порлумон
МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН. ТАЪСИСИ ГУРӮҲҲОИ ДӮСТӢ БО ПАРЛУМОНҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО
Таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, ҷаласаи навбатии шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Дар он «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа пешниҳодҳои вакилон барои ворид шудан ба ҳайати гурӯҳҳои миллии Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Иттиҳоди парлумонии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, Ассамблеяи парлумонҳои Осиё, кумитаҳои умумии Ассамблеяи парлумонии САҲА, ҳайатҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД, Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии ИДМ, таъсиси Комиссияи байнипалатагии парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, инчунин, ташкили гурӯҳҳои ҳамкорӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, Шӯрои намояндагони Ассамблеяи миллии Баҳрайн, Палатаи намояндагони Шоҳигарии Белгия, Маҷлиси шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия, Парламенти Шотландия, Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия, Палатаи намояндагони Австралия, Шӯрои миллии Парламенти Ҷумҳурии Австрия, Палатаи намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби аъзои шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.
Вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва дигар аъзои шӯро сухан гуфта, пешниҳоди масъалаҳои мазкурро дар рӯзномаи шӯрои Маҷлиси намояндагон амри зарурӣ ва талаботи замон арзёбӣ намуданд.
Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» хабар дод.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.09.2020 №: 169 Мутолиа карданд: 9209