logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ҲИСОР

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ, бинои истиқоматӣ ва муаррифии нақшаи генералии шаҳри Ҳисор
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳри Ҳисор коргоҳи дӯзандагӣ ва бинои истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Коргоҳи дӯзандагӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир буда, иншоот бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд шудааст.
Ҷиҳати бо сифати баланд омода кардани маҳсулот, дар коргоҳ 40 нафар занону духтарони чирадаст бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд. Дар он барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва қонеъ намудани талаботи сокинон сарулибос омода мешавад.
Аснои бунёди иншоот, масъулон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудани он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, биноро дар муҳлати муайяншуда ба истифода супурданд.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам сохтани имкони созгори касбомӯзӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор барои занону духтарон баҳои баланд дода, барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо сарулибоси шинаму зебо дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Бинои истиқоматӣ нуҳошёна буда, аз таҳхона, 88 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Дар ошёнаи якум коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ҷойгиранд. Дар маҷмӯъ, дар иншооти навбунёд наздики 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Ба хотири ободу зебо гардондани муҳит, дар гирду атрофи бино ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонда шуда, майдончаи бозии кӯдакона ва таваққуфгоҳ бунёд ёфт.
Бинои истиқоматӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби ҶДММ “Камрок интернешнл” сохта шудааст.
Дар назди бино ба Сарвари давлат лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Ҳисорро муаррифӣ карданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи нави генералӣ, танҳо дар шаҳраки Ҳисор 30 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти зарурӣ қомат хоҳад афрохт. Айни ҳол корҳои сохтмонӣ ва тадбирҳои мушаххас ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифташуда ҷараён доранд.
Бояд гуфт, ки дар шаҳри Ҳисор дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) сохтмони 767 иншоот дар назар аст, ки аз ин шумора соли 2018-ум  47, соли 2019-ум 157 ва аз аввали соли равон то имрӯз 157 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати сохтмон аҳамияти аввалиндараҷа дода, иншоотро бо риояи унсурҳои миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба истифода диҳанд.

Ифтитоҳи бинои кӯдакистони “Кабӯтар”
18 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр дар фазои тантанавӣ бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии “Кабӯтар”-ро барои 250 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Қаблан дар ин маҳалла чунин кӯдакистони замонавӣ  мавҷуд набуд.
Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузарондани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад.
Сохтмони он моҳи марти соли 2019 бо ҷалби беш аз 100 нафар мутахассису коргарони маҳаллӣ оғоз ёфта, дар муҳлати як сол бо тарҳи зебо ва ҷавобгӯ ба талабот ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити синфхонаҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтори кӯдакистон, ки дорои таҷҳизоту лавозимоти муосир аст, шинос шуда, бо кӯдакони хуштолеи даврони истиқлол, ки имрӯз дар заминаи татбиқи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат соҳиби чунин бинои муосири таълимӣ гаштанд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Кӯдакистони хусусии “Кабӯтар” дар маркази шаҳри Ҳисор дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти мамлакат ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Акрам Саидов ва Абдураззоқ Саидов бунёд ёфта, дар он 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар ин ҷо ба ҳар як хонанда, ки дар маросими ифтитоҳи кӯдакистон иштирок намуд, аз номи Пешвои миллат шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Таълимгирандагони даргоҳ ба Пешвои миллат, ки пайваста барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия тадбирҳои бетаъхирро амалӣ менамоянд, изҳори миннатдорӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти мавҷудаи синфхонаҳои барҳаво, хобгоҳ ва толору утоқҳои корӣ, ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози мамлакат дар шароити мусоид, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас  доданд.
Синфхонаи мусиқӣ, утоқҳои корию тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо дастгоҳу таҷҳизот, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевонҳои либоснигоҳдорӣ ва ашёву лавозимоти зарурӣ, таъмин мебошанд.
Дар ин ҷо барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагони аз 1,5 то 6-сола мураббиёни ботаҷриба ҷалб шуда, таҳсил дар ду баст бо 3 забон –  тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Дар доираи корҳои ободонӣ, роҳравҳои гирду атрофи кӯдакистон сафолакпӯш гардида, барои кӯдакон дар масоҳати 780 метри мураббаъ майдончаи бозӣ ва истироҳат сохта шудааст, ки дорои 4 суҳбаткада ва таҷҳизоти зарурӣ мебошад. Барои зебоӣ саҳни бино бо гулу буттаҳои рангоранг, дарахтони ороишӣ ва деворҳои атрофи он бо тасвирҳои диққатҷалбкунанда оро ёфтаанд.
Чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ, ки барои зебо гардидани намои шабонаи бино амалӣ гашт, ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат, саҳми соҳибкорон ва амалишавии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, дар марказ ва деҳоти шаҳри Ҳисор 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1 ҳазору 603 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ифтитоҳи маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонӣ
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.
Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов воқеъ буда, бо тарҳи зебо ва замонавӣ қомат афрохтааст.
Иншооти муосир сеошёна буда, дорои шароиту имконоти мусоиди хизматрасонии сатҳи баланд мебошад.
Бинои наву замонавӣ дар масоҳати 16 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар мамлакат макони мусоиди корию хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Ҳисор” баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ сохтани сифати савдою хизматрасонӣ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби ҶСК “Авитсенна” ба истифода дода шуда, дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ хати истеҳсолии беш аз 60 корхонаи бонуфузи вилояти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мешавад, ки ин раванд ба рушди ояндаи соҳаи саноати мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маркази муосири байналмилалӣ дар доираи ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар, ташкили ҷойҳои нави кор ва рушди иқтисодиёти миллӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, бунёд ёфта, ояндаи наздик бо амалишавии ҳадафҳо беш аз 800 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад.
Дар бино барои дастрасии аҳолӣ ва дар доираи ҳамкориҳои муштарак ба роҳ мондани содироти техникаву механизмҳои кишоварзии истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя, ки, феълан, 30 намуди он дар ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор васлу насб мешавад, шароити мусоиди намоиш ва фурӯши тракторҳо муҳайё гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус 16 майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мавриди истифода қарор гирифта, дар он, асосан, васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом меёбад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки тайи 8 моҳи соли равон ба маблағи 9,4 миллион сомонӣ техникаи кишоварзӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд мебошад.
Аз замони оғози фаъолияти корхонаи мазкур, ки мақсади асосии таъсиси он дар Тоҷикистон коҳиши воридоти маҷмӯи ин намуди техникаи кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт, имрӯз ба ҳадафҳои худ расид ва дар доираи ҳамкориҳо трактор ва дигар намуди техникаҳои кишоварзии истеҳсоли ватанӣ ба давлатҳои ҳамсоя содирот мешаванд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири маркази байналмилалӣ, ки дар кишвар яке аз аввалинҳо ба шумор меравад, шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватанӣ Комил Холиқовро ҷиҳати бунёди бинои боҳашамати дорои имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ва ҷалби шарикони рушд, ки ба пешрафти соҳаи савдою саноат заминаи мусоид мегузорад, намунаи ибрат хонданд. Таъкид гардид, дар Тоҷикистон барои дастгирии соҳибкорон тамоми имконот мавҷуданд ва онҳо бо истифода аз имтиёзҳои пешбининамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат метавонанд дар тадбирҳои ободонӣ саҳми босазо гузоранд.
Ҳамзамон, ба Президенти мамлакат намунаи зиёди маҳсулоти саноатии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Ҳисор, ки дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир аст, муаррифӣ гардид. Дар ин ҷо маҳсулоти 30 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои “Авитсенна”, “Висол”, “Корвони аср”, “Истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик”, “Файзи истиқлол” ва дигар ширкатҳое, ки айни ҳол фаъолияти пурсамар доранд, намоиш дода шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳаи саноати шаҳри Ҳисор ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, бо бунёду навсозии 69 коргоҳу корхонаи саноатӣ 1 ҳазору 208 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт.
Тавре таъкид шуд, шурӯъ аз соли 2018 дар доираи иқдомҳои созанда ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави кор, қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва содироти маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба хориҷи мамлакат, 14 корхонаи нави саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки маблағи истеҳсоли маҳсулот дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маҷмӯи корхонаҳо 144 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорон сохтмони 8 корхонаи саноатӣ идома ёфта, бештари онҳо соли 2021 ба истифода дода мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор  ва масъулони корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас доранд, ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои самарабахш бо шарикони рушд ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар, ки ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид мегузоранд, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи маркази ташхисӣ-табобатии “Нури Сино”
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор маркази ташхисӣ-табобатии “Нури Сино”-ро ифтитоҳ карданд.
Он дар маркази хизматрасонии “Ҳисор-плаза” ҷойгир буда, аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марказ оғоз бахшида, ташаббуси соҳибкорони маҳаллиро ибратбахш хонданд.
Маркази мазкур аз тарафи роҳбари ҶДММ “Фаррух” Иззатулло Розиқов бунёд гардида, дорои шароитҳои пешрафтаи ташхису табобат мебошад. Дар ин ҷо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ васлу насб шуда, барои фаъолият мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб гаштаанд.
Дар он гӯшаи гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, дорухона, озмоишгоҳ, утоқҳои махсуси ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, ҳуҷраҳои безараргардонӣ, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу, гулу ва бинӣ амал мекунанд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз толори муҳташаму зебои варзиш, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ ба истифода дода шуд, боздид ба амал оварданд.
Дар толор, ки бо воситаҳои муосири машқварзӣ муҷаҳҳаз гардидааст, метавонанд то 300 нафар ҷавонону наврасони шаҳри Ҳисор тамрин кунанд. Президенти мамлакат, зимни суҳбат бо варзишгарон, таъкид сохтанд, ки аз шароитҳои фароҳамшуда мақсаднок истифода бурда, бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои минтақавию ҷаҳонӣ номбардори миллат бошанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази хизматрасонии “Ҳисор-плаза”, инчунин, ҳавзи муосири болопӯшида барои шиноварӣ ва ҳаммоми туркӣ мавҷуданд, ки аз рӯи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, барои қабули муштариён омодаанд.
Ҳамчунин, дар марказ сартарошхона, кошонаи ҳусн, мағоза, дорухона ва дигар муассисаҳои хизматрасонии маишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Дар ошёнаи сеюми бино маркази дилхушии кӯдакон низ сохта шудааст.
Дар маҷмӯъ, бо бунёди маркази хизматрасонии “Ҳисор-плаза” 70 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуд.
Ҳамзамон, соҳибкор Иззатулло Розиқов тасмим дорад, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми сохтмони маркази хизматрасонии “Ҳисор плаза”-ро ба анҷом расонда, дар ошёнаи чоруми он дар доираи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ороиши хос ба урфу одат ва расму оини сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар меҳмонхонаи муосирро ба истифода диҳад.
Инчунин, барои намудҳои гуногуни варзиши обӣ аквапарки муосири кӯдакона бунёд мегардад.

Оғози ҷамъоварии пахта дар кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорони кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта, ноил мешаванд, зеро ба гуфтаи хоҷагидорон, соли равон аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна, тахминан, бештар аз 35-сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард.
Хоҷагӣ серсоҳа буда, дорои 1147 гектар замини корами обӣ ва лалмӣ мебошад. Имсол аз масоҳати заминҳои дар ихтиёрдошта, хоҷагидорон дар 250 гектари он навъҳои пунбадонаи “Дӯстӣ”, “Филеш”, “Флора” ва “Хуҷанд – 67” киштанд. Ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили ин минтақа барои парвариши ин навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагиро ба бештар ҳавасманд намудани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор карда, таъкид сохтанд, ки аз ҳавои мусоид самаранок истифода бурда шавад, то ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқон сари вақт ҷамъоварӣ гардад.
Дар ин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар маъракаи кишти тирамоҳии зироат иштирок карданд.
Дар майдони бештар аз 32 гектар замини аз ҳосил холигашта, кишти тирамоҳии гандум гузаронда шуд. Бояд зикр намуд, ки дар ҳамин мавсим дар масоҳати бештар аз 160 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, аз ҷумла шудгори босифат ва истифодаи тухмиҳои серҳосили минтақабобро махсус таъкид карда, масъулони соҳаро вазифадор сохтанд, ки ба масъалаи гузарондани кишти тирамоҳии зироат диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд, зеро шудгор ва кишти зироат, махсусан дар ҳамин айём фоидаовар аст.
Яке аз самтҳои фаъолияти кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов тухмипарварӣ буда, раванди мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2008 ба роҳ монда шуд ва ҳамасола хоҷагидорон аз 300 то 400 тонна тухмӣ захира карда, ба фурӯш мегузоранд.
Дар ҳамин мавзеъ, инчунин, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаҳои  чорво баргузор гардид.
Дар он кормандони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ, аҳли заҳмати кооператив, хоҷагии таҷрибавии зироаткорӣ ва хоҷагии таҷрибавии “Зарнисор” навъҳои гуногуни тухмии зироат, меваҳои шаҳдбор, сабзавот, полизӣ ва чорвои хушзотро, ки дар хоҷагиҳои молпарвари шаҳри Ҳисор нигаҳбонӣ мешаванд, ба маъраз гузоштанд.
Айни замон теъдоди чорвои калони шохдор дар шаҳри Ҳисор наздики 70 ҳазор ва шумораи чорвои хурд бештар аз 120 ҳазор сарро ташкил медиҳад.
Самти дигари фаъолияти кооператив чорводорист, ки намунаҳои беҳтарини он аз зотҳои «сиёҳало» ва «сементал» намоиш дода шуданд. Айни замон дар фермаи хоҷагӣ қариб 800 сар чорвои калони шохдор ва 2,5 ҳазор сар чорвои майда парвариш меёбад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдор зиёда аз 350 сараш ширдеҳ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таваҷҷуҳ ба инкишоф ва зарфиятҳои соҳаи кишоварзӣ, масъулонро муваззаф карданд, ки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу заминро, самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ бештар ҳисса гузоранд.

Ифтитоҳи корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ҶДММ “Ситабр – Агро”
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Ҷавонони шаҳри Ҳисор корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории ҶДММ “Ситабр – Агро”-ро ифтитоҳ карданд.
Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.
Бунёди корхона моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд. Дар сохтмони он, асосан, мутахассисони маҳаллӣ бо кори мавсимӣ таъмин буданд.
Фаъолияти корхона мавсимист ва дар он, пас аз омӯзиш, зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ, аксаран духтарони хонашин, бо ҷои кору маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар корхона ҷуворимакка коркард ва бандубаст шуда, тибқи нақша, оянда, бо васеъсозии фаъолият, ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, истеҳсоли дигар  маҳсулот ба роҳ монда мешавад.
Соҳибкори ватанӣ, мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша дорад, ки бо мақсади ғанисозии бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор дар ояндаи наздик коркарду истеҳсоли лаблабу, сабзӣ, каду ва дигар навъи сабзавотро ба роҳ монад.
Дастгоҳу таҷҳизот ва дигар хатҳои технологии корхонаи навтаъсис аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Россия, Чин ва Туркия, ворид шудаанд.
Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 24 тонна маккаи дон буда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бидуни истифода аз маҳлулҳои кимиёӣ сурат мегирад. Маҳсулот зери тамғаи “Бомаза” дар бастаҳои 285 ва 450- грамма дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шуда, инчунин, бо ҳамин ном содирот мешавад. Муҳлати истифодабарии маҳсулот то 18 моҳ муқаррар шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат бо масъулону кормандон, ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз имконоти васеъ дар ин самт дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Дар шаҳри Ҳисор ҳамасола кишоварзон дар кишти такрорӣ, баробари дигар анвои зироати ба обу иқлими минтақа мувофиқ, майдони ҷуворимаккаро низ васеъ мекунанд.
Ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркард ва бандубасти ҷуворимакка имкон медиҳад, ки аз талафоти ҳосили маккаи дон пешгирӣ ва дар боло бардоштани иқтисоди хоҷагидорон саҳми бештар гузошта шавад.
Дар шаҳри Ҳисор баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳо дар роҳи расидан ба саноатикунонии босуръати мамлакат бунёду навсозии корхонаҳои зиёди саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶСК “Авитсенна”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии  ҶСК “Авитсенна” оғоз бахшиданд.
Дар он истеҳсоли зиёда аз 35 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дӯғу дӯғоб, маска ва ғайра, ба роҳ монда мешавад.
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз тарафи ширкати “Авитсенна” бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст.
Бунёди он моҳи майи соли 2017 оғоз ёфта, дар он теъдоди муайяни сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин буданд. Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои Олмон, Россия ва Туркия ворид ва васлу насб гаштаанд. Барои коркард ва захираи маҳсулот дегҳои аз 1 то 10-тоннагӣ мавҷуданд. Инчунин, корхона дорои анбори ҷавобгӯ ба талаботи нигоҳдории маҳсулоти ширӣ мебошад.
Баъди ифтитоҳи он, 48 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона 40 тонна дар як шабонарӯз ва дар як моҳ то 1200 тонна маҳсулоти ширии аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат аст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҳсулоти корхона таҳти номи “Авитсенна Милк” дар зарфҳои 200, 250, 350, 450 ва 500-грамма дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад ва тариқи шартномаҳои тарафайн ба кишварҳои ҳамсоя содирот мегардад.
Дар назди корхона сехи истеҳсоли зарфҳои маҳсулоти ширӣ, ки шаклу андозаҳои гуногун доранд, низ фаъолият дорад. Барои истеҳсоли зарфҳо ашёи хом аз кишварҳои хориҷ ворид мешаванд.
Феълан, шири корхона аз фермаи моли худӣ дастрас шуда, дар назар аст, ки барои фаъолияти мунтазами корхона бо сокинони маҳаллӣ низ шартномаҳои дахлдор баста шавад. Маҳсулоти дастрасгашта, қабл аз коркард, дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз мебошад, мавриди санҷиш қарор мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ ба раванди истеҳсолот, дар ҳамин ҷо аз гӯшаи намоиши маҳсулоти корхона дидан карданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулоти ширӣ, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ шуд.
Пешвои миллат, зимни шиносоӣ,  барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он тибқи меъёрҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ифтитоҳи Маҷмааи фароғатӣ ва хизматрасонии “Шаршара” ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор, ҳамчунин, Маҷмааи фароғатӣ ва хизматрасонии “Шаршара” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятим мулоқот намуданд.
Иншоот 700 ҷойи нишаст дошта, барои баргузории тӯю маъракаҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои гуногун пешибинӣ мешавад. Дар он ҷиҳати қабули сайёҳону истироҳати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам гардидааст. Иншоот, инчунин, дорои боғи муҳташами зимистона буда, дар он гулу буттаҳои нодир ва дарахтони ҳамешасабз парвариш меёбанд.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи зимистона 7000 дарахти нодир дорад, ки, асосан, аз кишварҳои Аврупо ворид гардидааст. Ин дарахтон дар баробари зебоии хоса доштанашон,  ба саломатии фароғаткунандагон низ фоидаоваранд.
Гирду атрофи иншоот бо зиёда аз 4500 бех дарахти сояафкан оро ёфта, 105 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат медиҳанд.
Бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда, сокинону меҳмонон метавонанд тамоми фасли сол дар иҳотаи табиати зебову сабз истироҳати худро хубу хотирмон сипарӣ намоянд. Боғи зимистона бо мизу курсӣ таъмин буда, роҳраву гӯшаҳои он бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои муосир оро ёфтаанд.
Дар Маҷмааи фароғатӣ ва хизматрасонии “Шаршара” барои хурдсолон низ толорҳои алоҳидаи бозӣ ташкил гардида, бо дастгоҳҳои дилхушӣ муҷаҳҳазанд.
Дар иншоот 65 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гашт.
Дар маҷмаа бо санъати баланд барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хӯрокҳои миллӣ омода мешаванд ва мизоҷон низ метавонанд мувофиқи хоҳиши худ таомҳои аврупоӣ фармоиш диҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти навбунёд, ҳамчунин, дорои 10 ҳуҷраи алоҳида буда, ҳар кадоми он имкон дорад дар як вақт 12 нафарро қабул намуда, ба онҳо хӯрокҳои болаззати милливу аврупоӣ пешкаш гардад.
Барои гузарондани чорабинӣ ва тӯю маъракаҳо дар маҷмаа ду толори барҳаво барои 65 ва 160 нафар мавҷуд мебошад.
Девор ва гирду атрофи иншоот бо сангҳои маҳаллӣ оро дода шуда, дар он табиати зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон акс ёфтаанд, ки бешубҳа диққати ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб хоҳад кард.
Дар саҳни маҷмаа шаршараи муҳташам, фаввораи зебо ва суҳбаткада бунёд гашта, нишастгоҳҳо насб гардидаанд. Барои дӯстдорони волейболу футбол майдончаи варзиш низ сохтаанд.
Иншооти нав барои 150 мошин таваққуфгоҳ дошта, роҳрав ва гирду атрофи он сафолакпӯш гаштааст.
Хусусан, шомгоҳон ин мавзеъ ҳусни нотакрор дорад. Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба намои берунаи он вақти шомгоҳон диққати хоса зоҳир гардида, бо истифода аз санъати баланди меъмориву шаҳрсозӣ маҷмаа бо чароғакҳои ранга оро ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки Маҷмааи фароғатӣ ва хизматрасонии “Шаршара” дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ мусоидат мекунад.
Маҷмааи мазкур бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамшуда дар бахши сайёҳӣ аз ҷониби ҶСК “Авитсенна” қомат афрохта, масоҳаташ 3,5 гектарро дар бар мегирад. Иттилоъ дода шуд, ки давоми як сол дар он иншооти нав бунёд хоҳанд ёфт.
Президенти мамлакат чунин ташаббусҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрат хонда, ба масъулон дастур доданд, ки ба сатҳу сифати хизматрасонӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Дар ҳамин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятими шаҳри Ҳисор мулоқот ороста, ба онҳо сарулибос ва ҷиҳози хониш ҳадя карданд.
Зимни суҳбати самимӣ барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ кӯдакон ба Роҳбари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар баробари ин, мулоқоту вохӯриҳои пайвастаи Сарвари давлат кӯдаконро рӯҳбаланд карда, ба омӯзиши илму дониш ва технологияҳои муосир ҳидоят мекунад.
Аснои суҳбати самимӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, минбаъд низ тамоми тадбирҳо амалӣ мешаванд, то чунин нафарон дар зиндагӣ ба мушкилӣ дучор нагарданд.
Роҳбари давлат ба кӯдакон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои сайқали донишу малакаи худ саъй намуда, ҳамчун шахсони боистеъдоди пешбарандаи бахшҳои гуногуни мамлакат ба воя расанд. 

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор
18 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кории худро ба шаҳри Ҳисор шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву созандагӣ маънидод намуданд.
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ва фаъолияти корхонаву коргоҳҳои шаҳри Ҳисор бори дигар эътимод ҳосил намудем, ки мардуми заҳматпешаву созанда барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона заҳмат мекашанд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои мухталифи ҷаҳони имрӯза, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои дунёро мураккаб гардондааст, Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода карда, тадбирҳои барномавии худро пайгирона амалӣ намуда истодааст.
Дар даврони истиқлоли давлатӣ шаҳри Ҳисор хеле рушд карда, дар ҳудуди он даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдо бунёд гардида, соҳаҳои дигари он, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ, рӯ ба пешрафт ниҳодаанд. Ҳукумати мамлакат барои обод кардани шаҳри Ҳисор ва таъмин намудани рушди бомароми он дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ беш аз якуним миллиард сомонӣ равона кардааст. Илова ба маблағҳои зикршуда, дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 800 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло 5 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.
Ҳамаи ин иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва, пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъминот бо барқ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот нигаронда шуда, боиси хеле беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ гардидаанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини  шаҳри бостонии Ҳисор минбаъд низ бо кору фаъолияти созандаи худ барои ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишварамон саҳми арзанда мегузоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони шаҳри Ҳисор, намояндагони касбу кори гуногун,  аз  ҷумла  Муниса Исматова – варзишгар, Бахтинисои Аъзам – омӯзгор, Комил Холиқов – соҳибкор ва Зарина Мардонова – табиб, сухан ронда, ба Пешвои миллат барои тадбирҳои созандаву бунёдкорона ва ғамхориҳои ҳамешагиашон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2020    №: 180    Мутолиа карданд: 2539
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед