фарҳанг
«ТЕАТРИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН» СУХАНИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК
Роҳи тайнамудаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон, ки бар асоси студияи тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳунари театрии ба номи А. Луначарскийи Москва таъсис ёфтааст, пуршебу фароз ва саршор аз бозёфтҳои ҳунарист. Театр тӯли фаъолияти қариб панҷоҳсолаи хеш дар ҳаёти театрии кишвар ҷойгоҳи вижа касб намудааст.
Ин матлаб бардошт аз асари нави театршинос Муҳаммадуллоҳ Табаров «Театри ҷавонони Тоҷикистон» аст, ки чанде пеш тавассути нашриёти «Графика Принт» аз дасти чоп баромад. Ин аст, ки беҳтарин намоишҳои театри ҷавонон дар соли 1977 Ҷоизаи Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистонро дарёфт намуд. Соли 1978 театри мазкур номи М. Воҳидов – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро гирифт.
Муаллиф солҳои ҳамкорӣ бо коргардонони соҳибназару соҳибсабк – Ҳ. Абдураззоқов, Т. Аҳмадхонов, Ш. Қиёмов, Э. Масафоев, В. Я. Ланге, М. Хаёлов, А. Қодиров, Ф. Қосимов, М. Миров, Д. Убайдуллоев, Б. Абдураззоқов ва С. Усмоновро зиндаву гарм, борвар ва муфид шумурдааст. Маълум мешавад, ки театр ба ҳамкории коргардони ҷавон Н. Меликов низ ба тозагиҳои ҳунарӣ даст ёфтааст.
Дар тӯли ин солҳо тамоюли фикрӣ ва меҳвари идеяҳои театр борҳо маҷрои худро иваз карда, аз ҷараёнҳои гуногуни ҳунарӣ пайравӣ намуд. Новобаста аз ин, театри ҷавонон пайваста дар ҳоли пажӯҳиш аст. Аз як намоиш то намоише дигар чеҳраи театр низ ҳампои вақт ва ҷомеа тағйиру таҳаввул мепазирад.
«Номи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов дар таърихи театри драмаи тоҷик ба унвони таблиғгари фаъоли ҳунари воқеънигорӣ ва системаи Станиславский сабт гардид. Масири ҳунарии театри мазкур бозтобе равшан аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии поёни қарни ХХ-оғози қарни XXI аст. Ин вижагии театр имкон медиҳад яқин бар ояндае равшану бузурги он дошта бошем», - хулоса намудааст муҳаққиқ.
Айни ҳол дар эҷодиёти ҳунармандони театр фароянди омезиши равандҳои таърихиву иҷтимоӣ бо хаёлпардозии бадеӣ печидатару рангинтар гардида, ба ин мӯҷиб, шаклу сабки офаридаҳои ҳунарӣ низ танаввуи бештар пайдо мекунанд. Маълум мегардад, ки театри ҷавонон барои фароҳам намудани посухҳои муносиб ба тақозо ва ниёзҳои муосири таърих ва тамошогари рӯз, пайваста кӯшиш менамояд. Дар феҳристи осори ҳунарии театри ҷавонон бахши намоишҳое дар бораи инсонҳои барҷаста ва шахсиятҳои намоён қобили ташхис аст. Театр дар ҳама давраҳо ниёз ба осори мазкур доштаву хоҳад дошт. Зарурати онҳо дар замони мо низ эҳсос мегардад. Чуноне ки аз таҳқиқоти М. Табаров бармеояд, мавзӯи ҷаҳони муосир, ба гунае, парчами театри ҷавонон ба шумор меояд ва онро бо тамошогар қарин гардондааст.
Театри ҷавонон дар муддати фаъолияти худ ҳамеша ниёз ба омӯхтани равони инсон ва зиндагии маънавии ӯ дорад. Комёбиҳои ҳунарии он низ ғолибан натиҷаи ҳамин кӯшишҳост ва нокомиҳояш пайомади фосила гирифтану дур рафтан аз равиши мазкур мебошад. Дар охири солҳои 80 – уми қарни гузашта гурӯҳи театр аз маҳорате бархӯрдор гардид, ки эътирози ошкори ҳунармандонро дар муқобили рукуди тӯлонии офаринандагии ҳунарӣ имконпазир сохт. Иддае аз ин гурӯҳ ба ҳамкориву пайравӣ аз Фаррух Қосимов рӯ оварданд. Ф. Қосимов низ ҳунармандонеро, ки ба ӯ эътимод намуда ва сарнавишти хешро ба ӯ вогузошта буданд, навмед накард; театр ба иҷрои коре даст ёфт, ки дар таърихи театри тоҷик собиқаву назир надошт. Маълум мегардад, ки театри «Аҳорун» низ дар домони театри ҷавонон тавлид шудааст.
Таърихи Театри ҷавонони Тоҷикистон иртиботи мустақим бо номи коргардонону актёрони он дорад. Ранги вижаи мавқеияти инсонӣ ва равишҳои ҳунарии Шамсӣ Қиёмов дар асарҳое, ки ӯ бар саҳнаи театр гузошт, намоён гардид. Тӯрахон Аҳмадхонов ба унвони коргардон дар ҳамин театр камол ёфт. Музаффар Хаёлов ва Абдулҳафиз Қодиров аз ҷумлаи актёрони театри мазкур, ки бо касби огоҳиву таҷриба дар ҳирфаи сангини коргардонӣ, дар муддати кӯтоҳ намоишҳои арзишмандеро ироа намуданд. Сабки офаринандагии ҳар як аз онҳо, ки басе фардӣ ва хос аст, аз ҷониби муаллифи монография басе мушикофона таҳлил шудааст.
Шоистаи зикр аст, ки бархӯрдорӣ аз заминаи асили равоншиносӣ, самимияту хунгармӣ ва эҳсоси зиндаи ҳунарӣ хосси ҳамаи ҳунармандони театри ҷавонон аст. Муаллиф фаъолияти бозигарии Қурбон Ҳомидовро чунин нишон медиҳад: «Ӯ ҳунари таҷассум ва вуруд дар моҳияти образи қаҳрамонро ба хубӣ фаро гирифтааст». Офаридани образҳои бунёдии равоншинохтӣ аз вижагиҳои фаъолияти ҳунарии Тағоймурод Розиқов таҳлил шуда, сабки ҳунарии Ғолиб Исломов бо эҷозу вузуҳи худ тасвир шудааст. Марҳалаи аввали фаъолияти Раҷабгул Қосимова ба офаридани нақшҳои ошиқонаву ғиноӣ ихтисос ва дар марҳалаи дувуми фаъолияти ӯ ҳунари бозии суфтаву хос ва хислатофаринӣ муайян гардида. Образҳои офаридаи модар дар иҷрои ҳунарманди дигари театр – Гулсара Абдуллоеваро метавон намоишгоҳи хос аз нигоргарии модарон ба шумор овард.
Тамоюл ба ҳаҷви гиро, кашфи асли ботинии қаҳрамон ва гротеск хосси ҳунармандоне аз зумраи Шодӣ Солеҳов, Амон Қодиров ва Насриддин Нуриддинов баён ёфта. «Агар ҳунари онҳо мабнӣ бар таҷрибаҳои бартари театри суннатӣ – масхарабозӣ бошад, Абдулмуъмин Шарифӣ ғолибан пайрави сабки ровиёну наққолон аст», - овардааст муаллиф. Бердӣ Мингбоев ва Султоншо Муқаддамов аз зумраи ҳунармандоне муайян мешаванд, ки андешаву эҳсоси қаҳрамонони хешро ҳазм намуда, сарфи назар аз абъоди замониву маконии рӯзгори онҳо, дунёи онҳоро ламс мекунанд. Хунгармӣ ва романтизми барҷаста бошад, хосси сабки ҳунарии Ибодулло Машрабов муайян шудааст. Фирӯз Умаров, Бобосаид Ятимов, Сабзагул Қурбонова, Розия Ҳайдарова, Заррина Хушвақтова ба унвони ҳунармандоне намоён гардиданд, ки тамоюл ба завқу нигариши мӯшикофи равоншинохтӣ доранд.
Дар тӯли солҳои охир дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов таҷрибаву суннатҳои наслҳои пешинро ҷавонони соҳибистеъдод ҳифз намуда ва идома мебахшанд. Дар мавқеиятҳои аслӣ ҳунармандоне аз зумраи М. Ёрова, Г. Абдулхайрова, Б. Обидов, Қ. Мирзоев, С. Ҷанҷолов, З. Бадалова, Б. Комилов, А. Исматов, З. Ҳоҷиев, А. Каримов, М. Ҳабибов, Ш. Ҳасанов, А. Ҳасанов ва дигарон нақш меофаранд.
«Театри ҷавонон то ба имрӯз сабки мушаххас, намоди бадеӣ ва самтгирии фикрии вижаи худро ҳифз намудааст. Ин хислатро ҳунармандони театр аз устодону пешоҳангони хеш ба ирс бурдаву барои пасомадагонашон вогузоштаанд», - хулоса мекунад муаллиф.
Муҳаққиқ бурду бохти ҳунарии ин дастаи театриро ҳамвора бо равандҳои сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии охири асри ХХ ва оғози асри ХХ1 ба риштаи таҳқиқ кашидааст. Асар барои муҳаққиқони соҳаи ҳунар, коргардонҳо, актёру рассомони театр, донишҷӯёни риштаҳои ҳунарӣ, журналистон ва доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2020 №: 182 - 183 Мутолиа карданд: 731