу ҳаво ва зебоманзару бостонии сарзамини тоҷикон буда, дар қисми ҷанубии ҷумҳурӣ, дар саргаҳи вилояти Хатлон воқеъ аст. Масофа аз шаҳри Душанбе то Ховалинг 280 километрро ташкил медиҳад. Ҳудуди ноҳия яке аз қадимтарин гӯшаҳои Осиёи Марказӣ буда, тибқи тадқиқоти бостоншиносӣ таърихи бештар аз миллионсола дорад.
Ноҳия ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва табииро маҳфуз дошта, сарзамини адабу фарҳангсоз ва осорхонаи таъриху табиат дар ҳавои кушод маҳсуб меёбад. Қаламрав дар қарнҳои пеш бо номи Мунк ёд мешуд. Маркази воҳа шаҳри калонтарини Хатлонзамин - Мунк буд. Ин шаҳр дар таҳдашти Ховалинги имрӯза доман густурда, мавзеи калонеро дар бар мегирад ва имрӯз таҳҷои регистону шаҳристонаш дар ҳудуди деҳаҳои Хонақо ва шаҳри Мунк воқеъ мебошад. Ободии шаҳри Мунк асрҳои IX – XII – ро дар бар гирифта, ёдгориҳои он аз асрҳои I – IV – и пеш аз мелод ва аз ин ҳам пешро башорат медиҳанд. Номи Ховалинг дар сарчашмаҳои таърихӣ дар асрҳои XVI – XVII вомехӯрад.
Шаҳраки Ховалинг гӯшаи зебоманзару чашмасори Мунки куҳан буда, дар қисми офтоббарои он ҷойгир аст. Дар ҳудуди Ховалинг 5 сангтӯда, маъбади Буддоии Чепол ва садҳо таҳҷои кӯшку қалъа ва дигар ёдгориҳои таърихию табиӣ воқеъ гаштаанд.
Дараи Мухтор яке аз гӯшаҳои зебоманзару муқаддаси Ховалинг буда, дар ин ҷо қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ соли 1841 ба дунё омада, камол ёфтааст.
Мазори Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ гӯшаи дигари зеботабиату боғановати Ховалинг аст. Ин ҷо оромгоҳи яке аз симоҳои барҷастаи олами Ислом ғоибан дӯсту ҳамзамони Пайғамбари Ислом (с) Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ мавҷуд буда, дар байни мардуми мусулмони кишвар ва берун аз он маҳбубият дорад ва ҳар рӯз эътиқодмандони зиёд ин оромгоҳро зиёрат мекунанд. Имрӯз мавзеи Мазори Ҳазрати Султон обод аст. Мақбара, меҳмонхона, масҷиди калон, кат, бошишгоҳҳои зиёд ва дигар иншооти хурду калони ин ҷо зебову дилрабоянд.
Мақбараи Ҳазрати Султон солҳои 2003 – 2006 бо ташаббуси Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст.
Ховалинги зебоманзар ёдгориҳои зиёди табиӣ низ дорад. Чилчанор, Чанору чашмаи Қазған, чормағзи Ҳавзако, ҳавзҳои табиии Доробию Шехмизон, чашмаи Сурхсақова, Зарпарвин, Саллаи Қозӣ, Санги Рама ва ғайра аз шумори онҳоянд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ омӯзиш, ҳифз ва эҳёи ёдгориҳои таъриху табиат ҷилои тоза мегирад. Сокинони ноҳия гузаштаву гузаштагонро фаромӯш накарда, таъриху тамаддуни миллати худ ва арзишҳои умумибашариро ҳифзу эҳё менамоянд, ба ояндагон ба ёдгор мемонанд.
Амир Сайиди МУНКӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2020 №: 163 Мутолиа карданд: 4982