фарҳанг
РӮДАКӢ ВА ШАҲИДИ БАЛХӢ
Ду устоди бузурги сухан – Рӯдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ, чунон ки аз маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, дар як замон ва дар як муҳити адабӣ зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Шаҳиди Балхӣ воқеан «аз дӯстон, ҳамнишастҳо ва ҳамкорони Рӯдакӣ буда», дар илми ҳикмат ва шеъру адаб яке аз шахсиятҳои намоён ба шумор меомадааст. Ин ду устоди бузург дар паҳлуи ҳам якҷоя барои ривоҷу равнақи шеъру адаб ва илму ҳикмат саҳм гирифтаанд. Онҳоро илму дониши фарох, фазлу адаб ва ҳунари асили шоирӣ ба ҳамдигар наздик ва ҳамдаму қарин сохта буд. Аз назари синну сол низ устод Рӯдакӣ бо Шаҳид баробар буда, марги дувумӣ чор сол пештар аз марги Одамушшуаро иттифоқ афтодааст. Ва аз марги ҷонгудози дӯсти хирадманди худ ғамгин шудани устод Рӯдакиро дар марсияи дар ҳаққи Шаҳид навиштаи ӯ мушоҳида карда метавонем.
Гузашта аз ин, ин ду шоири бузург зода ва парваридаи ормонҳои истиқлолхоҳӣ ва миллатпарваронаи хонадони хирадманди Сомонӣ, хоса Наср ибни Аҳмад буда, шеърашон реша бар масоили иҷтимоии замон дорад. Ва, бинобар он, месазад, ки ин ду симои барҷастаи илмӣ ва адабии замони Сомониёнро тарғибгари мафкура ва ғояҳои наҷиби озодихоҳонаи давлатдорӣ ва фарҳанггустарии амирони Сомонӣ бишморем. Ба маънии дигар ин ду шахсияти бузургро метавон тавонотарин шоирони миллӣ, тарғибгари суннатҳои дерини ориёӣ номид, ки дар бедории фикрӣ ва маънавии ҷомеа саҳми бузург гузоштаанд. Дараҷаи фазилату дониш, ҷаҳонбиниву дарки масоили илмӣ, ҳунарӣ ва иҷтимоии ин шоирони бузург дар як сатҳу поя қарор доштааст. Ва бинобар он ҳам шоирони муосир бо онҳо ва ҳам баъдинагон исми онҳоро боэҳтиром паҳлуи ҳам зикр кардаанд, ки гувоҳ бар хидматҳои бедареғашон дар риштаҳои гуногуни илму адаб будааст. Аз муосирони ин ду суханвари ҳамрадиф ҳаким Дақиқии Балхӣ номи онҳоро якҷоя зикр намуда, дар ҳунари шоирӣ, хоса мадеҳагӯйӣ беҳамто будани онҳоро ин гуна тавсиф намудааст:
Устод Шаҳид зинда боистӣ
В-он шоири тирачашми равшанбин.
То шоҳи маро мадеҳ гуфтандӣ
Б-алфози хушу маонии рангин.
Дақиқии шоир зимни эътирофи ҳунари шоирии ин ду устоди сухан пояи ҳунарии онҳоро дар ҷодаи суханварӣ баробар ва дар як сатҳу савия эътироф кардааст.
Аз мероси бар ҷой мондаи устод Рӯдакӣ ду бор бо номи Шаҳид бар мехӯрем, ки мавриди аввал байти зерин аст:
Шоир Шаҳиду шуҳра Фароловӣ
В-ин дигарон ба ҷумла ҳама ровӣ.
Ин байти Устод Рӯдакӣ як навъ нақде бар шеъри шоирони ҳамзамонаш мебошад, ки хеле кӯтоҳ ва мушаххас ба ҳунари онҳо баҳои сазовор додааст. Аз ҷамъи ҳамаи онон танҳо Шаҳидро шоир донистани устод Рӯдакӣ ишора бар қариҳаи зотии ӯ дорад.
Мавриди дигар номи Шаҳид дар марсияи зерини устод Рӯдакӣ зикр шудааст:
Корвони Шаҳид рафт аз пеш
В-они мо рафта гиру меандеш:
Аз шумори ду чашм як тан кам
В-аз шумори хирад ҳазорон беш!
Шоир дар ин марсия аз корвони ба сафар рафтаи шоири ҳампояи хеш на танҳо ғамгину мотамзада шудааст, балки ба қавли адабиётшинос Худоӣ Шарифзода «вафоти Шаҳидро чун бонги раҳили сафари охирати худ» пазируфтааст. Ва Рӯдакӣ шояд аввалин бор сидқан пас аз марги дӯсти ҳамқаламу ҳамнафасаш воқиаи марги худро пешорӯяш эҳсос карда, аз ҷудо мондан аз ин корвони илму ақлу доноӣ афсӯс хӯрдааст. Бинобар он, рафтани ин корвони андеша, ки барои устод Рӯдакӣ тани танҳо аз ҳазорон кас беш буд, андешаи марг ва ғуруби офтоби зиндагиро дар сари ин дӯсти куҳансоли Шаҳид тавлид карда буд.
