сафарҳо
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд”
16 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) ташкил шуд, дидан карданд.
Дар намоиш ҳунармандони чирадасти шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсули дастранҷи худро муаррифӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати занону бонувони хушсалиқаи вилояти Суғд баҳои баланд доданд.
Миллати тоҷик тӯли таърих бо тамаддуни оламшумул ва фарҳанги воло соҳибмақом аст ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҷузъи таркибии арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба эҳё ва рушди он бештар гардид.
Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи ин коргоҳ, ки аз сарулибоси мактабӣ, хилъатҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, матоъҳои безараркардашуда ва корҷомаҳо барои амалиёти ҷарроҳӣ иборат аст, боздид намуданд.
Дар коргоҳи дӯзандагии ҶДММ ”Нассоҷии Хуҷанд” муосиртарин таҷҳизот ва технология, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Италия мебошанд, васлу насб гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд” коргоҳи нави дӯзандагӣ, ки дар он, асосан, истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст, таъсис доданд.
Мақсад аз бунёди коргоҳи дӯзандагӣ, то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як сол 60 ҳазор баста сарулибоси мактабӣ аст. Маҳсулот тибқи меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мешавад.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ дар ду баст 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шуда, 90 дарсадашро бонувон ташкил медиҳанд.
Сохтмони коргоҳ аввали соли равон оғоз гардида, бо ҷалби 80 сохтмончии маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расид. Масоҳати иншоот 1 ҳазору 400 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Ашёи хом, асосан, аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба корхона дастрас гардида, то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад.
Масъулони корхонаи “Нассоҷии Хуҷанд” нақша доранд, ки дар асоси шартнома содироти маҳсулоти худро ба Федератсияи Россия, Қазоқистон ва Беларус ба роҳ монанд.
Дар маҷмӯъ, дар ҶДММ “Нассоҷии Хуҷанд” ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангупардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли сарулибоси гуногун мавҷуд аст, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд.
Роҳбарияти коргоҳ барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, азм доранд, ки минбаъд низ ҷиҳати пешрафти иқтисоди миллӣ ва ба ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ, аз ҳарвақта дида бештар талош намоянд.
Ифтитоҳи бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳавост. Иншоот бо тарҳи муосир сохта шуда, дар ошёнаи аввал дар масоҳати 200 метри мураббаъ маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ – доругузаронӣ, буғхона ва тамйизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири соҳа муҷаҳҳазанд.
Дар таҳхонаи бино бошад, озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир буда, дар он таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Сохтмони иншоот соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфт.
Бинои истиқоматӣ барои ҳайати шахсӣ ва афсарони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз оилаҳои кормандон калиди хонаҳои истиқоматиро супурда, онҳоро барои соҳиби манзили истиқоматӣ шуданашон, таҳният гуфтанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини шароити арзандаи кору хизмат ва зиндагонии кормандони сохторҳои қудратӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои мукаммал намудани воҳидҳои сохторию низомии он бо техникаю таҷҳизот пайваста чораҳои заруриро амалӣ менамояд, то амнияту осоиштагии сокинон таъмин шавад.
Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва амсоли инҳо муҳайёст. Ҳамчунин, бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Кормандони раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, барои дастгириҳои пайваста ва муҳайё намудани шароити арзандаи зист ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Саҳн ва атрофи бинои истиқоматӣ сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.
Ифтитоҳи Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-плаза”
16 сентябр дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-плаза”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти хуштарҳу замонавӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Муқимҷон Ҳусейнов бунёд шуда, дар рӯзҳои истиқбол аз 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бинои нуҳошёна аз таҳхона иборат буда, дар он барои ширкатҳои ватанию хориҷӣ шароити мусоиди корӣ муҳайё шудааст.
Сарвари давлат ба шароити фароҳамгардида дар марказ баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки аз имконоти мавҷуда мақсадноку самарабахш истифода бурда шавад.
Дар ошёнаи якуми иншооти навбунёд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи рушди иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2020 – 2030-ро муаррифӣ намуданд. Таъкид гашт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят ба дастовардҳои бузург ноил гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон бамаротиб беҳтар шуд. Ҳамзамон, дар ин давра коргоҳу корхонаҳои гуногуни саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ таъсис ва сокинони зиёд ба шуғли доимӣ таъмин гаштанд.
Сарвари давлат таъкид сохтанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат барои соҳибкорону сармоягузорон дар Тоҷикистон имконияти фарох фароҳам оварда шудааст.
Дар толори васеъю барҳаво ва дорои шароити хуби ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат бо натиҷаи кори олимон ва соҳибкорони ҷавони соҳаи технологияи иттилоот ошноӣ пайдо карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои соҳаи технологияи иттилоотии вилоят на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон фаъолият мебаранд. Сол ба сол содироти барномаҳои технологӣ-коммуникатсионии мутахассисони тоҷик зиёд мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми олимони тоҷикро дар амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар назаррас ҳисобида, онҳоро барои дар оянда саҳми бештар гузоштан дар рушду тараққиёти ҷумҳурӣ ҳидоят карданд.
Сохтмони бинои Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-плаза” аз ҷониби ҶДММ “Сомон сохтмон ва К” бо сифати баланд ба итмом расид.
Ҳангоми бунёди марказ, тамоми усулҳои хизматрасонии муосир ба инобат гирифта шуда, дар он беҳтарин шароити кору фаъолият муҳайё мебошад. Дар маркази хизматрасонӣ барои қариб 100 нафар имконияти хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.
Бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дошта, дар амалӣ намудани корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорони ватандӯст низ назаррас аст. Бунёди иншооти муосири гуногунҷабҳа ба зебоии шаҳри Хуҷанд ҳусни дигар зам менамояд.
Маркази байналмилалии тиҷоратии “Сомон-плаза” низ бо тарҳи хос сохта шудааст.
Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои вилояти Суғд
Дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо ба номи Амонулло Орифов»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави соҳаи тандурустӣ аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дорои 200 кати хоб аст. Он ба маблағи 6 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгенӣ, нафасдиҳии сунъӣ, муҷаҳҳаз мебошад.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳо аз 4 шуъба – сактаи миокард, фишорбаландии шараёнӣ, ҷарроҳии рагҳои хунгард, ҷарроҳии нуқсони модарзодӣ ва тарбодии дил иборат аст.
Дар баробари ин, дар марказ бахшҳои бемориҳои музмини ишемиявии дил ва номураттабии кори дил, қабул бо гурӯҳи ёрии таъҷилӣ, дармонгоҳи машваратӣ, ташхис, таҳлилгоҳи биохимиявӣ ва ҳуҷраҳои табобатии физиотерапевтӣ, сӯзангузорӣ ва масҳ мавҷуданд.
Дар таҳхонаи ин иншооти хуштарҳу замонавии соҳаи тандурустӣ дармонгоҳи маслиҳатдиҳӣ, ҳуҷраҳои рентген ва ангиографӣ ҷойгиранд.
Дар ошёнаи якуми бино гӯшаи гиёҳдармонӣ ташкил шуда, истифодаи самарабахш аз 60 номгӯи гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо бартарии дигари ин муассисаи тандурустӣ дар табобати беморон мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи мазкур 40 номгӯи ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад. Айни замон дар марказ беш аз 300 корманди дарҷаи олӣ ва миёна кору фаъолият дорад.
Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар муассисаи нави тиббӣ баҳои баланд доданд.
Ҳукумати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду пешрафти он тамоми имконотро равона намудааст.
Илова ба бунёди бинои нав, Муассисаи давлатии «Маркази бемориҳои дил ва ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи Амонулло Орифов» 3 бинои дигар дорад, ки онҳо низ таҷдиду навсозӣ гардиданд.
Қобили қайд аст, ки сохтмони бинои нави марказ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ моҳи августи соли 2018 оғоз гардида буд.
Бунёду мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти муосир дар муддати кӯтоҳ, гувоҳи татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи иҷтимоӣ буда, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.
Масоҳати муассиса 3,5 гектарро ташкил дода, ҳудуди он ободу зебо гардонда шудааст. Тарҳи зебои бинои навсохт, роҳравҳои сафолакпӯш, фаввораҳои ранга, 10 суҳбаткада, нишасткурсиҳо ва саҳни он бо беш аз 400 ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва 58 ҳазор бех гули ороишии мавсимӣ зинат ёфтааст, ки диққати ҳар нафарро ба худ ҷалб мекунад.
Маврид ба таъкид аст, ки рушди соҳаи тандурустӣ аз самтҳои авлавиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ буда, бо талошҳои пайгирона ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Инак, бо бунёди бинои нави марказ амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ, ки қаблан аксари сокинон барои анҷом додани он ба хориҷи кишвар сафар мекарданд, дар дохили ҷумҳурӣ бо истифода аз шароити зарурӣ ва муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ва бо харҷи ками маблағ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дарвоқеъ, ба шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даврони соҳибистиқлолӣ, вазъи соҳаи иҷтимоӣ беш аз пеш беҳтар гардида, барои солимии ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Боздид аз хона-музейи Нозимҷон Усмонов
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар деҳоти Ёва аз хона-музейи Нозимҷон Усмонов дидан карданд.
Хона-музей соли 2014 бо иқдоми шахси равшанфикр Нозимҷон Усмонов ташкил шуда, дар он зиёда аз 1500 намунаи нигора ва ёдгории таърихӣ ҷамъоварӣ шудааст. Тибқи иттилоъ, нигораҳои таърихӣ, асбобу анҷоми қадимаи рӯзгордорӣ аз асрҳои XVII – XVIII боқӣ монда, давраи зиндагонӣ ва урфу одати ҳамонвақтаи миллати тамаддунофари тоҷикро инъикос мекунанд.
Дар хона-музей кӯзаҳои сафолӣ, мисӣ, асбобҳои мусиқӣ, олоти кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои қадимаи тоҷикон кандакорӣ, хумдонҳои сафолӣ, оҳангарӣ ва ғайра нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Нозимҷон Усмонов барои ташкил кардани хона-музей аз соли 2000-ум сар карда, то имрӯз аз тамоми гӯшаву канори мамлакат намунаи зиёди осори таърихиро ҷамъ оварда, дар хонаи истиқоматии худ ин макони аҳамияти таърихидоштаро таъсис дод.
Хона-музей намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи халқи тоҷикро муаррифӣ мекунад. Аз замони таъсиси хона-музей то имрӯз, шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ҷо омада, аз таъриху тамаддуни оламшумули халқи тоҷик воқиф гардида, таассуроти маънавӣ бардоштанд.
Дар сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи дубораи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи Нозимҷон Усмоновро барои дар манзили истиқоматиаш ташкил кардани хона-музей аҳсанту офарин гуфта, ин ташаббуси некро дар самти ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии он шоистаи таҳсин хонда, ин оиларо барои дигарон намунаи ибрат донистанд.
Қобили зикр аст, ки ҷамъоварии намунаи ёдгориву осори таърихӣ, ки дар хона-музей нигаҳдорӣ мешаванд, ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва мероси гаронбаҳои миллат аҳамияти хоса дорад. Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, донистани таърих ва гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ мебошад.
Оилаи Усмоновҳо дар ноҳия намунавӣ буда, маданияти баланди рӯзгордорӣ доранд. Бо назардошти омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, дар ин оила маводи хӯрока, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, гандум, лӯбиё, картошка ва ғайра ба таври кофӣ захира шудааст. Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили донагӣ, дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳоро метавон то ду сол беталаф ҳифз кард.
Соли равон ҳамроҳи фарзандон аз ҳосили дарахтони мевадиҳандаи ҳавлӣ мураббо, афшураи шафтолу, зардолу ва аз бодирингу помидор консерва омода карда, захира намудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар даромадгоҳи хона - музей дар сатҳи баланд ташкил шуд, дидан карда, ба ҳунари волои бонувони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ маҳорати кадбонугии занон аз қабили нонпазӣ, омода намудани хӯрокҳои миллӣ, ба таври шоиста муаррифӣ шуд.
Ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарони хонашин коргоҳи хурди қаннодӣ ташкил гардида, беш аз 15 нафар ба кор ҷалб гаштаанд. Дар коргоҳи қаннодӣ номгӯи зиёди кулчақандҳо, шириниҳо ва ғайра омода мешаванд.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров занони ҳанарманд зиёд буда, онҳо тарзи омода намудани хӯрок, нон, шириниҳо ва ғайраро ба ҷавондухтарон омӯзонда, ба ин васила, дар рушди ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузоранд.
Атласу адрасбофӣ, зардӯзӣ, қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумлаи бахшҳои рушдкардаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб мераванд. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, занону духтарон бештар ба ҳунаромӯзӣ, ривоҷу равнақи қолинбофии дастӣ ва эҳёи дубораи анъанаҳои миллӣ ҷалб гардидаанд.
Ҳунармандон таъкид медоранд, ки аз ҳисоби маҳсули дастони хеш даромади хуб ба даст оварда, зиндагиашонро пеш мебаранд. Ҳоло дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 3 ҳазор занону духтарон ба ҳунармандӣ машғул буда, танҳо соли 2020 қариб 400 нафар ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд.
Маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, полизиҳо ва дигар зароат, ки ба намоиш гузошта шуд, аз ҳосили фаровони имсола дар ноҳия дарак медиҳад. Соли равон кишоварзон, дар натиҷаи истифодаи оқилонаву самараноки ҳар қитъа замини корам, махсусан заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ, ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ ба даст оварда, нахуст талаботи оилаи хешро қонеъ гардонда, инчунин, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм мегузоранд.
Боздид аз хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” ва оғоз бахшидан ба ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварданд.
Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” аз боғи анор ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ дидан намуда, дар намоиши дастовардҳои сокинон, хоса кишоварзони меҳнатдӯст, иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Деҳқони нав” дорои 8,22 гектар замин буда, соҳмдорон ба кишту парвариши зироат ва боғдорӣ машғуланд. Боғи анори хоҷагӣ 1,3 гектарро ташкил медиҳад, ки 1 гектари он ҳосилдиҳанда мебошад. Анорбоғи ҳосилдиҳандаи навъи “Мумтоз” соли 2009 ташкил гардида, хоҷагидорон аз он ҳамасола беш аз 10 тонна ҳосил ба даст меоранд.
Анори ҷамъоваришуда, асосан, аз сари замин ба фурӯш гузошта мешавад. Роҳбари хоҷагӣ изҳор медорад, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосил соҳибкорон ба сари замин омада, анорро бо нархи дилхоҳ харида, ба бозорҳои мамлакат интиқол медиҳанд. Дигар сокинони ноҳия, инчунин, меҳмонон низ, аз ин ҷо анори хушсифат ва лазизро мехаранд.
Ҷамъоварии ҳосили анорбоғ даҳаи дуюми моҳи октябр оғоз ёфта, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳосил имсол низ фаровон буда, тибқи таҳлили мутахассисони соҳа, аз он бояд беш аз 10 тонна анор ҷамъ оварда шавад. Майдони боғ 4,02 гектарро ташкил медиҳад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар хоҷагӣ кишти такрории сабзӣ 0,35, бодиринг 0,3, мош 0,15, карам 0,1 ва сирпиёз 0,1 гектарро ташкил медиҳад.
Аз рӯи нашъунамо, ҳосилнокии ҳамаи намуди зироатҳо фаровон хоҳад шуд. Имсол дар кишти асосӣ кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 0,7 гектар пиёз, 0,1 гектар картошка ва 2,5 гектар пахта кишт намуда, аз зироати картошка ва пиёз ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Ҳосили пахта низ дар ин хоҷагӣ хуб буда, интизор меравад, ки он ба ҳисоби миёна 40 сентнерро ташкил хоҳад дод.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид ба амал оварданд. Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ба кишту парвариши зироати кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ машғулбуда иштирок намуда, дар растаҳо маҳсули заҳмати хешро, ки бо меҳнати ҳалол давоми сол ҷамъоварӣ намудаанд, ба маъраз гузоштанд. Сифат ва фаровонии ҳосили зироати ғалладонагиҳо, сабзавот, лӯбиёиҳо, полизӣ, зироати техникӣ, картошка, мева ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзии ба намоиш гузошташуда аз истифодаи самараноку оқилонаи замин ва меҳнати пайвастаи кишоварзон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дарак медиҳад.
Тибқи иттилоъ, соли равон дар ноҳия дар масоҳати 17 994 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронда шудааст, ки назар ба соли 2019 - ум 422 гектар зиёд мебошад. Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 11 277 тонна ғалладонагӣ, 14 490 тонна сабзавот, 750 тонна полизӣ, 1579 тонна картошка, 3062 тонна ҷуворимакка ва 917 тонна мева ҷамъоварӣ шудааст. Соли равон кишоварзони ноҳия дар масоҳати 1745 гектар кишти такрорӣ гузаронданд. Ин нишондод дар муқоиса ба як соли пеш 14 гектар зиёд аст.
Сокинони ноҳия, хоса бонувон, чанд номгӯи хӯрокҳои миллии аз маҳсулоти кишоварзӣ омодашаванда ва нону дигар маҳсулоти нониро пухта пешкаши меҳмонон гардонданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати кадбонуҳо ва ошпазҳои ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба омӯзондани нозукиҳои омода намудани хӯрокҳои миллӣ ба ҷавонон ҳидоят карданд.
Дар ҳамин ҷо зотҳои чорвои калони шохдор, майдаи шохдор, асп ва парандаи дар хоҷагии “Деҳқони нав” парваришёбанда, намоиш дода шуд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳия чорвои калони шохдор 3674 сар, майдаи шохдор 2935 сар, асп 90 сар ва паранда 263199 сарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, агар дар 8 моҳи соли 2019 дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия 200,5 тонна гӯшт истеҳсол шуда бошад, пас дар ҳамин давраи соли 2020 ин нишондод ба 347 тонна расид. Ҳаҷми шири истеҳсолшуда бошад, 1766 тонна ё назар ба соли пеш 17 тонна зиёд мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайваста ва истифодаи самараноку оқилонаи замин аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳои баланд дода, онҳоро ба вусъати корҳои саҳроӣ, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва саҳми пайваста гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҳидоят намуданд.
Сипас, Сарвари давлат аз майдони пахтазори хоҷагиҳои деҳқонии “Мирҷалол” ва “Файзи нур” дидан намуданд.
Тибқи иттилоъ, хоҷагии деҳқонии “Мирҷалол” дорои 1,8 гектар замини корами обӣ буда, саҳмдоронаш, асосан, ба пахтакорӣ машғуланд.
Имсол кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 1,5 гектар кишти пахтаи навъи мутобиқ ба иқлими ноҳия гузаронданд. Дар боқимонда замин қаланфури булғорӣ кишт намудаанд. Дар ихтиёри хоҷагии деҳқонии “Файзи нур” бошад, 6,3 гектар замин аст. Аз ин масоҳат дар 4,5 гектар пахта, 0,5 гектар гандум ва 0,3 гектар қаланфури булғорӣ кишт намуда, дар кишти такрорӣ, ин ҳам баъди ҷамъоварии гандум, яъне дар масоҳати 0,5 гектар шолӣ кишт шуд. Ба иттилои кишоварзон, имсол масоҳати пахтазор дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қариб 6 ҳазор гектарро ташкил дод, ки назар ба соли 2019 беш аз 170 гектар аст. Дар ноҳия 21 хоҷагии кишоварзӣ ба кишту парвариши пахта машғул мебошад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заноне, ки ба пахтачинӣ машғуланд, туҳфа тақдим карданд.
Оғози корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов, бо гузоштани санги асос, ба сохтмони корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Суғд кварс” оғоз бахшида, бо технологияи корхона шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, корхона аз ду хати истеҳсолӣ иборат буда, дар марҳилаи аввал хати истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ба кор андохта мешавад, ки иқтидори он дар як шабонарӯз 100 тоннаро ташкил медиҳад.
Дар ин хати истеҳсолӣ 80 номгӯи маҳсулоти шишагӣ, аз ҷумла зарфҳои ҳаҷмашон аз 250 - грамма то 3 - литра истеҳсол мешаванд. Муҳлати ба кор андохтани хати истеҳсолии мавриди назар як сол буда, он ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар марҳилаи аввал 150 нафар ва баъди ба кор андохтани хати дуюм боз 250 нафар, дар маҷмӯъ, 400 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхонаи шишаи сохтмонӣ бошад, дар як шабонарӯз 15 ҳазор метри мураббаъ ё 150 тоннаро ташкил медиҳад.
Ғафсии шишаи истеҳсолшаванда дар ин хати истеҳсолӣ аз 2 то 10 миллиметр ва паҳноии он 2,25 метр мебошад. Шишаи сохтмонӣ сайқалёфта буда, истеҳсоли он бори аввал дар мамлакат ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар корхона истеҳсоли шишаи нақшдор ва оина низ дар назар аст. Ҳудуди коргоҳи “Суғд квартс” зиёда аз 40 гектарро фаро мегирад. Корхонаи истеҳсоли шиша ва зарфҳои шишагӣ дар беш аз 5 гектар бунёд гашта, дар масоҳати боқимонда иншооти ёрирасон сохта мешавад.
Корхона бо сармояи дохилӣ ва хориҷӣ бунёд шуда, дар он технологияи пешрафтаи аврупоӣ васлу насб мегардад.
Барои истеҳсоли маҳсулот, асосан, реги кварсӣ, оҳаксанг ва даламити конҳои мамлакат истифода хоҳанд шуд.
Реги кварсӣ аз кони Қӯрғонча оварда мешавад. Захираи арзёбишудаи ашёи хом дар ин кон зиёда аз 40 миллион тоннаро ташкил медиҳад.
Барои кашондани реги кварсӣ ва дигар ашёи хоми зарурӣ 10 техника, аз ҷумла 6 мошини калони боркаш ва 3 механизми истихроҷкунанда, сафарбар мегардад. Инчунин, кашондани ашёи хом аз кон то корхона тавассути роҳи оҳани камбар низ дар назар аст, ки ин омил барои арзон шудани арзиши аслии маҳсулот мусоидат мекунад.
Корхона ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфта, мақсади соҳибкорон саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бо эъмори чунин корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ аз як ҷониб ҳаҷми истеҳсолот, инчунин, иқтисодиёти мамлакат боло бурда шавад, аз тарафи дигар дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ ва фароҳам гардидани зиндагии шоиста мусоидат менамояд.
Оғози кишти тирамоҳӣ дар заминҳои ҶСК “Парандапарвар”
16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Парандапарвар”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба кишти тирамоҳии гандум оғоз бахшиданд.
Дар ҳузури Пешвои миллат дар масоҳати 5,5 гектар замини обӣ, ки пас аз дарави маккаи дон холӣ шуда буд, гандуми тухмии вилояти Краснодари Федератсияи Россияро кишт карданд.
Иттилоъ доданд, ки, дар доираи ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Россия, ба вилояти Суғд аз шаҳри Краснодар 1000 тонна тухмии гандуми “безостая” ворид гардид, ки барои дар 5000 гектар ба роҳ мондани парвариши ғалла заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, ҳосилнокии тухмии мазкур аз як гектар аз 80 то 100 сентнерро дар заминҳои обӣ ташкил медиҳад.
Хоҷагии “Парандапарвар” ҳамасола дар заминҳои обии худ кишти сабзавот, полизӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро мегузаронад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, интихоби тухмии хушсифат, таъмини амнияти озуқаворӣ, обёрии заминҳо, истеҳсол, захира ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят карданд.
Ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси ҷойҳои нави кор ва, ба ин восита, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми меҳнаткашон бобати истифодаи самараноки замин, ки боиси афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ бо маводи ниёзи аввал ва таъмини амнияти озуқаворӣ мегардад, таҳсин хонданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.09.2020 №: 178 Мутолиа карданд: 2631