logo

порлумон

ВАНҶ. БА ХОТИРИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

Дар ҳамаи 8 ҳудуди  шаҳр ва навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла дар деҳоти водиҳои Вахё, Ванҷи Боло, Язгулом, Бартанг, Ғунд, Шоҳдара, Ғорону Вахон ва саросари авулҳои тоҷик ва қирғизнишини ноҳияи Мурғоби Помири шарқӣ омодагиҳо ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор  мегардад, хуб ҷараён доранд.
Зикр кардан ба маврид  аст, ки дар ноҳияи Ванҷ бо мақсади дар асоси  талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар қонунҳои амалкунандаи мамлакат дар сатҳи баланд баргузор намудани    маъракаи муҳими сиёсӣ -  интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Дар ин хусус раиси  комиссияи  ҳавзаи интихоботии Ванҷ, рақами  19 оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгоршо Шеров гуфт, ки дар деҳоти Вотхуд, ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Ҷовидон, Техарв, Рованд ва Язгулом    40 участкаи интихоботӣ ташкил гаштааст. Аз ҷониби масъулон барои  дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, муташаккилона  ва ба тарзи шаффоф  гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ  барои участкаҳои интихоботӣ   беҳтарин ва қулайтарин иморатҳо - биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаҳои фарҳанг, клубҳо,  марказҳои саломатӣ ва  бунгоҳҳои тиббӣ хоста гирифта шуда, мувофиқи талаботи қонунгузориҳо хуб   таҷҳизонда шудаанд ва ба фаъолият сар кардаанд.
Дар  ҳавзаи интихоботии Ванҷ, № 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар адабиётҳо, дастурамалҳо ва асбобу анҷомҳои зарурӣ ворид гардида, ба ҳамаи 40 участкаи интихоботӣ, дар мадди аввал ба дурдасттарин деҳоти Поимазор, Ванван, Сумгад, Мурғудга, Жамагу Зайч, Пшихарву Узбай расонда шудаанд. Аз таҷҳизондани кабинаҳои овоздиҳӣ ва  тайёр кардани қуттиҳои сайёри овоздиҳӣ барои маъюбон, пирон ва беморон сар карда то ҷузъитарин  корҳои омодагӣ дида шудаанд.
Ҳамчунин, коргарони муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди  ноҳияи  Ванҷ  дар  ҳамин  рӯзҳо  тариқи техникаи нав, ки бо дастгириҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дастрас кардаанд, қитъаҳои роҳи осебпазири  мавзеъҳои Мурғудга – Ванван – Змахсум - Поимазори подомони  пиряхҳои Федченко ва Хирсонро, ки мавҷҳои хурӯшони аз соҳилҳо баромадаи Ванҷоб вайрону валангор карда буданд, таъмир ва тармим  кардаанд. Ҳоло  дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ алоқаи устувори телефонӣ барқарор буда, навбатдории шабонарӯзии аъзои комиссияҳои участкаҳои интихоботӣ ташкил карда шудааст.   

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2020    №: 178    Мутолиа карданд: 9157
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед