logo

паёмҳо

Паёми видеоии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрии сатҳи баланди Маҷмаи умумии СММ бахшида ба Ҷашни 75 - солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳид, шаҳри Душанбе, 21 сентябри соли 2020

Муҳтарам ҷаноби Раис!
Муҳтарам ҷаноби Дабири кулл!
Хонумҳо ва ҷанобон!
Имсол мо 75-солагии таъсис ёфтани Созмони Милали Муттаҳидро ҷашн мегирем. Дар тӯли ин солҳо Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун сохтори бонуфуз ва беназири байналмилалӣ тавонист ба як платформаи муҳиму фарогири ҳалли мушкилоти мубрами ҷаҳонӣ табдил ёбад.
Фаъолияти ин созмон вобаста ба тағйирёбии босуръати вазъ дар арсаи байналмилалӣ ва вусъат пайдо кардани чунин таҳдиду хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва ҳамагирии коронавируси нав - COVID –19, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки аксари кишварҳои дунё ба таҳким бахшидани муносибатҳои бисёрҷониба (мултилатерализм) ниёз дошта, дар ин ҷода Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун шарики боэътимод мебинанд.
Соли   ҷорӣ  мо, инчунин, рӯйдоди дигари муҳими таърихӣ – 75 - солагии Ғалаба бар фашизмро, ки таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид ба он иртиботи бевосита дорад, ҷашн гирифтем. Боиси ёдоварист, ки дар таъмини ин Ғалабаи бузург баробари шаҳрвандони дигар халқу миллатҳо фарзандони барӯманди Тоҷикистон низ нақши назаррас гузоштаанд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ, бахусус дар пасманзари афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, сабақҳои талхи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи инсоният ҳамеша омода ва муттаҳид бошем.
Ҳамкорони гиромӣ!
Ҷашни 75 - солагии Созмони Милали Муттаҳид ба марҳилае рост меояд, ки ҷаҳонро таҳдиду хатарҳои бесобиқа фаро гирифтаанд. Имрӯзҳо аксарияти аҳолии олам бар он ақида аст, ки танҳо тариқи муколама ва ҳамкории глобалӣ инсоният метавонад дар пайдо кардани роҳҳои рафъи хатарҳои муосир муваффақ бошад.
Тоҷикистон низ дар муколамаи ҷаҳоние, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шудааст, ширкати фаъол дорад. Мо ният дорем саъю талошҳоямонро ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои созандаи хеш дар масоили марбут ба захираҳои об ва тағйирёбии иқлим муштарак бо дигар кишварҳо тақвият бахшем.
Кишвари мо дар баробари ҳаллу фасли мушкилоти зикргардида ҳамдилии беш аз пешро барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъ дар соҳаҳои тандурустӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ аз ҷумлаи авлавиятҳои муҳимтарин медонад. Бори дигар таъкид месозам, ки хатару таҳдидҳои имрӯза вокунишҳои бетаъхири ҷомеаи ҷаҳониро бар пояи ягонагӣ, ҳамдилӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи судманд тақозо менамояд.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.09.2020    №: 181    Мутолиа карданд: 8578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед