logo

фарҳанг

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД…

Зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифат хоси ӯ буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонавода  таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих мардуми мо ба маърифатнокии занон аҳамияти хосса дода, кӯшиш мекунанд, ки онҳо дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг ва маърифатнок будани зан имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзоёни оила низ бофарҳанг ба воя расанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, сарчашмаҳои таърихӣ зикр намудаанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассос зани тоҷик қатори мардон шуҷоату қаҳрамонӣ нишон додааст. Зани тоҷик беҳтарин хонуми дунё аз нуқтаи назари одоб, ҳусну ҷамол ва фарҳанг эътироф шудааст. Инро саршумурдатарин мардони Аврупо гуфтаанд.

Духтарон бо ҳидояти модарони донишманди худ ба зиндагӣ омода мешаванд. Таҷрибаи зиндагии аҷдодонамон ба мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ кумак хоҳад намуд.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба тарбияи насли наврас, алалхусус духтарон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Барои духтарони деҳот аз ҷониби Сарвари давлат Квотаи президентӣ таъсис дода шудааст.  Чуноне ки худи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан – модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ва бо як дасти дигар сайёраро меҷунбонад». Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеа, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст. Сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлату Ҳукумати кишвар  оид ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа самар оварда истодааст. Шумораи занони ба корҳои давлатӣ ҷалбшаванда рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Имрӯз занон баробари мардон дар тамоми ҷанбаҳои зиндагӣ пурсамар фаъолият менамоянд.
Агар дар замони шӯравӣ занон аҳён - аҳён дар идораҳои давлатӣ кор мекарданд, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ теъдоди занон дар идораҳо то 25 дарсад зиёд шуд.  Ҳамаи ин далелҳо аз он дарак медиҳанд, ки имрӯз роҳбарияти олии Тоҷикистон,  бахусус Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамеша ба ин масъала диққати махсус дода мешавад. Сол ба сол мо шоҳиди фаъол гардидани занон ва боло рафтани мақоми онҳо дар ҷомеа мегардем. Ин тадбир мавриди пазироии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон низ гардидааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки духтарон ба имкониятҳои васеи дар наздашон гузошта бетараф набуда, аз пештара дида хеле фаъол гардидаанд. Дастуру супоришҳои ҳамарӯзаи Сарвари давлат ба беҳтар гардондани рӯзгори онҳо ва фароҳам овардани шароити муносиб барои меҳнату истироҳаташон равона шудааст. Паёми навбатии Президенти кишвар дар арафаи интихоботи парлумонӣ сурат гирифт. Президент махсус қайд карданд, ки ҲХДТ – ҳизбе, ки Сарвари мамлакат, ҳамзамон, роҳбари он аст,  40 фоизи номзадҳои худро ҳам дар маҷлисҳои маҳаллӣ ва ҳам Маҷлиси намояндагон аз ҳисоби занону духтарони арзанда пешниҳод хоҳад кард. Дар ҳақиқат раванди интихобот дурустии ин раъйро собит намуд.
Яке аз нахустин фармонҳои Сарвари давлат ба ҳайси Президенти кишвар ин  дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа буд. Яке аз супоришҳояшон ба афзоиш додани теъдоди кормандони бонкҳо аз ҷумлаи бонувон гардид. Квотаҳои президентӣ дар ин раванд мақоми ҳалкунанда доштанд. Ба ман низ муяссар гардид, ки тибқи Квотаи президентӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, соҳиби маълумот гардам.
Пешвои миллат дар ҳама вохӯриҳояшон бо ҷавонон  онҳоро ба хондан ва аз худ намудани илмҳои замона талқин менамоянд. Аз ҷумла,  ба  ман низ дар яке аз чунин вохӯриҳо ҳамсуҳбат шуда, маслиҳатҳои хубе доданд. Ҳамин ғамхориҳои Роҳбари давлат буд, ки соҳибмаълумот гардида, омода ҳастам, ки ба халқу давлати азизам хизмат намоям.

Гулафрӯз МУЗАФФАРОВА,
хатмкардаи ДМТ, сокини ноҳияи Ишкошим


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.08.2020    №: 164    Мутолиа карданд: 1701
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед