logo

фарҳанг

КИТОБ. ВАҚТЕ БА ДОНИШ АРҶ МЕГУЗОРЕМ...

Китобхона ганҷинаи ҳикмати бузургест, ки ҳар шахси бо умед аз дари  он воридгардида, як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирад.  Ҳар нафаре, ки ба ин даргоҳи илму маърифат  меояд, ба дунёи рангини илму маърифат ва зебоӣ ворид мешавад. Мо аз гузаштагон панд мегирему онро ба ояндагон мерасонем.
Ин аст, ки 12 сол қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  зимни  гузоштани санги   асос  ба  бунёди  Китобхонаи  миллии Тоҷикистон  ин  ҷашнро  эълон  намуда, иброз  доштанд: «Бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад». Ба ин хотир, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи китоб ва Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ аз 1 то 3 сентябр рӯзи дарҳои кушода баргузор  мешавад. Дар ин рӯзҳо кормандони китобхона тамоми хонандагонеро, ки ба  ин даргоҳи илм меоянд, ба толорҳои хониш раҳнамоӣ намуда, ба онҳо роҳҳои ҷустуҷӯи адабиёт ва фармоиши китобро нишон медиҳанд.  Ҳама намуди хизматрасониҳои ройгону шартномавии китобхонаро баён карда,  роҷеъ ба таърихи ин ганҷинаи пурғановати Меҳан иттилоъ медиҳанд.
- Ҳамасола дар саросари кишвар 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб таҷлил мегардад. Дар ин рӯзҳо ба меҳмонону сайёҳоне, ки ба китобхонаи мазкур меоянд, оид ба фонди тиллоӣ ва маводи пурқимату  гаронбаҳои он- маълумоти муфассал дода мешавад. Дар 3 толори намоишгоҳ китобҳои нодир, дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ, толори намоиши китобҳои даврони истиқлол  ва дигар маводи гаронбаҳои таърихӣ ба маъраз гузошта шудаанд. Ҳамчунин, дар рӯзҳое, ки ташкил ва баргузории намоишҳои китоб дар назар гирифта шудааст, китобҳои тозанашри ҷумҳурӣ ва китобҳое, ки аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нашр расидаанд, инчунин,  рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашре, ки дар саҳифаҳои онҳо мавзӯъҳои истиқлол, китобу китобдорӣ инъикос шудаанд, пешкаши хонандагон мегарданд.
Мақсад аз баргузории рӯзи дарҳои кушода ҷалби таваҷҷуҳи омма ба китоб ва  китобхонӣ аст. Роҳандозии ин гуна рӯзҳо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, дар ҳамаи ҷашнҳои миллӣ меҳмонону сокинони мамлакат имкон пайдо мекунанд бо толорҳои хониши китобхона аз наздик шинос шаванд. Ногуфта намонад, ки бо таваҷҷуҳ ба пурзӯр намудани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус низоми вуруд ба китобхона тағйир ёфта,  қабл аз вуруд ҳам кормандон ва ҳам хонандагону меҳмонон аз санҷиши тиббӣ мегузаранд, - гуфт Абубакр Манонзода, сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2020    №: 168    Мутолиа карданд: 671
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед