logo

сиёсат

БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЛАТИФЗОДА РУСТАМ БАРОТ, КИ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШНИҲОД ШУДААСТ

Ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
-бо дарки масъулият ва нангу номуси ватандорӣ;
-барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ;
-боло бурдани сатҳи иҷтимоии  зиндагии мардуми кишвар
бо шиори «Зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон»  ҳадафҳои асосии барномавии зеринро ба баррасии шумо пешкаш менамоям:

1. ДАР БАХШИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ:
-  Тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, тақвияти зиракии сиёсӣ;
- таҳкими иқтидорҳои мудофиавӣ тавассути хариди техника ва воситаҳои муосири ҳарбӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай;
- баланд бардоштани обрӯ ва эътибори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти корҳои дохилӣ;
- ба роҳ мондани хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар асоси шартнома (алтернативӣ), дастгирии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ;
- беҳтар кардани шароити иқтисодӣ ва иҷтимоии маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадӣ.

2. ДАР БАХШИ ИҚТИСОД:
- Ҳамроҳшавӣ ба Иттиҳоди гумрукӣ бо дар назаргирии ҳатмии манфиатҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, халалдор насохтани истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодӣ;
- истифодаи бештари иқтидорҳои энергетикӣ тавассути бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, ҷалби маблағҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва сармоягузорони инфиродӣ;
- бунёди корхонаҳои нави саноатии хурду миёна вобаста ба захираҳои табиӣ ва кории маҳал, пурра ба кор андохтани корхонаҳои саноатии мавҷуда;
- кам кардани шумораи санҷишҳои корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ҷорӣ кардани шакли ягонаи иҷозат барои фаъолияти соҳибкорӣ;
- таъсиси марказҳои логистикӣ дар минтақаҳо, кластерҳои истеҳсоливу тиҷоратӣ бо мақсади тезондани суръати саноатисозии мамлакат;
- амалӣ намудани сиёсати рушди баробартавозуни минтақаҳои кишвар;
- баланд бардоштани имиҷи сайёҳии кишвар, бунёди инфрасохтори дахлдор ва ташкили хизматрасонии муносиби сатҳи ҷаҳонӣ, зиёд кардани хатсайрҳои сайёҳӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои қонунӣ кардани (легализатсияи) иқтисодиёти пинҳонӣ ва рақобати солим байни соҳибкорон;
- таъсиси институти Омбудсмен оид ба ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон;
- таҳия ва қабули Консепсия, Стратегия ва Барномаи миллии рушди иқтисодиёти минтақаҳои кӯҳӣ.

3. ДАР БАХШИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ АГРАРӢ:
- Боз ҳам баланд бардоштани мавқеи бахши аграрӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат;
- вобаста ба таҷдиди соҳа ва талаботи имрӯза бозбинӣ кардан ва тақвият додани фаъолияти Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ;
- озод кардани соҳаи кишоварзӣ аз андоз, баланд бардоштани нафақаи кишоварзон то сатҳи нафақаи миёнаи ҷумҳуриявӣ;
- баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиат;
- ташкили кластерҳои агросаноатӣ, хизматрасонӣ дар бахши бозорёбӣ, ташаккул ва дастгирии брендҳои маҳаллии маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии истеҳсолоти хоҷагиҳои ёрирасони аҳолӣ;
- тарғиб ва дастгирии муттаҳидшавии ихтиёрии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва рақобатпазирии молу маҳсулоти онҳо;
- ҷорӣ кардани дастовардҳои илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ;
- беҳтар кардани хизматрасонии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла таъминот бо тухмии хушсифат, чорвои зотии сермаҳсул, нуриҳои минералӣ, техникаю технологияҳои муосир;
- истифодаи васеи технологияи рақамӣ дар обёрии кишоварзӣ ва идоракунии замин;
- ҷорӣ кардани имтиёзҳои тарофавӣ барои пойгоҳҳои обкашӣ вобаста ба истифодаи  неруи барқ;
- бунёди обанборҳои хурд ва миёна дар доманакӯҳҳо бо мақсади аз худ кардани заминҳои нав ва таъмини устувори оби полизӣ.

4. ДАР БАХШИ ИҶТИМОӢ:
- Бепул кардани хизматрасонии ҳиссаи асосии муассисаҳои тиббӣ, ба роҳ мондани суғуртаи тиббии ихтиёрӣ;
- татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ба роҳ мондани хизматрасонии муосири коммуналӣ дар деҳот;
- тақвият додани иқтидорҳои миллии муқовимат ба таҳдидҳои глобалӣ, аз ҷумла пандемияи COVID-19;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони корӣ, бахусус дар Федератсияи Россия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва касбии онҳо тавассути марказҳои махсуси машваратӣ, таълимӣ ва касбомӯзӣ;
- дастгирии ашхоси камбизоат, маъюбон ва дигар шаҳрвандони ниёзманди ёрии иҷтимоӣ.

5. ДАР БАХШИ ИЛМ ВА МАОРИФ:
- Маблағгузории махсуси давлатӣ (на камтар аз 5% - и Буҷети давлатӣ) барои ихтироъкорӣ ва таҳқиқоти инноватсионӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти воқеӣ, ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот;
- баланд бардоштани маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ;
- 50% кам кардани маблағи шартномаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ барои оилаҳои ниёзманд, бепул кардани таҳсил барои донишҷӯёни болаёқат;
- тайёр кардани кадрҳо дар асоси омӯзиши талаботи соҳаҳои иқтисодиёт ба мутахассисон;
- беҳтар кардани таъминоти моддии муассисаҳои таҳсилоти ҳамаи сатҳҳо;
- рушди низоми тарбияи томактабӣ, маблағгузории давлатии будубоши кӯдакони оилаҳои ниёзманд дар муассисаҳои томактабӣ.

6. ДАСТГИРИИ ЗАН ВА ОИЛА:
- Ҳавасмандгардонии занони соҳибкор, пешбарии занон ба мансабҳои давлатӣ дар мақомоти иҷроия ва намояндагӣ;
- дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии занон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо;
- дастгирии давлатии оила, хусусан оилаҳои ниёзманд, фароҳам овардани муҳити солим ва шароити мусоид барои таҳкими оила, баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон.

7. ДАР БАХШИ МАЪНАВИЁТ:
- Тарғиби анъана ва расму оинҳои суннатӣ, ҳурмату эҳтироми якдигар, зиндагии дӯстонаи ҳамаи миллату халқиятҳои кишвар;
- баланд бардоштани мақоми илм, маориф ва фарҳанг дар ташаккули шуури ватандӯстӣ, заковати фитрӣ ва худшиносии миллӣ;
- пос доштан ва ҳифз кардани мероси таърихию фарҳангӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавӣ;
- таблиғи фарҳанги миллии аҷдодӣ, тарғиби бунёдкориву созандагии даврони истиқлол.

8. ДАР БАХШИ ДАСТГИРИИ ҶАВОНОН:
- Тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ;
- дастгирии ташаббускорӣ ва таҳқиқоти илмии ҷавонон, татбиқи дастовардҳои инноватсионии онҳо дар истеҳсолот;
- ба ҷойи кор ва шароити зист таъмин кардани мутахассисони ҷавон;
- дастгирии давлатии таълим, бозомӯзӣ ва таҷрибаомӯзии ҷавонон ва мутахассисони болаёқат дар муассисаҳои бонуфузи хориҷи кишвар;
- беҳтар кардани шароити истироҳат, варзиш ва фароғати ҷавонон.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2020    №: 182 - 183    Мутолиа карданд: 737
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед