сиёсат
ВАҲДАТИ МОРО ШАҲОДАТНОМА ДОД...
Меҳрро ба дил на бо зӯрӣ ҷо карда мешавад ва на бо зӯрӣ аз дил гирифта. Меҳр бо гузашти солҳо дар заминаи амалу андешаҳои нек дар дил пайдо мешавад. Аз он ки миллатро наҷот додааст, аз он ки давлатро аз вартаи нестӣ раҳо кардааст, аз заҳмати шабонарӯзӣ ва бунёдкориҳояш меҳри Пешвои миллат дар дили халқи тоҷик сахт ҷо гирифтааст. Ин меҳр асрҳои аср аз дили халқ зудуда намегардад ва дар ҳофизаи таърих абадӣ боқӣ мемонад.
Шахсан дар дили ман меҳри самимӣ нисбати ин абармард аз он рӯзҳое пайдо шуда буд, ки дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ баргузор мегардид. Иҷлосия мустақим тавассути телевизион намоиш дода мешуд. Лаҳзае аз экрани телевизон дида намекандам. Дилам сахт метапид, аз Худо зораву илтиҷо менамудам, ки оқибат сулҳро дар кишвари ҷангзада, азобкашида ва пур аз хуну хокистари мо барқарор намояд. То даъвати ин иҷлосия, бе ягон муҳобот ва бе ягон муболиға, Тоҷикистон дар вартаи нестӣ қарор дошт. Ман, ки он солҳо ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») дар вилояти Кӯлоб кор мекардам ва вазъро аз наздик медидам, инро хуб эҳсос менамудам.
Он вақт, дар шаҳру навоҳии вилояти Кӯлоб ҳар рӯз аз хонае овози гиря меомад, дар мошинҳо ҷасади мурдаҳоро меоварданд ва ба соҳибонашон тақсим менамуданд, аз ҳар гӯшае воҳимае паҳн мешуд. На танҳо дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, дар тамоми Тоҷикистон чунин буд. Тавре аз омори расмӣ бармеояд, дар 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 150 ҳазор кас кушта, 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Ин ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зиён расонд ва рушди мамлакатро чанд даҳсола ба ақиб андохт.
Одамон рӯҳафтода буданд, ҷои меҳрро ғазаб гирифта буд. Рӯз то рӯз овозҳо баланд ва овозаҳо даҳшатноктар мешуданд. Пардаи сиёҳе дилҳоро печонда, панҷаи вазнине гулуҳоро буғӣ менамуд. Ҳамаи ин даҳшатнок аст, вале даҳшати вазнинтарину азоби сахттарин бенонӣ буд, ки тамоми ҷомеаро фаро мегирифт. Шахсан ман он солҳо аввалин бор фаҳмидам, ки барои одамизод ягон чизе ҷои нонро иваз карда наметавонистааст.
Хайрият дар давраи шӯравӣ нон арзон ва фаровон буд, вале мардуме, ки аз қадимулайём нонро муқаддас мешумориданд, як пораеро ҳам аз нони зиёдатӣ мондаро напартофта, дар болохонаҳо барои эми чорво хушк мекарданд. Ва дар ин давра, занон нонҳои хушки болохонаҳоро, ки аксаран онро мушҳо чарида буданд, дар об тар карда, бо иловаи кунҷора ё, агар дошта бошад, каме орди ҷавӣ ё орди ҷуворӣ, нон мепухтанд. Дигар услуб макарону лапша буд, ки онро низ тар карда, бо ҳамон тарз нон мепухтанд. Вале ин «захира» ҳам тамом шуд. Бой ҳам гурусна буду камбағал ҳам… Касе каме орд дошта бошад, пинҳонӣ дар рӯи плитаву тафдон нон мепухт. Ҳарос дошт, ки дар чакдон алови нон кунад, нонталбҳо меоянд. Воқеан ҳам, одамон ба хонаи якдигар нонталбӣ мерафтанд ва аз якдигар нонашонро пинҳон медоштанд.
Ин ҳоло афсона менамояд! Шояд барои насли имрӯз, ки, шукрона, давраи сериву фаровонӣ аз нонро аз сар гузаронда истодааст, ҳамин тавр намояд. Дар асл бошад, хеле даҳшатнок буд гуруснагӣ, бенонӣ…
Гуруснагӣ дар Тоҷикистон боз чанд соли дигар, то давраи аз тарафи Сарвари давлат тақсим кардани замин ба деҳқонон ва вусъат ёфтани кишти ғалла идома ёфт.
Воқеан, содир шудани фармонҳои Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995, №342 ва аз 1 декабри соли 1997, №874 барои тақисми 75 ҳазор гектар замин барои истифодаи аҳолии деҳот хеле муҳим ва дурбинона буд ва воситаи асосии аз гуруснагӣ раҳо намудани мардум шуд. Мардум ин заминҳоро бо муҳаббат «Замини президентӣ» ном карданд. Ман ба ҳар лаҳзаи баргузории иҷлосия бо умеди бепоён нигоҳ мекардам. Баъд аз он, ки Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд, ин боварӣ бештар тақвият ёфт.
Аз суханрониҳои Сарвари нави тоҷикон як чиз аниқ эҳсос мешуд, ки дар ин вазъи душвору сангин на аз рӯи ҳавову ҳавас ва ҷилваву ҷавлон, балки воқеан ҳам, ба нияти таҳким бахшидани сулҳу субот ва наҷоти миллату давлат ба сари қудрат омадааст. Ва тӯли фаъолияти ҷонфидоёнаи Сарвари давлат дар таҳкими сулҳ, ташкили давлату давлатдорӣ, ноил шудан ба рушду нумӯи кишвар ин пурра собит шуд.
Рости гап, ман бештар ба ҷасорати шахсӣ ва далериву шуҷоати Сарвари давлат қоилам. Пурра бовар дорам, ки ягон шахси дигар наметавонист чун Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба гарав монда, барои баргардондани гурезаҳо ба Афғонистон равад, барои ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Помир-1» ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намояд. Ин ду сафари таърихӣ маънои онро дошт, ки Сарвари давлат ба халқаш хеле наздик мебошанд ва аз тақдири он заррае бепарвогӣ надоранд.
Ҳатто Аҳмадшоҳи Масъуд, ки яке аз ҷасуртарин сарлашкарон эътироф шудааст, дар ин бора гуфта буд: «Ман дидам чӣ гуна Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҷон ба кафи даст, зери тиру тӯп ба Афғонистон омад. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорад, қодир аст сулҳ оварад. Бояд атрофи ӯ муттаҳид шуд ва манзалаташро гиромӣ дошт. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар он буд, ки чунин роҳбари ғамхор надоштем…»
Як ҳампешаи бадахшонии ман гуфт, ки агар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рафтани Сарвари давлатро расман эълон медоштанд, кӣ медонад чи воқеаҳое рӯй медод. Вале вақте силоҳбадастон диданд, ки воқеан ҳам, Эмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи онҳост, худро гум карданд, моту маҳбут монданд ва ба шуҷоати ин ҷавонмард қоил шуданд.
Ба андешаи ман то ноил шудан ба баргузории ин Иҷлосияи тақдирсоз ва баъд аз он низ, осон набуд аз варта раҳо намудани кишвар, аз байни хуну хокистар ба по хезондани бинои давлати тоҷикон ва ба ин рушду инкишоф ноил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба ҳама маълум аст, ки ин ҷангро ба сари мо таҳмил намуданд. Кадом давлатҳо, бо кадом аҳдоф, тавассути киҳо, аллакай, ҳамааш маълум аст.
Мақсади таҳмил ва ташкили ин ҷанг дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо бор намудани фарҳангу фаҳмиши бегона буд. Як дастаи хоинони миллат, ки зери ливои Ҳизби назҳати исломӣ муттаҳид шуда, дар амал як ячейкаи террористони байналмилалӣ буданд, ҳатто баъди имзои созишномаи сулҳ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – таркондани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террорро идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд. Онҳо то имрӯз дастуру супоришҳои хоҷагони берунаи худро, ки аз тарафи онҳо харида шудаанд, иҷро менамоянд.
Ҳамаи ин пушти сар шуд. Дар харобазор, дар як вазъияти камбизоатӣ ва бо шиками гуруснаи мардум ба танзим даровардани давлату давлатдорӣ як неруи фавқулода ва як ҳиссиёти сӯзони ватандӯстонаи Сарвари давлатро тақозо менамуд. Ҳаёти мо батадриҷ ба танзим даромад ва ободкориву бунёдкориҳо, рушду тараққиёт оғоз ёфт. Ҳарчанд мо ҷанги даҳшатнокро пушти сар намудем, кишвари худро бо дасти худ ба харобазор табдил додем, таҳти сарварии ин абармарди таърихӣ тавонистем, ки дар бисёр ҷабҳаҳо аз дигар давлатҳо пеш гузарем.
Батадриҷ, се ҳадафи стратегии давлат-таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ба амалӣ шудан оғоз ёфтанд. Махсусан, дар соҳаи энергетика қадамҳои босубот гузошта мешаванд.
Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, даҳҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифодабарӣ дода шуданд. Дар баробари ин, яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ амалӣ гашт, албатта ин таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷуда буд. Дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду азнавсозии неругоҳҳои барқи обии Норак, Қайроққум ва Сарбанд амалӣ гардида истодаанд.
Ибтидои соли 2017 барои тамоми мардуми ҷумҳурӣ пайки наку овард. Бегоҳии рӯзи 13 январ Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар дар тамоми шабакаҳои телевизионии мамлакат пахш гардид.
Ҳамин тавр, ибтидо аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини барқ дар кишвар пурра бардошта шуд. Ногуфта намонад, ки мо кишвари худро бе ворид намудани барқ аз ягон давлати дигар пурра бо неруи барқи истеҳсоли худӣ таъмин намуда истодаем, ки дар таърихи давлатдории мо муваффақияти калон ва самараи амалӣ шудани сиёсати энергетикии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар 7 соли охир, яъне солҳои 2013-2019 - ум аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард киловатт - соат афзоиш ёбад.
Ба истифода додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки ҳоло муназзам барои аҳолӣ барқ истеҳсол карда истодаанд, нишони амалӣ шудани ормонҳои миллии миллати тоҷик аст, ки таҳти сарварии Пешвои миллат амалӣ шуда истодааст.
Вале ба ба душманони миллат ин маъқул нест. Масалан, хабари по дар ҳавои сомонаи «payom.net», аз 5.03 2019, бо сарлавҳаи «Дар НБО Роғун садама рух додааст?» метавон ба гуфтаҳои боло далел овард. Одами андак босавод ва аз техника огоҳ бо як нигоҳ мефаҳмад, ки ин хабар сар то по пурра дурӯғ ва иғвоангез буда, як кӯшиши содалавҳонаест бобати паст задани обрӯи кишвари мо ва бунёдкориҳои азими он.
Муаллиф чунон ноогоҳ ва аз ҳақиқати воқеӣ дур аст, ки дар назари ӯ менамояд, гӯё як неругоҳи алоҳида як минтақаи алоҳидаро бо барқ таъмин мекарда бошад. Масалан, ӯ менависад: «Тибқи маълумоти дарёфтӣ масъулин ваъда доданд, ки имрӯз 5 март то соати 16-00 вақти маҳаллӣ мушкили ба миён омада бартараф хоҳад шуд. Аммо ин, ки то он замон чарха аз нав ба кор медарояд ё водии Қаротегинро аз нав ба НБО Норак пайваст мекунанд, маълумоте ба даст нест». Аз ин навишта бар меояд ки муаллиф гумон мекунад водии Қаротегин гӯё аз НБО "Роғун" барқ мегирифта бошад. Муаллифи содалавҳ ҳатто намедонад, ки тамоми неругоҳҳои Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикӣ пайвастанд ва тавассути ин система ба ҳамаи минтақаҳо барқ интиқол дода мешавад.
Сарлавҳаи мавод «Дар НБО Роғун садама рух додааст?», ки бо аломати савол навишта шудааст низ як кӯшиши ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа ё аз гӯшаи орзуҳои амалинашавандаи душманони миллати тоҷик аст. Аввалаш, ки дар Роғун ягон садама рух надод, баъдан овардани тахминҳои ҳавоии «шикастани таҷҳизот» ё «чаппа васл кардани он» барои онҳое, ки андаке аз соҳаи энергетика ва сохтмонҳои энергетикӣ огоҳанд, хандаовар аст ва кӯтоҳназарии муаллифро исбот месозад. Ин гуна мисолҳо зиёдаанд.
Дар асл бошад, мақсади асосии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли сипаришуда бобати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди босубот, ки дар барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр ёфта буданд, амалӣ гардида, кишвари мо ба истиқлолияти комили энергетикӣ наздик мешавад. Тавре гуфтем, ибтидо аз 14 январи соли 2017 ягон маҳдудияти барқ дигар вуҷуд надорад. Яъне, дар баробари маҳдудияти нон, инак, аз маҳдудияти барқ низ халос хӯрдем.
На танҳо дар соҳаи энергетика, дар дигар соҳаҳои низ кишвари мо рушд меёбад. Дар ин давра агар ба қадри зиёда аз 2000 мегаватт иқтидорҳои энергетикӣ бунёд шуда бошанд, беш аз 1600 корхонаҳои саноатӣ, 2200 километр роҳҳои мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, 220 километр роҳи оҳан бунёд ёфтанд.
Дар солҳои истиқлолият соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ рӯи по хеста, рушду нумӯъ ёфт. Зиёда аз 3030 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд ва таҷдид гардиданд, 28 муассисаи нави таҳсилоти олӣ кушода шуд, 1258 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ёфт.
