logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Ба истифода додани корхонаи коркарди шири ҶДММ “Нури Сафар” дар ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ба корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Сафар” ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.
Корхонаи коркарди шири “Нури Сафар” филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Комбинати шири Душанбе” дар ноҳияи Мастчоҳ буда, ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди корхонаи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.
Масоҳати умумии иншоот 2 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонӣ ва насби таҷҳизот моҳи апрели соли 2019 оғоз гардиданд. Барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ мутахассисони маҳаллӣ ҷалб шуданд. Корхонаи коркарди шир дорои ду бинои асосӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади коркарди шири маҳаллӣ ва таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ширӣ хати нави технологӣ, ки истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунёст, ба корхона дастрас ва васлу насб карда шуд.
Бояд гуфт, ки корхона ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  ширро аз аҳолӣ харидорӣ намуда, аз он 15 намуди маҳсулоти босифати  ширӣ,  аз ҷумла равғани маска, панир, сметана, қаймоқ, ҷурғот, чакка, кефир ва фаллаи шир, истеҳсол менамояд. Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 7,5 то 8 тонна ширро  коркард намояд. Ҳамчунин, дар корхона дар баробари коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, истеҳсоли зарфҳои пластикии яккарата низ ба роҳ монда шудааст, ки асосан, барои маҳсулоти ширии худи ҳамин коргоҳ пешбинӣ шудааст.
 Бо назардошти талабот ба зарфҳои гуногуни пластикии истеҳсолнамудаи ин корхона фурӯши он ба дигар ширкату коргоҳҳо низ ба роҳ монда шудааст. Бо бунёди корхонаи коркарди шир дар ноҳияи Мастчоҳ 55 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва бо маоши аз 1200 то 1800 сомонӣ таъмин гардид.
Зимни суҳбат бо масъулон Сарвари давлат истеҳсоли маҳсулоти баландсифат ва аз лиҳози бехатарӣ тозаро дар корхона махсус таъкид намуданд.  Гуфта шуд, ки шир аз ҷумлаи маҳсулоти зудвайроншаванда буда, муҳлати ками нигаҳдорӣ дорад ва маҳсулоти аз он омодашаванда бояд босифат бошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ имконият зиёд аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ки захираи мавҷуда самаранок истифода гардида, ҳаҷми истеҳсоли он бо назардошти талаботи аҳолӣ бамаротиб афзоиш дода шавад. Минбаъд бозори истеъмолии ноҳияи Мастчоҳ ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи коркарди шири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Нури Сафар” таъмин хоҳанд шуд.

Ифтитоҳи кӯдакистони “Ваҳдат”
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон кӯдакистони хусусии “Ваҳдат”-ро ифтитоҳ карданд.
Бинои нави  кӯдакистон дуошёна буда, бо унсури миллӣ ва муосир бунёд гардидааст. Муассисаи хусусии томактабӣ дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шуд.
Бо назардошти ҳуҷраҳои таълимию фароғатӣ ва мувофиқи стандарти таълим дар кӯдакистон имкон аст, ки ҳамарӯза қариб 200 нафар кӯдаки хуштолеи даврони соҳибистиқлол, ба таълиму тарбия фаро гирифта шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ маънидод карданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон” иҷро гардида, имрӯз бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Мувофиқи лоиҳа муассисаи томактабӣ аз 8 хона барои гузарондани дарс ва машғулиятҳо, 6 ҳуҷраи фароғатӣ, ҳуҷраҳои шустушӯӣ, инчунин, толори варзиш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Синфхонаҳои дарсӣ пурра бо мизу курсӣ, аёниятҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва дигар роҳаткурсиҳои замонавӣ таъминанд. Дар дохили кӯдакистон ҳавзи замонавии шиноварӣ низ сохта шудааст, ки яке аз бартариятҳои муассиса дар ноҳияи Мастчоҳ ба ҳисоб меравад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ҷиҳати ба кор ҷалб кардани мураббияҳои соҳибихтисосу дорои маҳорату малакаи баланди муошират бо кӯдакон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кардани насли ояндаи миллат ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Кӯдакистони “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин муассисаи хусусии томактабӣ ба ҳисоб меравад. Бо бунёди бинои нави кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” шумораи муассисаҳои томактабӣ дар ноҳия ба 12 адад расида, қариб 2 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.
Соҳибкорони баору номус ва боҳиммати ноҳияи Мастчоҳ сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ, махсусан бунёди иншооти соҳаи маориф, саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳарчи бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.
Ҷиҳати сайру гашт ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани кӯдакон майдончаи замонавӣ, ки бо таҷҳизоти нави дилхушкунанда муҷаҳҳаз гардидааст, мавҷуд аст.
Бо мақсади сабзу хуррам гардондани саҳн ва атрофи бинои навбунёди кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонда шудаанд.
Гузоштани нишастгоҳҳои замонавӣ ва суҳбаткадаҳои саҳни ҳавлии муассиса, имконият фароҳам меорад, ки кӯдакон фориғ аз таълим истироҳати худро комил гардонанд.

Тақдими туҳфаҳо ба ятимон дар тарабхонаи “Бӯстон”
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ифтитоҳи бинои кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар ноҳияи Мастчоҳ дар  тарабхонаи “Бӯстон” бо ятимон мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Тибқи иттилоъ дар ноҳияи Мастчоҳ 1173 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 24 нафараш ятими кулл мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст  ятимонро бо Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар,  ҳидоят намуданд, зеро ояндаи давлат ва миллат дар дасти ҷавонони худогоҳу хештаншинос ва донишманду бозаковат мебошад.
Бояд таъкид кард, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятими ноҳияи Мастчоҳ, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ карда, ба Пешвои раиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузоранд, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия мекунанд ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоянд.
Хушбахтона, дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа имрӯз худро ҳеҷ гоҳ танҳо ҳис накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод  талош меварзанд.   
Бинои тарабхонаи “Бӯстон” дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон дар доираи нақша - чорабиниҳои Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанов сохта шудааст. Бинои навбунёд аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд.
Иншооти нав бо тарҳи меъмории муосир сохта шуда, ба маркази ноҳия ҳусни тоза зам намудааст. Аз ин пас сокинони ноҳия тӯю маъракаҳои худро имкон доранд  дар тарабхонаи барҳавои назаррабо, ки дорои шароити замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз аст, баргузор намоянд.
Соҳибкорони маҳаллӣ сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намуда, дар корҳои ободонӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун саҳм гузошта, барои пешрафти як гӯшаи диёр ва дар маҷмӯъ, рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибихтиёр аҳлона заҳмат мекашанд.
Бо сохта мавриди истифода қарор гирифтани бинои тарабхонаи “Бӯстон” имкон фароҳам омад, ки чанд нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гашт ва ба ин васила сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтару хубтар гардид.

Боздид аз фермаи асп ва чорвои калон
14 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар  фермаи ширию молии кооперативи истеҳсолии “Олимиён” беш аз 200 сар чорвои калон, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор  сар мурғи гӯштӣ парвариш карда мешавад.
Ферма солҳо фаъолият намекард ва он имрӯз бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Устосафар Олимов пурра навсозӣ шуда, ҳамчун комплекси замонавии чорводорӣ ва асппарварӣ фаъолияти худро пеш мебарад.
Тибқи иттилоъ дар фермаи мазкур аз аввали фаъолият танҳо 20 сар чорвои калон мавҷуд буд. Масоҳати умумии ферма қариб 7 гектарро ташкил дода, бештар аз 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардид.   
Баъди навсозии иншоот саршумори чорвои калон зиёд карда шуда, дар он зоти гови сиёҳало нигоҳубин карда мешавад.
Соли равон бо мақсади зиёд намудани саршумори чорвои зотии ширдеҳу гӯштӣ аз Федератсияи Россия 60 сар ғуноҷин ворид карда шуд.
Дар оянда хушзоткунии чорвои калони аҳолӣ низ аз ҳисоби буққаҳои зотии дар ин ҷо парваришёбанда ба роҳ монда мешавад, ки ин омил ба рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ мусоидат менамояд.  Дар ферма буққаҳои зотии гӯштиро нигоҳубин карда, аз ҳисоби онҳо сокинони ноҳия, вилоят ва дигар бозорҳои мамлакатро бо гӯшт таъмин менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз фаъолияти  фермаи “Олимиён”  ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати бунёду навсозии ферма изҳори сипос намуда, чорводоронро барои зиёд намудани саршумор ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир вазифадор карданд.
 Дар фермаи ширию молии кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дар баробари парвариши чорвои калони зотӣ нигоҳубини шутур, шутурмурғ ва парандаро ба роҳ мондаанд, ки ҳамасола саршумори онҳо зиёд карда мешавад. Аҳли кооперативи истеҳсолӣ барои дар оянда рушд бахшидани соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори шутуру шутурмурғ бештар ҳавасманданд, зеро кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дар ноҳияи Мастчоҳ ягона фермаест, ки дар он ба парвариши аспу шутур ва паранда диққати махсус равона шудааст. Ин омил дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм замина мегузорад.   Роҳбарияти кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дар фермаи ширию молӣ аспҳои зоти тоҷикиро парвариш менамоянд. Аспҳои парваришнамуда бузургҷусса буда, ҳамасола дар мусобиқаҳои аспдавонӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ ба зоти аспҳои тоҷикии дар ин ҷо парваришёбанда бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҷиҳати дар оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани парвариши зоти аспи тоҷикӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамасола саршумори аспҳои зоти тоҷикӣ зиёд карда шуда, ба парвариши онҳо диққати махсус зоҳир карда мешавад. Барои беталаф баровардани чорво 15 ҳазор дона тойбанд ва беш аз 100 тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.
Ноҳияи Мастчоҳ аграрӣ буда, чорводорӣ яке аз бахшҳои рушдкардаи соҳаи кишоварзии он ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия шароити зиёд намудани саршумори чорво, ташкили фермаҳои чорвопарварӣ мавҷуд мебошад ва ҳоло ин имкониятҳо самаранок истифода карда мешаванд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ноҳия саршумори чорвои калон 55  ҳазору 155 сар, чорвои майда бештар аз 147 ҳазор,  паранда 326 ҳазору 961 ва апс 485 сарро ташкил медиҳад, ки суръати афзоиш аз 100 то 126 фоизро дар бар мегирад.

Ба истифода додани маркази адлия дар ноҳияи Мастчоҳ
Дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои наву замонавии маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 875 метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Бино дорои 12 хонаи корӣ, толори ақди никоҳ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон аст.
Ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозондашуда дар ошёнаи якуми бино барои кормандони идораи нотариалии давлатӣ пешбинӣ гардидаанд.
Толори бошукӯҳ ва замонавии ақди никоҳ, инчунин, толори машварати ҳуқуқӣ низ дар ошёнаи якум ҷой дода шуда, бо ҳама гуна шароит таъмин мебошад. Дар толори машваратии ҳуқуқӣ сокинони ноҳия имкон доранд аз ёрии ройгони ҳуқуқӣ баҳравар гарданд.
Барои кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи дуюм шароити хуби корӣ муҳайёст.
Дар ошёнаи дуюм, ҳамчунин, барои қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон «равзанаи ягона» таъсис дода шуда, дар он таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст. Китобхонаи маркази адлия аз китобҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим, таъмин мебошад.
Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китобҳои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст. Дар вақти сохтмон 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Бино бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд шуда, ба зебоии маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон ҳусни дигар зам менамояд.
Атрофи бино дар масоҳати беш аз 260 метри мураббаъ сафолакпӯш, 160 метри мураббаъ сабзазор ва зиёда аз 220 метри мураббаъ мумфарш шудааст.
Гулу дарахтони ороишии ҳамешасабз ва дигар зебоиҳои атрофи иншоот дар таъмини фароғати сокинон, сайругашт ва хотирмон баргузор намудани маросими оиладоршавии ҷавонон замина мегузорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавиро дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ беҳтарин туҳфа барои кормандони соҳа ҳисобиданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки шароити фароҳамгардида дар иншооти мазкур аз кормандони соҳа дар самти ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маслиҳати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон масъулияти баланди вазифавиро талаб мекунад.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр дар шаҳраки Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро, ки ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба таври замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ҳархелаи мавсимӣ оро дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳраки Бӯстон зебоии дигар зам мекунанд.
Бино аз 5 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, дар он беҳтарин шароит барои кормандон фароҳам оварда шудааст.
Барои иҷрои корҳои сохтмонӣ давоми 10 моҳ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида, он бо истифода аз масолеҳи баландсифат ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Иншоот дар асоси дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра сохта шудааст.
Тибқи иттилоъ аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои обод кардани як гӯшаи диёр изҳори сипос карданд.
Роҳбари муаззами ҳизб аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуданд.

Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ Парчами давлатиро барафрохтанд.
Парчами давлатӣ дар кӯчаи Саидшариф Шарифови шаҳраки Бӯстон дар вазъияти тантанавӣ, бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки доираи васеи сокинон партавафшон шуд.
Майдони Парчами давлатӣ дар шафати бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст ва ба ҳусни ин мавзеъ зебоии боз ҳам бештар зам менамояд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр буда, дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 ва паҳноии он 7 метрро ташкил медиҳад. Иншоот дар масоҳати 0,71 гектар бунёд гардида, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг ва чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст.
Дар майдони Парчами давлатӣ беш аз 80 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинондаанд ва дар маҷмӯъ, шумораи дарахтони ин мавзеъ зиёда аз 100 бехро ташкил дода, масоҳати сабзазор ба 3100 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар назди Парчами давлатӣ ду фаввора ва дар ду шафати он суҳбаткада бунёд гардида, ҳамчунин, 10 адад нишасткурсӣ насб шудааст.
Баробари барафрохтани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон боз як макони сайру гашт ва истироҳату фароғат фароҳам омад.
Майдони Парчами давлатӣ дар ноҳия барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ - оммавӣ низ мусоид мебошад.
Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазору 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст. Дар ин мавзеъ дар сутунпояҳои зебои гуногунҳаҷм 17 адад чароғаки ҳархела насб намудаанд, ки баробари равшаннамоӣ, ҳамчунин, зебоиро дар майдон таъмин менамояд.
Бино ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, партавафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ нишона аз арҷу эҳтиром гузоштан ба рамзҳои давлатӣ буда, ин омил боиси баланд гардидани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстию меҳанпарастии насли наврасу ҷавон мегардад.

Ба истифода дода шудани бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Мастчоҳ - шаҳраки Бӯстон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро ифтитоҳ карданд.
Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои шуъбаи маорифи ноҳия туҳфаи арзанда ба ифтихори 29-солагии Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба аҳли маориф ва кулли сокинони ноҳияи Мастчоҳ мебошад. Бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия аз 3 ошёна, 17 ҳуҷраи корӣ ва толори маҷлисгоҳ иборат буда, бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз карда шуда, барои кормандон ҳамаи шароит муҳайё гардидааст. Дар бинои шуъбаи маориф китобхона таъсис ёфта, маркази технологияи иттилоотӣ, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо низ ҷойгир шудаанд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандон ва пешрафти ин самтҳои муҳими соҳаи маорифи ноҳия мусоидат менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар суҳбат бо кормандони соҳаи маориф таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри рушди соҳаи маориф, ислоҳоти низоми таҳсилот, ҷорӣ намудани усулҳои фаъоли таълим ба комёбиҳо ноил шуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Заҳмати омӯзгор ва кори пурмасъулияти аҳли маориф таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ва донишу маърифати фарзандон, азхудкунии донишҳои замонавӣ, технологияҳои муосир, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ дастуру супоришҳо доданд. Таъкид шуд, ки кормандони соҳа дар чунин шароити фароҳамовардашуда баҳри пешрафти кори таълиму тарбия бояд пурсамар фаъолият намоянд.
Кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ барои таваҷҷуҳу ғамхории доимии давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба соҳаи маорифу кормандони соҳа сипосу қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри рушди маорифи ноҳия, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди таълиму тарбия тамоми донишу маҳорати хешро равона месозанд.

Ифтитоҳи боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон”
Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” - ро баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд.
Маврид ба ёдоварист, ки боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тоҷикистон” баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба макони сайру истироҳати сокинон ва меҳмонони ноҳияи Мастчоҳ табдил ёфтааст. Масоҳати умумии боғ 4,5 гектарро ташкил медиҳад.
Фармоишгари корҳои сохтмониву навсозӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ буда, паймонкори иншоот Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди “Барқсохтмон” мебошад, ки бо ҷалби беш аз 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ корҳои сохтмонию навсозиро бо сифати баланд иҷро намудааст. Барои навсозии боғи мазкур  3 миллион  сомонӣ  ҷудо  гардид.
Даромадгоҳи асосии боғ бо санъати баланди меъмории миллӣ оро ёфта, барои назаррабо гардиданаш беш аз 30 ҳазор бех гули рангоранги мавсимӣ шинонда шудааст.
Сарсабзу хуррамгардонии боғи мазкур дар асоси тарҳи хос ва завқи баланд амалӣ гардида, дар ҳудуди он дарахтони нодири сояафкану ороишӣ, аз қабили санавбар, ёси ҳиндӣ, сӯзанбарг, магнолия, туя, палма, юка ва дигар навъҳои зебо, ки ба муҳити атроф ва саломатии инсон таъсири хуб доранд, шинонда шудаанд.
Роҳравҳои ҳудуди боғ дар масоҳати 4 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, 3 ҳазор метри мураббаъ майсазор шудааст, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад. Шабона барои равшаннамоии боғ 40 адад чароғ бо сутунпояи 9 - метра ва 20 адад 2,5 - метра насб гардидааст. Барои хушу хотирмон сипарӣ намудани истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар ҳудуди боғ 2 суҳбаткада ва 40 адад нишасткурсӣ  мавҷуд аст. Шаршара ва фаввораҳои назаррабою дилкаш ба зебоии боғ ҳусни дигар зам мекунанд. Барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон бошад, майдончаи бозӣ  мавҷуд  буда, атраксионҳои гуногун насб гардидаанд.  
Бо завқи баланди зебоиофарӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.  Ҷиҳати муаррифии либосҳои миллӣ дар як гӯшаи боғ пайкараҳои бонувон насб гардидаанд, ки дар тан либосҳои миллӣ доранд. Ин макон бозгӯи фарҳанги қадимаи либоспӯшии бонувони тоҷик мебошад. Барои нигоҳубини боғ ва хизматрасонӣ беш аз 20 нафар бо ҷои кор таъмин гардид.

Ифтитоҳи қасри фарҳанг дар маркази ноҳия
Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бинои нави қасри фарҳангро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қасри тозабунёди фарҳанг дар маркази шаҳраки Бӯстон қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия боз таровати дигар бахшид. Қаср аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он тамоми шароит барои кормандон ва аҳолӣ муҳайё мебошад. Толори барҳавои иншооти фарҳангӣ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст.
Фармоишгари иншооти фарҳангӣ  Дирексияи  сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, арзиши лоиҳавии он беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо дарназардошти сохти меъмории миллӣ аз ҷониби беш аз 100 нафар коргару мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди “Сохтмон-3”  ба анҷом расонда шуданд.
