фарҳанг
ДАРЁФТИ БОЗМОНДАҲОИ ТЕАТР ДАР ҲУЛБУК
Бино ба гуфтаи шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар дар қалъаи Ҳулбуки вилояти Хатлон мавзеи бинояш ба театр монандбударо кашф намудаанд, ки дар натиҷаи яке аз ковишҳои бостоншиносии замони шӯравӣ дарёфт шудааст. Пас, чаро бозёфте, ки дар таърихи фарҳангии кишвар метавонад саҳифаи наверо боз намояд, солҳои зиёд расонаӣ нашуда, пинҳон монд? Ба хотири посух гирифтан ба саволи мазкур ва равшани андохтан ба мавзӯъ хабарнигори рӯзнома Фарзонаи Файзалӣ бо доктори илмҳои таърих Шералӣ Хоҷаев суҳбате орост, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.
- Миёни мавзеъҳои зиёди таърихӣ Ҳулбук ягона ёдгориест, ки бостоншиносон иддао доранд дар он театр мавҷуд будааст. Бигӯед, ки барои исботи ин андеша чӣ далелҳо мавҷуданд?
- Замоне, ки дар даврони шӯравӣ ин мавзеъ кашф шуд ба он як муддат аҳамияти ҷиддӣ надоданд. Сабаби асосии то ба имрӯз расонаӣ нашудани бозёфт низ дар ҳамин аст. Чун дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба омӯзиш, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гашт, он мавриди омӯзиши мукаммал қарор гирифт ва аз рӯи фарзияҳои олимоне, ки дар он кор кардаанд, ин макон театр мебошад.
Омӯзишҳо нишон доданд, ки он мисли театрҳои имрӯза дорои саҳна, нишастгоҳи тамошогарон, ҳуҷраи тағйири либос мебошад. Ҳангоми корҳои ҳафриётӣ аз баъзе ҳуҷраҳо миқдори зиёди зарфҳои сафолӣ, булурӣ, шишагии усмадон, сурмадон, қаламҳои пардози абру ва атрдонҳои гуногунҳаҷм низ ёфт шуданд. Таҳқиқот нишон доданд, ки ин ҳуҷраҳо макони ороиши ҳунармандон будаанд. Ҳаҷми театр дар маҷмӯъ, ба 156 метри мураббаъ баробар мебошад. Андозаи фарши он 12,5х12,5 метр буда, бо хиштҳои ороишии чоркунҷа, шашкунҷа ва ҳашткунҷа густурда шудааст. Аз тарафи ҷануб ва шимол театрро ҳуҷраҳои андозаашон якхелаи 3,3 бар 5,5 - метра иҳота карда, деворҳои он бо девормусаввараҳои мунаққаши ҳандасӣ ва эпиграфӣ рӯйбаст шудаанд. Бозёфт агар, аз як ҷониб, миллати фарҳанги воло доштани тоҷиконро собит созад, аз ҷониби дигар, намунаи фарҳанги олии шаҳрсозӣ ва санъати меъмории халқи тоҷик дар асрҳои миёна маҳсуб меёбад. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки тоҷикон мардуми хеле қадимианд ва аз азал тамоми намуди санъат дар ин сарзамин рушд намудааст.
Зимнан, бояд зикр намуд, ки девормусаввараҳо аҳамияти махсусан муҳими илмӣ - фарҳангӣ доранд. Дар қатори дигар шаклҳои санъати миллӣ, санъати тасвирӣ ва монументалии халқи тоҷик дар давраи Кӯшониён хеле маъмул буда, дар ибтидои асри миёнаи барвақтӣ бошад, ба авҷи олии рушди худ расидааст. Бозёфти девормусаввараҳо дар баробари санъати ороиши миллӣ – гачкорӣ далели арзишмандест, ки устувории анъанаҳои фарҳанг ва санъати халқи тоҷикро собит месозад.
Дар яке аз девормусаввараҳо мусиқанавозон дар гунбазҳои алоҳидаи бо гулчанбарҳо орододашуда дар ҳолати навохтани мусиқӣ аккосӣ шудаанд. Навиштаҷоти он бо ҳуруфоти куфӣ ва рангҳои сафеду заррин оро ёфта, бо ранги сиёҳ ҳошиябандӣ гардидаанд. Болои пештоқҳо чор паранда, бо болҳои кушодаашон тасвир ёфтааст. Аз рӯи мушоҳидаҳо дар девормусаввараҳо парандагони маъмули маҳаллӣ тасвир ёфтаанд, ки дар ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, хусусан дар арчазорҳои кӯҳи намаки Хоҷа - Муъмин хеле зиёд вомехӯрданд. Баъзе намуди онҳо то ба имрӯз аҳён-аҳён вомехӯранд.
Девормусаввараи мазкур ба категорияи мусаввараҳои нодир мансуб буда, аз гурӯҳи навозандагон дар ҳолати иҷрои мусиқии миллӣ иборат аст. Ҳамчунин, наққош дар он чор мисраъ шеъри бо забони ноби тоҷикӣ навишташударо низ сабт намудааст. Зикр намудан бамаврид аст, ки мисраъҳои мазкур қадимтарин намунаи шеъри тоҷик дар ҷаҳон мансуб меёбанд.
- Матни шеъри мазкурро хатшиносон таҳқиқ кардаанд?
- Бале. Муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки матни шеър пурра бо забони тоҷикӣ таълиф шуда, дар замони худ суруди машҳури халқӣ ба шумор мерафтааст. Аз рӯйи мазмун он ба Ҳамза - пешвои муборизони адолатхоҳ алайҳи зулму истибдоди волиён дар солҳои 797-798 то 828 милодӣ бахшида шудааст.
Лаб-ш ҳаме х-вашмаза,
Абра камони Ҳамза,
Тираш хаданги ғамза,
Чашмакош ҳалоки дилҳо...
Муаллифи мустаор дар чаҳор мисраи мазкур абрувони овозхони тасвирёфтаро ба камони Ҳамза, нигоҳҳои дилошӯби ӯро бошад, ба тири камон нисбат додааст. Дар осори бебаҳои мазкур намунаи санъати тасвирии халқи тоҷикро бо тарзу услуби ниҳоят нафис ва нозук дида метавонем, ки бо гузашти ҳазорсолаҳо нафосаташро гум накардааст. Хушбахтона, имрӯз мусаввараҳо дастраси умум ҳастанд ва мухлисону ҳаводорон метавонанд онҳоро дар осорхонаи Ҳулбук ва Осорхонаи миллии бостонӣ тамошо кунанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2020 №: 188 - 189 Мутолиа карданд: 613