Ҳаким Шаҳиди Балхӣ низ ба шеър ва шахсияти ҳунарии устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хосе доштааст. Шаҳид шояд аввалин шоирест, ки дар бораи шеъри ноби устод Рӯдакӣ андешаҳои ҷолиб баён кардааст. Ва баҳои Шаҳид дар шинохти шеъри Одамушшуаро нақши меҳварӣ дорад, ки онро муаллифи «Лубоб-ул-албоб»дар чунин шакл овардааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро
Рӯдакиро суханаш талвиност.
Шоиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,
Рӯдакиро хаҳу аҳсант ҳиҷост.
Аз нақди ин ду шоир ба шеъри ҳамдигар маълум мегардад, ки онҳо нисбат ба навиштаҳои якдигар ихлосу эҳтироми тамом доштаанд ва истеъдоду ҳунари ҳамдигарро эътироф мекардаанд. Мароми эҷодӣ ва ҳунарии онҳо низ ба ҳам монанд будааст ва чунин эҳтирому эътиқод миёни ин ду шоир дар тамоми давраҳои фаъолияти шахсӣ ва эҷодии онҳо бояд бо маром идома дошта бошад. Зеро баҳое, ки ин ду шоири тавоно дар ситоиши шеъри ҳамдигар додаанд, нахустин шинохти дуруст ва комили хонандаро дар бораи шеъри онҳо шакл медиҳад. Онҳо ба ҷуз аз шеъри ҳамдигар аз сурудаҳои шоирони дигари ҳамзамонашон мутаассир нашудаанд, зеро ба ифодаи Устод Рӯдакӣ дигарон шоирони «ровӣ» будаанд. Ва пас аз ин шакке намемонад, ки муносибати ин ду шоирро намунаи комили дӯстию ҳамкории самимона башумор оварем.
Монандӣ пайдо кардани таҷассуми ишқи озодандешона ва беқайду банди ашъори ошиқонаи ин ду шоир ба хубӣ ҳувайдост, ки намунаи онҳоро аз назар мегузаронем. Аз Устод Рӯдакӣ:
Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд?
Дил ба Бухорову бутони Тароз
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз ту пазирад напазирад намоз
Ин мазмунро Шаҳид чунин тасвир кардааст:
… Туро агар малики чиниён бидидӣ рӯй,
Намоз бурдию динор барпарокандӣ
В-агар туро малики ҳиндувон бидидӣ рӯй
Суҷуд кардию бутхонаҳош баркандӣ…
Туро саломат бод, эй гули баҳору биҳишт,
Ки сӯйи қиблаи рӯят намоз хонандӣ.
Оҳангҳои хушгузаронии ҳаёт низ дар шеъри ҳар ду шоир ҳамнаво садо медиҳанд. Устод Рӯдакӣ шод будану бо хушиҳои зиндагӣ пайвастанро чунин тарғиб кардааст:
Шод зӣ бо сияҳчашмон шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод
З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд…
Айнан ҳамин мазмунро дар қитъаи зерини Шаҳид низ мебинем:
Сабзиву сабзакиву сабзаи кишт,
Чун биёбӣ ба бар кашу биншин
Ин бихӯр в-он бипӯшу айш бикун
В - аз лаби обу сабза гул мечин.
Дар бораи ҷаҳон ва матои он ҳам устод Рӯдакӣ ва Шаҳиди Балхӣ як хел андеша доштаанд. Онҳо дунёро ҷойи амну осоиш надонистаанд. Рӯдакӣ дунёро «сарои сипанҷ» ва макони «бозию найранҷ» дониста, ба он дил набастанро талқин кардааст:
Меҳр мафкан бар ин сарои сипанҷ,
К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ.
Неки ӯро фасонаворӣ шав,
Бади ӯро камар - т сахт битанҷ.
Шаҳид низ чун Рӯдакӣ ҷаҳонро макони барои инсони хирадманд ҷовидона «торик» донистааст:
Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.
Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона.
Ҳамин гуна монандиҳо дар мазмуну муҳтаво ва таркиби луғавии осори ин ду шоири фозилу донишманд зиёд ба назар мерасанд. Аммо аз назари шакли баён маълум нест, ки кадоме аз ин ду суханвар дар кадом жанри адабӣ бештар эҷод карда бошанд. Зеро пурра дастрас набудани осори онҳо барои дар қиёси ҳам санҷидани ин мавзӯъ имкон намедиҳад.
Анзурати МАЛИКЗОД,
ходими илмии Институти забон
ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.09.2020 №: 181 Мутолиа карданд: 823