Даромадгоҳ, толор ва ҳуҷраҳои иншоот бо дарназардошти таъриху фарҳанги ғании қадимаи миллати куҳанбунёди тоҷик кандакориву наққошӣ гардидаанд. Девору сақфи бинои навбунёд низ бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудаанд, ки  аз санъати волои меъмории миллӣ дарак медиҳанд. Бинои қасри фарҳанг дорои ҳуҷраҳои барҳавои замонавӣ барои баргузории маҳфилҳои рубобнавозону доиранавозон, шашмақомсароӣ, раққосӣ, рассомӣ, ҳунармандӣ, китобхонаи бачагона, толори хониш ва бозии шоҳмот мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамовардашуда таваҷҷуҳи аҳли фарҳангро барои таҳияи намоишҳои нав ва ғанӣ намудани ҷаҳони маънавии мардум ҷалб намуданд.
Дар таҳхонаи бинои қасри фарҳанг толори рақс, студияи сабти овоз, нуқтаи нигоҳдории либоси ҳунармандон ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир карда шудаанд.
Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ 30 номгӯй сози миллии мусиқӣ тақдим гардид.
То имрӯз аҳли фарҳанги ноҳия дар бинои куҳна, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд, фаъолият доштанд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои қасри тозабунёд кормандони шуъбаи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ дар шароити арзандаву замонавӣ фаъолият менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бунёди  қасри муҳташами фарҳангиро дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги ноҳия туҳфаи арзишманд арзёбӣ намуданд.
Дар баробари бунёди қасри муҳташами фарҳангӣ хонаҳои фарҳангии мавҷуда аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар заминаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи фарҳанг бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳони маънавии сокинон то таҷлили  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти ноҳияи Мастчоҳ 6 хонаи фарҳанг ва 4 китобхона сохта ба истифода дода мешавад.
Дар толори барҳавои ин иншооти замонавӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ барномаи пурмуҳтавои ҳунарӣ пешниҳод карда шуд.

Ифтитоҳи қасри варзиши “Паҳлавонони суғдӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ
14 сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Ҷонмаҳмад Холиқови шаҳраки Бӯстон қасри варзиши “Паҳлавонони суғдӣ”- ро, ки аз рӯи лоиҳаи зебою замонавӣ бунёд шудааст, бо иштироки наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзишу тарбияи ҷисмонӣ мавриди истифода қарор доданд.
Бунёди қасри варзиш бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби машқу тамрин, эҳёву рушди намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла гӯштин, гӯштини миллӣ, камарбандӣ, дзюдо, самбо ва намудҳои дигари варзиши миллӣ ба роҳ монда шудааст.
Лоиҳаи иншооти варзишӣ бо дарназардошти унсурҳои меъморӣ, ороиши хосаи замони муосир ва фароҳам овардани шароити меъёрии машғул шудани наврасону ҷавонон ба машқу тамрин, баргузории чорабинию мусобиқаҳои варзишӣ таҳия гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2018-ум оғоз гардида, дар бунёди иншоот 10 нафар сохтмончии ватанӣ малака ва донишу таҷрибаи хешро истифода намудааст. Масоҳати умумии иншооти варзишӣ 880 метри мураббаъро ташкил дода, аз як ошёна иборат мебошад. Дар толори асосӣ ду ҷой барои тамрин, баргузории мусобиқаҳо мавҷуд буда, барои тамошои машғулиятҳову мусобиқаҳои варзишӣ ба 200 нафар тамошобин ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст. Дар маҷмааи варзишӣ барои машғул шудани то 100 нафар варзишгар ба машқу тамрин шароит фароҳам гардидааст ва, ҳамзамон, ҳуҷраҳои истироҳатию либосивазкунӣ низ мавҷуд мебошанд.
Қасри варзиши “Паҳлавонони суғдӣ” бо мақсади оммавияти варзишу тарбияи ҷисмонӣ, ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба обутоби бадан бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз қасри “Паҳлавонони суғдӣ” ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, машғул шудан ба варзишу тарбияи ҷисмониро омили муҳими таъмини солимии ҳар нафар, омода шудан ба мусобиқаҳои варзишӣ ва ба таври шоиста муаррифӣ кардани давлату миллат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ҳудуди ноҳияи Мастчоҳ айни замон 7 варзишгоҳ, 41 толори варзиш, 21 майдончаи муосири варзишӣ ва як ҳавзи шиноварӣ амал мекунад, ки дар онҳо 600 нафар варзишгар, дар қатори онҳо 55 нафар  бону  дар назди устодони соҳа аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин менамоянд.
Дар ноҳияи Мастчоҳ намудҳои гуногуни варзиш рушд карда, ҷавонону наврасон ба футбол, волейбол, баскетбол, гӯштин ва чавгон майлу рағбати зиёд дошта, дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат карда, дар баробари дастовардҳо ба мақоми устоди варзиш комёб гардидаанд.
Сокинон, аз ҷумла ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ, бунёди чунин қасри зебою замонавиро ғамхории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли оянда арзёбӣ намуданд.

Ифтитоҳи Варзишгоҳи марказии ноҳияи Мастчоҳ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳия
14 сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияро бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ифтитоҳ карда, дар ҳамин ҷо бо роҳбарон ва фаъолони ноҳия мулоқот карданд.
Майдони умумии варзишгоҳ 3,2 гектарро ташкил дода, корҳои сохтмонӣ дар он аз соли 2016 оғоз гардида буд. Варзишгоҳ дар шаҳраки Бӯстон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон”, “Темурҷон” ва “Эъҷози ҳунар” сохта шуд.
Варзишгоҳ аз чор минбари нишастгоҳ ва, ҳамчунин, ҷойи махсус барои меҳмонони  олиқадр иборат аст. Масоҳати майдон барои бозии футбол бо ан-дозаҳои 105 метр бар 68 метр мебошад.  Дар ошёнаи 1-ум дафтари кории директор, ҳуҷраи маъмурият, толори машқи бадан, тенниси рӯи миз, бунгоҳи тиббӣ, ҳуҷраҳои назорати допингӣ, нигоҳи бозигарон, интизорӣ, либоскашӣ, мураббӣ,  душхона, ҳоҷатхона, анбори таҷҳизоти варзишӣ, ҳуҷраи техникӣ, ошхона, шустушӯи зарфҳо, анбор, ҳолл ва роҳрав ҷойгиранд.
Дар ошёнаи 3-юм хонаи меҳмонон, ҳуҷраҳои истироҳатӣ ва  санитарӣ ҷойгир шудаанд. Дар минбари шарқӣ ҳуҷраҳои доварон, инспекторон, мураббӣ, либоскашии варзишгарон, маҳс, ҳаммом ва ҳуҷраи техникӣ, сохта шудаанд.
Баъди ифтитоҳи варзишгоҳи марказии ноҳия дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Мастчоҳ сухан ронданд.
Мавриди зикр аст, ки ташрифи навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои сокинон бобарору хотирмон мебошад, зеро танҳо зимни ин сафари корӣ 57 иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 17-тои он иштирок карданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти наву муосири мактабу корхонаҳои саноатӣ, маркази адлия, бинои ҳизбӣ, майдони Парчами давлатӣ, фабрикаи парандапарварӣ, корхонаи коркарди шир, варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, 21 километр роҳи маҳаллӣ мумфарш гардид. Барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ 90 чоҳи амудӣ канда шуд.
Ифтитоҳи иншоотҳо, агар аз як ҷиҳат боиси пешравии иқтисодиёти ноҳия бошад, аз ҷониби дигар омили муҳими ташкили ҷойи кор ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи сокинони ноҳияро бо Ҷашни бузурги миллӣ - 29 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи варзишгоҳи марказӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки мардум бо дарки баланди масъулият ва хештаншиносӣ корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, дар ободии диёр саҳми муносиб мегузоранд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому самимият нисбат ба Пешвои миллат варзишгарони ҷавон барномаи ҷолиберо пешкаши ҳозирон карданд, ки бисёр хотирнишин буд.
Акнун сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо истифода аз ин варзишгоҳи муосир метавонанд дилхоҳ чорабинии варзиширо баргузор намоянд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.09.2020    №: 176    Мутолиа карданд: 2609
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед