logo

фарҳанг

МАЪНАВИЯТ. КИТОБ НАҚШИ САРНАВИШТСОЗ ДОРАД

Дар даврони истиқлол бо ғамхориҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи амиқ зоҳир карда шуд.
Таҳияву тасвиби санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи китобдорӣ, татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат, роҳандозии нашри силсилаи китобҳо таҳти унвонҳои «Ахтарони адаб», «Китобхонаи мактаб», ташкили ҳамасолаи «Корвони китоб» дар қаламрави ҷумҳурӣ, баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе», озмуну фестивалҳо, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол», «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон дар Тоҷикистон», сохта ба истифода дода шудани даҳҳо биноҳои наву замонавии китобхонаҳо ва ифтитоҳи мағозаҳои фурӯши китоб дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шудаанд. Бахусус, зери сарпарастии бевоситаи Роҳбари давлат ҳамасола дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои тақвияти завқу шавқи китобхонии хонандагони синну соли мухталиф такони бузург бахшида, ҳамчун мактаби назарсанҷӣ ва муаррифии захираҳои зеҳнӣ хизмати шоистаро ба сомон мерасонад. Ин иқдомҳои наҷиб барои ба марҳилаи нави рушд ворид шудани китобхонаҳои мамлакат шароитҳои мусоид фароҳам оварда, имкон доданд, ки дар радифи такмили фонди китобхонаҳо бо адабиёти ниёзи хониш ва ҷорӣ намудани технологияи нави иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, ба масъалаи ҷалби ҷомеа ба китобу китобхонӣ ва донишандӯзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.
Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки ба раванди китобхонӣ мусоидат менамояд – таҷлили Рӯзи китоб мебошад. Рӯзи китоб ҳамчун иди касбии олимону адибон, ноширону ходимони матбуот, китобдорону китобдӯстон ва хонандагони синну соли гуногун 4 сентябри соли 2007 дар маросими гузоштани хишти аввали бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид. Ҳадаф аз баргузории он ҳарчи беҳтару бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба хонишу донишандӯзӣ ва баланд бардоштани фарҳанги иттилоот мебошад. Дар доираи ҷашни Рӯзи китоб чорабиниҳои оммавӣ ва озмунҳо, аз қабили «Китоби беҳтарини сол», «Хонандаи фаъоли китобхона», «Китобдори беҳтарин» баргузор мегарданд, ки ҳадафи асосии онҳо тарғиби ҳамаҷонибаи адабиёти гуногунмазмун, муаррифии китобҳои тозанашр ва ба ин васила тақвият бахшидан ба раванди худшиносию худогоҳии мардум ва ҳифзу гиромидошти дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Ҳамзамон, баргузории чунин чорабиниҳо барои ҳамаҷониба роҳандозӣ намудани навгониҳои илмӣ дар соҳаи китобдорӣ кумак расонда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобдорӣ ва ҷалби ҳарчи беҳтару бештари ҷомеа ба китобу китобхонӣ мусоидат менамоянд.

Шариф КОМИЛЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ,
дотсент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2020    №: 169    Мутолиа карданд: 842
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед