logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«ШОҲНОМА» ДАР ТОШКАНД
10000 нусха чоп шуд
Асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» дар Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон бо шумораи 10 ҳазор нусха интишор ёфт.
Асарро тарҷумонҳои маъруфи кишвар Шоислом Шоаҳмедов, Назармат, Ҳамид Ғулом, Ҷумъаниёз Ҷабборов ва Маҳкам Маҳмуд ба забони ӯзбекӣ баргардондаанд.
Муҳаррири китоб, ки иборат аз 704 сафҳа аст, Лайло Ҳасанова буда, дар чопхонаи «Lux Print»-и шаҳри Тошканд ба табъ расидааст. Чопи ин китоби оламшумул туҳфаи арзандаест барои дӯстдорон ва иштиёқмандони осори мондагори Фирдавсӣ ва таҳкими дӯстии ду халқи ба ҳам бародар.
Бузургмеҳри БАҲОДУР


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.

МУАММОКАЛИМАҲО ДОИР БА НОМИ ЭЛЕМЕНТҲОИ ХИМИЯВӢ
(Бо истифода аз ҷадвали даврии муосири элементҳои химиявии Д. И. Менделеев)

1. Марв + Фол = ?
2. Раис + Май = ?
3. Дина + Май = ?
4. Кран + Об = ?
5. Не + Аср = ?
6. Бой + Гир + Си = ?
7. Дил + Не + Бом = ?
8. Рим + Те + Пой  = ?
9. Он + Гир + Деҳ  = ?
10. Тор + Ген + Ин = ?
Мураттиб Ҳикматулло ТОШЕВ, омӯзгори МТМУ № 27, ноҳияи Кӯшониён

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА


ҶАВОБ БА ЧАЙНВОРДИ «САРАЗМ» АЗ 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
1. Саразм. 2. Муғ. 3. Ғафуров. 4. Васият.
5. Тайлонов. 6. Вақф. 7. Фрейман. 8. Неъматов.
9. Ваҳдат. 10. Тоҷик. 11. Китоб. 12. Бохтар.
13. Роланд. 14. Дуҳул. 15. Лахш. 16. Шербоев.
17. Вилоят. 18. Табар. 19. Репортаж. 20. Жарф.
21. Фирӯза. 22. Астаробод. 23. Дирам. 24. Мастоба. 25. Абдуллоҷон. 26. Наниманча. 27. Ахтар. 28. Рахш. 29. «Шаҳрошӯб». 30. Бленитский. 31. Йод. 32. Даҳ. 33. Ҳафриёт. 34. Торик. 35. Кох. 36. Худоёрова.
37. Атр. 38. Ранг. 39. Гадо. 40. Осон. 41. Норак.
42. Коф. 43. Фаридун. 44. «Нисо». 45. Офтоб.
46. Баҳор. 47. Рақс. 48. Сино. 49. Осмон. 50. Номус. 51.Симурғ. 52. Ғанӣ. 53. Истиқлолият. 54. Таърих.
55. Хоруғ. 56. Ғайн. 57. Наршахӣ. 58. Исфисор.
59. Рубоб. 60. Биринҷӣ. 61. Исҳоқов. 62. Вахш.
63. Шаҳр. 64. Рақиб. 65. Булӯр. 66. Раҳовӣ.
67. «Ирфон». 68. Нодир. 69. Рашт. 


Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.

Кӯҳи Муғул на пирях дорад ва на шаршараҳои пурғулғула, на бешазор дорад ва на сайди дурусте. Аммо баҳорон, ки ҳама ҷоро сабза пӯшида, ҳазор ранг гул мешукуфад, кӯҳ хеле серодам мешавад. Аксари «сайёҳон» аз бачагони шаҳр иборат мешавад, ки онҳо аввал барои бойчечак, баъд аз чанд рӯз барои лолаи сурх ва сонӣ барои ревоҷ (чукрӣ) кӯҳбароӣ мекунанд.  
* * *
Биё бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи суҳбати дерина дорӣ.
Насиҳат гӯш кун, к-ин дур, басе беҳ
Аз он гавҳар, ки дар ганҷина дорӣ.

ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 11 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020:
Юнус Юсуфӣ,
М. Турсунзода.

Масъули  рубрика  Зулола  БОБОРАҶАБОВА
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


МОҲИГИРИ БЕҲТАРИН
Моҳигири касбӣ Ҷеф Колодзинский аз иёлати Иллинойси ИМА рекорди нави ҷаҳонӣ гузошт. Ӯ соати нуҳи 9-уми сентябр ба моҳигирӣ шурӯъ карда, онро расо баъди 24 соат ба итмом расонд.
Ҷеф давоми як шабонарӯз бо шасти моҳигирӣ 2645 моҳӣ дошта, рекорди як сол пеш гузоштаашро, ки дар Китоби рекордҳои Гиннесс сабт шуда буд, пушти сар намуд. Ӯ моҳидориашро дар навори видеоӣ сабт карда, ба намояндагони  Китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун далел пешниҳод намудааст. Соли гузашта Ҷеф дар ҳамин муддат 2172 моҳӣ дошта буд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


МОММЗЕН
Таърихнигори номии немис Теодор Моммзен то ҳадде куҳнапараст буд, ки ҳанӯз ҳам дар равшании чароғи керосинӣ кору эҷод мекард. Вақте аҳли оила аз набудани ӯ истифода бурда, ба хона хатти барқ мегузаронанд, якбора аз ҳама меранҷад ва эътироз мекунад, ки аз чароғи керосинӣ даст намекашад. Ҳамсараш, ки зани ниҳоят оқил буд, Моммзенро чунин ором мекунад:
-Азизам, аз вақте ки мешиносамат, барои даргирондани чароғ дар торикӣ гӯгирд мекобӣ ва то ёфтанат, ба асаби ҳама мерасӣ. Акнун, ҳар вақте ки лозим шуд, «свет»-ро дармегиронӣ ва гӯгирдро ба осонӣ меёбӣ.
Моммзен лаҳзае ба андеша рафта, ниҳоят розӣ мешавад:
-Ман акнун фаҳмидам, ки қувваи барқ дар хона воқеан чизи даркорӣ будааст,- мегӯяд ӯ.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ФУТБОЛ
ЯК ДАЛЕЛИ КАМНАЗИР
Оё шумо боре фаҳмидаед, ки дар бозии футбол ё футзали касбӣ падару писар дар ҳайати як тим ба ҳайси бозигар ҳунарнамоӣ карда бошанд? Агар не, пас мо шуморо бо онҳо шинос мекунем.
Миралӣ Шарифови 50-сола, ки аз соли 2005 то 2014 дарвозабони тими миллии кишвар буд, пас аз танаффуси чандсола корномаи варзишиашро дубора оғоз намуд. Ӯ ҳоло бо писараш Муҳаммад дар ҳайати бошгоҳи «Соро компания» (Душанбе) бозӣ мекунад.
Онҳо чанде қабл бо тимашон баъди шикаст додани дастаи «Равшан» (8:4) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварданд. Ва, воқеан, дар ин қувваозмоӣ ба Муҳаммад муяссар гардид, ки як гол занад.
Маҳмуд БАҲРОМ


НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
РАССЕЛ
Вақте аз файласуфи англис Бертран Рассел мепурсанд, ки қодир аст, дар ҳифзи ақидаҳояш ҷоннисорӣ кунад, чунин посух медиҳад:
- Албатта, не, охир одам шири хом хӯрдааст. Мумкин ақидаҳои фалсафии ман ҳам афсонае беш набошанд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ПОСУХИ МУНОСИБ
Шахсе Баҳлулро диду гуфт:
-Туро аз дур дида, гумон кардам, ки маркабе меояд.
Баҳлул бо оромӣ посух дод:
- Ман ҳам туро дида, пиндоштам, ки одаме меояд.
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ГАРИ ЛИНЕКЕР КОРТИ ЗАРД ВА СУРХРО ЁД НАДОРАД
Гари Линекери англис дар таърихи футболи олам  яке аз футболбозони маъруфу шинохта маҳсуб мегардад. Ӯ корномаи хешро дар дастаи «Лестер Сити» оғоз карда, баъдтар, дар дастаҳои «Эвертон», «Тоттенҳэм» ва «Барселона» идома медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар ҳайати «Эвертон» соли 1985 Гари Линекер барандаи Ҷоми ҷомдорони Аврупо шуд. Ҳангоми ҳунарнамоӣ дар мунтахаби Англия, 48 гол зада, дар таърихи футболи ин кишвар, алҳол, сеюмин нишонзани беҳтарин ба шумор меравад.
Фаъолияти варзишии ӯ басо ибратбахш аст. Линекер тӯли 18 соли футболбозӣ дар бештар аз 600 дидор ба майдон баромада, боре ҳам корти зард ё сурх нагирифтааст. Дар таърихи футболи дунё ин нишондиҳандаи бесобиқа аст.
Таҳияи З. РАҶАБ


Ба зиндагӣ  эътимод банд, зеро он аз китоб дида омӯзгори беҳтар аст. 
Ҳёте
Таҳияи Нигина РАҲМОН


БОЗ ЯК МУҶАССАМА
Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  муҷассамаи шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва рамзи 700-солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ гузошта шуд, ки ҳар бинандаро тасхир мекунад. Баландии муҷассамаи китоб бо пояаш 5 метр буда, паҳноияш 3 метрро ташкил медиҳад.
Боиси тазаккур аст, ки чунин муҷассамаҳоро дар шаҳрҳои гуногуни олам, аз қабили Москва, Санкт-Петербург, Пекин, Берлин, Барселона, Лиссабон, Лос-Анҷелес, Оксфорд, метавон вохӯрд.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ДАНДОНКОБАК ДИЛРО ТОЗА МЕКУНАД?
Соли 2005 Орасио Родригеси аргентинӣ бо нишонаҳои шамолзадагӣ бистарӣ гашт. Аммо дору дармон набахшиду дард ба гурда гузашт. Баъд аз ташхис муайян шуд, ки атрофи дили ӯро чизҳои зиёдатӣ гирифтаанд. Дар ҷараёни ҷарроҳӣ муайян шуд, ки  онҳо чӯбчаҳои дандонтозакунианд. Вақте ба ҳуш омад, иқрор шуд, ки дар сари мизи солинавӣ онҳоро фурӯ бурда буд.
Таҳияи М. ҚОДИРОВА


ОЛИМОН НИҚОБИ НАЗОРАТКУНАНДАИ АЛОМАТҲОИ ВИРУСРО КОРКАРД НАМУДАНД
Олимони Сингапур асбоби махсусеро таҳия намуданд, ки аломатҳои ба коронавирус мубтало шуданро муайян менамояд. Чунин асбобро метавон дар ҳама гуна ниқоб насб кард.
Хабар дода мешавад, ки он метавонад маълумот дар бораи ҳарорати бадан, миқдори оксиген дар хун, фишори хун ва тапиши дилро ҷамъ оварад.  Бар асоси чунин нишондиҳандаҳо мумкин аст, мубтало гардидан ба коронавирусро муайян намуд.
Олимон тасмим доранд, ки то охири моҳи сентябри соли равон озмоиши клиникии асбобро анҷом диҳанд. Нахуст арзиши он 36,5 доллари ИМА муқаррар шудааст ва ҳангоми истеҳсоли саросарӣ нархи он наздик ба 15 доллар хоҳад шуд.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД…
Рустам Набиеви россиягӣ, ки соли 2015 бар асари садама аз ду пояш маҳрум шуда буд, чанде пеш бо зӯри дастонаш қуллаи Элбрусро фатҳ намуд.
Рустам дар  саҳифаи Instagram навори видеоии расидан ба қуллаи кӯҳро ҷой дод. Дар навор ӯ бо чашмони пурашк мегӯяд: «Ман ин корро ниҳоят анҷом дода тавонистам. Бо ҳамин дастон ба қуллаи Элбрус баромадам».
Бояд зикр кард, ки дар умум Рустам бо дастонаш масофаи 13 километрро дар муддати 15 соат тай намудааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА


КИШВАРҲОЕ, КИ ДАРОЗТАРИН ШАБАКАИ РОҲ ДОРАНД
Роҳи автомобилгард нишондиҳандаи муҳими рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Рушди давлат аз дарозиву сифати он вобаста аст. Аз ин рӯ, шабакаи роҳҳо ҳар қадар ки тӯлонитар бошад, мамлакат беҳтар рушд хоҳад кард.
1. ИМА

ИМА аз рӯи дарозии роҳҳо (6,733 ҳазор километр) дар ҷаҳон мақоми аввалро мегирад. Роҳҳои автомобилгарди баландсуръати он бошад,  108 ҳазор километр тӯл мекашанд.
Фикри ташкили системаи мавҷудаи роҳсозии ИМА солҳои сиюми асри гузашта, вақте ки амрикоиҳо ба роҳҳои дар Олмон сохташаванда таваҷҷуҳ зоҳир мекарданд, ба миён омад. Аммо Конгресси ИМА ин ниятро танҳо аввали солҳои панҷоҳуми садаи ХХ тасдиқ кард.
Соли 1956 қонуне ба имзо расид, ки маблағгузории сохтмони роҳҳоро ба танзим даровард ва, баъдтар, меъёрҳои асосии бунёди онҳо низ қабул шуданд.
Таҳияи Комрон САФАР


АМЕЛИЯ ЭРХАРТ
Амелия Эрхарти амрикоӣ дар олам на танҳо ба ҳайси нависанда, балки ҳамчун аввалин бонуи ҳавонавард, ки  бо тайёра уқёнуси Атлантикро убур кардааст, машҳур мебошад. Барои ин корнамоӣ, ӯ бо ордени Салиби ҳавонаварди хизматнишондода мушарраф мегардад.
Мутаассифона, Амелия Эрхарт соли 1937, ҳангоми кӯшиши парвози гирди олам дар ҳудуди ҷазираи Ҳауленди қисмати марказии уқёнуси Ором ғайб мезанад. Ҳаёт ва фаъолияти ӯ ҳарчанд мавриди пажӯҳиши таърихнигорон қарор дорад, аммо сирри бедаракшавиаш то ҳанӯз муаммои сарбастаест.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


БУЗУРГТАРИН ХАТОҲОИ ТАЪРИХӢ
ДЕВОРИ БЕРЛИН
Шояд бисёриҳо донанд, ки ин девори таърихӣ охирҳои соли 1989 чаппагардон шудааст, вале, яқинан, кам касоне аз сабаби аслии воқеаи мазкур воқифанд. Гап сари он меравад, ки қисми зиёди мардум мавҷудияти девори Берлинро, ки, ба қавле, сарҳад миёни Германияи демократӣ ва коммунистӣ буд, аз аввал хуш надоштанд. Чун мавҷи эътирозҳо шиддат гирифт, баъд аз се даҳсола ҳукуматдорони Германияи демократӣ қарор доданд, ки барои омадурафти ҳар ду ҷониб баъзе имтиёзҳоро таъмин созанд.
Бо ин мақсад, Гюнтер Шабовскии сиёсатшинос вазифадор шуд, ки матни омоданамудаи ҳукуматдоронро пеши мардум қироат кунад, то онҳо ором гиранд. 9 ноябр, вақте варақ ба дасти Гюнтер расид, ӯ фурсат наёфт, ки пеш аз баромад маърӯзаро, ақаллан, як бор хонад, зеро мардум аз субҳ, аллакай, интизори муждаи нек ҷамъ омада буданд…
Чун ҳамешагӣ қисмати аввали баромади сиёсатшинос расмию ғайридилнишин буд. Гюнтер чун дид, ки миёни ҳозирин садоҳо баланд шудаву баъзеҳо ҷамъомадро тарк мекунанд, варақро як сӯ гузошта, якбора бо садои баланд гуфт:
- Ҷанобон, хулосаи баромади ман ин аст, ки маҳдудиятҳои вобаста ба омадурафти ҳамаи шумо аз ҷониби ҳукумат сабук карда мешаванд…
То ҳанӯз номаълум аст, ки аз ғалоғулаи мардум буд ё тарзи нодурусти талаффуз, ки журналистон гуфтаҳои Шабовскиро ба он маъно фаҳмиданд, ки гӯё «маҳдудиятҳо ба пуррагӣ бардошта хоҳанд шуд».
Бинобар ҳамин, яке аз  репортёрон суол мекунад, ки кай дар ин бора фармони дахлдор мебарояд ва маҳдудиятҳо бардошта мешаванд? Гюнтери ҳайратзада ҳарчанд варақҳоро тагурӯ мекунад, дар ин бора ҷавоби тайёр намеёбад ва аз ноилоҷӣ китф дарҳам кашида, чунин мегӯяд: «Фавран, худи ҳозир!».
Баъд аз ин эълон, дар кӯчаҳои шаҳр, ба қавле, «девонагӣ» сар мешавад. Ҳукуматдорон дарк мекунанд, ки кор аз кор гузаштааст ва мардумро дигар ором кардан имкон надорад. Дар ҷаласаи фаврии хукумат яке пешниҳод месозад, ки ба сӯи издиҳом тир парронда шавад, дуюмин такроран хондани маърӯзаро муфид мешуморад… вале дар ниҳояти кор Қувваҳои Мусаллаҳи Германияи демократӣ ақибнишинӣ карда, мардумро имкон медиҳанд, ки деворро чаппа ва мушкилашонро осон намоянд.
Ба қавли таърихнигорон, хатои Гюнтер аблаҳие беш набуд, вале, аз ҷониби дигар, барои сиёсатмадорони тамоми ҷаҳон дарси ибрат шуд. Онҳо шояд аз ин ба баъд дарк намоянд, ки шиносоии қаблӣ бо муҳтавои маърӯза амри ногузир аст.
Аз русӣ тарҷумаи Самад ҚУРБОНАЛӢ


ДУБАЙ
Ронандаҳо барои нақзи қоида зиндонӣ ва 60 дарра мехӯранд
Дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб рондани автомобил мушкилоти зиёде дорад. Гап сари он ки ин ҷо қонунҳои дар ҷаҳон вазнинтарин ҷорӣ шудаанд. Касе, ки беш аз як маротиба қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон мекунад, ним сол аз рондани мошин маҳрум мегардад, як моҳ паси панҷара мешинад ва дар саҳни бозор ба тахтапушт 60 дарра мехӯрад. Ин амал боиси он гаштааст, ки дар Дубай садамаҳои нақлиётӣ бо фавти мусофирон ва роҳгузарон ангуштшумор ба вуқӯъ оянд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ОЁ МЕДОНЕД?
1. Мурғи марҷон гӯш надошта бошад ҳам, шунавоияш хеле хуб аст.
2. Ситораи баҳрӣ на майнаи сар, на хун дорад.
3. Кӯрмуш дар як шаб метавонад нақби дарозиаш 90 - метрро кобад.
4. Тапиши дили хорпушт дар як дақиқа 300 маротибаро ташкил медиҳад.
5. Чашми шутурмурғ аз майнаи сараш калонтар аст.
Таҳияи Сайёраи АВАЗ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2020    №: 179    Мутолиа карданд: 1155
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед