порлумон
ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НИЗОМИ КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТ ДАР ТАШКИЛ ВА ГУЗАРОНДАНИ ОН
Интихобот яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ ва зуҳуроти демократӣ буда, дар ҳар як мамлакат мувофиқи қонунҳои амалкунанда ташкил ва гузаронда мешавад. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои интихоботӣ ташкил ёфта, кори роҳбарӣ дар ташкил ва гузарондани ин маъраки муҳими сиёсӣ ба уҳдаи онҳо гузошта мешавад.
Тибқи моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои ташкил ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои зерин таъсис дода мешаванд:
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мақоми ваколатдор буда, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд ва ба низоми комиссияҳои интихоботӣ роҳбарӣ мекунад.
Мутобиқи моддаи 6 қонуни зикргардида, КМИР дар ҳайати 7 аъзо бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ интихоб мешавад. Котиби комиссия аз ҳисоби аъзои он дар ҷаласаи комиссия интихоб мегардад.
Дар моддаи 8 қонуни болозикр оварда шудааст, ки узви комиссия шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 соли охир истиқомати доимӣ дошта ва забони давлатиро донад.
Шаҳрванде, ки узви ҳизби сиёсӣ мебошад, дар ҳолате номзад ба аъзои комиссия пешниҳод мегардад, ки бо тартиби муқарраргардида узвияташро дар ҳизби сиёсӣ қатъ намуда бошад.
Шакли фаъолияти КМИР, тибқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ», дар шакли ҷаласаҳо сурат мегирад. Дар ҷаласаҳо масъалаҳое, ки ба ваколати комиссия дохиланд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҷаласаҳои комиссия аз рӯйи зарурат ва дар давраи интихобот ва раъйпурсӣ на камтар аз як маротиба дар як моҳ гузаронда мешаванд.
Комиссия аз рӯйи натиҷаи баррасии масъалаҳо қарор қабул намуда, иҷрои онро назорат мекунад. Қарори комиссия бо овоздиҳии ошкоро ва тарафдории аз нисф зиёди аъзоҳояш қабул мешавад. Дар сурати баробар будани овозҳо, овози раисикунандаи ҷаласа ҳалкунанда мебошад.
Низоми дуюми комиссияҳои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои ҳавзавии интихобот ба ҳисоб мераванд.
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи КМИР бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо на дертар аз 45 рӯз пеш аз интихобот дар ҳайати раис, муовини раис, котиб ва камаш чор нафар аъзо ташкил мешаванд.
Ваколатҳои комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 14 қонуни мазкур танзим шудааст. Мувофиқи он, комиссияи ҳавзавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои чунин ваколатҳо мебошад:
1) иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ назорат мекунад ва татбиқи якхелаи онро таъмин менамояд;
2) ба кори комиссияҳои участкавии интихобот роҳбарӣ мекунад;
3) бо тартиби муқарраргардида маблағҳоро дар байни комиссияҳои участкавии интихобот тақсим мекунад, ба таъмин шудани комиссияҳои участкавии интихобот бо бино, нақлиёт, воситаҳои алоқа назорат мекунад ва дигар масъалаҳои таъминоти моддӣ - техникии интихоботро дар ҳавзаи интихоботӣ баррасӣ менамояд;
4) барои иштироки номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ шароити баробар фароҳам мекунад;
5) ахбори намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи давлатӣ, роҳбарони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои вобаста ба тайёрӣ ва гузарондани интихобот мешунавад;
6) тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон ва пешниҳоди онҳо барои шиносоии умумиро назорат мекунад;
7) натиҷаҳои интихоботро дар ҳавза ҷамъбаст мекунад ва ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ месупорад;
8) ариза ва шикоятҳоро доир ба қарорҳо ва амали (беамалии) комиссияҳои участкавии интихобот баррасӣ мекунад ва аз рӯи онҳо қарор қабул мекунад;
9) ваколатҳои дигарро мувофиқи ин қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Зинаи поёнии комиссияҳои интихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қомиссияҳои участкавии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунанд.
Дар ташкил ва гузарондани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои участкавии интихобот ҳамчун зинаи ибтидоии низоми комиссияҳои интихоботӣ, нақши муҳим доранд. Онҳо бевосита дар маҳали интихобот ба кори тайёр кардани бинои ҷойи овоздиҳӣ, тайёр кардани маводи зарурӣ барои кори комиссия, дастгирии фаъолияти номзадҳо дар участкаи мазкур, вохӯрии онҳо бо интихобкунандагон машғул мегарданд.
Ваколатҳои комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст. Тибқи он комиссияи участкавии интихобот оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои зайл мебошад:
1) рӯйхати интихобкунандагонро дар участка тартиб медиҳад;
2) интихобкунандагонро бо рӯйхати интихобкунандагон шинос мекунад, аризаҳоро дар бораи саҳву ғалатҳои рӯйхат қабул ва бappaсӣ намуда, масъалаи ба рӯйхат дохил намудани тағйироти дахлдорро ҳал мекунад;
3) лифофаҳои интихоботии интихобкунандагонеро, ки наметавонанд дар рӯзи интихобот дар маҳали зисти худ бошанд ва дар овоздиҳӣ иштирок намоянд, қабул мекунад;
4) ба аҳолӣ дар бораи рӯзи интихобот ва маҳали овоздиҳӣ хабар медиҳад;
5) омодасозии бинои овоздиҳӣ, қуттиҳои овоздиҳӣ ва дигар таҷҳизоти интихоботиро таъмин мекунад;
6) овоздиҳиро дар участкаи интихоботӣ дар рӯзи интихобот ташкил менамояд;
7) овозҳоеро, ки дар участкаи интихоботӣ дода шудаанд, ҳисоб мекунад;
8) ариза ва шикоятҳоро оид ба масъалаҳои тайёрии интихобот, ташкили овоздиҳӣ баррасӣ карда, аз рӯи онҳо қарор қабул менамояд;
9) ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузорӣ амалӣ мекунад.
Қонунҳои конститутсионӣ дар бораи интихобот баробари танзим намудани тартиби ташкили комиссияҳои интихобот ва муайян кардани ваколатҳои онҳо, ҳамчунин, қоидаҳои узвият дар комиссияи интихоботро муқаррар кардаанд.
Тибқи талабот, узви комиссияи интихобот ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бояд бетараф ва холис бошад, набояд дар фаъолияти ҳизби сиёсӣ иштирок кунад, супоришҳои онро иҷро намояд ва дар тарғибу ташвиқи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда ширкат варзад. Риоя шудани ин талабот барои озодона ва шаффоф гузаштани интихобот аҳамияти хосса дорад.
Узви комиссияи ҳавзавӣ ва участкавӣ бо аризаи шахсӣ, инчунин, дар сурати аз ваколат маҳрум шуданаш аз иҷрои ваколатҳояш озод карда мешавад.
Мақоме, ки комиссияро ташкил додааст, ҳуқуқ дорад узви комиссияро дар сурати вайрон кардани талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ваколатҳояш маҳрум созад.
Як шахс узви фақат як комиссияи интихоботӣ буда метавонад.
Фаъолияти комиссияҳои интихобот бо риояи расмиёте амалӣ мешавад, ки бо шакли мурофиавии кори баъзе мақомоти ҳокимияти давлатӣ шабоҳат дорад. Ва шакли асосии фаъолияти комиссияҳои интихобот ҷаласаҳои онҳо мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои зарурӣ баррасӣ гашта, қарорҳо қабул мешаванд. Узви комиссия, ки бо қарори комиссия розӣ нест, ҳақ дорад фик-ри худро хаттӣ баён кунад, ки он ба суратҷаласаи маҷлис замима карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо овози раиси ҷаласа ҳалкунанда аст. Мақомоти давлатӣ, сардорони корхонаю муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки ба комиссияҳои интихобот дар иҷрои ваколатҳояшон ёрӣ расонанд, маълумоти барояшон зарурбударо дастраси онҳо кунанд. Комиссияи интихобот ҳақ дорад, ки аз рӯйи масъалаҳои тайёрӣ ва гузарондани интихобот ба мақомоти давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, мансабдорон муроҷиат кунад ва онҳо уҳдадоранд, ки масъалаи ба миён гузошташударо баррасӣ карда, ба комиссияи интихобот дар муҳлати на дертар аз се рӯз ҷавоб диҳанд. Раис, муовини раис, котиб ё дигар узви комиссияи интихобот бо қарори комиссия дар давраи тайёрӣ ва гузарондани интихобот аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва ё хидматӣ метавонанд озод бошанд. Дар ин сурат музди миёнаи корашон аз ҳисоби маблағе, ки барои гузарондани интихобот ҷудо карда мешавад, пардохт мегардад.
Муҳлати ваколати комиссияҳои ҳавзавӣ ва участкавии интихобот баъди ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима меёбад.
Комиссияҳои интихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба ҳеҷ мақоми давлатӣ вобаста нестанд. Қарор ва дигар санадҳои комиссияи ҳавзавии интихобот, ки дар доираи салоҳияташ қабул намудааст, дар ҳудуди дахлдор барои ҳамаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо, интихобкунандагон ҳатмӣ мебошад.
Аваз НАЗАРОВ, коршиноси КМИР
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2020 №: 188 - 189 Мутолиа карданд: 8948