фарҳанг
ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, онҳоро мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНВОРДИ «ВАРЗИШ»
1. Доваре, ки ба худ корти сурх нишон дод. 2. Варзишгаре, ки дар Юнони қадим машҳур буд. 3. Ихтироъкори тӯб. 4. Ягона тими мунтахаби кишваре, ки дар тамоми мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол иштирок кардааст. 5. Гирандаи музди баландтарин дар олами футбол. 6. Номи аввалин дастаи футбол.
Таҳияи Абдурозиқ НОРЗОДА, ноҳияи Айнӣ
ҶАВОБ БА «МУАММОКАЛИМАҲО ДОИР БА НОМИ ЭЛЕМЕНТҲОИ КИМИЁВӢ»
АЗ 18 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2020
1. Волфрам. 2. Самарий. 3. Ванадий.
4. Карбон. 5. Арсен. 6. Сиборгий.
7. Молибден. 8. Прометий.
9. Ҳидроген. 10. Нитроген.
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Фасли тирамоҳ. Табиат рангу бӯйи худро иваз намуда, ба либоси тиллоранг печида буд. Офтоб гармии чунон форам мепошид, ки одамон акнун, баръакси фасли саратон, сояро монда, аз офтобрӯя мегаштанд. Дар осмони фирӯзаранг баъзан порча-порча абрҳои сафед оҳиста-оҳиста шино мекарданд. Пиряхҳое, ки кулоҳи ивазнашавандаи қуллаҳои ба фалак расидаи кӯҳҳои водии Ҳисор буданд, аз шуълаи офтоб мисли оина медурахшиданд.
* * *
Ин гунбади лоҷвардию зарринташт,
Бисёр бигаштасту дигар хоҳад гашт.
Якчанд зи иқтизои даврони қазо
Мо низ чу дигарон расидему гузашт.
Ҷавоб ба рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 18 сентябри соли 2020
Пӯлод Толис, Ҳофизи Шерозӣ
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
ЗАВҚИ ХОНАНДА
Соли 1802 китоби ғайриодие дастраси хонандагон гардида, ҳамаро ба ҳайрат овард. Ин китоб дорои 8847 ҷумлаву 33864 ҳарф буд. Дар он ягон аломати китобат дида намешуд. Баъди чанд муддат бо назардошти норозигии хонандагон муаллифи китоб Тимоти Декстер, нависандаи амрикоӣ, тасмим гирифт, ки бори дигар онро ба чоп расонад. Пас аз нашри такрорӣ саҳифаи махсусеро бо аломатҳои китобат ҷой кард. Дар он муаллиф аз хонандагон хостааст, ки аломатҳоро дар матн мувофиқи завқи худ гузоранд ва ба ин васила ҳар яке дарк кунанд, ки эҷодкорӣ кори саҳле нест.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
БОЗ ЯК ҶАЗИРАИ ХУРД КАШФ ШУД
Ба рӯйихати ҷазираҳои хурди олам боз як исми дигар зам гашт. Он дар ҳудуди кӯли Викторияи қитъаи Африқо воқеъ аст.
Ин ҷазира Мгинго ном дошта, 1,8 ҳазор километри мураббаъро фаро гирифтааст. 131 нафар аҳолӣ дорад.
Таҳияи Сайёраи АВАЗ
КАДБОНУ ВАЗИР АСТ
Падар духтари худро пеш аз никоҳ чанд панди тиллоӣ дод:
Кадбонуи хуб молики хона ва вазири молия аст, яъне ризқу рӯзии шавҳараш ёфтаро ба дурустӣ масраф мекунад. Вазири дохилист, ки бо дурандешӣ таъмин кардани амнияти хона ва кӯдакон бар дӯши ӯст. Вазири маориф аст, яъне таълиму тарбиякунандаи фарзандон мебошад.
Духтарам, бидон, ки шавҳарат роҳ рафтан дар кӯчаҳои лойу ифлосро бардошт мекунад, лекин дақиқае наметавонад дар курсии ғуборолуди хонаи худ биншинад. Дар ошхона ва дар назди дӯстон ҳар навъ хӯрокро мехӯрад, аммо таҳаммули хӯроки тунду шӯри ту барояш душвор мебошад. Агар зиндагии ширину гуворо намехоҳӣ, ба талхиву тундӣ ё заҳр ниёз нест, кофист, ки ҳамсаратро бо рӯи турш пешвоз бигирӣ ва аз забонат ҳарфҳои ношоиста бароянд.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МОНТЕН
Мутафаккири франсуз Мишел Монтен дар бораи духтурон сухани аҷибе гуфтааст, ки мазмунан чунин аст:
- Табибон одамони толеъбаланданд! Танҳо онҳо метавонанд, ки дастовардҳояшонро ба нурҳои офтоб ташбеҳ диҳанду ноомадиҳояшонро дар зери хок пинҳон намоянд.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
ВОҚЕАҲОИ ШАВҚОВАР АЗ ҲАЁТИ АДИБОН
АДИБИ ДОРОИ АВЕНЮИ ХУД
Виктор Гюго солҳои охири умрашро дар кӯчае гузарондааст, ки номи ӯро дошт. Бинобар ин, ҳангоми нишон додани нишониаш чунин менигошт: «Авенюи худам дар Париж».
«РОБОТ» - РО КӢ ИХТИРОЪ КАРДААСТ?
Ибораи «робот» - ро нахустин маротиба нависандаи чех Карел Чапек ба муомила ворид намуд. Ӯ дар яке аз пйесаҳояш механизмҳои одамсифатро нахуст «лабор» номид. («labor» калимаи лотинӣ буда, маънии корро дорад). Аммо, ин ифода ба худаш низ чандон писанд наомад. Бо маслиҳати додараш Йозеф ибораро тағйир дода, онро «робот» меномад. «Robota» ба забони чехӣ на танҳо кор, балки меҳнати ниҳоят заҳматталабро ифода менамояд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
ГЕБЕЛ
Боре ботаники шинохтаи олмонӣ Карл Гебелро дӯсти рассомаш ба тамошои асари тозаэҷоде даъват карда, хоҳиш менамояд, ки фикри худро дар бораи расми «Гуноҳкорӣ» («Грехопадение») баён созад. Олими аз ин намуди санъат бехабар хеле тӯлонӣ расмро тамошо карда, ниҳоят ғайричашмдошти ҳама эрод мегирад, ки дар расм себҳо нодуруст интихоб шудаанд. Рассом бо тааҷҷуб мепурсад, ки барои чӣ?
- Барои он ки, - мегӯяд Гебел, - себе, ки дар ин расм Момоҳавво ба бобои Одам дода истодааст, илман таърихи 80-сола беш надорад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ДОНИШҶӮИ 74 – СОЛА
Ғуломҳайдар Искандаров, сокини 74-солаи ноҳияи Дӯстӣ (собиқ Ҷиликӯл), куҳансолтарин донишҷӯи тоҷик маҳсуб меёбад. Зеро ӯ соли 2017, дар синни 71 - солагӣ, ба шуъбаи ғоибонаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳуҷҷат супурда буд.
Мавсуф хатмкардаи коллеҷҳои кишоварзӣ, технологӣ, омӯзгорӣ, омӯзишгоҳи ҳарбӣ, техникуми кишоварзӣ ва факултети филологияи тоҷики ДДБ аст. Дар маҷмӯъ, Ғ. Искандаров соҳиби 6 диплом мебошад.
Азм дорад, ки факултети забонҳои хориҷии ДДБ-ро хатм намуда, ба бахши англисии ҳамин донишгоҳ шомил ва соҳиби дипломи 8 - ум шавад.
Ғуломҳайдар Искандаров оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст.
Таҳияи Умар АЛӢ
АВВАЛИН БОНУИ СИТОРАШИНОС
Каролин Лукрезия Гершел бори нахуст ситораи думдорро кашф кард ва номи худро ҳамчун аввалин зани ситорашинос дар таърих сабт намуд. Вай хоҳари хурдии астрономи машҳури англис Уилям Ҳершел буд.
Вақте Уилям Ҳершел астрономи дарбор таъйин шуд, Каролин бо маоши 50 фунт дар як сол ёрдамчии илмии ӯ гардид. Яъне, ӯ аввалин зан дар таърихи Британияи Кабир буд, ки барои кори илмӣ музд гирифт. Дар солҳои 1786 ва 1797 ҳашт ситораи думдорро кашф кард.
Дар 96 – солагӣ медали тиллои Академияи илмҳои Пруссияро ба даст овард. Ба ифтихораш астероиди Лукретсий ва кратери моҳтоб номгузорӣ шудаанд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ДАХМАИ 2500 - СОЛА
Дар рафти ҳафриёти бостоншиносӣ дар ҳудуди ноҳияи Азскизкийи Хакасия мутахассисони Институти археология ва этнографияи шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Россия қабри дастнорасидаи замони фарҳанги тагарскро пайдо карданд. Дар қатори қабрҳои мардони ҷанговар, инчунин, гӯри ғайриодии хонаводаеро ёфтанд, ки дар он зану мард, кӯдаки навзод ва хизматгори куҳансол мадфунанд.
Ҳамаи онҳо дар як замон, дар як ҷо аз як бемории сироятӣ фавтидаанд. Ба тахмини олимон, хонаводаи дарёфтшуда ба маданияти скифҳо мансуб аст. Ғайр аз ин, шояд мард ва зан ҷанговар будаанд, зеро дар канори ҷасади онҳо табар ва шамшерҳои кӯтоҳ, ки ҷанговарони скифӣ дар муҳорибаи тан ба тан истифода мебурданд, мавҷуд буд. Маълум намуданд, ки дахма таърихи 2500 – сола дорад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ЕЛЕНА МАНИГЕТТИ ВА РАЙАН ОСБОРН
ОДАМОНЕ, КИ АЗ ПАНДЕМИЯ ХАБАРЕ НАДОШТААНД
Елена Манигетти ва Райан Осборн – ин ҷуфти хушбахт то рӯзҳои наздик аз бемории оламро фарогирифта хабаре надоштанд. Онҳо соли 2017 хонаву дар ва шуғли дӯстдоштаашонро гузошта, ба маблағи ҷамъоварда киштии хурде харида, ба сайри ҷаҳон баромаданд. Аз наздикон низ хоҳиш карданд, ки ба онҳо танҳо хабари хуш бирасонанд.
Ним соли охир онҳо дар уқёнуси Атлантика – аз ҷазираҳои Канар то баҳри Қариб «сайругашт» менамуданд. Вақте онҳоро дар бандар иҷозаи ба шаҳр даромаданро надоданд, ҳайрату ҳаяҷонашон интиҳо надошт. Онҳо маҷбур шуданд, ки ба ҳудуди фаронсавии баҳри Қариб бираванд. Он ҷо низ ба ҳамсарон иҷозаи вуруд ба хушкиро надоданд. Маҷбур шуданд ба Гренада раванд.
Дар Сент-Винсент бошад, аз Италия будани Еленаро шунида қариб буд, ки ӯро ба «карантин» фиристонанд. Айни замон Елена ва Райан дар шаҳри Бекии Сент-Винсент қарор доранд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ
3 КМ / СОАТ СУРЪАТИ ҲАРАКАТИ МОШИН ДАР АНГЛИЯ
Соли 1896 суръати ҳаракат дар роҳҳои маҳали аҳолинишини Англия 3 км/соатро ташкил медод. Аммо Уолтер Арнолд, ки бори нахуст автомобил харида буд, дӯстдори суръати паст набуд. Боре ӯ хост суръати максималии автомашинаашро санҷад. Ҳангоми баланд кардани суръати ҳаракат то 13 км/соат ӯро политсия таъқиб кард. Аммо на бо воситаи автомобил, балки бо велосипед. Политсия суръати ҳаракати велосипедро то 13 км/соат баланд намуда, гунаҳкорро боздошт ва ҷарима баст. Ҳамин тариқ, аввалин қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ дар ҷаҳон бо суръати 13 км/ соат ба қайд гирифта шуд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ЧАНД ФАКТИ АҶИБ ДАР БОРАИ МОҲӢ
Моҳӣ чи тавр шино мекунад?
Қаблан ҳаракати моҳиро вобаста ба бол ва думи вай медонистанд. Ҳоло аниқ карданд, ки моҳӣ бо танаи худ ҳаракатро ба вуҷуд оварда, болу думи он ҳамчун чанбарак хизмат мекунанд.
Аррамоҳӣ
Аррамоҳӣ 25 - 32 ҷуфт дандони тез дорад, ки дар ду тарафи ҷоғи он ҷой гирифтааст. Дарозии моҳиарра то 10 метр мерасад ва вазни баъзеи онҳо қариб 3 тонна мешавад.
Аррамоҳӣ махсус ба одам ва ё дигар ҷонварон ҳуҷум намекунад. Лекин, агар вайро ягон чиз нороҳат кунад, дандонҳои аррамонандашро ба кор андохта, рақибашро пора - пора мекунад. Он сими металлии ғафсиаш 5 - миллиметраро ба осонӣ мебурад. Аррамоҳӣ мисли моҳиҳои дигар тухм намегузорад, балки якбора 34 - 40 моҳии зинда таваллуд мекунад. Аз ҷигар ва пӯсти он ҳар гуна маснуоти саноатӣ таҳия мекунанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ОМАДИ КОР Ё БАХТИ ВОЖГУН?
Ҳиндуи 64 - сола Гаури Банержи 20 сол боз нобино буд. Ва нохост ба ҳангоми бархӯрдани сараш ба қирраи дар биноияш барқарор шуд. Вале баъди гузашти лаҳзае чанд, эҳсос кард, ки акнун чизе намешунавад. Аён гардид, ки аз зарбаи сахт ҳисси шунавоиро гум намуда, ба тамом кар шудааст. Гаури, ки тамоми умр як одами беозори шукргузоре буд, ин зарбаи тақдирро оромона қабул кард. Ӯ мегуфт, биноӣ беҳ аз ношунавоӣ аст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ
ГИЁҲЕ, КИ БА БЕШ АЗ 50 БЕМОРӢ ДАРМОН МЕБАХШАД
Олимон аз гиёҳе ном бурданд, ки имкони сиҳат намудани беш аз 50 бемориро дорад. Сухан дар бораи сесанбар меравад. Ҳамчунин, он хусусияти сахти антисептикӣ ва таъсири зиддивирусиро дорост, - хабар медиҳад нашрияи «Правда. ру».
Ин гиёҳ дардро мегирад ва антибиотики табиӣ маҳсуб меёбад. Сесанбар имкон медиҳад, то бар зуком ғолиб оед, стрептококк ва намуди замбурӯғакҳои candida-ро табобат кунед.
Таҳлилгарон зикр менамоянд, ки сесанбар қудрат дорад микроорганизмҳои зарароварро нобуд созад ва функсияи ҳимоятгарии организмро беҳтар гардонад.
Ҳамчунин, гиёҳи мазкур моддаҳои зарароварро аз организм берун карда, ба коркарди лейкоситҳо ёрӣ мерасонад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АҶИБ
Ба наздикӣ технологияҳое манзури мо мегарданд, ки ҳоло аз онҳо агар ҳарф бизанем, касе бовар намекунад. Вақте ки ин технологияҳо ба ҳаёти мо ворид шаванд, зиндагӣ на танҳо осон, балки аҷибтар мешавад.
1. Синтезатори озуқаворӣ
Фантастҳо чунин дастгоҳҳоро чанд сол пеш дар филмҳои «Ҳолливуд» тасвир карда буданд. Вале технологияе, ки порае аз ангиштро ба буридаи гӯшт табдил медиҳад, аз воқеият дур метобад. Аммо биохимикҳо, аллакай, маҳсулоти зиёди фоиданокро аз баъзе моддаҳои одитарин синтез карда метавонанд.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
100 ФАКТИ ҶОЛИБ
1. Инсон ҳангоми таввалуд 300 устухон дорад. То 25 - солагӣ танҳо 206 - тои он боқӣ мемонад.
2. Дар таомномаи тарабхонаҳо бактерияҳо нисбати дигар ҷойҳо 100 маротиба зиёдтаранд.
3. Бумҳо чашмонашонро ҳаракат дода наметавонанд, аммо гарданашон то 270 дараҷа тоб мехӯрад.
4. Бесенҷи ягона зоти саге ба шумор меравад, ки аккос зада наметавонад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.09.2020 №: 186 - 187 Мутолиа карданд: 1514