сафарҳо
ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
22 сентябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор дода, бо лоиҳаҳои сохтмони муассисаҳои соҳаи маориф дар вилояти Хатлон шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои асосии шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳритус аз 3 ошёна ва 10 ҳуҷраи корӣ иборат мебошад. Дар ин бино, ҳамчунин, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази таҳсилоти иловагӣ ҷойгир карда шудаанд.
Иншоот, ки сохтмони он соли 2018 оғоз гардида буд, бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид. Дар бинои шуъба барои кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи 3-юм барои баргузории маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ 1 толори барҳаво бо 80 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд.
Дар баробари корҳои сохтмонӣ, ба масъалаи ободу зебо гардондани муҳити атрофи бино низ таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст. Иншоот чароғон ва дар гирду атрофи он гулу бутта ва ниҳолҳои дарахтони ороишиву сояафкан шинонда шудаанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шаҳритус дар маҷмӯъ, 1642 омӯзгор ба хонандагон дарс мегӯяд. Аз ин шумора 1080 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Бунёди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маркази таҷдид ва идомаи сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Маблағи умумии лоиҳа 46 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, аз ҳисоби сармояи давлатӣ татбиқ мегардад. Лоиҳаи мазкур 73 иншооти соҳаи маорифро дар бар гирифта, дар доираи он 68 муассисаи таълимӣ барои 34 ҳазору 880 хонанда дар ду баст ва 5 бинои шуъбаи маориф сохта ба истифода дода мешаванд. Аз ин шумора 71 лоиҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Муъминобод 4 муассисаи таълимӣ бо 1920 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 3 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Фархор 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Восеъ 7 муассисаи таълимӣ бо 3360 ҷойи нишаст дар ду баст, дар шаҳри Кӯлоб 7 муассисаи таълимӣ бо 3264 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Шаҳритус 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст, ноҳияи Дӯстӣ 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Хуросон 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Ҷайҳун 3 муассисаи таълимӣ бо 1440 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Данғара 12 муассисаи таълимӣ бо 5472 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Темурмалик 5 муассисаи таълимӣ бо 2400 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 шуъбаи маориф, ноҳияи Вахш 2 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Балҷувон 4 муассисаи таълимӣ бо 1728 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Панҷ 2 муассисаи таълимӣ бо 1760 ҷойи нишаст дар ду баст, ноҳияи Кӯшониён 3 муассисаи таълимӣ бо 1248 ҷойи нишаст дар ду баст сохта мешавад. Татбиқи ин лоиҳа 11-уми августи соли 2020 оғоз ёфта, 31-уми декабри соли 2024 ба анҷом мерасад.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Шаҳритус соҳаи маориф рушд намуда, дар ин давра даҳҳо адад муассисаҳои таълимии нав бунёд гардида, бинои аксари онҳо аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ сохта шудаанд. То таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони боз 4 муассисаи таълимӣ бо 960 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вилоят ва масъулони Вазорати маориф ва илми мамлакат дастур доданд, ки муассисаҳои таълимии навро дар асоси талаботи муосири илмомӯзӣ бунёд намоянд.
БОҒИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТИИ “ТУС” ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тус”, ки таъмиру азнавсозӣ гардидааст, боздид ба амал оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Боғ бо масоҳати 3,17 гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардидааст.
Лозим ба таъкид аст, ки иқдоми навсозии боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи даст гирифта шуда, натиҷаи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Ин боғ як гӯшаи нообод буд ва дар заминаи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ, ба як мавзеи зебову назаррабо табдил ёфт. Дар он барои истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонон шароити хубу муносиб фароҳам оварда шудааст. Дар маркази боғи мазкур муҷассамаи қаҳрамони ҳамосавӣ - Тус, ки дар “Шоҳнома”-и шоири бузурги тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ёдоварӣ мешавад, гузошта шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯи муҷассамаи паҳлавони бостонӣ бардошта, сокинони ноҳияро бо мавриди истифода қарор гирифтани боғ табрику муборакбод гуфтанд.
Муҷассамаи Тус ва ду шери дар паҳлуяш бударо, ки рамзи қудрату ҷасорат мебошад, ҳайкалтарошони бомаҳорат аз сангҳои ороишии кишвар сохтаанд.
Дар доираи лоиҳаи таҷдиду азнавсозӣ боғ бо навиштаҷот аз нав карда шуд. Ҳамчунин, қаҳвахонаи куҳнаи он, ки “Афсона” ном дорад, таъмир гардида, боз як қаҳвахонаи дигар бо номи “Наврӯз” бунёд гардид. Ҳар ду қаҳвахона дар як вақт метавонанд ба беш аз 80 нафар хизмат расонанд. Тибқи лоиҳа, дар ин боғ як ошхонаи ба таври замонавӣ сохташуда барои зиёда аз 50 нафар ва чойхона низ сохта мешавад.
Дар боғ ду фаввора қад кашидааст, ки калонтарини он 22 метр дарозӣ ва 4,5 метр паҳноӣ дорад. Дарозии фаввораи дуюм 3 метр буда, паҳноиаш низ ба 3 метр мерасад.
Дар боғи фарҳангӣ - фароғатии “Тус” чароғҳои замонавӣ ва гуногуншакл насб шудаанд. Шабона боғ макони афсонавиро мемонад ва ба ҳусни ноҳия зебоии дигар зам мекунад.
Амфитеатри боғи мазкур низ аз таъмир бароварда шуда, барои баргузории барномаҳои фарҳангӣ макони мувофиқу муносиб гардид. Қаблан амфитеатр 150 ҷойи нишаст дошт. Баъд аз таъмиру навсозӣ шумораи ҷойҳои нишаст дар он ба 400 расид. Ҳамчунин, дар он ду ҳуҷра барои ҳунармандон мавҷуд мебошад. Дар гӯшаи дигари амфитеатр барои пешниҳоди барномаҳои ҳунарӣ саҳнаи фароғатӣ бо 400 ҷойи нишаст сохта шудааст.
Дар қисми дигари боғ бинои маъмурии муассиса бунёд шудааст, ки он дорои 4 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, баъд аз таъмиру навсозии боғ беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашт.
Барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони ноҳияи Шаҳритус дар боғи фарҳангӣ - фароғатӣ атраксионҳои гуногун насб гардидаанд.
Бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, дар боғ майдонча барои бозии футболи хурд, волейбол, тенниси рӯи миз, ҳавзи шиноварӣ, толори обутоби бадан, тир ва толори саққобозӣ низ сохта шудаанд. Дар майдончаи варзишии боғ имкони хуби баргузор намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ вуҷуд дорад.
Дар доираи корҳои ободониву зебогардонӣ дар боғ беш аз ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор гулҳои рангоранг шинонда шудаанд. Инчунин, пайкараҳои ҷонварони гуногун, аз қабили шутур, бузи кӯҳӣ, хирс, товус, уқоб, кабку харгӯш ва амсоли ин, гузошта шудаанд, ки ҳусни боғро боз ҳам зеботар мегардонанд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ШАҲРИТУС
Баъд аз ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Тус”-и ноҳияи Шаҳритус ва шиносоӣ бо шароити он, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва сокинону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат ҳозиринро ба муносибати ифтитоҳи иншооти маишиву хизматрасонӣ ва фарҳангиву фароғатӣ, ки дар доираи омодагиҳо барои истиқболи сазовор аз Ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, табрику таҳният гуфтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи ноҳияро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, зикр намуданд, ки тӯли 29-соли соҳибистиқлолии кишвар дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ноҳияи Шаҳритус низ рушду инкишоф ёфта, бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун симои худро ба куллӣ тағйир дод.
Роҳбари давлат доир ба дастовардҳои сокинони ноҳия ибрози андеша намуда, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз ҳидоят намуданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади беҳтар намудани зиндагии сокинони ноҳияи Шаҳритус бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо давоми 29 соли соҳибистиқлолӣ аз Буҷети давлатӣ зиёда аз 515 миллион сомонӣ равона намуд.
Илова бар ин, Ҳукумати кишвар то имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус 5 лоиҳаи давлатии сармоягузориро ба маблағи 22 миллион сомонӣ татбиқ намуда, дар доираи онҳо сохтмону таъмир ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ, таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об, анҷом ёфтанд. Ҳоло дар самтҳои зикршуда боз 7 лоиҳа ба маблағи беш аз 14 миллион сомонӣ амалӣ мегардад.
Ҳамзамон, бо мақсади истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду навсозии 365 иншоот дар назар аст ва то имрӯз 270-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки 74 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Тайи ҳафт моҳи соли равон ба буҷети маҳаллӣ беш аз 18 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки 94,5 дарсади нақша мебошад.
Дар ин давра нақшаи андоз аз даромад, воситаҳои нақлиёт, боҷи давлатӣ ва низоми махсуси андозбандӣ таъмин нагардиданд.
Ҳамзамон, дар ҳафт моҳи соли равон бақияи қарзи андозҳо 8,4 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 4,5 миллион сомонӣ беш аст.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо Кумитаи андоз корро дар самти фаҳмондадиҳӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшида, барои иҷро намудани нақшаи андозу пардохтҳо, кам кардани бақияпулиҳои андоз ва роҳ надодан ба пайдоиши бақияпулиҳои нав чораҷӯӣ намоянд.
Ҳоло дар ноҳия 23 корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки шумораи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4-то зиёд мебошад.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла нахи пахта, чигит, равғани рустанӣ, орд, гӯшт, хишт ва маҳсулоти пластикӣ афзуда, дар маҷмӯъ, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 қариб 22 миллион сомонӣ ё 40 дарсад зиёд шудааст.
Бо вуҷуди дар ноҳия сол ба сол рушд кардани соҳаи саноат, нишондиҳандаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мамлакат, яъне саноатикунонии босуръат, ҳанӯз нокифояанд.
Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолии хурду миёна ва воридоти технологияҳои муосир чораҳои зарурӣ андешанд.
Соҳаи кишоварзии ноҳия дар пешбурди иқтисодиёти он нақши асосӣ дошта, манбаи асосии ҷойи кор ва даромади аҳоливу буҷети маҳаллӣ мебошад.
Ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ назаррас аст. Ба ҳолати 1 августи соли равон кишоварзони ноҳия дар майдони 14,7 ҳазор гектар кишти зироат гузаронданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 дарсад ё 543 гектар зиёд мебошад.
Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар ноҳия ба маблағи 430,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 -ум 11,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои корам, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва иҷрои нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ, инчунин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд.
Дар охири суханронӣ, баъди таҳлилу баррасии натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи бахшҳо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳритус анъанаҳои неки аҷдодамонро дар ҷодаи бунёдкориву созандагӣ идома бахшида, сарҷамъу муттаҳид барои рушди Тоҷикистони азизамон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони касбу кори гуногун - Ҳусноро Бобоева – табиб, Зулфия Имомова – донишҷӯ, собиқадорон Насриддин Ғуломҳайдаров ва Сафаралӣ Бобоназаров баромад карда, бо қаноатмандӣ аз рушду пешрафти ин гӯшаи диёр ибрози андеша намуданд.
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва сокинони маркази вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои сафари корӣ дар ифтитоҳи иншооти ҳаётан муҳими соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар иштирок карда, бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳр мулоқоту вохӯриҳои судманд доир менамоянд.
БАИСТИФОДАДИҲИИ АГРЕГАТҲОИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “САРБАНД”
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.
Аз ҷониби Пешвои миллат агрегати рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 мегаватт (мВт) ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 мВт мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” 240 мВт-ро ташкил дода, он 5-умин неругоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад.
Солҳои 2010 - 2012 агрегати 4-уми неругоҳ, бо тавоноии 45 мВт, таҷдиду навсозӣ гардид.
Сохтмони неругоҳи мазкур соли 1956 оғоз гашта, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор даромад. Бинобар сабаби истифодабарии тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуданд. Ҳамчунин, бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об, солҳои 1993 ва 1994, агрегати 2-юм қисман зери об монд. Агрегатҳои неругоҳ корношоям гашта, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромаданд.
Мавриди зикр аст, ки бо сабаби куҳна ва қисман корношоям гардидани таҷҳизот, неругоҳ бо иқтидори фоиданокии умумии 165 мВт фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани неругоҳ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки осиёии рушд ба маблағи 136 миллион доллари ИМА созишномаи грантиро ба имзо расонд.
Мақсади асосии лоиҳа, баланд бардоштани иқтидори неругоҳ, таъмини кори мунтазам ва самараноки он, мувофиқ намудани фаъолияти неругоҳ ба стандартҳои муосири техникӣ ва зиёд намудани муҳлати истифодабарии он ба шумор меравад. Мувофиқи созишномаи грантӣ, лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он иваз намудани 5 агрегат, 2 автотрансформатори 250-мегаволтампера, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110-киловолта пешбинӣ мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба инкишофи бахши гидроэнергетика, таъкид доштанд, ки НБО «Сарбанд» иншооти муҳиму стратегии мамлакат маҳсуб меёбад ва тадбири навсозӣ дар дигар иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ ҷиҳати расидан ба мустақилияти энергетикӣ ҷараёни тоза касб хоҳад кард.
Тазаккур дода шуд, ки дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад. Ба ин хотир, вобаста ба иҷрои корҳо дар доираи қисмати аввал дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ корхонаи муштараки “Синохайдро – Хайдрочина»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ғолиби озмун дониста шуда, иваз намудани 5 агрегат, низомҳои таъминоти об, ҳавои фишурда, равған, мониторинг, ҳимоя, алоқа ва 2 автотрансформатори 250- мегаволтампера, корҳои таъмирию барқарорсозии кранҳои борбардор, дарвозаҳои обқабулкунанда ва обпарто, соҳилмустаҳкамкунии соҳили чапи дарё ва канал, сохтмони бинои идоракунии неругоҳ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.
То ин муддат, дар доираи қисмати зикргардида, васли агрегати 5-ум, трансформатори генератории 3, сохтмони биноҳои маъмурию маишӣ, барқарорсозии крани 250/30-тоннагии бинои неругоҳ, сохтмони бинои идоракунӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарё, сохтмони бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ анҷом ёфта, моҳи ноябри соли 2018 агрегати рақами 5 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қабл аз татбиқи лоиҳа, иқтидори лоиҳавии агрегати мазкур 45 мВт-ро ташкил дода, баъди васлу насби агрегати нав иқтидори лоиҳавии он ба 49 мВт расид.
Дар қисми дуюми лоиҳа, ки аз барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220 кВ ва 110 кВ иборат аст, дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ Консорсиуми “Генсер ва ГE”-и Ҷумҳурии Туркия тибқи шартнома бо Ширкати саҳомии ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ба кор ҷалб гардид. Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа, барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани трансформаторҳои қудратӣ, шиддат ва ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 кВ, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди неругоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 кВ ва биноҳои идоракунӣ, ба нақша гирифта шудаанд. Айни замон, тибқи нақша, корҳо дар доираи қисмати мазкур идома дошта, то ин муддат сохтмони биноҳои идоракунии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ ва васлу насби таҷҳизот дар дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/10/35 кВ ба итмом расид.
Мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз корхонаҳои зерпудратчиҳои ширкатҳои “Ҷенерал электрик”, “Генсер” ва “Синохайдро” аз Олмон, Италия, Ҳиндустон, Чин ва Қазоқистон ворид гардиданд. Ҳамзамон, вобаста ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз ҶДММ “Ноқили Талко” маҷмӯи ноқилҳои барқӣ харид гашта, дар лоиҳа истифода шуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дарназардошти куҳнаю фарсуда будани таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ, то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 мВт-ро ташкил медод. Дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240 мВт ба 270 мВт расонда шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар неругоҳ ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид. Яъне, баъди анҷом ёфтани навсозӣ, иқтидори ҳар як агрегати неругоҳ 20 мВт афзуда, то тобистони соли 2021 бо иловаи қариб 100 мВт иншоот фаъолияти худро идома хоҳад дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ, ба корҳои анҷомёфтаи таҷдиду навсозӣ дар НБО “Сарбанд” баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки дар қисмҳои дигари ин иншооти муҳими стратегии мамлакат тадбирҳои навсозӣ сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ сомон дода шавад.
БАРАФРОЗИИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангӣ - фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ буда, дар маркази шаҳри Левакант парафшон шуд, ки баландии сутунпояи он 41 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии матои Парчам 6 метр ва дарозиаш 12 метр мебошад. Дар ободонии атрофи иншоот кормандони зерсохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони маҳаллии шаҳри Левакант саҳми муносиб гузоштанд.
Шинондани зиёда аз 18 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, қариб 270 ниҳоли сояафкан ва васлу насби воситаҳои дигари ороишӣ, бахусус ба таври муосир чароғонсозии майдони Парчами давлатӣ, ин маконро ҷолибу диданӣ намудааст.
Бо бунёди майдони Парчами давлатӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант боз як макони зебо барои сайругашти сокинону меҳмонон муҳайё гардид.
ИФТИТОҲИ БИНОИ ТАРАБХОНАИ «ЭҲСОН» ВА ТАҚДИМИ ТУҲФАҲО БА ЯТИМОНИ КУЛЛ
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Бохтар тарабхонаи “Эҳсон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар маркази вилояти Хатлон дар доираи нақша-чорабиниҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Даврон Мирзозода дар масоҳати 1650 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна ва таҳхона иборат мебошад.
Иншооти тозабунёд аз ҷиҳати тарҳ ва лоиҳаи меъморӣ нисбат ба дигар тарабхонаҳои шаҳри Бохтар фарқ дошта, намои берунӣ ва дохилии он аз ҷониби бинокорони бомаҳорати ватанӣ бо нақшу нигори миллӣ ва аврупоӣ зинат дода шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар тарабхона то 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимиву маоши хуб таъмин гашт.
Дар ошёнаи якум ва дуюми тарабхона, бар замми фароҳамсозии шароити хуби нишаст барои 246 нафар мизоҷ, ҳамчунин, 19 ҳуҷраи алоҳида бо 114 ҷойи нишаст, 4 толори хурду васеъ барои баргузории ҳамоишҳо, гузарондани ҷашну маросимҳо ва маҷлисгоҳ барои 60 нафар бунёд ёфт.
Тарабхонаи “Эҳсон” аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ сохта шуда, саҳни бино сафолакпӯшу чароғон гардидааст. Даромадгоҳи онро бошад, ду фаввораи зебову ранга бо тарҳи дилкаш оро медиҳад .
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба 144 нафар ятим, ки бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, туҳфаҳои моливу пулӣ, ки аз либосу пойафзоли зимистона иборат буд, тақдим намуданд.
Сарвари давлат ятимонро ба ифтихори Ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи замони муосир ва касбу ҳунар, ҳидоят карданд.
Бояд таъкид сохт, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Пешвои раъиятпарвар ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон миннатдорӣ баён намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, тарбия мекунад ва таҳти парасторӣ қарор медиҳад.
ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро, ки ба хотири пешвози сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи нави меъморӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Бино дорои 10 утоқ, аз қабили ҳуҷраҳои корӣ, китобхона бо фарогирии 1200 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ, ду маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он беҳтарин шароити корӣ фароҳам аст.
Иншоот сеошёна буда, атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст. Сесадяк замини саҳни бино сабзкорӣ шуда, 268 метри мураббааш сафолакпӯш мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз бинои нав ва шиносоӣ бо шароити кору фаъолият ба иқдоми соҳибкорону аъзои фаъоли ҳизб баҳои арзанда дода, анҷоми чунин амали наҷиби созандагиро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат хонданд.
Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтарро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.
Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат нуҳ корманди ҳизби шаҳри Бохтар, ки қаблан дар бинои ҳизбии вилоят фаъолият доштанд, соҳиби бинои алоҳидаи хуштарҳ гардида, кори худро дар ҳуҷраҳои кушоду барҳаво идома хоҳанд дод.
Гуфта шуд, ки агар соли 2013-ум танҳо дар 5 шаҳру ноҳияи вилоят Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиби бинои алоҳида буд, бо дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ, аллакай, ин шумора ба 21-то расид. Бар замми ин, 25 сохтори ҳизбӣ соҳиби нақлиёти хизматӣ гардида, шумораи аъзои ҳизб нисбат ба ҳафт соли қаблӣ 100 ҳазор афзуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуданд.
ИФТИТОҲИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҷумъабой Ҷалилови шаҳри Бохтар Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-ро ифтитоҳ карданд.
Муассисаи мазкур дар заминаи Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” сохта шуда, аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти муассисаи таълимии тиббӣ оғоз бахшида, иқдоми мазкурро нек арзёбӣ карданд, зеро дар як бино ҷой гирифтани таълимгоҳ ва дармонгоҳ имкон фароҳам меорад, ки толибилмон донишҳои назариявии азхуднамудаашонро амалан таҷриба кунанд.
Коллеҷи тиббӣ ва бинои нави Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” аз тарафи соҳибкори ватандӯсту ободкор Амирулло Асадулло дар масоҳати 2 гектар бунёд ёфта, дорои беҳтарин шароити таълимию табобатист. Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 600 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар муассисаи навбунёди таълимӣ факултетҳои “Кори момодоягӣ”, “Кори табобатӣ”, “Кори фарматсевтӣ” ва “Кори табобати дандон” амал мекунад ва аз рӯи 9 ихтисос мутахассис омода мегардад.
Коллеҷ 27 синфхона, 10 утоқи корӣ, китобхонаҳои анъанавӣ ва электронӣ бо фарогирии 7 ҳазор адабиёти тахассусӣ, фаннӣ ва бадеӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, толор ва майдони варзиши тобистонаю зимистона дошта, озмоишгоҳҳои биологӣ, кимиёӣ, физикӣ ва анатомӣ бо тамоми таҷҳизоти аёниву ашёҳои зарурӣ муҷаҳҳазанд.
Зимни боздид аз синфхонаҳои фаннии муассиса, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толибилмонро ба донишандӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки бо истифода аз шароиту имконоти хуби муҳайёгардида илмҳои муосирро аз худ намоянд.
Ҳамчунин, иттилоъ доданд, ки коллеҷи мазкур дорои маркази омодагии қаблӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои марказондашудаи давлатӣ ва пойгоҳи клиникии Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” буда, дар он мутахассисони варзидаи соҳаи тиб кору фаъолият мекунанд.
Таҳсил дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и шаҳри Бохтар бо низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар он 70 нафар омӯзгор ва номзадҳои илм ба донишҷӯён дарс медиҳанд.
Маҷмӯан, дар муассиса ва Маркази ташхисӣ-табобатии «Даво» 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Ошхонаи муассисаи таълимӣ, ки ба тарзи муосир бунёд ёфтааст, дар як вақт метавонад ба 150 нафар хизмат расонад.
Муассиса бо таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва технологияи иттилоотӣ муҷаҳҳаз буда, бо хатти интернет пайваст мебошад. Дар дохилу беруни он, дар маҷмӯъ, 90 камераи назоратӣ насб шудааст.
Барои волидайн имкон фароҳам омад, ки рафти баргузории дарсҳо ва давомоти фарзандони худро ба воситаи камераҳои сабти видеоию овозӣ тариқи онлайн назорат намоянд.
Дохили бино, синфхона ва утоқҳои корӣ дар фасли сармо бо гармӣ таъмин мешаванд.
Бинои дуошёнаи қаблии Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” ба хобгоҳи коллеҷи тиббӣ табдил ёфта, дар он барои донишҷӯён шароити муносиб фароҳам аст.
Маъмурияти коллеҷи навбунёд мақсад гузоштаанд, ки то соли оянда як бинои иловагии таълимии дигар ба истифода диҳанд.
Саҳни бинои коллеҷи тиббӣ ва Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво”-ро ду фаввора зебо менамояд. Роҳравҳо сафолакпӯш шуда, дар ду тарафи он гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳандаю сояафкан парвариш меёбанд. Ҳамчунин, дар ҳавлии муассисаҳо 4 суҳбаткада ва 37 курсии болопӯш мавҷуданд.
Маркази ташхисӣ-табобатии “Даво” низ аз иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ буда, соли 2008-ум бо ташаббуси соҳибкор Амирулло Асадулло дар кӯчаи Айнии шаҳри Бохтар таъсис ёфт. Табибону кормандони дармонгоҳи номбурда тӯли фаъолияти қариб 12-солаи худ ба сокинони маркази вилояти Хатлон ва ноҳияҳои гирду атроф хизмати хушсифати тиббӣ мерасонданд. Бо назардошти муроҷиатҳои зиёди корафтодагону беморон, маъмурияти муассиса тасмим гирифт, ки доираи фаъолияташонро васеъ намуда, бинои хуштарҳу замонавии дорои таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ бунёд намоянд.
Дар ошёнаи якуми марказ дорухона ва мағозаи хӯрокворӣ ҷойгиранд. Фаъолияти дармонгоҳ дар ошёнаи якум, шуъбаи ҷарроҳӣ дар ошёнаи дуюм ва шуъбаи бемориҳои амрози даруна дар ошёнаи сеюм ба роҳ монда шудаанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити кории табибон ва имконоти ташхисию табобатии муассиса ба масъулин дастур доданд, ки баҳри солимии ҷомеа ва таъмини тандурустии сокинони маркази вилоят ба мардум хизмати софдилона намоянд.
Иброз гардид, ки дар марказ ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ, барқдармонӣ, сабти барқии дил, дандондармонӣ, озмоишгоҳҳои клиникиву биокимиёӣ ва иммуноферментӣ, инчунин, ҳуҷраҳои рентгении рақамӣ ва ортопантомография фаъолият мекунанд, ки ҳамаи таҷҳизот аз Корея, Хитой, Туркия, Олмон, Амрико ва Россия дастрас шудаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои анҷомёфта ва муҳайё гардидани шароити арзандаи таълимию табобатӣ дар муассисаи мазкур баҳои баланд дода, ба фаъолияти минбаъдаи омӯгорону табибон комёбӣ орзу намуданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат ба кормандони он 3 автомашинаи нави ёрии таъҷилии тиббӣ туҳфа карда, аз табибон даъват ба амал оварданд, ки ба аҳолӣ дар сатҳи баланд хизмат расонанд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИСТИҚОМАТИИ 12 - ОШЁНА
Дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои баландошёнаи истиқоматиро ифтитоҳ карданд.
Он 12-ошёна буда, дорои 80 хонаи истиқоматии як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад.
Дар назди бино майдончаи бозӣ ва дилхушии кӯдакону наврасон ва дар шафаташ таваққуфгоҳи мошинҳо мавҷуданд.
Дар ошёнаи якум маркази хизматрасонии иборат аз тарабхонаи зебою замонавӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дар ошёнаи дуюм меҳмонхона бо 26 ҷойи хоб ҷойгиранд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона люкс ва нимлюкс буда, дорои шароити хуб мебошанд.
Бино ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.
Дар бунёди иншооти мазкур беш аз 120 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор таъмин буданд.
Ба Президенти мамлакат иттиллоъ доданд, ки дар маркази хизматрасонӣ, маҷмӯан, 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар доираи амалҳои неку шоиста ва хайрхоҳона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ду оилаи ҷавон – Марҷона Вализода ва Эҳсон Хӯҷамардов, ки ҳар ду ятиманд, хонаҳои истиқоматии се ва якҳуҷрагӣ туҳфа карданд.
Манзилҳои истиқоматии тақдимгардида зебову замонавиянд ва дар онҳо тамоми шароитҳои муосири зиндагӣ муҳайёанд.
Президенти мамлакат зимни тақдими калиди хонаҳои истиқоматӣ ба соҳибонаш таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Оилаҳое, ки соҳиби хонаҳои истиқоматӣ шуданд, аз ин иқдоми башардӯстона ва раиятпарваронаи Пешвои муаззами миллат ибрози сарфарозӣ намуданд. Дар толори тарабхона бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи маҳсули дасти ҳунармандони вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд.
Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки намунаҳои ҳунарҳои миллӣ дар миёни ҷавонон бештар тарғиб шавад, зеро яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз ҳамин ҳунар ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.
Инчунин, дар назди бино, ки аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, лоиҳаи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматии маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар муаррифӣ гардид.
Лоиҳаҳои меъморӣ бо назардошти нақшаи генералии шаҳри Бохтар таҳия гашта, аз хонаҳои баландшёнаи замонавӣ иборат мебошанд.
Зикр шуд, ки сол ба сол теъдоди аҳолӣ дар шаҳри Бохтар меафзояд ва талабот ба хонаҳои истиқоматӣ бештар мегардад. Аз ин лиҳоз, зарурати вусъати тадбирҳои созандагӣ баҳри фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба сокинон ба миён омадааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иншооти сохташаванда бояд ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд ва дар вақти бунёд тарҳи меъмории биноҳо бо нақшу нигори миллӣ оро дода шавад.
ИФТИТОҲИ ГУЛГАШТИ «70-СОЛАГИИ АЗХУДКУНИИ ВОДИИ ВАХШ» ВА НИШОНИ ДАВЛАТӢ
Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.
Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст.
Сохтмони иншоот соли 2018 оғоз гардида, роҳрав ва майдончаву сутуни Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати миллӣ зинат ёфтаанд.
Дар бунёди гулгашти «70-солагии азхудкунии водии Вахш», ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуда буд, соҳибкорони ватанӣ низ саҳм гузоштаанд.
Барои зебову назаррабо ва дилкашу дилнишин кардани як гӯшаи шаҳр, дар ду тарафи наҳр дарвозаҳои даромад сохта, роҳравҳо сафолакпӯш ва майдони боғ сабзазор гардидаанд. 4 фаввораи гулгашт бо сангҳои хоро ва мармар оро ёфта, барои равшаннамоии майдони боғ 75 фурӯзонак насб гашт. Дар як тарафи наҳр ду шаршараи сунъӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуд.
Дар тарафи рости наҳр Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр қомат меафрозад. Худи нишонро, ки андозааш 2,6 метр мебошад, бо санги хоро оро додаанд. Ду пули пиёдагарди болои наҳр ва як пули калон аз ороишоти дигари боғанд.
Дар боғ наздики 90 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла катарантас, тагетс, тоҷи хурӯс, мехчагули туркӣ ва салвия, шинондаанд.
Дар ҳудуди гулгашт дарахтони ороишӣ, аз ҷумла 330 арча, 5 акатсия, 35 писарви, 35 липа ва 15 сирена, парвариш мешаванд.
Майдони гулгашти “70-солагии азхудкунии водии Вахш” ва ҳам назди Нишони давлатӣ ба як макони хушбоду ҳаво бо манзараҳои дилкаш ба мавзеи хуштарҳу замонавии сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфта, минбаъд имкон дорад дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор шаванд.
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ШАҲРИ БОХТАР
22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо роҳбарон ва фаъолону сокинони шаҳри Бохтар мулоқоти судманд доир карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба сокинони шаҳри Бохтар барои пазироии самимӣ арзи сипос карда, ба хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат ва зиндагии ободу осуда орзу намуданд.
Зимни таҳлилу баррасии вазъи феълии рушду тараққиёти бахшҳои ҳаётан муҳими шаҳр, таъкид гардид, ки шаҳри Бохтар дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат, заҳмати содиқонаи сокинон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи он ва фаъолияти самараноки роҳбарияти вилоят хеле ободу зебо шудааст.
Дар 29 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Бохтар аз ҳисоби Буҷети давлатӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
Дар ин давра дар шаҳри Бохтар 24 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 730 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо барои беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва иҷтимоӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ, барқароркунии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва дигар инфрасохтори шаҳр тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Ҳоло дар самти беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тақвияти таҳсилоти ибтидоии касбии техникӣ, беҳтаргардонии хизматрасониҳои нақлиётӣ, беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ, дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ва кумак ба оилаҳои осебпазир дар муқовимат ба вируси КОВИД-19 татбиқи 14 лоиҳаи дигар идома дошта, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда зиёда аз 190 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳо танҳо ба сармояи асосӣ дар шаҳри Бохтар дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ амалӣ гардида, 250 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, беш аз 4000 ҷойи нишаст дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, беморхона барои 300 кат ва дармонгоҳҳо барои қабули 730 нафар дар як баст ба истифода супурда шудаанд.
Мувофиқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Бохтар бунёди 307 бинову иншоот пешбинӣ гардидааст. Давоми ду солу ҳафт моҳи охир бунёди 155 иншооту биноҳо ба анҷом расида, то охири сол ба истифода додани боз 60 иншооти дигар дар назар аст.
Танҳо дар ҳафт моҳи соли равон ҷиҳати сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ 55 миллион сомонӣ маблағ равона гардида, фондҳои асосӣ дар ҳаҷми 28 миллион сомонӣ ба кор андохта шудаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтарро вазифадор карданд, ки фаъолияти худро дар самти назорати сари вақт ва мақсаднок аз худ кардани маблағҳои барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудогардида, бо тарҳи замонавӣ бунёд гардидани иншооту биноҳо ва истифодаи минбаъдаи самараноки онҳо тақвият бахшанд.
Имрӯз дар шаҳри Бохтар 49 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд. Соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо ба 210 миллион сомонӣ расида, нисбат ба соли 2000-ум 120 баробар афзудааст. Дар корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр беш аз 27 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва 7 номгӯи маҳсулоти содиротӣ истеҳсол шуда истодааст.
Дар бист соли охир дар шаҳри Бохтар 23 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 650 ҷои нави кор дар самти саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд гардида, ҳоло фаъолият доранд. Танҳо соли ҷорӣ аз ҳисоби се корхонаи навтаъсис 135 ҷои кор муҳайё шудааст.
Пешвои миллат Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, “Саноатсодиротбонк” ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳрро вазифадор карданд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва фароҳам овардани шароит барои дастрасӣ ба манбаъҳои қарзӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки имкониятҳои шаҳр дар самти рушди соҳаи саноату кишоварзӣ, махсусан коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ҳарчи бештар ҷалб шавад.
Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолони шаҳр, раисони ҷамоату маҳаллаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадорро вазифадор карданд, ки минбаъд низ мардум, хусусан, ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонуну тартибот, корҳои созандагиву ободкорӣ ва сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, иҷрои амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоатро дар миёни аҳолӣ тавсеа бахшанд.
Дар охир Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ҳимматбаланд ва бонангу номуси шаҳри Бохтар дар оянда низ бо заҳмати созанда барои боз ҳам ободу зебо гардондани зодгоҳи хеш ва Ватани маҳбубамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд тан аз иштирокчиёни мулоқот, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои талошҳову ташаббусҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.
Истиқболи меҳмони воломақом – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарият ва сокинони сарбаланди ноҳияи Вахш дар даромадгоҳи ноҳия самимӣ ва бо арҷгузорӣ ба талошу пайгириҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини пешрафти босуботи Тоҷикистони азиз сурат гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, дарвозаи ноҳияи Вахшро, ки ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, сохтмони дарвозаи ноҳияи Вахшро бинокорони ҶДММ “Барқ сохтмон” ба анҷом расондаанд. Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноияш 11 метрро дар бар мегирад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар идомаи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ барои истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат дарвозаҳо ба истифода дода мешаванд.
Атрофи дарвозаи ноҳияи Вахш чароғон гашта, як фаввораи зебо низ дар мавзеи қабулу истиқболи меҳмонон ва айвон бо санъати баланди кандакорӣ бунёд шудааст, ки ҳангоми ташрифи меҳмонону сайёҳон ба ҳар як бинанда таассуроти нек мебахшад.
Ҳамзамон, атрофи иншоот сабзкорӣ ва гулкорӣ гардида, муқаддасоти миллӣ низ гузоштаанд. Дар маҷмӯъ, барои қабули меҳмонону сайёҳон дар даромадгоҳи ноҳияи Вахш мавзеи хеле зебо бо шароити муосир фароҳам гардидааст.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи нақлиётгарди ҳудуди шаҳраки Кировро, ки баъди мумфаршкунӣ аз ду тараф чароғон шудааст, ба истифода доданд.
Роҳи мазкур 12 километр дарозӣ дошта, бо харҷи 12 миллион сомонӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон таҷдиду навсозӣ гардид.
Роҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои роҳсозӣ таҷдиду мумфарш шуда, масъулон ҳангоми корҳо ҳамаи талаботу меъёрҳоро ба инобат гирифтаанд.
Паҳноии роҳ 8 метр ва дар баъзе мавзеъҳо ба 12 метр расида, пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи 4-уми роҳсозӣ мутобиқ гардондаанд. Фармоишгари иншоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ду тарафи роҳ 414 сутунпояи 9-метра гузошта шудааст, ки шабонгоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он бидуни монеа сурат мегирад.
Ин қитъаи роҳ солҳо боз таъмирталаб буд ва, инак, бо файзи истиқлол мавриди навсозӣ қарор гирифта, мушкили чандсолаи ронандагону сокинон дар ин самт аз миён рафт.
Дар доираи мумфаршкунии роҳ, ду пули мошингузар бо дарозии 12 ва 22 метр навсозӣ гардида, аз ду тараф бо панҷараҳои зебои рӯшноидиҳанда зинат дода шудааст.
Дар қитъаҳои гуногуни роҳ 20 истигоҳи замонавӣ сохтаанд.
Мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингард дар рӯзҳои истиқбол аз 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои сокинони ноҳияи Вахш мебошад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз даромадгоҳи ноҳияи Вахш то деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон роҳҳо навсозӣ гашта, аз ду тараф пурра чароғон шудаанд.
Таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар дигар деҳоти ноҳияи Вахш босуръат идома доранд.
Дар ноҳияи Вахш 237 километр роҳ мавҷуд аст, ки аз ин 169 километраш дорои аҳамияти маҳаллӣ ва 67 километри дигарро роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ташкил медиҳанд.
Тавре иттилоъ доданд, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия то имрӯз 25 километр роҳ таъмиру навсозӣ гардида, тибқи нақшаи ободониҳо, боз 20 километри дигар мумфарш мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз роҳи мошингард ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати равона намудани таваҷҷуҳи зиёд барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва таъмини муназзами ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳама фаслҳои сол муваззаф намуданд.
ИФТИТОҲИ БИНОИ МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНИИ “БАҲОР”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии маркази хизматрасонии “Баҳор”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Маркази мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз тарафи соҳибкори ватандӯст Муҳибулло Ҳабибов дар муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ гардид.
Корҳои навсозӣ дар иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи хушсифат амалӣ шудаанд.
Марказ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, масоҳати он 30 садякро дар бар мегирад.
Дар ошёнаи якуми бино ҷойгиронии маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар назар дошта шуда, ошёнаи дуюми он барои фурӯши либосҳо, аз ҷумла мардонаю занона, мактабӣ ва кӯдакона, пешбинӣ мешавад.
Ҳамчунин, пас аз навсозӣ, дар ошёнаи дуюм гӯшаи махсуси намоиши доимии асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯзу имрӯзи таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватанро дар худ инъикос мекунанд, ташкил шудааст.
Ин гӯша дар заминаи иқдомҳо дар роҳи ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб ва бедор сохтани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири онҳо таъсис ёфт.
Тавре иттилоъ доданд, дар Маркази хизматрасонии “Баҳор” барои 50 нафар ҷои кори доимӣ муҳайё гардида, дар назар аст, ки оянда барои дастрасии саривақтии сокинон бо маҳсулоти хушсифату арзон фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ низ ба роҳ монда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пас аз шиносоӣ бо шароити нави хизматрасонӣ дар маркази “Баҳор”, дар ҳамин ҷо бо 91 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷайҳун, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ, аз ҷумла сарулибоси мактабии зимистона ва шириниҳо, тақдим намуданд.
Таъкид гашт, ки имрӯз танҳо дар ноҳияи Вахш 1094 нафар ятим, аз ҷумла 37 ятими кулл умр ба сар мебарад, ки зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои Сарвари ятимпарвари мамлакат қарор дорад.
Шодию нишоти ятимонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо дар рӯзҳои таҷлил аз 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дасти Пешвои муаззами худ туҳфаҳо гирифтанд ва аз наздик бо Пешвои миллат суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.
Боиси зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии чунин ашхосро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳар як сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд.
Солҳои соҳибистиқлолӣ барои боз ҳам беҳтар кардани шароити таълиму тарбия ва будубоши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеа ба зиндагии арзанда корҳои назаррас амалӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбати самимӣ бо ятимон, онҳоро барои истифодаи пурсамар аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати мамлакат барояшон дар самти аз худ кардани донишҳои замонавӣ, техникаву технологияи муосир ва, муҳимтар аз ҳама, дӯст доштани Ватани азиз муҳайё кардааст, ҳидоят намуданд.
Кӯдакон аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷайҳун ба Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки илмҳои муосирро меомӯзанд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол саҳми шоистаи худро мегузоранд.
МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш, инчунин, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯсти ноҳия Ҳусейн Ашуров бунёд ёфта, баландиаш бо назардошти минбар 52 метрро ташкил медиҳад.
Паҳноии матои Парчам 7 ва дарозиаш 14 метрро дар бар гирифта, сохтмони сутунпояи он аз ҷониби коргарону мутахассисони ҶДММ “Спетс Техника” дар муддати қариб як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.
Майдони Парчами давлатӣ 70 садяк буда, дар ҳудуди он гулҳои ҳархелаи мавсимӣ шинонда шудаанд. Ҳамзамон, дар ду тарафи сутунпояи Парчам 2 фаввораи чоркунҷашакл бунёд гашта, бо чароғҳои равшанидиҳанда оро ёфтааст, ки барои сайругашти сокинону меҳмонони ноҳияи Вахш мувофиқ мебошад.
Ҳудуди он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз зебу зинат ёфта, ҳамзамон, 7 нишастгоҳ дорад. 15 чароғаки равшанидиҳанда насб гардида, шабонгоҳ ҳусни атрофро назаррабо мегардонад ва сайругашти бемамонияти сокинону меҳмононро таъмин месозад.
Қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, нишон аз эҳтироми баланди сокинон нисбат ба муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошад.
ИФТИТОҲИ БИНОИ МАЪМУРИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВАХШ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ карданд.
Иттилоъ доданд, ки он аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, шуъбаҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, кор бо занон ва ҷавонон, таблиғот, иттилоот ва матбуот мебошад.
Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати сазовор таҷлил намудани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми бародарони соҳибкор аз оилаи Юнусовҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона сохта шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2020 №: 182 - 183 Мутолиа карданд: 2928