Ободиву зебоии Душанбе имрӯз тасвирнопазир аст. Агар даҳсолаи пеш мегуфтанд, ки Душанбе ба чунин шаҳри зебову муосир табдил меёбад, касе бовар намекард.
Дар баробари бунёду таъмири роҳҳо ва кӯпрукҳо, қомат афрохтани биноҳои хуштарҳи замонавӣ, нав шудан ва хеле ба танзим даромадани нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ, дар муддати як давраи муайян дар шаҳри Душанбе 231 майдончаи варзиш ва 71 боғу хиёбон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Обрӯи шаҳри Душанбе имрӯз дар сатҳи олам хеле баланд аст. Соли 2017, дар назарсанҷии маҷаллаи сайёҳии «34 travel” дар асоси таҳқиқоти ширкати амрикоии «Mastercard» шаҳри Душанбе дар рейтинги шаҳрҳои аз нигоҳи туризми ояндадор мақоми аввалро соҳиб шуд. Соли 2018 бошад, аз рӯи таҳлили Агентии «Тур Стат»-и Федератсияи Россия пойтахти мамлакат–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри барои рушди имкониятҳои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.
Дигар дастовард он аст, ки дар Саммити Федератсияи ҷаҳонии туристӣ (WTCF), ки аз 7 то 9-уми сентябри соли 2018 дар шаҳри Чиндаои Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, пойтахти кишвар ба узвияти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) қабул гардид.
Алҳол бошад, шаҳри Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои сафар ва саёҳати виртуалӣ, ки дорои осорхонаю маконҳои тамошобоб аст, шомил буда, бо 18 шаҳри қитъаҳои Осиёву Аврупо ва Амрикову Африқо муносибатҳои бародарона барқарор намудааст.
Ҳамаи ин натиҷаи заҳматҳои ҷонфидоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Заҳмату манзалати Пешво дар як шеър чунин қаламдод шудааст:
Зиндагии дар гираҳ афтодаро
Берун аз ҷаҳли мураккаб ӯ намуд.
Аз шикасту пораву вайронаҳо
Тоҷикистонро мураттаб ӯ намуд.
Кишвари дар хоку хун афтодаро
Рӯи по хезондаву барнома дод.
Миллати моро ба ҳам овард ӯ,
Ваҳдати моро шаҳодатнома дод.
Матни пурраи ин шеърро ман пеши одамони зиёде, ки соҳиби касбу кор ва фаҳмишҳои мухталиф буданд, мутолиа намудам. Ҳама бо аломати тасдиқ сар меҷунбонданд ва мегуфтанд, ки воқеан, ҳамин хел аст. Дар ин ҷо ягон гап муболиға ва ягон калима тамаллуқ нест. Ҳар одами соҳибандеша, махсусан ашхосе, ки он солҳои мудҳишро дар ёд доранд, инро хуб дарк менамоянд.
Гап дар дигар ҷост. Халқи тоҷик хуб медонад, ки маҳз бо сариву сарварии Пешвои миллат мо ба ин ҳама ноил шудаем ва аксарияти кулл дар атрофи ӯ муттаҳид шуда, бо шукргузории амиқ ба сӯи оянда нигоҳи гарм дорем. Вале, онҳое, ки дар замони худ ҷангро ба дӯши мардуми мо бор карда буданд, ҳанӯз ором нагирифтаанд ва ором ҳам гирифтанӣ нестанд. Ҳоло ба дӯши мардуми мо ҷанги таҳмилии иттилоотиро бор кардаанд. Баъзе қаламбадастони мо аз дохил ё берун, фаҳмида ё нофаҳмида, бо гумроҳӣ ё бо фурӯхташавӣ, ба боғи зебову шукуфони мо нияти санг партофтан доранд. Онҳо барои хоҷагонашон, ки бо андешаҳои душманонаашон нияти таъсир расондан ба истиқлоли ақлӣ, торик намудани ҷаҳонбинии ватандӯстонаи аҳли ҷомеа ва таъсир расондан ба фазои сиёсии кишвари моро доранд, чун баландгӯяк хидмат менамоянд.
Ман, ки имрӯз аз оромиву сулҳу субот, аз рушуду тараққиёти Ватанам, аз гунаҳои сурхи мардум, қанооатмандам, аз ин кирдори мавҳуми қаламбадастон ҳам ба ташвиш ва ҳам ба ғазаб меафтам. Мехоҳам бо суханони одии худ, ки аз саргузашт ва тақдири миллат дар солҳои сипаришуда иқтибос шудаанд, ба баъзе ин қаламбадастон, ки дар он замон ҳам, ба мухолифини миллат, бале миллат, на давлат! - хидмат менамуданд ва имрӯз чун буқаламун ранги худро тағйир дода, гӯё дилсӯзи миллатанд, аз ҳар ҳолату вазъият истифода бурда, боз ҷомеаро ба нооромӣ кашиданиянд, хитоб намоям, ки номаъқул мекунед.
Баъзе дар зери ниқоби «демократӣ» чеҳраи худро ниҳон дошта, ҳатто қабул ҳам надорад, ки Доналд Туск сарвари вақти Шӯрои Аврупо дар ҳаққи Пешвои мо гуфта буд: «Дар ҳақиқат, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи чунин сарваранд.
Ҳама медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат ва дар назди таърих вазифаи худро бо сарбаландӣ иҷро мекунанд. Ман дар боло қатрае аз баҳрро ёдрас шудам. Ин абармард ҳоло ҳам ба мо лозиманд, хеле заруранд. Аз таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳама пай мебарем, ки дунё дар кадом мадор қарор дорад. Дар ин ҳолат миллати тоҷик бояд аз таҷриба ва донишу маҳорати ин абармард, ки шукри Худо, дар авҷи камолоти умр ва тандурустианд, истифода барад.
Онҳое, ки ҷанги иттилоотиро ба мо таҳмил дода, ба мағзи мардум таъсири бад расонда, ҷомеаро ба нооромӣ кашиданӣ мешаванд, хидматгори хоҷагонеанд, ки берун аз марз истода, ба хоки мо чашм ало доранд. Миллати тамаддунофари мо инро ба хубӣ эҳсос менамояд. Имрӯз дар қатори қуллаҳои сар ба фалаки кишвар Пешвои мо он қуллаи аз ҳама баланданд, ки аз боду боронҳои хавфнок моро муҳофизат менамоянд.
Дар миёни қуллаҳои сарбаланд
Сар фарозад қуллае то бар само,
Қуллаи бахти баланди миллат аст,
Қуллае аз меҳри халқу Пешво.
Сар кашид аз обрӯву аз шукӯҳ,
Сар кашид аз нангу номуси баланд.
Қуллае, к-андар паноҳаш халқи ман
Зиндагонӣ менамояд бегазанд.
Қуллае, ки сар кашид аз қалбҳо,
Нақш андар гавҳари чашмони мост.
Чун нишони эътимоду эътиқод
Қуллае дар гӯшаи виҷдони мост.
Ман андешаҳои худро бо он ҷамъбаст карданиям, ки набояд ягон қувва ба андешаи мардуми мо таъсир расонад, мардум Президенташро бояд худаш, аз рӯи фаҳмишу иродаи худаш интихоб намояд. Ҳар касе дар ин кор ба мардуми мо халал мерасонад, яқин душман аст.
Ман, масалан, ба ҷонибдории Пешвои миллат овоз хоҳам дод. Ба он хотир, ки Ватанам обод аст, зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳбудӣ меёбад ва дар ин фазо бо фарзанду набераҳоям зиндагӣ дорем. Андешаҳои худро ба дигарон таҳмил ҳам карданӣ нестам, фақат таъкид кардан мехоҳам, ки як бор ба ободиву шукуфоии Ватан бояд нигарист ва онро ба чанд сол муқаддам муқоиса намуд...
Бале, меҳрро ба дил на бо зӯрӣ ҷо карда мешавад ва на бо зӯрӣ аз дил гирифта. Меҳр бо гузашти солҳо дар заминаи амалу андешаҳои нек дар дил пайдо мешавад. Аз он ки миллатро наҷот додааст, аз он ки давлатро аз вартаи нестӣ раҳо кардааст, аз заҳмати шабонарӯзӣ ва бунёдкориҳояш меҳри Пешвои миллат дар дили халқи тоҷик сахт ҷо гирифтааст. Ин меҳр асрҳои аср аз дили халқ зудуда намегардад ва дар ҳофизаи таърих абадӣ боқӣ мемонад.
Дидаем андар гузашти солҳо
Ҷоннисориҳову азми Пешво,
З-ин сабаб аз дидаву аз қалбҳо
Мо дигар асло насоземаш ҷудо.
Бо ҳамин меҳре, ки бошад беҳудуд,
Аз вуҷуди Пешво андар вуҷуд.
Мо барои ин Ватан бар Пешво,
Медиҳем, эй халқи ман, овози худ!
Нозир ЁДГОРӢ, нависанда
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2020 №: 174 - 175 Мутолиа карданд: 710