фарҳанг
САРАЗМ. НИШОНЕ АЗ ДАВРАИ ОРИЁӢ
Дар остонаи таҷлили густурдаи 5500-солагии шаҳраки бостонии Саразм, ки бо ибтикори Сарвари фарҳангсолори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябр дар Панҷакент сурат мегирад, олими шинохта, барҷастатарин донандаи забони суғдӣ В. А. Литвитс ёд меояд, ки аз калимаи тоҷикии «сари замин» маншаъ гирифтани номи Саразмро собит намудааст.
Агар боз ба таърих нигарем, ин ёдгории беназири таърихӣ 44 сол қабл, тирамоҳи соли 1976, аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исҳоқӣ кашф гардид. Олими намоёни тоҷик дар монографияи "Саразм" натиҷаи ҳафриёти бисёрсоларо чунин ба қалам додааст: "... Пеш аз ҳама, аз қаъри замин зиёда аз 150 хонаи истиқоматӣ, чор оташкадаи оташпарастон, як анбори ғалланигоҳдории ҷамъиятӣ, бӯстонсаро бароварда шуданд. Маълум шуд, ки сокинони Саразм бо ҳавлиҳои кушод, кӯчаву тангкӯчаҳо байни худ рафтуо доштанд. Бозёфтҳо асосан аз анҷоми рӯзгор, зебу зинати тиллоӣ, нуқрагӣ, мисӣ, биринҷӣ, сангҳои гуногун ва устухонҳои ҳайвоноту парандаҳо иборатанд. Зарфҳои сафолини мунаққашу сангини суфташуда ва порчаҳои нақшҳои деворнигорҳо аз санъати баланди ҳунармандии гузаштагонамон шаҳодат медиҳанд".
Саразм аз қадимтарин шаҳраки Осиёи Миёна мебошад, ки дар тӯли беш аз 5500 сол, хоса дар давраҳои энеолит ва асри биринҷӣ босуръат рушд намудааст. Мавҷудияти қасру маъбад, манзил, маҳаллаю кӯчаҳо далели маданияти баланди шаҳрдорӣ ва меъмории яке аз куҳантарин шаҳрҳои Мовароуннаҳр мебошад. Ғайр аз шуғли маъмулии зироатпарварӣ ва чорводорӣ миёни саразмиён ҳанӯз ҳамон давра истеҳсол ва коркарди фулузот хеле инкишоф ёфта буд, ки маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Дар вақти ҳафриёт кӯраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ, асбобҳои сангтарошӣ ва чӯбкорӣ, бофандагию ресандагӣ ва 150 намуд ашёи биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, муҳри сурбӣ ва ҷавоҳирот аз тиллою нуқра пайдо гашт. Ва ин нумуи ҳайратовар дар ҳоле буд, ки кулли ақвоми атроф танҳо қудрати кишоварзию чорводорӣ доштанд. Ба ибораи дигар аҷдоди тоҷикон ҳанӯз то ҳуҷуми Ҳахоманишиёну Искандари Мақдунӣ дорои маданияти пешрафта будаанд. Дар такя ба мадракҳои таърихӣ метавон афзуд, ки ҳанӯз аз охири ҳазорсолаи IV пеш аз мелод саразмиён оташ мепарастиданд, ки баъдан аз рукнҳои дини Зардуштӣ гардид.
Агар ба имрӯз нигарем, бояд пеш аз ҳама аз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгузор бошем, ки маҳз дар давраи истиқлол Саразм на танҳо шуҳрати дубораи ҷаҳонӣ ёфт, балки ҷиҳати ҳифзи ин ёдгории бебаҳо бо дастурашон корҳои арзишманд анҷом дода шуд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 сентябри соли 2001 ёдгории Саразми шаҳри Панҷакент ҳамчун Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон – «Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм» эълон гардида, 31 июли соли 2014 бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории беназир аз ҷониби ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон ворид гардид.
Солҳои минбаъда дар Саразм олимони ватанию хориҷӣ корҳои ҳафриётиро идома доданд, то ки саҳфаҳои нави солномаи таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик боз гарданду дастраси аҳли ҷомеа шаванд. Агар бо чашми муқоиса бингарем, дар дунё кишварҳое ангуштшуморанд, ки чунин ниёгони тамаддунофар, мероси гаронбаҳои таърихӣ доранд. Дар ин иртибот боз суханҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёд меоянд: “Шаҳри бостонии Панҷакент бо шумораи зиёди ёдгориҳои таърихии худ маъруф аст, ки дар байни онҳо шаҳри қадимаи Саразм мақоми хоса дошта, таърихи беш аз панҷунимҳазорсола дорад. Ин ёдгории нодири таърихӣ гувоҳи возеҳи дар ин мавзеъ аз давраҳои хеле қадим сукунат доштани аҷдоди тоҷикон, шаҳрнишину созанда ва соҳиби маданияти заминдориву кишоварзӣ будани онҳо мебошад”.
Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 5500 - солагии ин шаҳри бостонӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ин ҷо иншооти басо зебою ҷолиб бунёд шудааст. Ин ҳама шаҳодати онанд, ки мардуми тоҷик таърихи пуршарафи худро на танҳо ҳифз месозад, балки ба ин васила фарзандони хешро дар рӯҳияи ифтихор аз ниёгон, дӯстдории Ватани маҳбуб ва ободсозии он тарбият мекунад. Дар ҳақиқат, то замоне пайванди наслҳо боқист, чунин миллат ҳамеша пирӯз хоҳад монд.
Зафариддин БАҲРИДДИНОВ,
омӯзгори МТМУ № 42,
Исомиддин ҚАМАРОВ,
директори МДТИ-и ноҳияи Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.09.2020 №: 169 Мутолиа карданд: 659