сиёсат
БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҒАФФОРОВ АБДУҲАЛИМ, КИ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШНИҲОД ШУДААСТ
Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки тӯли 24 сол аст фаъолият дорад, дар ҳамаи таҳаввулоти сиёсӣ, рушду такомули иқтисодии кишвар ва ба тадриҷ баланд бардоштани дараҷаи иҷтимоӣ, фарҳангии мардум, талош меварзад.
Муддати ҳаждаҳ соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мардуми мо ба дастовардҳои зиёд ноил гардид, ки боиси хушнудӣ ва ифтихор аст. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз ин муваффақиятҳо, ки боиси сарфарозии мардуми мост, бисёр хушнуд аст.
Вале дар ҷомеа ҳанӯз норасоиҳое мавҷуданд, ки барои пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум монеаҳо ба вуҷуд меоваранд. Моро зарур аст, ки дар соҳаи иқтисодиёти кишвар ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда, сафи бекоронро дар байни ҷавонон кам намоем. Коҳиши ахлоқ ва паст рафтани маънавиётро пешгирӣ намуда, камбизоатиро ба пуррагӣ нест намоем. Мардумро аз нобаробариҳои иҷтимоӣ эмин нигоҳ дорем.
Дар ин ҷода мақсад ва мароми барномаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистӣ, дар тадбиқи дурусти ислоҳоти иқтисодӣ, пур кардани бозори истеъмолии нархаш нисбатан арзон бо молҳои талаботи рӯз ва сифатан хубу аъло, дастгирии ҳаматарафаи нафақахӯрону маъюбон, занони танҳо, оилаҳои камбизоат, донишҷӯёну иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, воқеаҳои Чернобил, ҷанговарони интернатсионалист ба шумор мераванд. Дар ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳим, мақому мароми мутахассисони баландихтисосу дорои тафаккури нави иқтисодӣ, басо зарур аст. Пеш аз ҳама, бояд манфиати ҳамаи халқҳои дар ҷумҳурӣ муқимбуда, урфу одат, анъана ва ақлу заковати фарзандони барӯманду бохиради онҳоро ба инобат гирем ва мо аз донишу маҳорат ва таҷрибаи онҳо самаранок истифода барем.
ДАР СОҲАИ СИЁСӢ
•Таҳким ва рушди демократия дар кишвар;
•мустаҳкам кардани равобити дустӣ бо ҳамаи кишварҳо, муборизаи ҷиддӣ алайҳи терроризм, экстремизм, ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, одамфурӯшӣ ва истисмори меҳнат;
•роҳ надодан ба ягон намуди моҷароҷӯиҳои сиёсӣ, дастгирии ҳаматарафаи манфиатҳои ҳама гуна қавму миллатҳо;
•таъмини ҳаматарафаи муҳимоти лозимаи сарҳадоти кишвар;
• баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба корҳои масъули давлатӣ;
• дуруст истифода бурдани шаклҳои фаъолияти парламентӣ ва волоияти қонун;
• шахс ва таъмини ҳуқуқҳои он.
Мустаҳкам ва қавӣ гардондани неруҳои низомӣ:
• рушд ва нумӯи идоракунии давлатии механизмҳо, ниҳодҳо ва салоҳиятҳо, ки дар таъмини рушди индустриалию инноватсионӣ, ҳамгироӣ бо иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муҳимро бозанд;
• ҳар гуна дахолатҳои беасоси мақомоти давлатӣ, ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ, андозбандии аз меъёр зиёди бахши расмии иқтисодиёт ва заминаи заифи андоз ҷиҳати маблағгузории вазифаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал ба танзим дароварда шавад;
• баланд бардоштани дараҷаи иқтидор, салоҳият ва равандҳои босифати маъмурӣ дар сатҳи маҳал ва баробар кардани он ба сатҳи миллӣ;
• таҳия намудани механзимҳои таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ;
• ҳаматарафа таъмин кардани хизматрасонии низоми электронӣ дар ҳамаи соҳаҳо;
• фароҳам овардани шароитҳои берунаи мусоидкунандаи рушд, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳо ва шаъну шарафи шаҳрвандони берун аз кишвар;
• коҳишдиҳии осебпазирии иқтисодиёти кишвар ба таҳдидҳои эҳтимолии беруна;
• ҷустуҷӯ ва пайдо кардани сарчашмаҳои дохилии рушди устувори иқтисоди дохилӣ;
• таъмини ҳаматарафаи рушди босуботи иқтисодӣ, шуғли пурмаҳсул ва самаранок истифода бурдани захираҳои энергетикӣ барои самаранок ташкил намудани фазои соҳибкорӣ.
СИЁСАТИ КАДРҲО
Аз ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ҳалли саҳеҳи бисёр масъалаҳои зикршуда вобастагии зиёд дорад.
Аз нутқу баромадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аён гардид, ки дар бисёр идораҳои давлатӣ, ташкилоту корхонаҳо, идораю муассисаҳо ҳанӯз фардҳое фаъолият доранд, ки манфиатҳои шахсии хешро аз манфиатҳои мардуму ҷомеа боло мегузоранд ва натиҷаи он авҷ гирифтани ришвахӯрӣ, бюрократизм ва ноадолатӣ дар байни ҷомеа мегардад. Хусусан баъзе кормандони соҳаҳои гуногуни буҷет боварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро содиқона иҷро намекунанд.
Бинобар ин:
• бояд дар сиёсати кадрҳо ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шавад;
• аз ақлу заковат ва донишу фаросати кадрҳои баландихтисоси ҳамаи қавму миллатҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ истифода бурда шавад;
• ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро бо таҳсили бепули давлатӣ амалӣ гардонда, аз болои фаъолияти макотиби олӣ ва миёнаи махсус назорати қатъӣ ҷорӣ намудан;
• ҷорӣ намудани ҷазоҳои сахти маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои шахсони масъул, ки пояҳои муайяни қонунҳои амалкунандаро вайрон мекунад;
• ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати нигаҳдорӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисос;
• бо таври зарурӣ ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти давлатӣ ва истифодаи дурусти захираҳои инсонӣ дар низоми идоракунӣ;
• бартараф намудани нобаробарии мардону занон дар хизмати давлатӣ;
• ҷалб намудани занони фаъол ба мансабҳои роҳбарӣ ва коркарди механизми он;
• таҳия намудани барномаҳои нигаҳдории кадрҳои соҳибихтисос дар хизмати давлатӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ асосноккардашуда;
• Самаранок ва сифатнок гузаронидани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос.
СИЁСАТИ БУҶЕТӢ - МОЛИЯВӢ
Дар зарбулмасале омада, аз ду чиз роҳи халосӣ нест: «Марг ва пардохт накардани андоз», ки ғанӣ гардондани буҷети давлат аз он вобаста аст. Сиёсати хирадмандона ва истифодаи оқилонаи андоз мақом ва мароми хосро дорост, ки мутаассифона дар ин самт ҳанӯз норасоиҳои зиёд мавҷуданд. Ҳастанд ашхосе, ки аз додани андоз саркашӣ намуда, аксар маврид даромадҳои худро пинҳон медоранд. Бо истифодаи сиёсати дурусти андоз, мо метавонем ҳаёти иҷтимоии мардуми камбизоат, нафақаҳӯрон, донишҷӯён, маъюбон, занон, пирону ҷавононро беҳтар гардонем. Бо ин мақсад мо пешниҳод мекунем:
• кам кардани штатҳои идораҳои давлатӣ (алалхусус сохторҳои қудратӣ ва ташкилотҳои тафтишотию назоратӣ);
• дуруст фароҳам овардани имконот ва шароитҳо ба муассисаҳои буҷетӣ, оид ба беҳтару хубтар кардани шароити моддию молии кормандони худ;
• беҳтару хубтар гузарондани сиёсати хусусигардонии моликияти давлатӣ ва хотима додан ба ҳар гуна хусусигардониҳои ғайриоқилона;
• барҳам додани ҳама гуна шаклҳои бюрократӣ дар бонкҳо оид ба додани қарзҳои имтиёзнок;
• равнақу ривоҷ додани соҳибкории хурду миёна ва истифодаи оқилонаи инвеститсияҳои хориҷию дохилӣ;
• баланд бардоштани мақом ва мароми қонунҳои амалкунанда ва назорати қатъӣ аз болои фаъолияти шахсони ҳуқуқию воқеӣ;
• ҳавасманд кардани соҳибкорон, инвесторҳо бо мақсади ғанӣ гардондани буҷет;
• дастгирии соҳибкории хурду миёна дар деҳот ва бо ин восита таъмин намудани теъдоди ҷойҳои корӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ;
• коркарди заминҳои бекорхобида, нав ва бо ин восита таъмин намудани аҳолии деҳот бо ҷойҳои корӣ.
ХУСУСИГАРДОНӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТИКУНОНИИ МОЛИКИЯТ
Таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин собит сохт, ки яке аз роҳҳои дурусти дар амал татбиқ намудани сиёсати иқтисодӣ, ин хусусигардонӣ ва ғайридавлатикунонии моликияти давлатӣ ба шумор меравад.
Дар ин раванд дар ҷумҳурии мо камбудиҳои зиёд мавҷуданд.
Хусусигардонии ғайриоқилона ва додани моликият ба шахсони бемасъулу бемақсад, тибқи ошнобозию хешутаборӣ, боиси ба вуҷуд омадани норозигӣ дар байни мардум гардидааст. Шахсони фидокор, ҳалолкору меҳнатдӯст бо сабаби надоштани маблағ наметавонанд моликият харидорӣ кунанд.
Дар ин ҷода мо бояд корҳои зеринро амалӣ созем:
• Агар хусусигардонӣ ба дасти афроди бемасъулият гузашта, бо мақсади пешбинишуда фаъолият накард ва аз ду сол зиёд ин раванд иҷро нашуд, бояд ба давлат баргардонда шавад. Зеро яке аз сабабҳои афзудани бекорӣ дар байни ҷавонон аз фаъолият боз мондани корхонаҳои хусусигардондашуда ва нодуруст истифода бурдани онҳо ба шумор меравад;
• одамони дорои малакаю маҳорати баланд, дилсӯзу ғамхор, фидокору боандеша ва донандаи касби худ, соҳибкорони ботаҷриба ба ин самт ҷалб карда шаванд;
• ҷалб намудани занони соҳибкору ботаҷриба;
• ҷалби инвесторҳои хориҷӣ дар татбиқи хусусигардонии моликият бо соҳибкорони дилсӯзи миллат;
• баланд бардоштани мақоми сиёсати зиддимонополии давлат.
ТАРАҚҚИЁТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР
Мо хуб медонем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои баланди ақлонӣ, табиӣ, илмию техникӣ ва истеҳсолӣ мебошад. Ин неру имкон медиҳад, ки Тоҷикистонро ба як давлати пуриқтидори дорои иқтисодиёти баланд ва талабгӯи замону даврбуда, ки барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии мардумаш талош мекунад, табдил диҳем.
Дар ин ҷода мо пешниҳод мекунем:
• марҳила ба марҳила бунёд кардани истгоҳҳои бузургу хурди барқии обӣ;
• ба воситаи бунёди истгоҳҳои бузурги барқӣ ба мустақилияти энергетикӣ расидан ва ирсоли барқ ба хориҷи кишвар;
• истифодаи пурмасъули манбаъҳои энергияи ғайрианъанавӣ: шамолӣ, биологӣ, офтобӣ ва геотермалӣ;
• рушди соҳаи пахтакорӣ ва дигар соҳаҳои кишоварзӣ;
• ба деҳқонон додани имтиёзҳои андоз ва бо таври содаву осон додани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ;
• ташкил кардани ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ;
• равобит ва ҳамкорӣ бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ;
• рушди неруҳои инсонӣ;
• беҳтар ва хубтару самаранок кардани гуногуншаклӣ ва рақобатпазирии қисмати асосии иқтисодиёт, истифодаи дурусти сарватҳои табиӣ: об, замин, маъданҳои кӯҳӣ ва амсоли он;
• муҳайё кардани фазои хуби сармоягузорӣ барои соҳаҳои гуногуни кишвар;
• истифодаи техникаи пешқадам ва таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар рушди фазои соҳибкорӣ;
• рушди институтсионалии бахши оби кишвар;
• тайёр кардани мутахассисони соҳибмаълумот вобаста ба вуҷуд омадани касбҳои ба талаботи замона мувофиқ.
ДАР СОҲАИ ИҶТИМОИЁТ
Бо вуҷуди болоравии баъзе соҳаҳо, ҳанӯз дараҷаи иҷтимоии мардум талабгӯи замон нест. Бисёр оилаҳо дар ҳолати хеле мушкил умр ба сар мебаранд ва дар ин ҷода сиёсати ҷиддии ислоҳоти иҷтимоӣ зарур аст.
Мо барои беҳтар кардани ин раванди муҳим пешниҳод мекунем:
• таъмини адолати иҷтимоии мардум;
• таъмин ва кафолати Ҳукумат барои доштани манзил, беҳтар кардани шароити зиндагии одамони муҳтоҷ ва баланд бардоштани маоши ҳадди ақали зиндагӣ;
• танзими оила, солимии оила, бартараф намудани нобаробариҳои гендерӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои беҳбудии саломатии зан - модар;
• муборизаи беамон алайҳи истифодаи қувваи кории кӯдакон;
• таъмини ройгони ёрии тиббӣ ва беҳтару хубтар кардани шароити зиндагии кормандони соҳаи тиб ва таҷҳизондани муассисаҳои тиббӣ бо техникаҳои нави ҳозиразамон;
• ҳаматарафа инкишоф додани системаи суғуртаи тиббӣ;
• фароҳам овардани шароитҳои мусоиди меҳнатӣ ба муҳоҷирон дар хориҷи кишвар;
• дастгирии зан - модарони танҳо;
• фаъолгардонии шуғли занон ва нақши онҳо дар бозори меҳнат;
• дастгирии рушди соҳибкории занон;
• масоили баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти занон;
• банақшагирии оила ва тарбияи фарзандон;
• таъсиси марказҳои таълимӣ барои занону духтарон ва ҳифзи саломатии онҳо.
ДАР СОҲАИ САНОАТ
- баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва занҷири арзиши иловашудаи соҳаҳои саноатӣ;
- ба фурӯш баровардани маҳсулоти саноатии дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир;
- тайёр кардани мутахассисони дорои қобилият ва тафаккури техникӣ;
- коркарди маҳсулоти меваю сабзавот ва зиёд кардани истеҳсоли он.
ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
• баланд бардоштани суръати афзоиши миёнасолаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ;
• самаранок истифода бурдани захираҳои замин, об ва инсонӣ, баланд бардоштани фарҳанги кишоварзии деҳқон;
• таъмини самаранокии шуғли пурмаҳсул, беҳтару хубтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ барои аҳолии деҳот;
• ҳаматарафа фароҳам овардани шароит дар таъмини фаровонии озуқа, сифат ва бехатарии он ва рушди босуботи аграрӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва аз ҷиҳати экологӣ бехатар.
ДАР СОҲАИ МАОРИФ
Соҳаи маориф яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор меравад.
Мо бояд ин соҳаи муҳимро ба шоҳсутуни таҳкими давлат ва рушди миллат табдил диҳем. Ҳизби сотсиалист пешбурд ва беҳбудии ин соҳаро чунин мешуморад:
• тағйир додани тафаккури омӯзгор ва табдили он ба тафаккури ахлоқи миллӣ;
• баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандони ин соҳа, додани имтиёзҳо ба ҳамаи кормандони муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи махсуси касбӣ, олӣ, пажӯҳишгоҳҳо, соҳаи такмили ихтисос;
• таъмини пурраи китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои методию таълимӣ;
• баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ, дар амал татбиқ намудани қонун «Дар барои забони давлатӣ», рушду такомул додани ҷараёни омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ;
• дастгирии ҳаматарафаи муассисаҳои таълимию тарбиявии ғайридавлатӣ;
• тарбияи худшиносии миллии хонандагону донишҷӯён;
• дар муассисаҳои таълимӣ роҳ надодани фаъолияти ҳар гуна созмонҳо;
• таълиму тарбияи насли наврас дар асоси анъана, урфу одатҳои миллӣ тавассути «Консепсияи миллии таҳсилот»;
• .
- барои аспирантҳо ҳамчун корманди илмӣ шароит муҳайё кардан ҷоиз аст, на ҳамчун омӯзгор;
- муҳаррир ва кормандони маҷаллаҳои илмӣ дар риштаҳои тахассусии дониши олидор бударо омода намудан;
- барои беҳтару хубтар кардани сифат ва самаранокии таҷрибаи тобистонаи донишҷӯён, барои онҳо мустақилона ривоҷ додани малакаҳои омода намудани маҳфилҳои гуногун;
- ҷавобгӯ будани тамоми сатҳи таҳсилот ба стандартҳои сифат;
- барои қишри аҳолӣ ҳаматарафа дастрас намудани таҳсилоти томактабӣ;
- барои сармояи инсонӣ, таҳсилоти мактабӣ заминаи асосӣ мебошад, бинобар ин ҳам манбаи дониш ва ҳам манбаи салоҳият, малакаҳоро ташаккул дода, қисмҳои таркибии тарбияро равнақу ривоҷ додан;
- таъмини тамоми муассисаҳои таҳсилоти мактабӣ бо шабакаҳои интернет ва таъминоти синфхо бо компютер;
- таҳия ва омода намудани барномаҳое, ки ба беҳтар намудани донишҳои забонҳои хориҷӣ нигаронда шудаанд;
- баланд бардоштани мақом ва мароми курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ, ҷиҳати истифода аз технологияҳои ба муҳити зист ва ба самаранокии нерую захираҳо алоқаманд;
- беҳтар кардани сифати хизматрасонии соҳаи маориф, самаранок истифода бурдани методҳои дурусти таълим дар самаранокии сифати таълими омӯзгорон;
- аз манбаҳои об таъмин намудани мактабҳои деҳот.
ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
- ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тандурустӣ ва ғизохӯрӣ;
- табобати ройгони бемориҳои қанд ва сил дар асоси қонунҳои қабулкардаи Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба мардум фаҳмонда додани пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ;
- таъмин намудан бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи фарматсевтӣ;
- истифодаи самаранокии пурраи ба сифати баланд бардоштани донишҳои мутахассисони система;
- барои беҳтару хубтар расондани хизмати тиббӣ самаранок истифода бурдани маблағгузории бахши хусусӣ;
- ҷорӣ намудани механизмҳои суғуртавии маблағгузорӣ;
- дар минтақаҳои деҳот таъмин намудани ёрии аввалӣ ва фаврию санитарию тиббӣ;
- баланд бардоштани самаранокии низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба хусус барои гурӯҳҳои осебпазири иҷтимоӣ;
- бунёди низоми комплексии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ки ба расондани ёрии ҳаматарафа ба шахсони дорои имкониятҳои маҳдуди саломатӣ ва пиронсолон, кӯдакони оилаҳои камбизоат, модарон барои нигоҳубини кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, нафақахӯрон ва оилаҳои камбизоат равона карда шудаанд.
ДАР СОҲАИ ИЛМУ ФАРҲАНГ
Дар раванди ин соҳаи муҳим Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст, ки қобили дастгирист. Вале чи тавре ки медонем, дар ҷумҳурӣ неруи зиёди донишмандон, ходимони илму фарҳанг кору амал кунанд ҳам, маҳсули эҷоди онҳо ҷавобгӯи замон нест ва ё кам эҳсос карда мешавад.
Ба ин хотир, мо пешниҳоди зерро қобили қабул медонем:
• тоза кардани сохторҳои илмӣ аз шахсони тасодуфӣ ва ҷалб намудани ҷавонони қобилиятнок, истеъдоднок ба ин соҳаҳо ва ҳавасманд кардани онҳо;
• беҳтар кардани вазъ ва шароити китобхонаи ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани маоши кормандони ин соҳа;
• ҳифзи ёдгориҳои миллӣ;
• мустаҳкам кардани ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамсояҳои дуру наздик;
• ҳаматарафа дастгирӣ намудани сармоягузориҳо ба рушди соҳаи фарҳанг;
• ҳамкории самараноки муассисаҳои маълумоти иловагӣ, умумӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ;
• ташкил намудани Хазинаи кумак барои ҷавонони боистеъдод оид ба ҷамъоварии маблағҳои ғайрибуҷетӣ барои дастгири онҳо;
• ҳаматарафа дастгирӣ намудан ва равнақу ривоҷ додани соҳаи садою симо ва омода намудани филмҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ;
• рушди сармояи инсонии ҷавонон, ҳаматарафа такмил додани фаъолияти эҷодии онҳо ва мусоидат кардан ба дастовардҳои фарҳангу санъат;
• дастгирии ҳаматарафаи санъат дар деҳот ва ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ.
НАҚЛИЁТ, АЛОҚА, СОХТМОН
Ин соҳаи муҳими хоҷагии халқ беҳбудӣ мехоҳад. Бо вуҷуди сохтани роҳҳои зиёди ба меъёри байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳанӯз камбудиҳои зиёд мавҷуданд, ки бартараф кардани онҳоро мо дар ҳалли масъалаҳои зерин мебинем:
• ҳаракати ҳамаи намудҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ, ки ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ бошад;
• тармим ва аз нав кардани хатҳои ҳаракати троллейбус;
• бунёди роҳҳои нав бо кишварҳои ҳамсоя (Чин, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон);
• баланд кардани сатҳи хизматрасонии ҳавопаймо ва хати релс;
• бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии камбизоат, маъюбон, оилаҳои серфарзанд ва модарони танҳо;
• муҳайё кардани шароит барои додани қарздиҳӣ, бунёди манзил (ипотека) ва ҳавасмандгардонии устувори техникӣ ва молиявии фаъолияти бонкҳо;
• барои ташаккули бозори такрории маблағгузории ипотека фароҳам овардани шароит ва таъмини бехатарии қарзҳо барои манзил;
• зарурияти такмилдиҳии заминаи таъмини қитъаҳои замин барои сохтмони манзил, барои оилаҳои ҷавону камбизоат;
• таъмин намудани аҳолӣ бо оби нӯшокии санитарӣ ва беҳдошти саломатии аҳолӣ, алалхусус онҳое, ки дар вазъияти осебпазир қарор доранд;
• таҳияи барнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ба сарфаи об, газ ва неруи барқ;
• ҷорӣ намудани талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи нақлиёти шахсӣ, маҳсулоти озуқаворӣ ва нобуд кардани партовҳо;
• пешгирӣ ва паст кардани офатҳои табиӣ ва иқлим;
• сохтмон ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ;
• ҳаматарафа рушд додани соҳаи нақлиёт, ки барои омода намудани ҷойҳои корӣ ва тараққиёти самараноки бахшҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад;
• рушди ҳаматарафаи авиатсияи хурду миёна ва беҳтару хубтар намудани хатҳои релс;
• омода кардани нақлиёти ҷамъиятӣ барои маъюбон;
• дастрасии арзон ва боэътимод ба шабакаҳои интернетӣ ва хизматрасонии телекоммуникатсионӣ.
ДАР СОҲАИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин ҷода қобили дастгирист.
• беҳтар ва хубтар кардани муносибатҳо бо давлатҳои муштарикулманофеъ;
• ҳамкории мустаҳкам бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо;
• риоя намудани конвенсияҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон;
• баланд бардоштани обрӯ ва эътибори Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон;
• мубориза ба муқобили ҳар гуна терроризм ва экстремизм.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.2020 №: 184 - 185 Мутолиа карданд: 656