сафарҳо
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Баистифодадиҳии ҶДММ “ТАЛКО Флюорит”
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳ ва гузоштани санги асоси як қатор иншооти таъйиноташ гуногун ва шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Саратоғ Сарвари давлатро роҳбарият ва фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар мавзеи Саратоғ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Флюорит”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот, иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 9 гектар бунёд ёфта, барои анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология 10 миллион доллари ИМА харҷ гардидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолкунандаи консентрати флюорит истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, мутахассисон васлу насби онро дар муҳлати кӯтоҳ ба сомон расондаанд.
Тавре таъкид гардид, коргарони корхонаи “ТАЛКО Флюорит” дар самти идоракунии технология ва истеҳсоли консентрати флюорит таҷрибаи ғанӣ дошта, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода бурда, тавлиди маҳсулоти рақобатпазирро роҳандозӣ менамоянд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз дар навбати аввал аз 100 то 120 тоннаро ташкил дода, баъди татбиқи пурраи лоиҳа ин нишондод ба 200 тонна хоҳад расид. Айни замон дар он 120 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, истеҳсоли консентрати флюорит мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо татбиқи пурраи лоиҳа ё худ ба кор даровардани иқтидорҳои нав шумораи кормандон ба 240 нафар мерасад.
Бино ба маълумоти масъулон, тибқи лоиҳа дар корхона бояд 3 партовгоҳ ба истифода дода шавад. Айни замон бо ба инобат гирифтани иқтидори мавҷуда як партовгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, инчунин, дар масоҳати 3 гектар анбори ҷамъоварии ашёи хом бо ғунҷоиши 15 ҳазор тонна маъдани флюорит бунёд гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат ба масъулон ва кормандони ҶДММ “ТАЛКО Флюорит”, дастур доданд, ки ба истихроҷи самараноку оқилонаи захираҳои табиии ин мавзеъ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти бузурги саноатӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат муҳим мебошад, зеро дар ин замина ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш меёбад.
Ашёи хом ё худ маъдан аз масофаи 25 километр аз кони Қазноқ ба ин корхона оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад. Дар ин мавзеъ боз ду кони дигар мавҷуд мебошад, ки дар натиҷаи гузарондани корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ имкон аст нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ боз ҳам афзоиш ёбад.
ҶДММ “ТАЛКО Флюорит” барои содироти маҳсулот, аллакай, бо се ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.
Пас аз ба кор даровардани корхонаи “ТАЛКО Флюорит”, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Канчочи ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” шинос шуданд.
Айни замон корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо ҷалби 800 нафар сохтмончӣ ва зиёда аз ҳазор мошину механизм бо маром идома дошта, то имрӯз барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо ҳудуди 25 километр нақб канда шуд, ки 85 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи маъдантозакунӣ, ки аз 14 коргоҳ иборат мебошад, 60 дарсад иҷро шуда, дар ин ҷо бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар низ бунёд гашт. Аз тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Канчоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин ба хотири зарар нарасодан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ амалӣ гардид.
Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳбуди вазъи экологии минтақа бунёд мешавад, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Он дорои сарбанди регӣ буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Дар ин иншооти муҳим то имрӯз 45 дарсади корҳои сохтмонӣ иҷро гаштанд.
Ҳамчунин, барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами ҶСП “ТАЛКО Голд” бо насби 98 такягоҳи оҳанӣ аз масофаи қариб 30 километр хатти интиқоли баландшиддати неруи барқ кашида шуда, зеристгоҳи 110/10-киловолта бунёд ёфт. Ҳамзамон, аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ то расидан ба ин мавзеъ се пул сохта шуда, боқимондаашон таъмиру навсозӣ гаштанд. Оянда дар ҳудуди ин муҷтамаи истеҳсолӣ неругоҳи барқи обӣ низ ба истифода дода мешавад.
Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Канчоч, ки аз қитъаҳои Чулбоӣ, Канчоч ва Шахкон иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар ин кон панҷ унсури кимиёӣ: тиллову сурма – асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб гашта, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. То имрӯз дар ин минтақа 90 дарсади корҳои иктишофӣ-геологӣ иҷро гардидаанд.
Тибқи маълумоти масъулон, захираи саноатӣ ва ғайрисаноатии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқи лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида, дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тонна маъдан ғанӣ мегардад. Ҳаҷми солонаи тилло 2,2 тонна ва сурма 15 ҳазор тоннаро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки аз рӯи захираҳои сурма Тоҷикистон байни мамлакатҳои ҷаҳон яке аз мақомҳои намоёнро ишғол менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 24 июни соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхонаи бузурги саноатӣ санги асос гузошта буданд.
Анҷоми сохтмони муҷтамаи истеҳсолӣ дар кони Канчочи ҶСП “ТАЛКО Голд” соли 2021 дар назар аст.
Дар ҳамин мавзеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Айнӣ дидан намуданд.
Тавре таъкид гардид, соли равон кишоварзони ноҳияи Айнӣ дар 2 ҳазору 932 гектар зироати тирамоҳӣ ва баҳорӣ кишт намуданд, ки аз ин 1 ҳазору 224 гектарро ғалладонагиҳо, 1 ҳазору 16 гектарро картошка, қариб 144 гектарро сабзавот, 1,2 гектарро зироати техникӣ ва 548 гектарро хӯроки чорво ташкил медиҳад. Майдони парвариши картошка нисбат ба соли гузашта 271 гектар афзуд. Дар натиҷаи заҳмат ва истифодаи оқилонаву самараноки замин то имрӯз хоҷагиҳои деқонӣ 6 ҳазору 570 тонна картошка ҷамъ оварданд.
Дар ноҳияи Айнӣ майдони боғ 934 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 7 гектараш боғи интенсивӣ мебошад. Ҳамчунин, имсол хоҷагидорон дар 7 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ, яъне талу теппаҳо, боғҳои нав бунёд карданд.
Ифтитоҳи беморхонаи марказӣ
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Сарвари давлатро сокинони шаҳр, аз ҷумла ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолон, бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Бояд гуфт, ки сафарҳои кории Президенти мамлакат ба ин шаҳр пайки ободониву бунёдкорӣ оварда, ин навбат низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустиву фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи марказии шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо имконот ва шароити фароҳамовардашуда шинос гардида, бо кормандони он суҳбат намуданд.
Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории COVID - 19 Роҳбари давлат аз дигар масъулин талаб менамоянд, то меъёрҳои муқарраргардида ҳамаҷониба иҷро шаванд.
Зикр гардид, ки дар маҷмӯъ вазъи эпидемиологии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо хубтар мебошад. Масалан, дар шаҳри Панҷакент аз 315 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 3 нафар мубталои ин беморӣ буда, ҳоло дар беморхонаи сироятии шаҳр муолиҷа меёбад ва ҳамаи овозаҳо вобаста ба хуруҷи бемории коронавирус дар ин ҷо асоси воқеӣ надоранд. Шаҳри Панҷакент дорои беморхонаи алоҳидаи сироятӣ бо 70 кат мебошад ва дар он шароити муосири табобату нигоҳдорӣ муҳайёст.
Иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи марказӣ 200 кат дорад ва дар он 180 ҷои кори иловагии дигар ташкил гардида, мувофиқи стандартҳои қабулшудаи тиббӣ бунёд ёфт. Иншоот аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, барои ташхису табобати ниёзмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар таҳхона шуъбаи қабул, гӯшаи табиатшифоӣ ва шуъбаи рентгенологӣ - диагностикӣ, дар қабати якуми бино бошад, шуъбаи бемориҳои қалбу эҳёи кардиологӣ ҷойгиранд.
Ҳангоми боздид аз шуъбаи бемориҳои қалбу эҳёи кардиологӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои ташхису муолиҷаи беморони қалб дар утоқҳои корӣ муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ насб гаштаанд. Шароити фароҳамшуда имкон медиҳад, ки беморон минбаъд дар ҳудуди шаҳр муолиҷа ёфта, барои табобат ба дигар минтақаҳо сафар накунанд.
Дар шуъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи марказӣ тамоми навъҳои ҷарроҳӣ гузаронда хоҳанд шуд. Ҳуҷраҳои кории он бо маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти инфузомат, монитори назди кат таъминанд.
Дар шуъбаҳои бемориҳои амрози даруна, эндокринологӣ ва бахши гастроэнтерология мувофиқ ба талабот, таҷҳизоти биохимиявӣ, кардиомонитор, дастгоҳҳои рентгении портативӣ ва электроатсос насб гашта, ҳамаи таҷҳизоти соҳавӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ харида шудаанд.
Бо бунёди беморхонаи нав мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр дар самти ташхису табобати бемориҳои гуногун ва гузарондани ҷарроҳӣ бартараф гардид. Барои фарогирии беморон ба табобат, дар дохили иншоот утоқҳои барҳаво бо рахти хоби бароҳату дигар шароитҳои зарурӣ бунёд ёфтанд. Дар доираи тарҳи мазкур, ҳамчунин, бинои шуъбаи ёрии таъҷилӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Гирду атрофи беморхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфтааст. Даромадгоҳ ва роҳравҳои ҳудуди он сафолакпӯш шуда, дар ҳавлӣ ду суҳбаткада ва аз ду тарафи бино бо шаклу услуби хоси меъморӣ фавораҳо бунёд гаштаанд. Ҳамчунин, бинои куҳнаи беморхонаи марказӣ таъмиру навсозӣ ва барои қабули шаҳрвандон имконияти мусоид фароҳам гардид.
Бинои куҳнаи беморхона дорои 240 кати хоб буда, 72 нафар табиб дар он фаъолият доранд ва бо назардошти бинои нав дар беморхонаи марказӣ теъдоди кат ба 440-то расид.
Бинои мазкур баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, дастрасии аҳолии шаҳрро ба хизматрасонии муосири тиббӣ беҳтар менамояд.
Дар маҷмӯъ, дар шаҳри Панҷакент то таҷлили ин санаи фархунда бояд 405 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шавад, ки то имрӯз 60 дарсади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Меҳмонхонаи “Саразм-плаза” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
12 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи “Саразм-плаза”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятим вохӯрданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷакентсоз” бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Иншоот 24 ҳуҷра дошта, дар як вақт метавонад ба 60 нафар хизмат расонад. Тибқи лоиҳа, ошёнаи якуми меҳмонхона дорои қабулгоҳ ва ошхона бо 70 ҷой буда, ошёнаи дуюм аз ҳуҷраҳои люкс иборат аст. Дар дигар ошёнаҳо тибқи талаботи муосир утоқҳои муқаррарии хобу истироҳат ва ҳуҷраҳои оилавӣ низ бунёд шудаанд. Дар дохили ҳуҷраҳои оилавӣ ошхонаву ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгиранд.
Тамоми утоқҳои меҳмонхона мутобиқ ба талабот муҷаҳҳазанд ва барои истироҳату фароғати мизоҷон шароити зарурӣ фароҳам гашта, ба меҳмонон бо сатҳи баланд хизмат расонда мешавад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи наву замонавӣ 15 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид.
Чуноне таъкид шуд, эъмори чунин иншооти замонавӣ ба амалишавии нақшаҳои вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намуда, талаботи сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ, ки барои боздид аз мавзеъҳои таърихиву маконҳои зебои шаҳри Панҷакент меоянд, қонеъ мегардад. Ба хотири муаррифии имкониятҳои туристии шаҳри Панҷакент меҳмонхона дорои гӯшаи алоҳидаи сайёҳӣ мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар шаҳр 12 хатсайри сайёҳӣ ташкил гашта, барои равнақи бештари туризми аграрӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва кӯҳӣ-экологӣ имкониятҳо зиёданд.
Дохили меҳмонхонаи “Саразм-плаза” ва девору роҳравҳои он бо санъати баланди меъморӣ ва бо нақшу нигори миллӣ зинат ёфтааст.
Меҳмонхона дар хиёбони марказии шаҳр ҷойгир буда, намои берунааш бо назардошти талаботи муосири шаҳрдорӣ оро дода шуда, дар гирду атрофи иншоот ду фаввора ва ду суҳбаткада бо тарҳи муосир бунёд гаштаанд.
Бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи “Панҷакентсоз” дар шафати меҳмонхона майдончаи варзиш, ошхонаи замонавӣ ва барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр гулгашти зебову замонавӣ сохтааст.
Зимни боздид Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи роҳандозии хизматрасонии муосир ба сайёҳону меҳмонон ҷалб карданд.
Роҳбари давлат дастур доданд, ки дар шафати иншоот бинои иловагӣ сохта, гирду атрофашро бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат диҳанд.
Боиси тазаккур аст, ки иншооти мазкур дар доираи нақша - чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, то соли 2021 бояд дар ҳудуди шаҳр боз 7 меҳмонхона барои қабули сайёҳон ба истифода дода шавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 30 кӯдаки ятим мулоқот намуда, ба онҳо сарулибос ва дигар ашёи хониш туҳфа намуданд.
Қобили зикр аст, ки Пешвои миллат шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии чунин ашхосро зери назорати доимии хеш қарор дода, зимни сафарҳо ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот ороста, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд. Барои чунин дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ кӯдакон ба Сарвари давлат сипосу миннатдорӣ баён доштанд.
Пешвои муаззами миллат таъкид сохтанд, ки Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро меандешад, то чунин нафарон худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва бо беҳтарин шароити зиндагиву таҳсил фаро гирифта шаванд. Гуфта шуд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, ғамхорӣ дар ҳаққи нафарони яккаву танҳо ва ятимон минбаъд ҳам дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал қарор хоҳад дошт.
Роҳбари давлат ба кӯдакону наврасон тавсия доданд, ки шароити фароҳамовардаро самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илму дониш саъю талоши бештар намоянд.
Боздид аз ҶСК “Маърифатпарвар” дар шаҳри Панҷакент
12 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Маърифатпарвар”-и назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент шинос шуданд.
Корхонаи “Маърифатпарвар” дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат парки технологиро таъсис додааст, ки он дорои имкониятҳои васеъ барои истеҳсоли номгӯйи зиёди маҳсулот ва омӯзиши технологияи инноватсионӣ мебошад. Роҳбарияти муассиса дастгоҳи мевахушккунии муосир харида, коргоҳи меваи хушк ва сардхонаро фаъол гардондаанд.
Таҷҳизоти мазкур имкони дар як шабонарӯз хушк намудани то се тонна меваҷоту сабзавоти тару тозаро дошта, тавассути он технологияи хушксозии пиёз, сабзӣ, қаланфури булғорӣ, картошка ва ғайра таҷриба мешавад ва оянда содироти онҳо ба кишварҳои хориҷӣ дар назар аст. Барои хушк намудани 3 тонна меваҷоту сабзавот 30 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар як шабонарӯз бо истифода аз неруи донишҷӯён коркард мешавад. Хатти технологӣ таҷдид шуда, тавассути ангишт фаъолият мекунад. Дар парки технологӣ кормандони доимиву мавсимӣ фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхона ташаббуси мазкурро ибратбахш арзёбӣ карда, дастур доданд, ки ин таҷриба аз ҷониби дигар муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии мамлакат омӯхта шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки парки технологӣ фарогирии дувоздаҳ бахшро пешбинӣ карда, дар нақша аст, ки бахши сайёҳӣ, шуъбаи табъу нашр, сехи дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, маркази курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, шуъбаи хӯрокҳои умумӣ ва хизматрасониҳои маишӣ, сехи таълимӣ-истеҳсолии коркарди чӯбу металл ва сангҳои ороишӣ, боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахши таҷрибаомӯзӣ ва бозомӯзӣ марҳила ба марҳила мавриди амал қарор бигиранд.
Айни замон бахши боғпарварӣ ва коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, базаи моҳипарварӣ ва сехи мевахушккунӣ фаъолият доранд.
Муассисаи таълимию истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Маърифатпарвар” соли 2018 дар заминаи собиқ бинои заводи тамоку таъсис ёфт. Ҳоло бинои мазкур пурра азнавсозӣ шуда истодааст. Дар бинои таълимию истеҳсолии “Маърифатпарвар” 77 синфхона, 27 утоқи корӣ барои кормандон, 8 ҳуҷра барои меҳмонон, китобхона барои 400 ҷойи нишаст, осорхона, китобхонаи электронӣ барои 400 нафар, сехи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ бо фарогирии бештар аз 200 ҷойи корӣ аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ ва донишҷӯёни коллеҷи технологии назди донишкада, хобгоҳ барои 400 нафар омӯзгорон ва донишҷӯён, литсей барои кӯдакони болаёқат, утоқҳо барои озмоишгоҳҳо, корхонаи коркарди меваю сабзавот, сардхона барои нигоҳдории 1,5 ҳазор тонна меваю сабзавот, гармхона, сехи коркарди чӯбу тахта, корхонаи хиштпазӣ, сехҳои кафшергарӣ ва челонгарӣ, варзишгоҳ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол, майдончаҳо барои бозиҳои тенниси рӯйи миз, билярд, майдончаи гӯштингирӣ ва ғайра сохта мешаванд.
Корхонаи коркарди меваю сабзавот ва сардхона, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди донишкада, муассисаи “Маърифатпарвар” ва парки технологӣ фаъолияти худро мутамарказ ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тадрис ва ҷалби донишҷӯён ба касбомӯзӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ мекунанд.
Фаъол кардани коргоҳи дӯзандагӣ бо 125 мошинаи дарздӯзӣ низ аз иқдомҳои шоистаи муассисони корхонаи “Маърифатпарвар” буда, он дар баробари таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ, инчунин, метавонад заминаи устувори таълимӣ - омӯзишӣ барои донишҷӯёни коллеҷи технологӣ ва инноватсионии назди донишкада бошад. Бо пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ, сехи меваи хушк ва сардхона, бо иловаи ҷалби кормандони мавсимӣ дар бахши аграрии муассисаи олии таълимӣ теъдоди кормандон ба 350 – 400 нафар мерасад.
Толори варзиш барои бозиҳои футболу волейбол ва теннис дар ошёнаи чоруми бино ҷой гирифта, дар як вақт метавонад ҳамчун толори барҳаво ҷиҳати гузарондани ҳамоишҳои сатҳи баланд истифода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳи меваи хушк ва сардхонаи “Маърифатпарвар” ба сифати корҳои анҷомёфта ва тасмимҳои минбаъдаи соҳибкорони маҳаллӣ баҳои баланд дода, ба мутасаддиён дастур доданд, ки ба масъалаи илму ҳунаромӯзии донишҷӯён диққати бештар диҳанд.
Ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент, баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ корхонаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ҶСП “Корпоратсияи Сомон - Суғд” фаъол гардид.
Он бо ҷалби 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор дароварда шуда, аз коргоҳҳои ояндадори минтақа дониста мешавад. Кор дар ин ҷо тавассути техникаҳои муосири соҳавӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи фаъолияти минбаъдаи корхона аз ҳисоби заминҳои гирду атроф 15 гектар кони санги травертинро ҷудо кард.
Корхонаи мазкур аз соли 1995 бо назардошти захираи азими кони мармари “Тиллогул”-и деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз карда буд. Давоми солҳои охир бо сабаби дурии роҳ дастрасӣ ба ашёи хом аз ин мавзеъ душвор гардид ва он аз кор монд.
Дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи Роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалисозии саноатикунонии босуръати мамлакат Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм” дубора ба фаъолият пардохт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои навсозӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, соҳибкоронро ҳидоят карданд, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам шудани шароити мусоиди корӣ барои инкишофи бахши хусусӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро васеъ ба роҳ монда, дар рушди саноатикунонии мамлакат бештар ҳисса гузоранд.
Мутахассисон исбот кардаанд, ки “Тиллогул” аз конҳои бою ояндадор буда, мармари он сифати баланд дорад. Ба хотири истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва роҳ ёфтан ба бозори минтақа имрӯзҳо омӯзиши кон бо ҷалби ҳайати Экспедитсияи иктишофӣ - геологии “Моғиён” ва истеҳсоли оҳаксанги ороишии травертимонанд дар заминаи оҳаксанг дар деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент роҳандозӣ гардидааст. Ин мавзеъ дар деҳаи Тагоби Халқ ҷойгир буда, талабот ба оҳаксанги ороишии травертимонанд беш аз пештара меафзояд.
Лозим ба зикри хос аст, ки маҳсулоти истеҳсолии “Мармари Саразм” дар иншооти бузурги меъморие, ки бо тарҳи милливу муосир дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон бунёд меёбанд, истифода мегардад.
Дар саҳни корхонаи “Мармари Саразм” намунаҳои маҳсулоти истеҳсолӣ ва тарзу усулҳои коркарди мармар ва оҳаксанги ороишии травертимонанд намоиш дода шуд. Дар намоишгоҳ дигар корхонаҳои коркарди санги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ иштирок карда, маҳсулоти истеҳсолкардаи коргоҳҳои худро ба маъраз гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳидоят намуданд.
Соҳибкорон ваъда доданд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.
Боздид аз қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Воисовҳо
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти Саразм аз замини наздиҳавлигии бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо диданд намуданд.
Масоҳати замини дар ихтиёрдоштаи бародарон Воисовҳо 1000 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон, мувофиқи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаланфури булғорӣ, маккаи дон ва лӯбиёӣ, кишт намудаанд.
Воисовҳо ба боғдорӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дошта, дар боғи наздиҳавлигии онҳо 6 навъи дарахтони мевадиҳанда парвариш меёбад.
Қобили зикр аст, ки бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ҳамасола аз ҳамин замини наздиҳавлигӣ ду ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш низ мебароранд. Имсол ин деҳқонони асил майдони кишти картошкаро ду баробар зиёд намуда, ҳосили хуб ба даст оварданд. Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум бародарон кишти дуюми зироатҳоро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.
Пешвои муаззами миллат ба оилаи Воисовҳо барои истифодаи самараноки замин ва бо ин восита дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот ва рушди боғу токзор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат, ҳамчунин, аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони хонаводаи Воисовҳо аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо, захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва лӯбиёиҳо низ маҳз аз ҳамин замин аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонугии бонувони хонавода ҷиҳати омода намудани таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи самараноки замин, ба бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим шуд.
Тавре таъкид гардид, деҳоте, ки дар он бародарон Воисовҳо ба сар мебаранд, беш аз 34 ҳазор аҳолӣ дошта, ҳамаи онҳо тавассути истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамасола то ду ҳосил ба даст меоранд.
Боздид аз ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим”
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент аз намоишгоҳи кишоварзон ва ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки деҳқонони шаҳри Панҷакент бо истифода аз имкониятҳои мусоиди табиӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироатҳои кишоварзиро ба таври матлуб ба роҳ мондаанд. Имсол дар шаҳр майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ 28 ҳазору 152 гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта қариб 500 гектар зиёд мебошад. Соли равон дар хоҷагиҳои шаҳр 14 ҳазору 473 гектар ғалладонагиҳо, 6 ҳазору 623 гектар картошка ва 2 ҳазору 126 гектар сабзавот кишт шуда буд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 2220 гектар, аз ҷумла 82,3 гектар картошка, 300 гектар ғалладонагиҳо ва 315 гектар сабзавот, кишти такрорӣ гузаронданд, ки, аллакай, қисман ҷамъоварӣ гардида, дар заминҳои боқимонда ғун доштани ҳосил идома дорад. Ба ҳолати даҳаи якуми моҳи сентябр 225 тонна маккаи дон, 59 ҳазору 856 тонна картошка, 43 ҳазору 75 тонна сабзавот, 12,5 тонна мева ва 732 тонна ангур истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо вазъи кишоварзии шаҳр ба меҳнати садоқатмандонаи деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад ва давоми соли равон дар майдони 15 гектар боғу токзори нав, аз ҷумла 8 гектар боғ ва 7 гектар токзор, бунёд ёфт. Ҳамчунин, 93 гектар боғоту токзорҳои куҳна барқарор гардида, дар ҳамин замина ҳаҷми истеҳсоли мева зиёд шуд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Роҳи абрешим” шинос шуданд.
Он дорои 1460 гектар замин буда, 259,19 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ сабзавоткорӣ буда, ҳамасола ҳосили бадастомада ба бозорҳои дохилу хориҷи кишвар бароварда мешавад.
Вабаста ба вазъияти баамаломада, саҳмдорони хоҷагӣ кишту парвариши навъҳои картошкаро зиёд намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи назаррас мегузоранд. Ҳамин аст, ки баъди ғундоштани ҳосили якум, хоҷагидорон майдони кишти такрории картошкаро ду баробар зиёд намуданд ва ҳоло нашъунамои хуб дорад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқононро ба васеъ намудани майдони кишти маҳсулоти аввалия ва рушди боғу токпарварӣ ҳидоят намуданд.
Кишоварзон ваъда доданд, ки ҷиҳати амалисозии барномаҳои давлатии вобаста ба беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамеша талош намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни боздид аз мактаби нав, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва дар он шароити муосири илмомӯзӣ фароҳам мебошад.
Дар иншоот 26 синфхона, ҳар кадоме бо 24 ҷойи нишаст, синфхонаҳои информатика, забонҳои русиву англисӣ, озмоишгоҳҳои фанҳои химия, физика, ҳуҷраи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгиранд. Муассиса бо 46 компютер, тахтаи электронӣ, лавозимот барои гузарондани озмоишҳо дар дарсҳои физикаву химия таъмин аст.
Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040-ро Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карданд. Дар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72 барои амалишавии ин ҳадаф тамоми шароит фароҳам мебошад. Омӯзгорон аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассиса, ки дорои имкониятҳои муосири таълим мебошад, рӯҳбаланд шуда, мехоҳанд дар оянда хонандагонро барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ бештар омода намоянд.
То ба истифода додани он хонандагон, ки шумораашон ба 850 нафар мерасад, дар бинои хурди якошёна таҳсил мекарданд. Бо сабаби норасоии ҷойи нишаст таълим дар се баст сурат мегирифт. Акнун, бо қомат афрохтани бинои нави сеошёна, мушкилии омӯзгорону хонандагони шаҳраки Саразм ҳалли худро ёфт.
Бинои нави мактаб, ки бо маблағгузории ҶДММ “Зарафшон” сохта шудааст, дорои системаи ягонаи гармидиҳӣ буда, он тирамоҳу зимистон муассисаи таълимиро бо гармӣ таъмин мекунад.
Бо мақсади ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим ва машғул шудан ба варзиш, дар бинои нави муассиса толори варзиш бунёд шудааст. Дар он муҳассилин ба обутоби бадан, бозиҳои волейболу баскетбол ва дигар бозиҳои варзишӣ машғул хоҳанд шуд.
Дар атрофи муассисаи навбунёд гулҳои рангоранг ва дарахтони ҳамешасабз шинонда шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд. Ин ҳама ба намои зоҳирии мактаб зебоии дигар зам мекунад.
Соҳаи маориф аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, зери ғамхориҳои доимӣ қарор дорад. Маҳз дар натиҷаи дастгириҳои давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимӣ навсозиву бунёд гардида, мушкилиҳои омӯзгорону хонандагон марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо мекунанд.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар шаҳри Панҷакент 34 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 8 ҳазору 759 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ ба истифода дода шуд. То Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр боз 5 мактаби замонавӣ бунёд мегардад. Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр бунёди синфхонаҳои иловагӣ низ дар назар аст.
Ифтитоҳи бинои шуъбаи минтақавии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия
12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент шуъбаи минтақавии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ қомат афрохта, сохтмони он дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам гаштааст.
Дар даромадгоҳи шуъбаи минтақавии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон қуттии арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавҷуд мебошад, ки робитаи ҷомеаро бо мақомоти мубориза бо коррупсия бештар намуда, саҳми онҳоро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб зиёд мегардонад.
Таҳхонаи бино аз толори варзиш, ошхона ва ҳуҷраҳои кориву иншооти ёрирасон иборат мебошад. Толори варзиш бо лавозимоти гуногуни машқу тамрин муҷаҳҳаз буда, дар он кормандон метавонанд ба обутоби бадан машғул шаванд. Дар ошёнаи якум бошад, ҳуҷраи навбатдори оперативӣ, утоқҳои корӣ ва китобхона ҷойгиранд.
Китобхонаи шуъба бо садҳо нусха адабиёти соҳавию бадеӣ ғанӣ гардида, аз рӯи мавзӯъҳо, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, китобҳо оид ба дастовардҳои истиқлол, бадеӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, коррупсия ва масъалаҳои вобаста ба он тақсимбандӣ шудааст. Кормандонаш вақтҳои холӣ имкон доранд, ки аз адабиёти бадеиву соҳавӣ истифода бурда, донишу малакаи касбии хешро такмил диҳанд.
Қабати дуюми иншоот барои ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ мешавад. Дар ҳамаи ошёнаҳо ва гирду атрофи бино камераҳои назоратӣ насб шудаанд. Барои кормандон дар ошёнаи сеюм се хонаи дуҳуҷрагӣ ҷудо гардида, бо ҷиҳоз ва ашёи рӯзгор таъминанд.
Ин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири беҳтар шудани шароити зиндагонии кормандони соҳа буда, масъулияти онҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия дучанд мегардонад.
Кормандон ба масъалаи ободу зебо гардондани саҳни бинои шуъба низ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Аз ин рӯ, гирду атрофи биноро гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ зинат медиҳанд.
Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои корӣ дар иншооти нав Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани онро дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия номида, онҳоро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд.
Иштирок дар тантанаҳои Ҷашни 5500-солагии Саразм
Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ин мавзеи бостонӣ рамзи Саразмро, ки дар болои сутунпоя бо баландии 27 метр қомат афрохтааст, ифтитоҳ карданд. Баъди садо додани гимни Саразм тантанаҳо ба муносибати 5500-солагии Саразм оғоз ёфтанд.
Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин, баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз сиёсати дурандешона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии дарвозаи Саразм сурат гирифт. Дарвозаи ин гӯшаи таърихи зиндаи миллати тоҷик бо сангҳои қиматбаҳои ороишӣ нақшбандӣ шуда, дар он рамзҳо ва акси асбобу ашёи аз ин минтақа дарёфтгардида таҷассум ёфтаанд.
Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноияш 45 метр мебошад. Дарвозаи мобайнӣ бошад, бо баландии 13 метр ва паҳноии 8 метр бо сифати баланди меъмории миллӣ бунёд гардидааст.
Ба таъкиди муаррихон, Саразм ягона ёдгории аҳди энеолит ва ибтидои асри биринҷӣ дар Мовароуннаҳр ба ҳисоб меравад, ки ба миёнаи ҳазорсолаи IV ва ибтидои ҳазорсолаи III то милод мансуб буда, дар он тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ташаккул ёфтааст. Дар омӯзиши таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик нақши олимони ватанию хориҷӣ, махсусан бостоншиносон, хеле бориз мебошад. Кашфи Саразм яке аз дастовардҳои назарраси илми бостоншиносии тоҷик дар даҳсолаҳои охири асри XX ба шумор рафта, он яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ, намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба осори номбурдаи аҳди қадим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнӯъгоҳи таърихӣ - бостоншиносӣ эълон гашт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳафриёти ин мавзеъ боздид ба амал оварданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, пайваста зикр мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Маҳз бо ҳамин сабаб, Саразм ба сифати яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон эълон гардид. Баъдан, бо дастгирӣ ва супориши Пешвои миллат тайи солҳои 2004 – 2008 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи онҳо бо панҷарадевор иҳота шуд. Роҳбари давлат ҳангоми ташрифи худ ба Саразми бостонӣ солҳои 2003 ва 2005 Саразмро Хазинаи тиллоии таърихи халқи тоҷик унвон карданд.
Баъд аз анҷоми боздид аз ҳафриётҳо Пешвои миллат аз хонаҳои саразмиёни қадим дидан намуданд. Ин хонаҳо бо фарогирии фарҳангу суннат ва расму оинҳои хос ба шаҳрнишинони Саразми бостонӣ бунёд ёфтаанд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин макони таърихӣ Осорхонаи таърихӣ - бостоншиносии Саразм бо тарҳ ва намои зебо ва бо риояи меъёрҳои сохтмонии хос ба арзишҳои меъмории миллӣ қомат афрохт ва ифтитоҳи он бо иштироки Пешвои муаззами миллат сурат гирифт.
Воқеан, Саразм бо бозёфтҳои нодир ва таваҷҷуҳи хоссаи бостоншиносии ҷаҳонӣ байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи намоён дошта, мавриди диққати ҳамешагии олимон ва сайёҳони тамоми гӯшаву канори дунё қарор дорад. Дар осорхонаи Саразм намунаҳои арзишманди нигораҳои таърихӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
Дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм барои муаррихону бостоншиносони ватаниву хориҷӣ, ки ба омӯзиши бештари ёдгориҳои шаҳри қадимаи Саразм таваҷҷуҳ доранд, меҳмонхонаи муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Лозим ба таъкиди хос аст, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат давоми 29 соли Истиқлолияти давлатӣ як силсила маъракаҳои муҳими илмию адабӣ ва фарҳангӣ бо иштироки донишмандон ва коршиносони варзидаи ватанию хориҷӣ дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси “Авесто”, ҳазораи “Шоҳнома”, 1310-солагии Имоми Аъзам, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор далели ин гуфтаҳоанд.
Ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо иштироки олимону донишмандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвар сурат гирифт, давоми мантиқии ҳамин сиёсат мебошад ва он ба 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ба рӯйхати ҷашнвораҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО дар солҳои 2020 – 2021 шомил гардидааст, бахшида шуд.
Маҳз натиҷаи талошҳои хастанопазир ва татбиқи муваффақонаи сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳқиқоту ҳафриёти сершумори бостоншиносони дохиливу хориҷӣ буд, ки созмони бонуфузи ҷаҳонии ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии башарӣ шомил намуд.
Мулоқот бо олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм
12 сентябр дар пойгоҳи бостоншиносии Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди олимон, бостоншиносон ва фаъолони шаҳри Панҷакент ба ифтихори 5500-солагии Саразм суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва тамоми мардуми кишварро ба муносибати 29-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 5500-солагии Саразм табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи донишмандону муҳаққиқон ва иштирокчиёни Симпозиуми байналмилалии “Саразм - оғози тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон”- ро ба диёри зебоманзари Тоҷикистон ва шаҳри бостонии Панҷакент хайрамақдам гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи оину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик ба мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ муяссар гардид.
Имрӯз дар кишварамон се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми онҳо таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд. Саразм яке аз чунин ёдгориҳои куҳан ба шумор меравад.
Ёдгории Саразм бо қарори Ҳукумати мамлакат ҳанӯз соли 2000 ҳамчун маркази ташаккулёбии тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон гардид.
Маводу далелҳои илмии таърихиву бостоншиносӣ дар заминаи таҳқиқоти олимони ватаниву хориҷӣ барои ворид намудани Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои фарҳанги ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд ва ин созмони бонуфуз 31 июли соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳанги умумибашарӣ шомил намуд.
Қарор доир ба таҷлили Ҷашни 5500-солагии Саразм ба давраи комилан нави таҳқиқу омӯзиши ин ёдгории нодир такони ҷиддӣ бахшид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳоло саҳифаҳои зиёди таърихи Саразм таҳқиқ нашудаанд ва мо умед дорем, ки донишмандони ватаниву хориҷӣ минбаъд низ саҳифаҳои норавшани таърихи ин маркази тамаддунро таҳқиқ намуда, дастраси ҷомеаи ҷаҳон хоҳанд кард.
Сарвари давлат ба ҳамаи донишмандону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ, ки таърихи куҳану пурифтихори халқи тоҷикро холисона омӯхта, онро ба шакли мақолаву рисолаҳои арзишманди илмӣ нашр менамоянд, изҳори ташаккур карда, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо, ки хеле заҳматталаб, вале пурифтихор мебошад, барору комёбӣ орзу карданд.
Ҳукумати мамлакат дар муддати 29 соли Истиқлолияти давлатӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Панҷакент ва беҳтар гардидани ҳаёти сокинони он аҳамияти доимӣ зоҳир намуда, барои ноил шудан ба ҳадафи олии давлат – баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз тамоми захираву имкониятҳо истифода карда истодааст.
Бо ин мақсад, танҳо дар бист соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона гардидааст.
Илова ба ин, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар шаҳри Панҷакент 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, кам кардани талафоти неруи барқ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирии зарари офатҳои табиӣ анҷом дода шудааст. Ҳоло дар шаҳр 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 330 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.
Умуман, дар доираи нақшаи корҳои бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни бузурги миллӣ аз 405 иншооти банақшагирифташуда то ба имрӯз 277 иншооту биноҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки раванди ободкорӣ аз ҷониби соҳибкорону тоҷирони саховатпеша ва мардуми заҳматдӯсти шаҳри Панҷакент минбаъд низ идома меёбад.
Дар охир Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки мардуми бонангу номус ва шарафманди шаҳри Панҷакент аз таърихи пурифтихор ва ниҳоят қадимаи худ ва дигаргуниву ободиҳои имрӯза неруи тоза гирифта, дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллии кишвари маҳбубамон барои пешрафти минбаъдаи диёри худ, ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои арзишманди аҷдодӣ саъю талоши бештар мекунанд.
Ифтитоҳи маркази ташхисию табобатии “Диёр”
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.
Ноҳияи Зафаробод дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирию таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат ҳамаҷониба рушд намуда, сатҳу сифати зиндагии сокинонаш дар заминаи татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ ва амалисозии тадбирҳои созандагию ободонӣ бамаротиб беҳтару хубтар шудааст.
Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, Роҳбари давлат аз дигар масъулин талаб менамоянд, то меъёрҳои муқарраргардида, ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории COVID – 19, иҷро шаванд. Тавре мушоҳида гардид, дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилояти Суғд барои безараргардониву риояи қоидаҳои беҳдошт маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳо дар даромадгоҳ гузошта шудаанд. Сокинон тамоми талаботу тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустиро оид ба қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷро мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод нахуст бинои дуошёнаи маркази ташхисию табобатии “Диёр”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Марказ, бо дастгирию таваҷҷуҳи рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ, дар шаҳраки Зафаробод аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдусамад Нормаматов дар идомаи тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ барои истиқболи бошукӯҳи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллион сомонӣ дар масоҳати 573 метри мураббаъ доман густурда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот таъмин мебошад.
Сохтмони он соли 2019 оғоз ёфта, инак, дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бо ифтитоҳи маркази табобатӣ 20 нафар ба фаъолияти доимӣ дар он ҷалб гардиданд.
Марказ дорои бахшҳои дандондармонии калонсолон ва кӯдакона, маслиҳат ва табобати занҳо (гинекология), косметологӣ, озмоишгоҳ, ташхиси фаросавтӣ (ултрасадо), ташхису табобати бемориҳои дил ва, дар маҷмӯъ, 13 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ мебошад. Бо мақсади табобати корафтодагон бо гиёҳу рустаниҳо ва меваҷоти табиии Тоҷикистони биҳиштосо, дар марказ гӯшаи гиёҳдармонӣ бо ҳамаи шароит ташкил шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни боздид аз ин гӯша, таваҷҷуҳи масъулону кормандони марказро барои истифодаи мақсадноку самаранок аз имконоти фароҳамгардида ҷалб намуда, ба табибон барои ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ва муомилаву муоширати хуб бо мизоҷон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Кормандони марказ имкон доранд, ки дар як рӯз ба 50 – 60 нафар корафтода хизмати тиббӣ расонанд.
Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии он тадбирҳои заруриро амалӣ карда, давоми 29 сол дар ин соҳа дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дастовардҳои чашмрас ба миён омадааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти муосири хизматрасонӣ дар маркази нави ташхисию табобатӣ, иншооти навро ҳамчун туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат барои кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар рӯзҳои истиқбол аз 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карда, онҳоро барои равона намудани тамоми малакаю маҳорат ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад, ҳидоят намуданд.
Муассиси марказ ва табибони он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагӣ аз соҳаи тандурустӣ, имкониятҳои васеъ барои ташкили чунин бинои муосири табобатӣ баҳри солимии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Атрофи маркази табобатӣ дар масоҳати 1800 метри мураббаъ сабзкорӣ шуда, бо 500 гули гуногунранг ва ниҳоли ҳамешасабз оро ёфтааст, ки ба муҳит зебоии хос зам менамоянд.
Дар саҳни марказ барои истироҳати мизоҷон ду суҳбаткадаи зебо сохта, инчунин, нишастгоҳҳо гузоштаанд. Атрофи бино пурра сафолакпӯш гардида, шабонгоҳ онро 8 чароғи рӯшноидиҳанда зинат мебахшад.
Ифтитоҳи корхонаи коркарди шири ҶДММ “Шири Зафаробод”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шири Зафаробод”-ро мавриди истифода қарор дода, аз намоиши истеҳсолии он дидан намуданд.
Дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, кефири мевагӣ, дӯғ, дӯғоб ва маска, истеҳсол мешавад.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар ноҳияи Зафаробод тибқи дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Наврӯз Комилов бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шуда, бо хатҳои муосири истеҳсолӣ таъмин гашт.
Бунёди корхона моҳи апрели соли 2019 баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб гардидаанд. Дар корхона ҷиҳати коркарди шир ва омода кардани маҳсулот 3 деги сетоннагӣ ва 4 деги дутоннагӣ мавҷуданд. Ҳамчунин, он барои нигоҳдории маҳсулот ду сардхона дошта, маҳсулот тавассути ду воситаи нақлиёти махсус ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мегардад.
Дар ҶДММ “Шири Зафаробод” 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз аз 5 то 10 тонна ва дар як моҳ то 300 тонна маҳсулоти ширии дорои сифати баланд мебошад.
Аснои шиносоии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот, иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи “Шири Зафаробод” дар зарфҳои 200, 300, 400 ва 500-грамма, асосан, ба бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешаванд.
Шир аз аҳолӣ дастрас мегардад ва бо ин мақсад 5 воситаи нақлиёт ҷудо гардида, дар ду деҳоти ноҳияи Зафаробод нуқтаҳои ҷамъоварӣ ташкил шудааст. Маҳсулоти дастрасшуда дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз мебошад, қабл аз коркард мавриди санҷиш қарор мегирад.
Яке аз навгониҳои ҷамъият таъсиси ҳуҷраи тамйизкунии сарулибоси кормандон қабл аз воридшавӣ ба коргоҳи истеҳсолӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ ба раванди истеҳсолот, дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширии корхонаи нави саноатӣ муфассал муаррифӣ шуд.
Пешвои миллат, зимни шиносоӣ, ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Масъулини корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша доранд, ки оянда коргоҳи истеҳсоли панирҳои ҳолландиро низ таъсис диҳанд ва боз 20 нафари дигарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намоянд.
Ҳангоми муаррифии лоиҳаи коргоҳи нав, иттилоъ дода шуд, ки он дар масоҳати 250 метри мураббаъ сохта мешавад ва ҳадаф аз ин иқдом таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти худӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулону кормандон ва соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ба истифода додани маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” ва тақдими туҳфа ба 40 ятим
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” - ро, ки аз тарафи соҳибкори ҷавон Дилшод Раҳматуллоев бо дастгирӣ ва маслиҳати падараш дар доираи таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидааст, ба истифода доданд.
Сохтмони иншооти мазкур 10 сентябри соли 2019 оғоз гардида, дар муддати як сол бо ҷалби сохтмончиёну мутахассисони маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфт. Барои бунёди он 16 сохтмончӣ ҷалб гардида, бо маош ва шароити хуби корӣ таъмин буданд.
Ба Пешвои муаззами миллат иттилоъ доданд, ки маҷмааи хизматрасонии “Ваҳдат” аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 931 метри мураббаъ қомат меафрозад.
Ошёнаи якуми бино ҳамчун маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошёнаи дуюм ҳамчун мағозаи фурӯши дастгоҳу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар хизматрасониҳо пешбинӣ шуда, таҳхонаи он ҳамчун анбори нигоҳдории маҳсулоти хурокворӣ ва дигар ашёи зарурӣ истифода мешавад.
Дар мағоза ҳама гуна маҳсулоти ниёзи мардум, аз ҷумла мевагиҳо, шириниҳо, маҳсулоти гӯштиву ширӣ, нонӣ ва ғайра, фаровонанд.
Лозим ба таъкид аст, ки иншооти мазкур ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди марказҳои хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва ба ин васила таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд ёфтааст. Баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 15 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор шуд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 40 ятим – 17 духтар ва 23 писар, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар ятим мондаанд, суҳбату мулоқоти самимона анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили сарулибоси мактабӣ, зимистона, шириниҳо ва ёрдампулӣ тақдим намуданд, ки боиси шодиву нишоти онҳо гардид.
Мутобиқи маълумот, шумораи ятимону бепарасторон дар ноҳияи Зафаробод 218 нафарро ташкил намуда, аз ин 12 нафар ятими кулл мебошанд ва ҳамаашон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таҳсилу тарбия фаро гирифта шудаанд.
Зимни суҳбати самимӣ, Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ин қишри ниёзманди ҷомеа бепушту паноҳ намемонанд ва давлату Ҳукумати мамлакат ҳамеша баҳри дастгирии онҳо кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ медиҳад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 7 маротиба ба ноҳияи Зафаробод ташриф овардаанд ва зимни ҳар як сафарҳояшон бо ин қишри ниёзманди ҷомеа суҳбату вохӯриҳои самимона анҷом дода, аз ҳолу аҳволашон бохабар мешаванд. Чунин амали хайр аз хислатҳои неки инсонӣ маҳсуб ёфта, боиси рӯҳбаландӣ ва шодиву нишоти ятимону бепарасторон мегардад.
Имрӯз аз чеҳраи ятимону бепарасторони ноҳия аён буд, ки онҳо Президенти маҳбуби худро, ки пайваста дастгириашон менамоянд, бесаброна интизор буданд.
Ҳангоми суҳбати озоду самимӣ, Сарвари давлат ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда илмҳои замони муосирро аз бар намуда, ҳамчун фарзандони бонангу номуси Ватан ба воя расанд.
Кӯдакон ваъда доданд, ки дастуру маслиҳатҳои падаронаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмарраи худ қарор дода, оянда ҳамчун ватандорони асил ба воя мерасанд ва саҳми худро барои боз ҳам гулгулшукуфон гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол мегузоранд. Зеро онҳо худро дар зери сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос намекунанду пуштибони ҳақиқиашонро доранд.
Ифтитоҳи марҳилаи аввали фермаи парандапарварии ҶСК “Ҷасур”
13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод ба фаъолияти марҳилаи аввали фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ҷасур”-и шаҳраки Зафаробод оғози расмӣ бахшиданд.
Дар он чӯҷаҳои зоти бройлерӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошанд, парвариш мешаванд.
Чӯҷаҳо аз шаҳри Хуҷанд дастрас гардида, давоми 40 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2,5 то 3 килограмм вазн мегиранд ва барои пешниҳод ба бозор омода мегарданд.
Сохтмони ферма моҳи ноябри соли 2019 оғоз ёфта, марҳилаи аввали он дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Муассиси он соҳибкори ватанӣ Фурқат Нормаматов мебошад.
Корхона дорои 5 мурғхона буда, 3-тои дигараш то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
Масоҳати ферма 2 ҳазору 260 метри мураббаъро дар бар гирифта, феълан, дар ду бинои он 30 ҳазор сар паранда парвариш меёбад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.
Роҳбарияти ферма ваъда доданд, ки саршумори парандаро дар оянда ба 75 ҳазор сар расонда, ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парҳезиро зиёд мекунанд.
Таъкид гардид, ки баҳри татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовори Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин корхонаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ бунёд ёфта, дар самти тақвияти иқтидори содиротии кишвар, рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ заминаҳои воқеӣ гузошта мешавад.
Дар фермаи парандапарварии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ҷасур” зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гашта, дар оянда теъдоди онҳо ба 50 нафар хоҳад расид.
Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид шудааст.
Фермаи парандапарварии “Ҷасур” вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд ёфт.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаро, ки аз 3 мурғхонаи дигар иборат аст, муаррифӣ карданд.
Иқтидори солонаи истеҳсоли гӯшт айни ҳол дар ферма 340 тоннаро дар бар мегирад ва бо фаъол гардидани марҳилаи дуюми корхона ин нишондод то ба 800 тонна мерасад. Масъулини он нақша доранд, ки дар назди корхона истеҳсоли хӯроки чӯҷаҳоро низ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, дар саҳни ферма намунаҳои гуногуни гӯшти парандаи истеҳсоли корхонаи мазкур, аз ҷумла яхкардашуда, поча ва қаноти мурғ, намоиш доданд.
Ҳадафи асосии бунёдкорони ин корхона, бо гӯшти мурғи хушсифати ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии маҳаллӣ мебошад. Ҳамзамон, масъулони он нақша доранд, ки бо парвариши паранда ва истеҳсоли гӯшти парҳезӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта, ояндаи наздик содироти маҳсулоташонро низ ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ ба раванди парвариш дар фермаи парандапарварии “Ҷасур” ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона, иқдоми соҳибкори ватаниро муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон барои истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамгардида дар ин самт ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ, инчунин, саҳмгузории бештар дар дастрасии сокинони мамлакат бо маҳсулоти худӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, дар хоҷагии ёрирасони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ҷасур” ба ҷамъоварии пахта оғоз бахшиданд.
Дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастранҷи аҳли заҳмат ва ҳунармандони ноҳия ба таври васеъ муаррифӣ шуд. Кишоварзони ноҳияи Зафаробод соли равон бо истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои корам ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бахусус маҳсулоти воридивазкунанда ва содиротӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, дар майдони 30 ҳазору 896 гектар кишт гузаронданд, ки 7070 гектари онро ғалла, 274 гектарро картошка, 469 гектарро сабзавот ва 1361 гектари дигарро полезиҳо дар бар мегирад.
Дар ноҳия ба парвариши тарбузу харбуза, зардолу, картошка ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳ бештар буда, ҳамасола заҳматкашони он ҷиҳати амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми имконот истифода мебаранд. Дар намоишгоҳ зиёда аз 30 навъи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваю сабзавот, ғалладонагӣ, полезӣ ва маҳсулотӣ нонӣ, ба маъраз гузошта шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар як порча замин ва гирифтани ду – се ҳосил, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза тавсияҳои муфид доданд.
Дар Зафаробод ба рушд ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ низ таваҷҷуҳи зиёд дода мешавад ва эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия заминаҳоро дар ин самт боз ҳам устувор кардааст.
Дар гӯшаи намоишгоҳ ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кашидадӯзӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ ва хӯрокҳои миллӣ, муаррифӣ шуданд.
Сарвари давлат ба ҳунари волои кадбонугии занону бонувони Зафаробод ва саҳми арзандаи онҳо дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таҳсин хонданд.
Ҳунармандони ноҳия дар доираи дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки дар омӯзиши ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла нонпазӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллӣ, ба ҷавондухтарон саҳмгузор бошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои хоҷагии ёрирасони ҶСК “Ҷасур” ба чиниши пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз бахшиданд.
Тибқи иттилоъ, дар тавозуни хоҷагии ёрирасони ҶСК “Ҷасур” 10 гектар замин мебошад. Соли равон дар заминҳои хоҷагӣ кишти пахтаи навъи “Хуҷанд-67” - ро ба роҳ мондаанд, ки ба иқлими минтақа мутобиқ мебошад ва бо анҷоми саривақтии корҳои агротехникӣ ҳосили фаровонро интизоранд.
Риояи дурусти талаботи агротехникӣ, хоса истифодаи тухмии мутобиқ ба иқлим ва серҳосил, коркарди байни қаторҳо ва анҷоми саривақтии дигар корҳои барои нашъунамои хуби зироат, фаровонии ҳосили майдони пахтазорро дар хоҷагӣ таъмин намудааст.
Хоҷагии ёрирасони ҶСК “Ҷасур” соли 2015 ташкил шуда, 20 саҳмдор дорад. Дар мавсими кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ бошад, шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд.
Ноҳияи Зафаробод дар ҷумҳурӣ яке аз калонтарин ноҳияи пахтакор ба шумор рафта, соли равон дар масоҳати 14 ҳазору 382 гектар кишти пахта ба роҳ монда шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти хоҷагии ёрирасони ҶСК “Ҷасур”-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, бахусус пахтаи аълосифат, шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил дар як сол, метавонад ба амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ ва ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат намояд.
Ифтитоҳи корхонаи “Суғдиён - Свердловск” дар ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр, дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд.
Сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия Пешвои муаззами миллатро самимона истиқбол гирифтанд. Ҳадаф аз ташрифи Сарвари давлат ба Мастчоҳ шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, ифтитоҳи як қатор иншооти ҳаётан муҳим ва боздид аз хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мебошад.
Пешвои миллат нахуст дар шаҳраки Суғдиён корхонаи чӯҷабарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суғдиён - Свердловск”- ро ба истифода доданд. Бо ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Иқтидори корхонаи мазкур дар самти барориши чӯҷа ба 2 миллиону 970 ҳазор сар баробар аст ва имкон дорад, ки талаботи дигар корхонаҳои парандапарвариро ба чӯҷаи якрӯза таъмин намояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ барои таъмин кардани талаботи корхонаҳои парандапарварӣ дар мамлакат аз хориҷи кишвар ба миқдори беш аз 3 миллион сар чӯҷаи якрӯза ворид мешуд.
Зимни шиносоӣ аз фаъолияти корхонаи навбунёд Сарвари давлат иқдоми соҳибкорони ватандӯстро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани саршумори паранда ва тақвияти иқтидори истеҳсолӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Самти асосии фаъолияти корхонаи чӯҷабарорӣ истеҳсоли тухми инкубатсионӣ ва ба фурӯш баровардани чӯҷаи якрӯза мебошад. Зоти ин мурғҳо “Декалб Уайт” буда, аз Федератсияи Россия оварда шудааст, ки ин зот ба ширкати ҳолландии “Хендрекс Дженетикс” тааллуқ дорад.
Иттилоъ доданд, ки миқдори мурғи зоти падар - модар аз 15 ҳазор сар шурӯъ шуда, то охири сол ба 45 ҳазор сар расонда мешавад. Иқтидори нигоҳдорӣ ва нигоҳубини мурғи тухмгузори тухми истеъмолӣ бошад, 141 ҳазор сар аст. Дар ин корхонаи парандапарварии навтаъсис муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, дастрас ва васлу насб гардидаанд. Барои бунёди корхонаи чӯҷабарории ҶДММ “Суғдиён - Свердловск”- и ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 15 миллион сомонӣ маблағ сарф гаштааст.
Дар баробари навсозӣ ва насби технологияи муосири соҳа дар корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ ташкил шудааст, ки дар он мутахассисони варзида ба кор ҷалб гардидаанд.
Ҳамзамон, дар доираи корҳои бунёдӣ хати оби нӯшокӣ оварда шуда, барои кормандон шароити хуби истироҳату фароғат ва ошхонаи замонавӣ муҳайёанд.
Корхонаи муштарак дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҷониби соҳибкорони ду давлат бунёд карда шудааст.
Бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз ҷумла таъсиси фабрикаҳои парандапарварӣ, натиҷаҳои босамар дод. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани корхонаи чӯҷабарории ҶДММ “Суғдиён - Свердловск” дар ноҳияи Мастчоҳ барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Дар корхонаҳои истеҳсолие, ки дар ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, имкон фароҳам оварда шуд, ки рушди соҳаи саноат таъмин гашта, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ марҳила ба марҳила баланд бардошта шаванд.
Ҳудуди корхонаи парандапарварӣ ободу зебо карда шуда, гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонда шудаанд.
Ифтитоҳи боз як корхонаи нави парандапарварӣ дар рушди соҳа ва таъмини бозори истеъмолӣ бо тухм ва гӯшти парҳезӣ мусоидат мекунад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар маҳаллаи Ганҷобод қомат афрохт
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ганҷободи ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 - ро ифтитоҳ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни иншооти навбунёд бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти муассисаи таълимии замонавӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Мактаби мазкур барои 1200 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, омӯзгорони соҳибтаҷриба ба хонандагон дарс мегӯянд. Ин муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 24 синфхонаи барҳавои таълимӣ, аз ҷумла кабинетҳои фаннии кимиё, физика, математика, биология, табиатшиносӣ, география, озмоишгоҳҳои таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, мебошад.
Дар таҳхонаи муассисаи нави таълимӣ синфхонаҳои касбу ҳунаромӯзӣ барои писарон ва духтарон ҷойгир буда, ҳамаи синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст карда шудаанд.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон барои тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Муассисаи таълимии навбунёд дорои толори барҳавои варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бо 300 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ бо 280 ҷой ва ошхона бо 240 ҷойи нишаст мебошад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд гардида, он беҳтарин туҳфаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони маҳаллаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиёни ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба шумор меравад.
Бинои муассисаи навсохт бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ қомат афрохтааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ, ки ду сол идома ёфт, беш аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуд.
Баробари бунёди толори барҳавои варзишӣ дар шафати мактаб майдони варзишӣ низ бунёд шудааст, ки хонандагон имкон доранд ба бозиҳои гуногун шуғл варзанд. Дар баробари фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ҳудуди муассиса ободу зебо гардонда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо имконоти таълиму тадрис дар муассисаи мазкур бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Таъкид гардид, ки омӯзгорон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи хонандагон фаъолият намоянд, зеро дар ин муассисаи навбунёди замонавӣ тамоми шароит мавҷуд аст.
Мавриди зикр аст, ки ин боргоҳи маърифат дар маҳаллаи навбунёди Ганҷобод нахустин муассисаи таълимӣ буда, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагон беҳтарин имкони донишандӯзии хонандагон мебошад.
Боздид аз ҷамъоварии чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Резгиф”
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ, кишти такрорӣ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагии деҳқонии “Резгиф”- и деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ шинос шуданд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастранҷи аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дидан карданд.
Кишоварзони ноҳия маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, боимҷон, тарбузу харбуза, себу нок, ангуру шафтолуро ба маъраз гузоштанд.
Дар намоиш маҳсулоти гуногуни нонӣ ва асал низ пешниҳод шуд. Дар маҷмӯъ, ҳамаи ин самараи заҳмати садоқатмандонаи сокинон буда, аз фаровонӣ ва файзу баракат дар кишвари биҳиштосоямон гувоҳӣ медиҳад. Ҳадаф аз ташкили намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастовардҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, ба ин васила мусоидат дар таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Ҳамчунин, дар намоиш кадбонувони ноҳия таомҳои миллӣ омода ва пешниҳод намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Резгиф” бо ҷамъоварии ҳосили чормағзи заминӣ ва нашъунамои кишти такрорӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Резгиф” ба Ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии “Фирдавсӣ” шомил буда, соли 2003 таъсис ёфтааст. Хоҷагии мазкур дорои 57 гектар замин мебошад, ки дар он кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла чормағзи заминӣ, ба роҳ монда шудааст. Дар хоҷагӣ 155 саҳмдор фаъолият дошта, роҳбарии онро деҳқони ботаҷрибаю кордон Мирзомаҳмад Собиров бар уҳда дорад.
Аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби парвариши чормағзи заминӣ аз 13 то 15 ҳазор тонна дар як сол ҳосил мерӯёнанд. Танҳо саҳмдорони хоҷагии деҳқонии “Резгиф” бо меҳнати шабонарӯзӣ аз ҳар гектар замин то 4 тонна ҳосили чормағзи заминӣ ба даст меоранд.
Ба таъкиди Сарвари давлат талабот ба чормағзи заминӣ дар хориҷи мамлакат зиёд аст ва мағзи он дар омода кардани маҳсулоти қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Аз ин хотир, кишоварзонро барои истеҳсоли бештари ин навъи маҳсулот ва содироти он ба бозорҳои минтақа ва ҷаҳон ҳидоят намуданд.
Хоҷагидорон пас аз рӯёндани ҳосили кишти асосӣ, кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар қитъа замини корамро самараноку оқилона истифода менамоянд. Истифодаи босамари замин имкон фароҳам овардааст, ки аҳли заҳмати ноҳияи Мастчоҳ ҳосили хуби маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оранд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят карданд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ 5 ҳазору 500 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст. Масоҳати замини корам 23 ҳазору 325 гектарро дар бар мегирад, ки 21 ҳазору 910 гектари он замини обӣ мебошад. Масоҳати умумии кишти чормағи заминӣ дар ноҳия 2 ҳазору 900 гектарро дар бар мегирад ва ҳамасола замини парвариши ин навъи маҳсулот васеъ карда мешавад.
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар баробари парваришу истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ ба кишти чормағзи заминӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ машғул буда, аз баракати заминдорӣ рӯзгори босаодат доранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.09.2020 №: 174 - 175 Мутолиа карданд: 2628